Анвои хат

Хутути шикаста

  Хутути шикаста ё иқломи ситта, ки аз онҳо ба унвони хутути усул ном мебаранд, дорои қавоид ва назми махсуси хеш буда, дар хушнависии исломӣ истифода мешаванд. Хутути шикаста аз муҳаққақ, райҳон, сулс, насх, риқоъ, тавқеъ иборат мебошанд. Падидоранда ё ҳадди ақал сомондиҳанда, муназзаҳкунандаи тамоми хутути шикастаро ташаббуси Абуалӣ ибни Муқлаи Шерозӣ медонанд. Ин хутут дар тарзи навишт ва ҷузъиёти қавоиди аслии хушнависӣ, ки ба усули дувоздаҳгонаи хушнависӣ маъруфанд, аз ҳам тафовут доранд. Усули дувоздаҳгона аз: таркиб, курсӣ, нисбат, заъф, қувват, сатҳ, давр, сауди маҷоз, нузули маҷоз, усул, сафо, шаън иборатанд. Аз аввалҳо дар русумулхати арабӣ ё форсӣ ду шеваи нигориш маъмул буд.

Хати муҳаққақ

  Муҳаққақ аз шеваи муҳими хаттотӣ буда, бархе аз муҳаққиқин онро падари хуттут (хатҳои арабӣ) гуфтаанд. Ин хат аз хутути асили исломӣ буда, ба хати кӯфии сода наздик аст. Дар ин хат шакли ҳарфҳо якдаст, якнавохт ва дуруштандом, бо фосилаи мураттаб ва бетадохули ҳуруф мебошанд.

Хати райҳон

  Хати райҳон баргирифта (муштақ) аз муҳаққақ аст. Он дорои вижагиҳои хати муҳаққақ буда, зарифтар аст ва онро ба гулу барги райҳон ташбеҳ кардаанд. Аз ин рӯ, онро чунин унвон кардаанд. Ҳарфҳо дар райҳон бориктар ва кӯчакандом мебошанд ва ин хатро барои суҳулати нигориш ва хулосанависӣ эҷод намудаанд.

Хати сулс

  Сулс яке аз анвои бисёр муҳими хушнависӣ буда, дар ороиши китобу катибаҳо бештар ба кор бурда шудааст. Сулс аз лиҳози қавоиду усул душвортарину комилтарин, вале зеботарини ин хутут аст. Ба ин хат “уммулхутут” – модари хатҳо лақаб додаанд. Дар хати сулс калимаҳо гоҳе ҷудогона ва гоҳе хеле дарун ба дарун, савор бар якдигар, дуруш ва ҷамътар навишта мешаванд. Дар ин хат ҳуруф хамида, каҷ навишта мешаванд. Ибдои ин хатро ба Ибни Муқла нисбат дода, Ибни Баввоб ва Ёқути Мустаъсимӣ дар такомули ин хат саҳми бузург доштаанд. Сулсро дар гузаштаву имрӯза барои навиштани қитъаот, пушти ҷилдҳо, унвонҳо, сарлавҳаи китобҳо, ҳаккокии сангу меҳробҳо ва ғ. истифода мебаранд.

Хати насх

  Хати насх, яъне нусхабардошта, аз хати кӯфӣ барои такмил ва бартараф кардани мушкилот ва навоқиси хати кӯфӣ бо изофа кардани эъробу ҳаракот ихтироъ шуд. Ин хат аз хатҳои қибтӣ ва суриёнӣ гирифта шуда, Ибни Муқла онро ба авҷи камолаш расонид. Ин хат яке аз навъҳои зебои хаттотӣ буда, дар сарзаминҳои исломӣ паҳн шуд ва то то имрӯз Қуръон ағлабан бо ин хат китобат мешавад.

Хати риқоъ

  Ин хат аз таркибу тағйири насху сулс эҷод шуда, шабоҳати зиёде ба тавқеъ дорад. Дуруштӣ ва захомати бештари ҳуруф дар тавқеъ онро аз риқоъ мутафовит мегардонад. Бо ин хати зебо катибаҳои зиёде навишта шуда, дар гузашта бештар ба нигориши китобҳои урфӣ ва мукотиботи шахсӣ ба кор мерафтааст.

Хати тавқеъ

  Ин хат зоҳиран ба сулсу риқоъ шабоҳат дорад. Дар он нисбат ба риқоъ ҳуруф дурушттар ва дорои захамоти бештар буда, қавсҳо ҳам камтар хамидаанд. Хати тавқеъ дар замони хилофати Маъмуни Аббосӣ ихтироъ ва баъдтар комил шуд. Ин хат ағлабан дар имзо ба кор мерафтааст ва ба ҳамин далел онро риқоъ (имзо) ном ниҳодаанд. Он бештар дар навиштаҳои муҳими ҳукуматӣ ва диӣ ба кор бурда шудааст.

Хати таълиқ

  Таълиқ ё тарассул шевае аз хушнависӣ, ки онро ирониён аз таркиби тавқеъу риқоъ таҳти таъсири хутути пешазисломӣ ба завқу рӯҳияи иронӣ ибдоъ кардаанд. Ин нахустин хате буд, бидуни зеру забару пеш барои навишти порсӣ ба кор бурда шуд. Таълиқ хати рӯ ба рӯ, муттасил буда, ҳуруфу калимаҳо якнавохт навишта намешаванд, гоҳе бузург, гоҳе реза навишта мешаванд. Ин хат дорои доира ва ҳуруфи мудаввар аст. Бо пайдоиши настаълиқ ва пас шикастаи настаълиқ ривоҷ ин хат коста гашт. Равнақи ин ду хат, ки дар заминаи таълиқ пайдо шуда буданд, ривоҷи таълиқро тақрибан боздоштанд. Ин хатро бештар котибон дар дарбору девонҳои ҳукуматӣ барои навиштани номаҳо, фармонҳо истифода мебурданд.

Хати настаълиқ

  Калимаи настаълиқ аз вожаҳои насх ва таълиқ шакл гирифта, яке аз шеваҳои хушнависӣ аст, ки дар Ирон ташаккул ёфта, бештари хатнависони иронӣ бо ин хат ҳунарнамоӣ карда ва мекунанд. Бо ин хат ағлбан матнҳои адабӣ ва ғайримазҳабии форсӣ навишта шудаанд. Он яке аз шеваҳои зебои хушнависӣ буда, онро “арӯси хутути исломӣ” унвон кардаанд. Миралии Табрезӣ настаълиқро таҳти қонуну қавоиди хушнависӣ дароварда, такмил дод, то он ба ҳадди хати мустақил ва қобили рақобат бо хутути шашгона расид. Баъдан, Мир Амод хушнависи иронӣ ин шеваро такомул дода, ба дарбори Кӯрагониёни Ҳинд, Усмониёни турк ва Қоҷориён роҳ ёфта, осори арзандае бо ин хат падид омад. Ду сабки мутафовити он, яке шеваи Ҷаъфари Табрезӣ ва Азҳари Табрезӣ, ки баъдҳо Султоналии Машҳадӣ онро комилтар кард, дар Хуросону атрофи он ва шеваи Абдураҳмони Хоразмӣ, ки пас аз ӯ фарзандонаш Абдураҳиму Абдукариму пайравонаш онро ривоҷ доданд, дар бахшҳои ҷанубу ғарби Ирон зоҳир шуданд. Дигаре аз ситораҳои дурахшони осмони хушнависии настаълиқ Миралии Ҳиравӣ буд.

Хати шикастаи настаълиқ

  Шикастаи настаълиқ навъи зебо, навтарин аз хутути хушнависии исломӣ ва аз ибдои ирониён аст. Бисёре аз шаклҳои он аз шикастани хати настаълиқ гирифта шуда буд, онро шикастаи настаълиқ номиданд. Ин хат ҷузъиёте аз таълиқу настаълиқро (тунднависии таълиқу зарофату зебоии настаълиқро) ба худ гирифта, хате дар миёни ин ду аст. Иддае Муртазоқулихони Шомлу (ҳокими Ҳирот) ва бархе дигар Муҳаммад Шафеи Ҳиравиро падидорандаи ин хат медонанд. Баъдан Дарвеш Абдулмаҷиди Толиқонӣ шикастаи настаълиқро ба авҷи аълои такомул расонидааст.

Ибрози назар кардан 0

Емайли Шумо мунташир нахоҳад шуд. * Ин аломати қайди зарурист