Асбоби пирӯзӣ
Навори мубоҳисаи чанд тан аз коршиносони тоҷики ин сӯву он сӯро дар Аврупо сари миз дидам ва онҳо дар сӯҳбат ба чандин нукот ва ҷавониби қазия ишорҳо доштанд, майл намудам дар мавриди он чизеро, ки дар зеҳн мечархад, баён дорам.
Толибон танҳо як гурӯҳи сиёсӣ нестанд, балки гурӯҳҳои қавмие аз миллати паштун зери як ливоянд, ки зимоми идораро ба даст гирифтаанд. Паштунҳо мардумоне ҷасуру ғаюр ҳамчун размандагони шуҷоъ дар суфуфи муқаддами лашкарони сулолаҳои ҳокими иронизамин буданд ва аз миёнаи қарни ҳаждаҳи милодӣ ин ҷониб ҳукумат доранд.
Аз эшон афроди барҷастае мисли Аҳмадшоҳи Дурронӣ ва Абдулғаффорхон буруз кардаанд. Аҳмадшоҳ давлати миллии паштунҳоро таъсис дод, ки ваҷҳе барои ташаккули миллияти паштун шуд. Қавму қабоили сершумор таҳти ҳувияти паштунӣ иттиҳод ёфта, забону фарҳангу марокизи фарҳангияшонро ташаккул доданд ва ҳатто ақвоми дигарро паштунсозӣ карданд.
Абдулғаффорхон яке аз чеҳраҳои маъруфи паштун дар қарни бист дар Покистон, ки ҷамъияти азиме аз пашгтунҳо дар он муқим аст, дар роҳи ҳифзи ҳувияту миллигароии паштунӣ хидматҳои бузург анҷом дод. Ӯ дар ин роҳ ранҷу озору азияти зиндонҳоро таҳаммул карда, барои таъсиси мактабу омӯзишу огаҳии ҳамтаборонаш сарвати хешро масраф намуд.
Дигаре аз афроди маъруфи паштун Абдураҳмонхон буд, ки дар авохири қарни нуздаҳ аъмоли Аҳмадшоҳи Дуррониро ба ваҷҳи тундтар анҷом дод, барои вусъату тақвияти давлати паштунӣ ҳатто наслкушӣ ба роҳ андохт. Дар асри бист ҳам паштунҳо чархи фармонро раҳо накарданд. Ақвоми ғайр дар замони ҳукумати паштунҳои демократ-коммунист бархе аз ҳуқуқро соҳиб шуданд.
Пас аз хуруҷи шӯравӣ ақвоми ғайр бо паштунҳо ба қадре муъодулвазн шуданд ва ин яке аз асбоби падид омадани гурӯҳе ба унвони рамзии Толибон буд. Ин гурӯҳ дар тӯли андаки вуҷуд зуд қудратро ба даст гирифта, раванди паштунсозиро боз ба роҳ андохт, то аз ҷониби амрикоиҳо ба ҳошия ронда шуд. Толибон бо пуштибонии ҳамтаборони дохилию хориҷӣ ба қудрат расиданд ва ғарбиён ҳукуматро аз онон ба паштунҳои хориҷӣ таҳвил доданд.
Қавму қабоили паштун дар миён ҳамеша ба ҳам душману даргиранд, вале дар умум барои ҳифзи ҳувияти паштунӣ муттаҳиданд. Масоиле чун таҳдид бар миллат дар миён бошад, гурӯҳе ҳатман ба дигаре, агарчанде адоват ҳам дошта бошанд, гузашт карда, ҳамро имдод ҳам мекунанд. Дар авохир тоҷику узбаку ҳазора нуфузу ҳатто қуввае доштанд, имкон дошт, пас аз хуруҷи нерӯҳои ғарбӣ алайҳи паштунҳо басиҷ шаванд. Паштунҳои ҳокиму мухолиф ба ҳам доим дар иртиботу алоқа буданд. Аз хавфи ин ҳуккоми паштун манофеи миллиро бар шахсӣ бартар шумурда, ҳукуматро ба ҳамтаборон ба роҳу равише интиқол доданд, ки соири мухолифон дар лаҳзае хешро асиру куштаву овора ёфтанд.
Паштунҳо миллатсозиро аз қарни ҳаждаҳ оғоз ва дар ин роҳ ранҷу азиятҳои зиёдро паси сар кардаанд. Дар муқобили императориҳои бузурги ҷаҳонӣ мисли инглису русу амрикоӣ муқовимату истодгарӣ доштаанд. Дар ин масир фидокориҳо кардаву қурбониҳо додаанд. Роҳу равишро омӯхтаву барномарезӣ кардаанд. Гурӯҳҳои қавмии паштун дар Покистон нуфуз карда, василаву сармоя доранд, гурӯҳҳои лоббигарашон дар Ғарб эътибор доранд. Қудрату сарватҳои кишварро ба дасти худ гирифтаанд.
Бар тоҷике, ки садсолаҳо бори хидмату итоат кашида, ин мафоҳим номафҳум аст. Афроде падид наомаданд, ки ин тоифаро таҳти мафҳум, андеша, ғояе муттаҳид созанд. Паштунҳо ҳамеша афроди мӯътабари ин тоифаро ҳамчун афзори нуфуз бар ҳамтаборон истифода бурданд. Ин афрод барои нафъи шахсӣ соири арзишҳоро зери по гузоштанд. Ҳатто тавассути онҳо ҳамтаборони зиндадилу рӯшанфикру шоистаро нобуд сохтанд.
Шоҳиди тазоди зиёд дар миёни тоҷикони мӯътабар будем. Ба қумандонҳои ақвоми ғайр пайваста, дар муқобили ҳамдигар қарор мегирифтанд. Манофеи миллӣ ва ҳатто ҳаёти хешро қурбонии нафс карданд. Дар кӯшкҳо мезистанд, дар бӯстонсройҳо сайр мекарданд, чандин ҷавонзанро зери бағал доштанд, бо корвони мошинҳо қиматбаҳо роҳ мерафтанд, афроди зиёде дар давру барашон медавиданд, то он ки хешро овораву беватан диданд.
Аммо паштуни толиб нафси хешро маҳруми ин ҳама карда буд. Бо дампойӣ дар кӯҳу даман, дар мавосими сармову гармо, таҳти борони бомбу гулӯлаву тири туфанг таҳаммули пайкор дошт, то ба пирӯзӣ расид.
Аз тоҷикон фарде қурбонии нафс нашуд, Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Манофеи шахсиро фурӯ гузошт ва эътибор ёфт. Он чӣ барои мардумаш ба мерос гузошт, ба дасти халаф талаф шуд.
Тоҷик дар Афғонистон иттиҳод ва таҷрибаи кофӣ сиёсӣ надошт. Панҷшер қудрате дошт, ки аз ҳайбаташ толиб бим дошт. Аз ибтидо мусолиҳа мехостанд ва чанд бор ҳам пешниҳод дода, намоянда ҳам фиристоданд. Вале Аҳмад Масъуд ҷавони камтаҷриба, ба қудрати хеш мағрур, фирефтаи хориҷиён шуда, бидуни андеша ва машвараи ҳамаҷониба исрор кард, ки натиҷааш шикасти зуд ва зудудани тоҷик аз майдони сиёсати кишвар ва таҳдид ба нобудии фарҳангу ҳатто миллияташ шуд.
Тақозои ҳукумати ҳамашумул бо ширкати тамоми ақвому соири талабот барои тоҷик лозим набуд, бе ин ҳам онҳо ба он роҳ нахоҳанд ёфт, муҳим нигаҳ доштани қудрати мутақобили тоҷик дар баробари паштун буд, ки зомини бақову пойдории забону фарҳанги ӯ мешуд. Аммо, бадбахтона сарвару саргурӯҳон фирор карда, мисли қабл дар хориҷ зиндагии мураффаҳ доранд, вилоятро ба тарзи ваҳшиёна ғасбу ғорат карданд, мардумро ба қатлу куштор кашиданд, боқиро таҳти азияту озор нигаҳ медоранд. Ҷавонмарде чанд ба кӯҳсор паноҳ бурда, муқовимат доранд. Тоҷиконро дар пойтахту дигар вилоёт таъқиб мекунанд, хонаҳояшонро талошӣ, афроди шоистаро аз байн мебаранд…
Хулласи калом, раванди суқути забону фарҳанги форсӣ (тоҷикӣ) дар ин гӯшае аз Хуросон мисле замоне дар Фарорӯд сурат гирифт, оғоз шуд… 2022