Биёед забонро аз китобу рӯзномаҳо берун кашем!

  Забон воситаи асосии муошират, ифодаи баёну тарзи тафаккур, василаи дарки донишу маърифат, ташаккули тафаккуру ҳифзу таҳвили донишу ифодаи эҳсосу кайфияту эҷоди мардум буда, муҳимтарин рукн аз аркони арзишоти миллист.
  Нуфузу эътибори забоне ҳокӣ аз азамату бузугии тамаддуни моликони он буда, номаъруфию камэътибории он ровӣ аз заъфу аз назари эътино дур мондани фарҳанги соҳибони он аст. Забони тоҷикӣ замоне шукӯҳу азамату вусъатро паси сар намуда, таъсиру нуфузи хешро дар тафаккуру фарҳанги дигар мардумон гузошта буд. Ин имтиёзро ин забон ба шарофати умарои Сомонӣ касб намуда буд, ки онҳо онро ҳамчун забони давлатӣ муқаррар намуданд.
  Ба туфайли удабову уламои бузург ин забон ба авҷи камолаш расонида шуда, дар ҳудуди қаламрави густурдае, аз Ҳафтрӯд то Халиҷи Форс ва аз соҳили баҳри Хазар то сарзамини Ҳинд ба ҳайси забони коргузориву адабӣ дар тӯли ҳазор сол мавриди истифода қарор гирифта буд.

Таназзули шаҳомат ва шикасти салтанати забон

  Забони тоҷикӣ ин мақому манзаларо дар Мовароуннаҳр, макони ташаккулу нумӯяш тавонист то солҳои бистуми қарни бист нигоҳ дорад ва ҳатто қариб буд, ки ҳамчун як лаҳҷаи гуфтугӯии мардуми кӯҳистон боқӣ монад. Хушбахтона, бо шуҷоату ҳиммати баланди чанд шахси боору номусе ин забон дар ҷузъи хурде аз қаламрави густурдаи собиқ ба қадре мақоми хешро нигоҳ дошт.
  Ҳадафи истилогарони абарқудрат ба ҷуз молу сарват паҳну парешон намудани фарҳангашон, хусусан забонашон буд ва мардуми ин диёр асосан таҳти нуфузу таъсири забони тоҷикӣ қарор доштанд, аз ин рӯ баҳри пиёда сохтани нақшаи хеш онҳоро лозим буд, ки ин забонро маҳдуду фушурда созанд. Истилогарон мардуми зираку дар соҳаҳои илму фан пешрафта буданд ва ҳанӯз аз нимаҳои асри нуздаҳ ба таҳқиқу омӯзиши ин минтақаву мардуми ин минтақа пардохта буданд, донистанд, ки маҳз тоҷикону забони онҳо монеае дар роҳи амалисозии аҳдофи эшон хоҳанд буд.
  Бадин васила, усули тафриқаандозиро ба кор бурда, дар байни халқҳои дигари минтақа тамоюлоти худшиносии қавмию миллиро барангехтанд. Дар натиҷа қавму қабоиле, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо биёбон ба биёбон аз пушти рамаҳои худ мегаштанду қавм бо қавму авлод бо авлод ба ҳам меҷангиданд, худро ба ҳайси миллат шинохтанду лаҳҷаву гӯишоташонро, ки дар гузашта танҳо баҳри ифодаи умури дашту саҳро мансуб ба кор меомад, дар баробари мардуми соҳиби фарҳанги қадим ва забони бузуг ба рақобату ихтилоф бархостанд. Ғосибони маккор дар ин ҳангома нақши додгариро бозида, барои рафъи таҳдид дар оянда ин мардумро дар доманаи кӯҳсор ҷой дода, забонашро ба лаҳҷаи мардуми кӯҳсор табдил доданд.

Дузабонӣ омили беэътибории забон

  Дар замони шӯравӣ забони асосӣ, расмӣ ва коргузорӣ забони “хоҷагон” буд. Забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллӣ дуюмдараҷа маҳсуб мешуд. Аз ин рӯ, майл бештар ба русӣ буда, ба таълими он аз “боло” фармоишоти махсус дода мешуд. Дар шаҳрҳо мардум моширатро ба русӣ авло дониста, ба тоҷикӣ сухан гуфтан дар хонаводаю кӯчаҳои шаҳр маъноӣ “бефарҳангию” “рустоӣ” буданро ифода мекард.
  Шуарову нависандагон ҳама гуна кӯшишро ба харҷ медоданд, то эътибору обрӯи забонро афзоянд. Замоне ки хонадони Сомонӣ забони тоҷикиро ба забони ягонаи давлатӣ табдил дода, удабову уламоро дар гирди хеш ҷамъ оварда, онҳоро барои ташаккулу нумӯъ додану ҳифзу нигоҳдошти он вазифадор карда буд ва барои кор шароиташонро фароҳам сохта буд, ки натиҷаи заҳамоти онҳо хизмати ҳазорсолаи ин забон ба мардуми гуногун ва офариниши шоҳкориҳои бузурги адабии оламшумул бо ин забон буд.
  Як сабаби маъруфият ва дараҷаи удабои гузаштаро соҳиб нагаштани удабои асри бист ин камэътибор будани забони эҷоди онҳо (ҳатто дар ватанашон) ва таҷассуми ғояи бепоя буд. Агар онҳо ба русӣ менавиштанд, ҳадди ақал дар ҳудуди собиқшӯравӣ маъруфият касб мекарданд. Аммо имрӯзҳо, ки он низом ба гӯшаӣ фаромӯшӣ ҳам рафтааст, забони тоҷикӣ на рӯзгори хуберо паси сар намуда истодааст. Гарчанде забони асосии давлатӣ шуда бошад ҳам, на ҳамаи умури коргузорӣ ба зиммаи ӯст. Пас ин амр собит месозад, ин забон дар ин кишвар муҳиму мӯътабар набуда, бо радифу ёвари хеш дар як манзала қарор доранд.

Дузабонӣ омили дуандешӣ

  Забон василаи ифодаи тарзи тафаккур аст. Соҳибзабон таҳти таъсири забони хеш қарор дошта, тавассути он ҷаҳонбинияш эҷоду муайян мегардад. Аммо тарзи тафаккур ва ҷоҳанбинии миллии тоҷикӣ то солҳои бистуми қарни бист вуҷуд дошта, аз он замон то ин ҷониб ҷаҳонбини русии ба тоҷикӣ тарҷумашуда аст. Ҳоло бархе аз худшиносии асили хеш воқиф шуда, бо тарзи тафаккури худ ба муқобилати аксарият рӯ ба рӯ омадаанд.
  Агарчанде тоҷикӣ мақоми давлатӣ дошта бошад, забони илму фан русӣ боқӣ мондааст. Забони русӣ барои мо ҳамчун даре дар даромадгоҳи ҷаҳон қарор дошта, ҳама гуна навиду маводҳои илму фаннӣ, хабару маълумот оид ба оламиёну кишварҳои олам, ҳаводису тафсири онҳо тавасути ин забону соҳибони ин забон аз рӯи нуқтаи назари онҳо дастраси мо мегарданд. Пас мо ба зуҳуроту ҳаводиси олам ба назари русӣ менигарем. Аксари аҳли зиё забони русиро нисбати тоҷикӣ беҳтар медонад ва нашрияҳои русизабон бештар маъруфият доранд. Баръакси ҳол иддае аз аҳли зиё забону фарҳанги худиро тарҷеҳ додаву даъвои парҳез аз чизи бегонаро доранд.

Надонистани забони худ омили беобрӯгӣ

  Гарчанде дар Тоҷикистон қонуни ҳифзи забон мавҷуд бошад ҳам, забони адабии тоҷик фақат ба ҳайси забони китобу рӯзномаҳо адои хизмат дорад. Омӯзиши он дар сатҳи ниҳоят паст қарор дошта, аксари фориғуттаҳсилони донишгоҳҳо на ба забони адабӣ дуруст ҳарф задан метавонанд ва на дуруст навиштан. Ҳатто олимону ходимони ҷамъиятӣ дар барномаҳои телевизонӣ ба лаҳҷа сухан мегӯянд. Пас чӣ гила аз талабаву донишҷӯ.
  Боре дар Руссия марди тоҷикмарди узбекистоние суолам карда буд: – “Шумо тоҷикистониҳо забони Рӯдакиву Ҳофизу Айниро куҷо кардед?” – “Чаро?” – пурсидамаш. – “Забоне, ки дар телевизонҳои Тоҷикистон худамои ҳамаи соҳаҳоятон ҳарф мезананд, аз забони мардикорони ин ҷо тафовуте надорад. Онҳоро фиристед, то дар бозорҳои Бухоро тоҷикиро омӯзанд”. Бештари кормандони идораву муассисот ба тоҷикӣ дуруст навиштан наметавонанд, дар ҳар санади пуркардаашон чанд хатост.
  Аммо ин дар ҷамъияти мо як амри муқаррарист, зеро аз болои он на назорат, балки эътиное ҳам нест. Забони фаҳшу ғализи дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба кор бурдаи ҳамватанони мо нишони таълиму тарбияи пастсифат гирифтаашон дар макотиб аст. Бо вуҷуди надонистани забони худ барои нишон додани “ҳозиразамониву” “мутамаддинии” хеш ба забони русӣ навишта, ин шармандагиро берун аз ҳудуди кишвар бурдаанд.
  Қирғиздухтаре дар шабакаи “Одноклассники” навиштааст: – “Шумо тоҷикҳо ҳама аблаҳу кундфаҳмед, аввал тарзи дуруст навиштан, пас фаросату маданиятро омӯхта, баъд ба чунин ҷойҳо дароед”(тарҷума аз русӣ). Бубинед ба чӣ рӯзе афтодему чӣ касе моро одобу фарҳанг меомӯзад!
  Филмҳои тасвириро ба забони дағали кӯчагӣ тарҷума намуда, мавриди фурӯш қарор дода, забонро дар шакли ғализаш дар зеҳни кӯдакону наврасон насб мекунанд. Аҷиб, нозирону ҳофизони забон ба куҷо менигаранду ба чӣ коре банданд?.

Иқтидори забон омили рушд

  Забон олати асосии миллат барои иҷрои ҳамаи умуру ҳоҷоту заруроташ буда, ҳамеша ниёз ба мувозибату муҳофизат дорад. Бузургии забон бузургии миллат ва эътибори пасти забон зиллати миллат аст.
  Дар кишварҳои мутаррақӣ масъалаи забони миллӣ аз умдатарин масоили иҷтимоияшон буда, он таҳти назорату ҳафозати сахт вуҷуд дорад. Масалан, дар кишвари Руссия муҳимтарину асоситарин фанни дарси забони русист. Дар ҳама соҳа аз он имтиҳони ҳатмӣ мегиранд. Ҳоло мехоҳанд аз муҳоҷирони корӣ ҳам аз он имтиҳон гиранд. Гӯё онҳо барои адои корҳои идоравию ҳуҷҷатгузорӣ мерафта бошанд. Ҳол он ки барои аробакашию бегорию фаррошию хонарӯбию ғайраҳо ҳама дониши зарурии забони русиро доранд. Ҳадафи асосӣ барқарору пойдор намудани нуфузи каме костаи ин забон (бо фарҳангаш) аст.
  Дар баъзе кишварҳо мақомоти ҳифзи забон (масалан, кишвари Фарангистон) ҳам амал доранд. Кишварҳои собиқ ҳамватани мо ба мисли ҷамоҳири соҳили баҳри Балтик, Гурҷистон, Озарбойҷон, Укроину Малдова, Узбекистону Туркманистон тавонистаанд, ки хешро аз зери таъсири фарҳангу забони рус ба қадри назаррас берун баранд ва дар арсаи байналмилалӣ ба дараҷае обрӯю эътиборе касб намоянд. Ҳатто забонҳои онҳоро дар қатори забонҳои барномасозӣ дохил намудаанд. Аммо адами маводҳои илмию фаннӣ бо забони тоҷикӣ ва ба қадри кофӣ надонистани забони русӣ яке аз мӯҷиботи камсаводии донишҷӯёни мост.
  Агар забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон ба забони асосиву ягонаи давлатию коргузорӣ (ба мисли давраи Сомониён) муқаррар нагардад, агар забони адабии тоҷикӣ аз доираи китобу рӯзномаҳо берун оварда нашавад, агар уламову удабову худамои кишвар дар гуфтор забони адабиро қатъан риоя нанамудаву намунае барои мардум нагарданд, агар сиёсатмадорони мо берун аз кишвар нутқҳои канда – кандаи русии худро нагузоштаву бо забони модарии худ сухан нагӯянд, агар ҳамаи китобу маводҳои илмиву фанниву фарҳангии зарурӣ ба тоҷикӣ тарҷумаву барои донишомӯзон дастрас нагарданд, агар ба таълими он ҷиддан шуғл наварзидаву дар ивази пурсишу тақозои дониш дар санҷишу имтиҳонот пул ситондан барҳам нахӯрад, сухан гуфтан аз бузургии забону волоияти фарҳангу қадимияти тамаддун ҷуз худтасаллодиҳӣ чизе нест, зеро бо мақому манзалаи забону фарҳангамон дигарон инро эътироф нахоҳанд кард ва ҳарфи моро ҳамчун муболиға пазиранд.

Ибрози назар кардан 0

Емайли Шумо мунташир нахоҳад шуд. * Ин аломати қайди зарурист