Бозии бузург
Бозии бузург: рафт ва даври ҷадид
Рақобати сиёсӣ ва низомии ду қудрати бузурги замонро, ки дар асри XIX ва ибтидои асри XX барои тасхири Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна сурат гирифт, истиоратан “Бозии бузург” (Great game) унвон доданд. Ин бозӣ пас аз муддате таваққуф дар охири садаи бист бо бозигару рафту қавоиди нав боз шурӯъ гардид.
Инглису рус барои дарёфти нафъ азм бар тасаллути Шарқ карданд. Инглис ҳанӯз дар садаи ҳаждаҳ Ҳиндустонро таҳти истеъмор гирифта буд. Рус бо вуҷуде паҳнои азиме аз оламро тасхир карда буд, чашми оз ба ҷануб дӯхта буд. Ба ҳадафи ғасб ба ҷониби Ирон раҳ гирифт. Инглис, ки дар он ҷо ҳузури сиёсӣ дошт, ирониҳоро ба ҷанг алайҳи рус ташвиқ месохт. Вале пас аз вуқӯъи разму даргириҳо русҳо дастболо шуданд, манотиқи умдаро аз қаламраваш тасарруф карданд ва ин кишварро бар хеш баста гардониданд.
Пас за ин фатҳи бузург рӯ ба ҷониби Осиёи Миёна гардонданд ва ҳарос дар дили инглис афканданд. Инглисҳо хонҳои ин ҷоро таҳрику ташвиқ бар муқовимат алайҳи рус карданд, вале инҳо бо артишу ҷиҳози пасмонда дар баробари лашкари мусаллаҳ бо афзори пешрафта тоб наоварданд. Лоҷарам сар ба итоату хидмати русҳо фурӯ гузоштанд.
Инглис ҳиндуи заифро таҳти зулм гирифта, сарзаминашро дар мавриди истифода қарор дода ва аз футуҳоти рус музтариб гашта буд. Ба ҷуз рус рақиб чанде дигар дошт. Фарангиву олмонӣ ҳам ба Ҳинд чашми тамаъ доштанд. Инглисҳо барои пешгирӣ аз вусъати рус ба шимол тохтанд. Русҳо то сарзаминҳои соҳили Ому мустақар шуда буданд.
Бадии кор ин буд, ки қурбонии асосии ин бозӣ мардуми иронитабор гашта буданд, ки бар асари он заҷру ранҷ кашиданд. Ин мардум, ки ҳанӯз садсолаҳо пеш нангу истиқлол аз даст дода буданд, чун нӯкару фармонбар таҳти ирода ва идораи дигарон буданд. Майдони вуқӯъи ин бозиҳои хунин асосан сарзаминҳои иронӣ буданд.
Зимоми идораи Ирон ба дасти туркони қоҷорӣ буд. Аз Ирони он аҳд дар адабиёту таърих кишвари Ирон ё Форс ном мебаранд, ки шуниданаш нохушоянд аст, зеро ин ҳукумат зоҳиргари фарҳангу ҳувияти иронӣ набуд ва ин номро лаккадор сохт. Инглисҳо қоҷориҳоро ба ҷанги зидди русҳо таҳрик медоданд. Дахолати инглис ба Ирон сабаби тохти русҳо шуд ва қоҷорҳо дар қарибии Аслондиз ба шикасти сахт мувоҷҷеҳ шуданд. Ин шикаст мунҷар ба имзои аҳдномаи Гулистон дар соли 1813 шуд ва Доғистон, Картлӣ, Кохетиё, Мегрелиё, Имеретиё, Гуриё, Абхазистон, қисмате аз Арманистон, хонигариҳои Боку, Қарабоғ, Ганҷа, Шервон, Шакин, Дарбанд, Куба, Талиш ба Русия дода шуданд.
Аҳдномаи нангини соли 1828 дар Туркманчой паймони Гулистонро тасдиқ карда, хонигариҳои Еревону Нахчевон иловатан ба Русия ҳамроҳ карда шуданд. Бар зами ин бар қоҷор пардохти ғаромати гарон бор карда шуда, кишвар бастаи сиёсӣ ва иқтисодии русҳо гардид. Ин қарордор зиёнбортарин барои кишвар буда, қоҷор ба як абзори сиёсии рус табдил шуд. Ҳатто Энгелс навишта: “Паймони Туркманчой Иронро мутеи Русия кард”.
Аз ин пеш ҳам Ирон таҳти ҳукумати бегонагон қарор, вале эътибору истиқлол дошт. Бар қоҷор муҳим нафсу нафъ буд, ҳамчун бегона шарафу шаъни ватан барояш аҳамият надошт. Ба хотири манфиати шахсӣ меҳанро фурӯхт. Ин буд, ки шоҳзодаи қоҷорӣ Аббос Мирзо тамоми шурути русро пазируфт ва аз ҷониб вай бо имзои аҳднома ҳамчун вориси тахт ба расмият шинохта шуд.
Дар Осиёи Миёна ҳам ҳол ҳамин буд. Ин сарзамин, ки иронӣ маҳсуб мешавад, дар миёни хонҳои турку муғултабор мунқасим буд. Мардуми иронитабор тан ба итоаташон дода, нӯкару фармонбардор ва мутаҳаммили зулму истисморашон буданд. Русҳоро бо суҳулат минтақаро ғасб карданд, бо ин даври бархе аз хонҳо инҳидом ёфта, баъзеро таҳти истеъмор гирифтанд.
Вале ин амр бар инглис осон наафтид. Пойи ғасб аз Ҳинд фаротар гузошт ва ба истифода аз кашмакашҳои қудратталабонаи амирони афғон ба сарзаминашон ҳамла кард. Афғонҳо то ин замон қаламрави Афғонистонро аз султаи сафавию шайбонӣ озод карда, давлати хешро сохта буданд. Дар ин замон қабилаҳо барои ба даст гирифтани қудрат мубориза доштанд ва русу инглис ба истифода аз маврид дахолати сиёсиву низомӣ намуданд.
Дар ҷанги аввал (1838-1842) инглисҳо Афғонистонро ишғол карда, вале мардум фурсати роҳату истиқрорашон надоданд, юришҳои мардумӣ маҷбурашон сохтанд, ки дар ниҳоят артишро берун, ба Ҳинд баранд. Ин ҷанг барои инглис гарон (18 ҳазор кушта, 25миллион фунт масраф) хотима ёфт. Ин шакаст ба қадре обрӯяшро коста кард.
Инглисҳо дубора ба Афғонистон ҳамла оварда, онро ишғол карданд. Амир Шералӣ ҳазимат карда, ба ҷониби русҳо сарпаноҳӣ ҷуст ва тахтро бар писараш Яъқубхон вогузор кард. Яъқубхон ба иҷбор муоҳидаи Гандумакро (1879) имзо кард, ки тибқи он Афғонистон мутеияти инглисро пазируфта, бахше аз қаламравашро (минтақаи қабоилро) ба Ҳинди бритониёӣ дод, ки ин сабаби исёнҳои мардумӣ, фирори Яъқубхон ба Ҳинд ва шиддат гирифтани ҷанг шуд.
Саранҷом, инглис ғолиб омада, Абдураҳмонхон, ки то ин замон дар назди русҳо паноҳанда буд, бо пазируфтани шартҳои инглис ва тасдиқи ин аҳднома амири Афғонистон эълон гардид. Абдураҳмонхон дар замони ҳукуматаш дар шимол марзҳояшро бо Русия мушаххас карда, хати Дюрандро марзи байни Афғонистон ва Ҳинди бритониёӣ дар соли 1893 эътироф кард. Бо Чин ва Ирон ҳам марзҳояшро муайян кард.
Дар пайи эътирозу истиқлолхоҳиҳои афғонҳо дар соли 1919 ҷанги севвуми афғону инглис сурат гирифт, бо вуҷуди ғасбу тахрибу бомборони инглисҳо аскару мардуми афғон муборизаро идома доданд, то инглис маҷбур ба созишу баъдан ба пазириши истиқлоли Афғонистон шуда, артиши худро аз кишвар берун кашид.
Майдони пурҷӯшу хурӯши бозии бузург сарзамини Афғонистон буд. Мӯҳраҳоро ба рафту гашт инглису рус такон медоданд. Дар миёни қабоил ва ворисони тахт тафриқаву дасиса меандохтанд, то ағрози хешро бароварда созанд. Дар соири сарзаминҳои истеъморӣ истеъморгарон сокинонашонро мустақиман ё тавассути ҳуккоми дастнишондаи маҳаллӣ таҳти зулму тааддӣ мегирифтанд, эътирозу қиёмҳои ҳақталабонаашонро бо бераҳмият саркӯб мекарданд. Вале афғонҳо ин имкону иҷозаро бар истеъморгарони инглис надоданд. Дар нисбати қудрати бузурги замон оҷиз буданд, тавони гирифтани ҷилави истилояшро надоштанд, вале ононро аз таҳқиру ҷабру ситами хеш даст кӯтаҳ доштанд.
Дар табаддулоти давлатии рус қудратҳои ғарбӣ, аз ҷумла инглис саҳм доштанд, ба ин роҳ мехостанд, қудрати императории русро мисли усмонӣ аз байн баранд ва рақиби бузургро маҳв созанд. Аммо коммунистон на танҳо онро ҳифз карданд, балки тавонистанд императорие аз он нерӯмандтар созанд. Инглисҳо ба истифода аз маврид ба нерӯҳои зиддишӯравӣ, хусусан, ба мухолифонашон дар Осиёи Миёна тавассути Афғонистон кӯмаку имдод мекарданд.
Русияи Шӯравӣ пас аз анҷоми ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ қисмате аз шарқи Аврупоро зери нуфузи сиёсӣ ва ғоявӣ дошта ва барои вусъати ҳавзаи нуфуз кишварҳои дуру ҳамҷавори шарқиро ҳадаф гирифта буд. Ба эътимод ба қудрату пирӯзӣ дар соли 1979 ба Афғонистон тохти низомӣ овард, вале бо ҳусули хисороти бузурги ҷонӣ ва молӣ дар ҷанги даҳсола нокому бадном аз ин кишвар хориҷ шуд.
Афғонистон дар замони ҷанг бо шӯравӣ майдони бархурди абарқудратони замон гардид, ки ин даври нави авҷи бозии бузург буд. Дар ин замон баръакси даври аввали бозӣ ҳамлагар рус ва ҳаводору ҷонибдори “мизбон” инглис бо дӯсту ҳампаймонон буд. Ин ҳаводис дар замони рақобатҳои абарқудратон давр – Иттиҳоди Шӯравӣ (Императории Рус ба унвони дигар) ва ИМА (давлати инглисӣ дар қитъаи дигар) рух доданд. Иттиҳоди Шӯравӣ аз хавфи аз даст додани нуфуз дар Афғонистону ба марзаш расидани рақибон барои пуштибонӣ ва ҳифзи ҳукумати коммунистӣ ба ин кишвар тохт.
Вале ҳамчун инглис вурудаш осону будаш бар ӯ гарон афтод. Ба нияти “зуд сомон додани кор”-у хориҷ шудан ворид шуд, вале пас аз даҳ сол тавонист пои андар тал монадашро бадар оварад. Алайҳаш мардум шӯриданд, мусалмонон бар зидди ғосиби бегонаи коммунист, ҷиҳод эълон карданд. Дар мухолифат бо шӯравӣ гурӯҳҳои муҷоҳиддин бархостанд, ки ИМА, аъзои дигари НАТО ва кишварҳои мусалмонии ҳавзаи халиҷи Форс, Покистон, Арабистони Саудӣ ва Ирон пуштибони низомию сиёсияшон гаштанд.
Покистон мутааҳҳиди ИМА буд. Амрикову инглис дар қаламрави сарҳадии он пойгоҳҳои таблиғотӣ ва омӯзишӣ таъсис дода, муҷоҳидон лавозимотро аз ин масир дастрас мекарданд. Размандагонро аз кишварҳои мусалмонӣ даъват мекарданд. Мушовирон ва мутахассисони низомии онҳо дар пойгоҳҳои покистонӣ муҷоҳидоро омӯзиш медоданд.
Ғарбиён имдоду амалиёти хешро дар Афғонистон тавассути ниҳоду хадамоти низомию ҷосусии Покистон анҷом медоданд. Покистон худ дар пуштибонии муҷоҳиддин нақши мустақим дошт. Созмони иттилооти низомии Покистон «ISI» (Inter-Services Intelligence) умдатарин нақшро дар мубориза алайҳи шӯравӣ дошт. Ҷалби размандагони кироя аз мамолики мусалмонӣ, ифтитоҳи марокизи омӯзиш барои онҳо, расондани аслиҳа ва лавозимоти имдодии хориҷиён ва мудирияти умумии амалиёти низомии нерӯҳои зиддишӯравӣ бар ӯҳдаи ин созмон буд.
Қудратҳои замон Амрикову Бритониё бо муаҳҳидон ва Иттиҳоди Шӯравӣ бо ҳампаймонон, ки хусумат ва мухолифати идеоложӣ доштанд, дар Афғонистон бархурди ғайримустақим карданд. Шӯравӣ миллионҳо доллар ҳарсола дар амалиёти низомӣ масраф мекард ва буҷаи хароҷоти мухолифонаш бар пуштибонон ба ҳамин теъдодҳо мерасид.
Натиҷаи ин ихтилофот ва дасисабозиҳои абарқудратон хуруҷи сархамонаи шӯравӣ аз Афғонистон ва сардардиҳо барои ғарбиён шуд. Хадамоти иттилоотӣ ва ҷосусии ғарбӣ барои мубориза бо шӯравӣ гурӯҳу созмонҳои тундрави ҷангӣ таъсис доданд, ки дар оянда барои худи онон мушкилзо шуданд. Масалан, яке аз чунин созмонҳо “Мактаб-ул-хадамот” (таъсис соли 1984, муассис ва роҳбарон Абдуллоҳ Аззом, Усома бини Лодан) буд, ки баъдан (1989) ба Алқоида мунҳал шуд.
Пас аз пирӯзии муҷоҳиддин ва истеъфои Муҳаммад Наҷибуллоҳ Аҳмадзай Афғонистон давлати исломӣ эълон шуд. Мутобиқ ба паймони Пешовар тамоми аҳзоб ба сулҳ ва тақсими қудрат тавофуқ карданд. Аммо Гулбиддин Ҳикматиёр яке аз сарони мубориз ва раҳбари Ҳизби Исломӣ, ки ба ӯ пешниҳоди нахуствазирӣ дода шуд, напазируфт ва хостгори ҳокимияти комили Афғонистон шуд. Ҳамла ва бомборони Кобул аз ҷониби ӯ сабаби даргирии нав дар Афғонистон гардид. Ҷамъияти Исломии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ, Ҳизби Исломии Афғонистон ба раҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр, Иттиҳоди исломӣ барои озодии Афғонистон ба роҳбарии Расул Сайёф, Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон ба роҳбарии Абдуррашид Дӯстум, Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон ба роҳбарии Абдулъалӣ Мазорӣ ва дигар созмону гурӯҳҳо вориди саҳнаи ҷанги шаҳрвандӣ шуданд.
Агарчанде ин аҳзобу созмонҳо унвони “исломӣ” доштанд, бар бинои қавмию миллӣ шакл гирифта буданд. Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ, ки тоҷик буданд, қудрати бештаре дар даст доштанд ва дар муқобили онҳо Ҳикматёри паштун ва Дӯстуми узбак муттаҳид шуданд. Ҳамчунин, паштунҳои ҷануб ва ҳазораҳо саҳми хешро мехостанд. Кишварҳои хориҷии ғарбӣ ва минтақа: Покистон, Русия, Арабистони Саудӣ, Ирон ин гурӯҳҳоро ҳимояту пуштибонӣ мекарданд.
Паштунҳои ҷануб гурӯҳи сиёсӣ таъсис доданд (соли 1994), ки бо номи Толибон маъруф шуда, барои соҳиб шудан ба ҳокимият по ба майдони ҳарб гузошт. Бо кӯмаки кишварҳои пуштибон қисмате аз Афғонистонро ғасб карданд, гурӯҳи Ҳикматёрро шикаст дода, аз ҷониби нерӯҳои Масъуд дар назди Кобул боз дошта шуданд. Ниҳоят, дар соли 1996 Кобулро тасхир карда, ҳукумати хешро дар Афғонистон эълон карданд, ки то соли 2001 давом дошт. Нерӯҳои мухолифро то ба шимоли кишвар фишурданд. Толибон вилоятҳоро ба суръат, бидуни ҷанг ва Кобулро (26.09.96) бо даргирии андак тасарруф карданд. Мазорӣ (яке аз роҳбарони ҳазораҳо), Наҷибуллоҳ Аҳмадзай (раисҷумҳури пешин) бо бародараш Шоҳпурро кушта, ҷасадҳояшонро дар назди Арки Раёсати ҷумҳурӣ ба намоиш гузоштанд.
Толибон мардумро зери фишор қарор дода, ба сари онон маҷбуриятҳо бор карданд, ки ин мӯҷиби норизояти саканаи кишвар шуд. Миллионҳо ба Покистону Ирон ва дигар кишварҳои хориҷӣ фирорӣ шуданд. Бо дигар миллату гурӯҳҳои динӣ созиш накарданд. Давлати таъсисдодаашонро худро Имороти исломии Афғонистон ном гузоштанд ва онҳоро танҳо Покистон, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба расмият шинохтанд.
Усома бин Лодан ба Ҷалолобод ташриф оварда, аз сӯи Толибон хуш истиқбол гардид. Пас аз ҳаводиси 11 сентябри соли 2001 Амрико Алқоидаро масъули ин амалҳо хонда, аз Толибон хост то саркардаи гурӯҳҳро ба онҳо таслим кунанд. Вале онҳо ба таҳвили ӯ ба Амрико розӣ нашуданд ва ин сабаби ҳамлаи ИМА ба Афғонистон шуд. Ин 7 октябри соли 2001 сурат гирифт ва амрикоиҳо бо ҳамкории гурӯҳҳои мухолифи Толибон онҳоро аз сари қудрат ронданд.
Амрико бо аъзои НАТО бист сол дар Афғонистон мустақар шуданд, ҳукумати дастнишондаи хешро бар сари қудрат нишонданд. Барои тазъифи нерӯи Толибон як моҳ кишварро зери борони бомбҳо гирифтанд. Аз таҷҳизот ва аслиҳаи навтарину муқтадиртарини хеш истифода бурданд. Ҷангиёни Толиб қисме ба муборизаи чирикӣ ва қисме ба қаламрави паштуннишини Покистон паноҳ бурданд.
Нотавонии ҳукумат дар бозсозии кишвар, фасод дар доираи аъзои ҳукумат, фақру бекорӣ, адами ноамнӣ дар кишвар гароиш ба самти Толибонро афзоиш дод. Толибон аз соли 2006 дар вилоятҳои ҷанубӣ нуфуз карда, тадриҷан доираи нуфузашон афзун мешуд. Аз соли 2014 70%-и қаламрави Афғонистон таҳти нуфузи онҳо буд. Дар майи соли 2016 бесарнишини амрикоӣ роҳбари Толибон Ахтар Мансурро ҳадаф гирифт. Баъди ӯ Ҳиббатуллоҳ Охундзода роҳбар шуд.
Толибон тадриҷан пешрафт карда, вилояту вулусволиҳоро таҳти тасарруф медароварданд. Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмакҳои Амниятӣ (International Security Assistance Force – ISAF) дар пайи нокомиҳо тасмим ба хуруҷ аз Афғонистон гирифтанд. Мусаллам буд, ки дар ояндаи наздик Толибон қудратро ба даст мегиранд. Дар феврали соли 2020 намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон Залмай Халилзод ба намояндагӣ аз ИМА бо муовини сиёсии раҳбари Толибон Абдулғанӣ Бародар тавофуқномаи сулҳро имзо карданд. Толибон 15 августи соли 2021 Кобулро тасарруф карданд ва нерӯҳои эътилофӣ қабл аз мӯҳлати мусаммам, тибқи тақозои онҳо, оҷилан то 31 август тарки Афғонистон карданд.
Қудратҳои замон шеваи бархурдро бо Толибон дигар карданд. Амрикоиҳо барои онҳо қабл аз ин дар Қатар дафтари сиёсӣ таъсис дода, муомилаву музокираро оғоз карда буданд. Дафтарҳои махфии онҳо дар дигар кишварҳои манфиатхоҳ низ фаъол буданд. Қудратҳои дигари манфиатхоҳи ғайр (мисли Русия, Ирон, Туркия, Чин) онҳоро ба кишварҳои худ даъват карда, ошкору ниҳон муомалаву музокира мекарданд. Хулоса, эътилоф дар раъсаш ИМА ҳукуматро дар Афғонистон ба қайду шарт ба гурӯҳи сиёсии Толибон таҳвил дод.
Ба диди куллӣ дар Афғонистон ҷангҳо бо аҷониб саҳнаи мушобеҳ доштанд. Инглисҳо бо ҷанг ворид шуданд, вале онҳоро осоишу имкони ҳукму хурду бурд надоданд ва бо шарту муоҳида артиш берун кашиданд. Ҳамчунин рус, бо ҷайш ҳамла овард, то мисли дигар амокини истеъморӣ дар ин ҷо низ “маҳфили айш” орояд, вале дами осудану фурсати хуспиданаш надоданд, ночор по аз ин сарзамин берун овард. Амрикоӣ ҳам ғарра бар иқтидор, ҳамроҳ бо инглису дигар қудратмандони замон зӯри бозуи афғонро озмудан хост, бист сол бо ӯ афту дарафт дошт, то ба сутӯҳ омаду оҷилан рахт аз кишвараш бардошт.
Ин миллати сарсахт ва саркаш на танҳо сар бар итоати аҷониб надода, балки дар миёни хеш ҳамеша барои қудрату сарварӣ афту дарафт доштааст. Тахту қудратталабиҳои онон сабаби дахолати сиёсиву низомии хориҷиён ба ин кишвар шудааст, ки тахтталабон бо имдодхоҳӣ аз қудратмандони аҷнабӣ хешро бозичаи дасти эшон мегардонданд. 20:55.