Даргирии чигил
Дар соҳати пасошӯравӣ имрӯзҳо танишҳое ҷараён ва ҷомеаи ҷаҳонӣ таваҷҷӯҳи хос ба онҳо доранд. Дар Белорус Лукашенко хира шуда, моҳҳост мардуми кишвар бо эътирозу исрор тақозои рафтанашро доранд, аммо ӯ ба дасту дандон пояи тахт дошта, пой чанбар карда, аз он поён шудан намехоҳад. Қирғизон натоиҷи интихоботро лағв карда, ҳуккоми хешро ронда, барои таъсиси ҳукумати нав гурӯҳҳои сиёсӣ часпу талош доранд.
Аммо вазъ дар минтақаи Қафқоз печидатару ғамангезтар аст. Беш аз моҳ аст, ки Озарбойҷон бо Арманистон бархурди низомӣ доранд. Ин ду кишвар кинаи дерина доранд. Аз суқути шӯравӣ то ин замон ба ҳам хасму даргиранд. Оташи ин низои онон ин дафъа шадидтар даргирифта, баландтар аланга мезанад.
Ҷумҳурии Мухтори Қарабоғ (арманҳо онро Арсах меноманд) расман дар ҳайати Озарбойҷон буда, аксари бошандагонаш арманҳо мебошанд. Пас аз пошхӯрии шӯравӣ арманҳои Қарабоғ талоши аз Озарбойҷон ҷудо шудану ба Арманистон пайвастан карданд ва ин сабаби даргирӣ дар байни ин ду кишвар гардид. Арманҳои бо кӯмаки Русистон артиши озариро аз минтақа дур андохта, аз мутеияти Озарбойҷон берун оварданд. Қарабоғ хешро ҷумҳурии мустақил эълон кард, аммо кишваре истиқлолашро напазируфт.
Озарбойҷон нафт дорад, нисбат ба Арманистон ғанитару пешрафтатар аст. Аз ҷиҳати низомӣ ҳам бартар аст. Аммо Арманистонро дар низоъҳои пешина Русистону Ирон пуштибонӣ карданд. Озарбойҷон чунин пуштибон надошт. Аз ин рӯ, Арманистон дар амалиёти размҳо муваффақтар буд.
Аммо, алъон ин моҷаро яке боз даргирифт, аз пешина тундтар, бо истифодаи афзорҳои муосиртар, бо дахолати бештару сару садоҳои баландтар. Озарбойҷон бо пуштибонии Туркия вориди корзор шуд ва рақибони Туркия ба ҳимояти Арманистон садо баланд карданд. Озариҳоро аз силоҳу афзори ҷанг туркҳо таъмин мекунанд (озариҳо барои хариди силоҳ пул доранд), арманҳоро ғарбиён кӯмаки молӣ мекунанд ва онҳо аз Русия ҷангафзор мехаранд.
Ин низоъ мавзеъ ва фурсатеро барои кишварҳои манфиатҷӯю қудратхоҳ фароҳам оварда, ки буғзу кинаи ҳамро дар нисбати ҳам ошкор сохта, дасиса кунанд. Фаронса бо ҳамраъйӣ бо бархе аз кишварҳои Ғарб ба Туркия иттиҳом мезанад (асли тазоди Туркиву Фаронса кашмакаш дар сари кони гази баҳрӣ аст), Туркия ононро муттаҳам мекунад. Ин минтақаи таҳтитаъсирии Русия аст ва бархурди рақибонаш дар ин ҷо ӯро ором намегузорад. Русия нигаронияшро ошкор намекунад, вале бо ёриҳои пинҳонияш ба Арманистон (инро раисҷумҳури Озарбойҷон бо далел изҳор кард) тавозуни қувваҳоро нигаҳ медорад.
Моҷарои Қарабоғ низои печида аст, озариҳо ин минтақаро қаламрави хеш медонанд (расман ҳам чунин аст) ва аз каф раҳо кардани онро аз даст додани номусу шаъни миллӣ меҳисобанд. Арманиҳои низ ин минтақаро қаламрави таърихии хеш меҳисобанд ва бохт дар ин низоъро ҳам нанг медонанд. Ҷонибайн ба ҳар роҳу васила талоши пирӯз шуданро доранд.
Имрӯз ин минтақа маҳалли бархӯрди абарқудратон қарор гирифта ва моҷарои чигилтар гаштааст. Мудохила ва рақобати байни қудратҳо низоъро печидатар, ҳалашро мушкилтар ва давомдортар мекунад. Ҳоло ин даргирии саргумест, ки оқибаташ норӯшан, аммо таассуфовар он аст, ки барои нафъи касоне садҳо ҷони зиндаи одамӣ қурбонии ин низоъ мешаванд… 2020.