Дуздӣ

  Мардум ба василаи меҳнат барои зиндагӣ молу сарват ҷамъ меоранд ва ҳар фарди ҷомеа ҳуқуқ ба моликият дошта, ин ҳаққи ӯ бояд аз ҷониби аҳли ҷомеа мӯҳтарам ҳисобида шуда, аз тарафи қавонини мавҷуда ҳимоят шавад. Дар сурати дастдарозӣ ба амволи ғайр ғорат ва пинҳон бурдани моликият дуздӣ маҳсуб мешавад.
  Дуздӣ бардоштани моли дигарон ба сурати пинҳонӣ ва бидуни иҷоза мебошад. Дуздӣ амали ғайриқонунӣ ва ғайришаръӣ буда, мутобиқ ба қавонини давлатӣ муҷозот дошта, дар шириати исломӣ аз ҷумлаи ҷурмҳои сангин – гуноҳи кабира шумурда шуда, Қуръон онро ба сароҳат наҳй карда, ҳатто дар нисбаташ ҳукм муқаррар кардааст. “Дасти марду зани дуздро ба сазои он чи кардаанд, бибуред, ин эшонро ибрате (аз ҷониби) Худо бошад ва Худо ғолибу доно аст” (Моида 38).
  Дуздӣ амали шахси шарир, ба анҷоми музир ва Худову Расулу банда аз ин кор мутанаффир аст. Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Набии акрам (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармуд: “Худованд дуздро лаънат кунад, ки дуздидани тухми мурғ ё ресмоне боис мешавад то дасташ қатъ гардад” (Бухорӣ 6783).
  Дузд моли мутааллиқ ба каси дигарро пинҳонӣ, бо роҳе мебардорад ва ба ӯ зиёну хисора меорад, ки боиси ранҷу камбуди чизе дар рӯзгораш мешавад. Одатан, дуздон аз сарватманду мақомдору бениёзон бим дошта, ба молашон ҷуръати дастдарозӣ намекунанд ва мардуми одиву ниёзмандро ҳадаф қарор медиҳанд. Мушкиле ба чандин мушкилашон меафзоянд. Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармуд: “Зинокор ҳангоми иртикоби амали зино мӯъмин нест, шаробхор ҳангоми хӯрдани шароб мӯъмин нест ва дузд ҳангоми дуздӣ мӯъмин нест” (Бухорӣ 5578).
  Дуздӣ навъе аз гуноҳони бузург муртакибашро гирифтори уқубат дар дунё ва озоб дар охират мегардонад. Пас роҳи халосӣ аз ин зиллат амал ба фармуда ва роҳнамоиҳои Аллоҳ ва Расули Аллоҳ мебошад. Аз Ибода ибни Сомит (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) дар ҷамъе аз ёронаш фармуд: “Бо ман байъат кунед, ки ғайр аз Аллоҳ касе дигарро ибодат намекунед ва дар ибодат бо Ӯ касеро шарик намегардонед, дуздӣ намекунед, зино намекунед, фарзандонатонро намекушед, ба касе тӯҳмату бӯҳтон намезанед ва дар корҳои хайр аз Аллоҳу Расули ӯ нофармонӣ намекунед. Ҳар касе аз шумо ба ин ваъдаҳо вафо кунад, Худованд подоши аъмолашро хоҳад дод. Ҳар касе муртакиби амале аз аъмоли фавқ шавад, дар дунё муҷозот гардад, ин муҷозот сабаби каффораи гуноҳонаш хоҳад шуд. Агар муртакиби амали бад дар дунё муҷозот нашавад, Худованд гуноҳонашро пинҳон кунад, пас ӯ муваккал ба Аллоҳ аст, яъне агар Худо хоҳад гуноҳонашро мебахшад ва агар нахоҳад, муҷозот мекунад”. Ибода мегӯяд: Мо ҳама ба аъмоли фавқ бо Расул (салаллоҳу алайҳи вассалам) байъат кардем. (Бухорӣ 18).
  Пас мӯъминро даст задан ба дуздӣ мумкин набошад ва ҳар касе чизе аз касеро дуздида бошад, бояд дуздидаашро ба соҳибаш баргардонад, то дар рӯзи қиёмат масъули он набошад ва тавба кунад. 2021.

Ибрози назар кардан 0

Емайли Шумо мунташир нахоҳад шуд. * Ин аломати қайди зарурист