Забони Рӯдакӣ ва забони Айнӣ

  Форсӣ (дар асл “порсӣ”, ба таъсири арабӣ “форсӣ” шуда) гӯиши вилояти Форс дар ғарби Ирон ва дар замони ҳукумати шоҳон аз ин устон забони дарбор буд. Пас аз сар рафтани шоҳони он дар Хуросон роиҷ монд. Арабҳо баъд аз фатҳи Ирон ин гӯишро барои интишори ислом ба кор бурданд ва мардуме, ки мусалмон шуданд, тадриҷан ин забонро пазируфтанд. Дар замони ҳукумати Сомониён ба ҳайси забони дарбор (дарӣ – дарборӣ, мансуб ба дарбор) такмилу ташаккул ёфта, ҷойгузини бештари забонҳои иронӣ шуд.
  Ин забон ба унвони забони расмии давлати Сомониён ва эҷоди осори адабии гаронмояи ҷаҳоншинохта мӯътабар шуда, соири шеваҳои ирониро бар ҳавошӣ ронда, дар Фарорӯд, ки дар он замон маркази сиёсӣ, фарҳангии Иронзамин қарор гирифта буд, ҷойгузини забонҳои маҳаллӣ гашта, ба Хуросону Ғарби Ирон густариш ёфт ва гӯишу забонҳои ин манотиқро низ ба тангно бурд.
  Забони расмӣ ва адабӣ дар он замон арабӣ буда, адабиёти исломӣ бо он иншо гардида буд. Форсӣ, ки барои интишори ислом ба кор бурда шуд, таҳти таъсири сахти арабӣ (хусусан луғавӣ) қарор гирифт. Удабову уламо аз арабӣ қолаб пазируфта, шеъру асар офариданд. Удабои нахуст, хусусан, Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ дар ташаккул ва такомули форсӣ нақши бориз дошта, барои маҳфуз доштани асолати он кӯшиданд.
  Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар қарни даҳи мелодӣ бо эҷоди ашъори воло ба дараҷаи маликушшуароӣ расид ва саҳми бузурге дар такмил ва нумӯи забони форсӣ гузошт. Рӯдакӣ аз зумраи шуарои форсигӯи аввалия буд ва дар ашъори шуарои нахуст тамоюли эҳёи форсии ноб мушоҳида мешавад. Аз ин ҷиҳат, ашъори эшон сода ва ағлабан, бо истифода аз вожаю ибораҳои форсӣ суруда шуда аст.
  Тибқи пешрафту табдили замон забон таъсиру тағйир мепазирад. Забон бояд ҳамгоми замон бошад, агар аз он пас монад, ба нобудӣ рӯ ба рӯ меояд. Дар қарнҳои баъдӣ улуми мухталиф вусъат ёфтанд ва забони илмии замон арабӣ буд. Уламо дар заминаи забони арабӣ забони илмии форсиро такмил доданд ва шеър низ василаи ибрози афкори илмӣ гардид. Осори гаронбаҳои назмию насрии форсӣ падид омад. Шуарои баъдина аз Рӯдакӣ равишу қолиб гирифтанд, дар қуруни баъдӣ сабку услуб табдил доданд ва ба қавли имрӯзиён забонро “махлуту мураккаб” карданд.
  Шаҳомати забони форсӣ дар Фарорӯд то замони истилои русҳо буд. То он замон ин забон мақоми расмият дошта, забони асосии илмию адабӣ буд. Истеъморгарон эътибори забони форсиро костанд, онро бо унвони тоҷикӣ барои қавме мухтас карданд, дабираашро аз байн бурдан, забони хешро дар минтақа ба мақоми он расонданд.
  Баъдан, дар ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон зарурати “равшан кардани фикри авоми тоҷик, паҳн кардани илм ва дониши шӯроӣ дар байни оммаи тоҷик ва оммагӣ кардани инқилоби маданӣ дар байни тоҷикон” ва ду гузина: “яке қабул кардани забони умумии форсӣ, ки аз он ҳамаи форсизабонони ҷаҳон фоида бурда тавонанд, дигаре забони содаи авоми тоҷик” (иқтибосҳо аз мақолаи “Забони тоҷикӣ”-и С. Айнӣ) пеш омад.
  Албатта, тарҳу таъкиди истеъморгарон буд, ки “забони содаи авоми тоҷик” ба ҳайси забони адабиёту матбуот пазируфта шуда, бо қабули дабираи кириллик иртиботи мардуми тоҷик бо соири форсизабонон ва мероси ҳазорсолаи ниёгон гусаста гардида, адабиёти нави шӯравии тоҷик падид омад. Саромади ин адабиёт Садриддин Айнӣ маҳсуб мешавад ва бархе ҳам имрӯз шеваи тоҷикиро бо унвони “забони Айнӣ” муаррифӣ мекунанд.
  Имрӯз баҳси аҷибе дар миёни аҳлу илму адаби тоҷикистонӣ ҷараён дорад, ки бархе забони моро форсӣ ва иддае тоҷикӣ – забони мутафовит аз форсӣ мешуморанд. Мусаллам аст, ки забони форсиро аз Хуросон аъроб ба Осиёи Миёна оварданд. Мардумеро, ки дар ин минтақа тоҷик меноманд, қабл аз он бо забонҳои суғдӣ, хоразмӣ, бохтарӣ такаллум мекарданд. Ононе, ки дар ин баҳсҳо ширкат доранд, ба қавле аҳли илманд, аз ин огоҳанд ва ҳамчунин, хуб медонанд, ки бо талаффузи “хона” ва “хоне” як забон ду нахоҳад шуд.
  Аммо, аслан, онҳоро дар ин иддао нафъест. Ба даъвои ҳифозат аз забониву Рӯдакиву Айнӣ барои нобудии забон таҳдид падид овардаанд. Забони Рӯдакӣ дар асри даҳ, мутобиқ ба тақозои замон роиҷ буд. Забони Айнӣ ба қавли худи эшон “забони содаи аввоми тоҷик” барои ошносозӣ ва омӯзиши аввоми тоҷик бо “адабиёти сиёсии коммунистӣ”, тарғибу ташвиқи ғояи коммунистӣ буд.
  Дар солҳои навадуми асри бист, пас аз таназзули низоми коммунистӣ дар миёни форсизабонони тоҷику хориҷ равобити фарҳангӣ барқарор гардид ва тоҷикӣ аз умумифорсӣ ғановат гирифт. Вале баъдан ин равобит боз гусаста шуда, алъон як раванди ташвиқи зидди он мушоҳида мешавад. Ҷонибдорон иддао доранд, ки забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ ду забони мутафовитанд ва форсиро дигаргаштаву арабишуда мешуморанд.
  Дар асл, форсӣ ҳамон забони бо арабӣ махлут аст, ки осори илмию адабии форсӣ ба он навишта шудааст ва он имрӯз дар Ирону Афғонистон роиҷ буда, барои мардуми аз фарҳанги форсӣ ҷудошудаи Тоҷикистон ба қадре душворфаҳм аст. То замони инқилоби коммунистӣ дар Фарорӯд ривоҷ дошт. Барои поксозии форсӣ корҳое низ ба анҷом дода шудааст (масалан, аз ҷониби Фарҳангистони забону адаби форсии Ирон). Раванди аз арабӣ поксозии форсӣ дар байни форсизабонон ва адабиёти ҳазорсолаи форсӣ фосила эҷод мекунад.
  Дар ин замони пешрафт ва тавсеаи сареъи фанноварӣ забон бояд ҳамқадами рушди замон бошад. Агар забон аз он ақиб монад, ҷояшро забони дигар зуд мегирад. Алъон, забони мо дар кишвари мо ба тадриҷ эътибор аз даст медиҳад. Имрӯз ҳар хонаводае кӯшиши ба кӯдакистону мактаби русӣ додани фарзанди хеш мекунад. Мардум саодати фарзандони худро дар оянда дар донистани забонҳои хориҷӣ мебинанд. Зеро ин тақозои давр аст.
  Забон ба ҷуз ифодаи шеъру сухан бояд забони илму фан бошад. Вале, мутаассифона, тоҷикӣ аз ин барканор мондааст. Ҳоло барои соҳиби кор шудан талаби донистани забони русӣ мекунанд, нашрияҳои мӯътабар бо русӣ нашр мешаванд, ҳатто огаҳиҳои бозаргониро дар расонаҳо ба русӣ пахш мекунанд, торнамоҳои эълонотӣ ба забони русиянд, дар пушти тирезаҳои мошинҳои фурӯшӣ дар кӯчаҳо “продаю” менависанд ва ҳатто тоҷикӣ ба ҳадде эътибор гум карда, ки мардум дар пушти дарҳои даромадгоҳҳои биноҳо бо чандин хато эълоноти кору хидматрасониҳо, хариду фурӯши худро ба русӣ менависанд.
  Имрӯз тоифае ба ном “аҳли зиёи” кишвар аз душворфаҳмии забони матбуот ва “форсишавии” он арз дорад. Ин тоифа дар русӣ фаҳми хуб доранд ва майл ба тоҷикӣ надоранд. Вагарна тавонистанд забони бегонаро ба ин ҳад омӯзанд, ба даст гирифтани фарҳангеву фаҳмидани ду-се вожае аз забони ниёӣ барояшон кори сангин аст?.
  Пас аз оне, ки тоҷикӣ дар кишвари мо мақоми расмият гирифт, мардум ба забон мароқ зоҳир мекарданд, барои омӯзиши забони миллӣ эшонро мебоист ба қадре мекӯшиданд. Вале падидоии нашриҳои русизабон ононро аз ин “заҳмат” раҳонид. Аз ҷумла, Гурӯҳи расонаии “Азия плюс” дар ҳифз ва таҳкими забону фарҳанги русӣ дар Тоҷикистон кореро анҷом додааст, ки Ҷаноби Путин – ғамхору нигаҳдори забону фарҳанги русӣ бояд ба муассиси он ҷоизаи бузург эъто кунад.
  Бо русии тоза муоширати кӯдакони хурдсоли маҳаллии дабистонрав дар майдончаи назди бино, муоширати наврасон дар кӯчаву нақлиёту мактаб, ба чашм расидани эълоноти русӣ дар кӯчаҳои шаҳр, ба русӣ садо додани эълону огаҳиҳои тиҷоратӣ аз расонаҳо, навиштаҷоти хидматрасониҳои тоҷикиву дар зер ташреҳот ба русӣ ва ғайраҳо далели эътибор гум кардани забони тоҷикӣ ва роҳ ба сӯи нобудӣ гирифтани он аст.
  Ҳоло иддае бо шиори “Забони Рӯдакиву Айнӣ” мисли даврони коммунистӣ мехоҳанд забонро дар инзивоъ қарор диҳанд ва бо ин амалашон барои забон гӯр мекобанд. Ин замон аз он замон фарқ дорад. Инсоният алъон бештар ба васоили фаннӣ ниёз дорад ва агар забон забони илму фан набошад, ҷояшро ба суръат забони ғайр мегирад… 2019.

Ибрози назар кардан 0

Емайли Шумо мунташир нахоҳад шуд. * Ин аломати қайди зарурист