Зиёии тоҷик кист ва рисолати ӯ чист?
Дар маркази “Иттилоот ва муошират” нишасте ба унвони “Зиёӣ кист ва рисолати зиёӣ чист?” бо иштироки уламову худамои ҳукумату дину сиёсату ҷамъият ва рӯзноманигорон баргузор гашт ва ман ин ҷо хостам назари хешро перомуни чанд мавзӯи муҳокимашуда баён созам.
Нахуст дар бораи мафҳум ва вазифаи зиёӣ
Мафҳуми зиёӣ дар дар забонҳои аврупоӣ бо вожаи интеллигент ифода шуда, он аз калимаи лотинии intellegentia, ки маънои дарк, шинохт, фаҳм, ақл, хирадро дорад ахз шудааст. Пас онҳо гурӯҳи мардумони бохираду бомаърифат ва фикран такмилёфта буда, дар ҷамъият ба фаъолияти зеҳнӣ шуғл доранд.
Дар худ парваридани масъулияти шаҳрвандӣ, доштани ҳиссиёти ташвишу ғамхорӣ нисбати меҳани хеш, талқини илму фарҳанг, ахлоқи ҳамида ва кӯшиши бомаърифатгардонии омма нишонаҳои мардуми интеллигенти Аврупо буд, ки дар бештар маворид муҷиби ақибмонии ҷомеа ҳукуматҳоро медонистанд. Танқиди ҳукумат ва талаби ислоҳот намудан аз он боиси мавриди таъқибу ҷазо ва ҳатто қатл қарор гирифтани интеллегентҳо гардид ва ин тоифа ҳамчун неруи такондиҳандаи ҷамъият бо соҳиб будани фикру ақидаи равшан, одобу ахлоқи олӣ, ҳифзу ҳимояи фарҳанги худӣ ҷой ва мавқеи хешро дар ҷамъият устувор намуданд.
Тимсоли интелегенсияи аврупоӣ ҷадидҳои маорифпарварӣ мо буданд, ки хешро дар бомаърифатгардовиву пешбарии ҷомеа масъул донистанд. Онҳо сабаби шахмонӣ ва қафомондагии ҷамъиятро дар сиёсати ҳукумат дониста, аз амир тақозои ислоҳоту тағйирот намуданд. Ин албатта мавриди таъқибу ҷазо қарор гирифтани онҳо гашт.
Дар замони шӯравӣ интелигент хамаи ашхосе, ки ба меҳнати фикрӣ шуғл доштанд, номида шуданд ва имрӯз ҳам дар зери мафҳуми ин вожа ҳамаи он касоне, ки маълумоти олӣ дошта, соҳиби дипломанд, дар назар дошта мешавад.
Имрӯз ифодагари ин мафҳум дар забони тоҷикӣ калимаи зиёист. Вожаи зиё маънои дурахш, тобиш, ҷило ва ғайраро дорад. Пас зиёи касест, ба фаъолияти зеҳнӣ (илмию маърифатӣ, фарҳангиву ҳуқуқӣ) шуғл варзида, дар эҷод, таҷдид, пешбурди арзишҳои фарҳангӣ фаъол буда, баҳри вусъати маърифатнокӣ ва рушди ҷомеа саъй дорад.
Зиёии тоҷик ва рисолати ӯ
Агар ба маънои аслии вожаи “зиёӣ”, ки “шахси соҳиби ақида ва тафаккури барҷастае, ки ҷило ва дурахши он ҷомеаро рӯшан месозад” аст, таваҷҷӯҳ намоем, дар нисбати он гуруҳи мардуме, аҳли зиёашон мехонанд, камтар мутааллиқият ба назар мерасад. Ин мафҳум имрӯз бештар ба маънои ифодаи гурӯҳи одамоне, ки маълумоти олӣ гирифта, дар соҳаҳои гуногун фаъолияти хизматӣ доранд, равшантар мушоҳида мешавад.
Рисолати асосии зиёӣ, таҷдид ва ҳифзи арзиш, фарҳанг, забони миллӣ, эҳдо, роҳнамоӣ, маърифатомӯзӣ ва тайини ахлоқи омма буда, зиёии имрӯзаи тоҷик танҳо машғули хешу авлоди хеш аст ва эътиное ба ҳоли омма надорад. Бар замми ин зиёие, ки бояд ҳофизу нозири риояи фарҳанги миллӣ бошад, бештар майли бегонапарастӣ дошта, расму оини гузаштаи хешро зери по намуда, русуми ғайрро қавонини рӯзмарраи хештан қарор додааст ва ин падида хоси ағлаби аҳли зиёи имрӯз аст.
Аз ин ҷиҳат метавон хулоса баровард, ки дар маҷмӯъ зиёии аслӣ бо маънои аслияш “офаранда, таҷдидгар, ҳимоятгари фарҳанги миллӣ, ҳодиву роҳнамо ва бомаърифатгардону адабомӯзи омма ва қувваи такондиҳандаи ҷомеа” дар ҷамъияти мо вонамуд набуда, адами он мӯҷиби бемаърифатӣ ва бефарҳангии омма гаштааст, ки ба туфайли ин омма истилоҳи “тоҷик” дар хориҷ ба мафҳумоти “бесаводу беақлу бефаҳм” ҳаммаъно гашта, миллати тоҷик дар маърази ҳазлу мазоҳи дигар милал гузошта шуд. Шаъну эътибори миллат коста ва бар замми машаққоти меҳнати муҳоҷиратӣ ҳамли азоби рӯҳӣ (таҳқиру мазоҳи миллат аз ҷониби миллатҳои пасту …) дар қулуби мо зам гаштааст.
Нигоҳдории фарҳанги миллӣ дар давраи ҷаҳонишавӣ
Яке аз мавзуоти нишаст буд ва ҳама суханҳо умумӣ буданд ва масъалаи мушаххасе муҳокима нашуд. Пеш аз ҳама бояд муаян ва мушаххас намуд, ки ба фарҳанги миллӣ чӣ чиз шомил аст ва чӣ падидаи бегонае ба он роҳ ёфтааст ва ин падидаро ё пазируфт ё аз он парҳез кард, чунки ҳама ҷанбаҳои он махлут бо фарҳангҳои бегонаанд.
Фарҳанги асили гузаштаи мо ба қадре моҳияти худро аз даст дода, қисмати бештари мардум аз он бехабаранд ва ҳар падидаи фарҳангии бегона зуд пазируфта шуда, расм мешавад. Аз ин ҷиҳат, аҳли зиёро лозим аст, мушаххас созанд, ки чӣ расму одоте хоси мост ва чӣ чизе аз ғайри мост, онро бояд пазирад ё рад намуд ва онро ба мардум таълим дод, зеро дар давраи ҷаҳонишавӣ фарҳанге бо номи “миллӣ” аз худ танҳо номеро ба ёдгор хоҳад гузошт.
Зиёии дунявӣ ва зиёии динӣ
Дар муҳокимаи ин мавзӯъ кас чунин эҳсос мекард, ки гӯё зиёии дунявӣ бо зиёии динӣ умумияте надошта, намояндагони адёни мухталиф бошанд. Ин ба хотирам мусоҳиботи бо бархе аз намояндагони аҳли зиёи рус доштаамро овард, ки муҳокимот аз назари ду тамаддуни мутафовит сурат мегирифт. Яке аз хусусиёти асосии тоҷик мусулмон будан аст ва пеш аз он ки унвони тоҷикро бигирад (вожаи тоҷик дар қуруни вусто чанд маротиба дар ашъори шуаро дучор омада, асосан дар аввоили асри бист ҳамчун унвони миллат пазируфта шуд), ӯ мусулмон буд ва бо ҳамин ном шинохта мешуд.
Пас зиёии тоҷикро ба дунявию диннӣ қисмат намудан маъно надорад. Тоҷики ҳақиқӣ агарчанде шуғли дунявӣ дошта бошад, бояд бехудо набошад, қонуну қавоиди мусулмониро риоя кунад ва ба масҷид равад. Ислом дини махсусе барои тоифа ё табақае аз мардумон набуда, дини мардумӣ хоси шоҳу вазир, олиму ходим, коргару кишоварз аст. Муллогӣ ҳам монанди адёни дигар пешаи махсуси гурӯҳе набуда, ҳам вазир ва ҳам фақир метавонанд мулло бошанд. Зиёии дунявӣ бояд дониши зарурии мусалмониро дошта бошад ва зиёии динӣ ҳам аз улуми дунявӣ огаҳ бошад, зеро ин тақозои дин аст.
Мухолифати диниву мазҳабӣ ва ваҳдати динӣ
Азбаски ағлаби мардуми кишвар мусалмону пайрави мазҳаби ҳанафияанд, ҳар падидаи нави диниву мазҳабии ғайр боиси суитафоҳуму ихтилофот дар ҷомеа мегардад. Қисмати бештари ихтилофот аз бархурди ислом бо атеизми меросгузоштаи замони шӯравӣ падид меояд ва пайравони он мекӯшанд, ки ҷомеа таҳти нуфуз ва таъсири дин намонад. Аммо ин ғоя дар таърих бепоя будани хешро собит намуд ва бо ҳамаи кӯшишоташ дар ин ҷода ғайр аз ихтилофу нооромӣ дар ҷомеа комёбии дигаре ба даст нахоҳад овард. Умуман дар ҷаҳони имрӯз ин ғоя аз “муд” рафтааст ва ҳатто наберагони офарандагону муасисонаш аз он нафрат доранд ва дар кишвари мо ҳам умри тӯлонӣ нахоҳад дошт.
Дигар падидае, ки ихтилофангез дар ҷомеа ҳусни таваҷҷӯҳи бархе аз мардум ба дини оташпарастист. Онҳо афзалияту бартарии ин динро нишон дода, онро дини аҷдодию исломро дини бегона ҳисобида, тарғиби гаройиш ба онро ҳам мекунанд. Аммо бар хилофи идаои бархе ислом дини аҷдодии арабҳо нест, то омадани ислом аъроб дину ойини ба худ хосро доштанд, ки ҳеҷ умумияту шабоҳате ба ислом надошт. Форсҳо бошанд, оташро мепарастиданд. Ислом дар як замон ба арабу форс расид, аввал ба аъроб ва пас тавасути аъроб ба форсҳо. На танҳо аҷдодони мо, балки арабу турку ҳиндию тотору ғайра намунаи дини олӣ, яъне исломро пазируфтанд. Агар касе аз ойини оташпарастӣ воқиф бошад, аз русуми баду ғайри ахлоқонаи он (мисли издивоҷ бо модару бо хоҳару духтару ғайраҳо) шармаш меояд на ифтихор аз он мекунад. Аҷдодони мо ҳама ин бадрасмиҳоро тавасути ислом фаҳмиданд ва барои ҳамешагӣ аз он даст кашиданд. Қобили қайд аст, ки ин дин имрӯз ҳам ривоҷ дошта, дар манотиқи мухталифи олам марказҳои хешро дорад, аммо маҳрум аз обрую эътибор будаву касе ба он таваҷҷуҳе надорад.
Яке аз падидаҳои ногувор ва пурхатари имрӯза ихтилофи мазҳабист. Ин омили асосии халалдорсози ваҳдати динӣ буда, онро асосан душманони дин ангехтаву аз он нафъ мебаранд. Роҳи наҷот аз он такмили дониши мазҳабии мардум, хусусан ҷавонон аст, зеро маҳз бесаводию бехабарӣ сабаби гаройиши онҳо ба дигар мазоҳибу ҳатто адён мегардад. Зуҳури мазҳаби салафия бо навовариҳояш изтироберо дар миёни аҳли ҳанафия эҷод намуд ва пазирандагони он аслан ҷавонон буданд. Бештари ин ҷавонон ҳатто дониши зарурии динӣ надошта, маҳз бедонишии онҳо сабаби гумроҳияшон мегардад.
Имрӯз низоъ ва муноқишот дар миёни пешвоёни дин, хусусан ихтилофу рақобат дар байни уламои мӯътабари дин як падидаи хатарноке барои дин дар ҷомеа буда, ваҳдати диниро зери суол мегузорад, зеро ин дар замонест, ки дин на рӯзгори хуберо паси сар карда истодааст ва ба ваҳдату муттаҳидӣ ниёзманд аст. Манфиатхоҳон дар либоси дин ҳама вақт буданд ва имрӯз ҳам тухми нифоқу прокандагиро мепошанд.
Ё дар банди нафс мондан ё номи накӯ гузоштан
Ҷомеаҳои мутарақии ҷаҳони имрӯза неъмати бебаҳои пешрафтагиву раҳоӣ аз ҷаҳолату бемаърифатии оммавиро ба шарофати ҷилову дурахши тафаккури аҳли зиёи хеш даёфтаанд ва ин ашхоси баландҳиммат тавонистаанд занҷири асорати нафси хештанро баркананд, агарчанде бештари эшон аз хонаводаҳои сарватманду ашрофзода буданд, сарвату насаби хешро канор гузоштаанд ва дар ҷодаи роҳнамоию донишомӯзиву некӯаҳволии мардум ҷон бохтанд. 2013.