Зиёнрасонӣ
Рафтори шоиста инсонро ба болотарин мартаба бурда, дар ҷомеа соҳиби иззату икром мегардонад. Баръакси ин, содиркунандаи амалҳои бад дар назари мардум манфуру бар дидашон номатлуб менамояд. Ҳамчуноне накӯкоронро дар дунё мақом болост, дар охират ҳам ҷойгоҳашон волост ва дар акси ин бадкоронро дар дунё бадномӣ ва дар уқбо хорист.
Зиёнкорӣ аз аъмоли ношоистаи инсонӣ аст ва дар дини ислом – ойини салоҳу ислоҳ ҳамчун амали зишт адои он бар мусалмон нораво мебошад. Зиёнрасонӣ бар касе зулму ситам раво дидан аст, ки бар ӯ зиёну озоре расад ва он ҷониб аз он ранҷ кашад. Ин аз ҷумлаи ҷурмҳои сангин аст, ки афроде чунин амалро содир мекунанд, дар охират сазои хешро мебинанд. “Ситамкоронро ҳеҷ хешованде, ки ҳимоят кунад ва ҳеҷ ёваре, ки шафоаташ пазируфта шавад, нахоҳад буд” (Ғофир 18).
Мутобиқ ба ҳадиси набавӣ, ки Паямбари Худо (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармуда: ”Дар дини ислом ҷойгоҳе барои зиён расондан ба касе нест ва низ иҷоза намедиҳад, ки касе дар садади озору зиёни касе бошад”. («لاضرر و لاضرار فی الاسلام»). (Ба ривояти Абусаид Ал-Худрӣ, ҳадисро Ибни Моҷа (2341); Имом Аҳмад (1/313), Табаронӣ (аз Ибни Аббос,11806), Имом Ҳоким (2/66), Дорақутнӣ (3/77), Байҳақӣ (6/69), Имом Молик (2/745, аз Амр ибни Яҳё) овардаанд, ҳадиси ҳасан).
Зарар нуқсоне ба чизе ворид кардан ва ё ба касе зиёну хисора овардан аст. Мусулмон ба бародари мусалмон ва ғайримусалмон зараре ворид намекунад, зеро ин хилофи дастури ислом аст. Қавонини исломӣ мусалмонро аз зарар расондан ва ҳатто нияту қасди зарар расондан кардан боз дошта, ба нафъ овардан дастуру фармон медиҳад.
Чун дар дин ҷойгоҳе барои зарар расондан набошад, фардеро, ки исломро пазируфта бошад, ҷоиз нест, ки ҳатто нияту иродаи зиён расонданро кунад. На ба забон касеро озорад, на бо аъзои ҷисм бар касе осеб расонад. На ба моли касе зиёне орад ва на ба обрӯву эътибори касе халал ворид кунад.
Ба хотири нафъи хеш агар зарар бар дигаре расонад, пас аз ҳад гузаштаву даст ба амали нораво зада, ки ҳаққи дигареро бурда, зиёндида аз ин ранҷу азият мекашад. Аз Абуамома Аёс бинни Саълабаи Ҳорисӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Худо (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармуд: “Касе ҳаққи мусалмонеро барои хеш бигирад, Худованд дӯзахро барои вай воҷиб сохта, биҳиштро бар ӯ ҳаром месозад…” (Саҳеҳи Муслим).
Мусалмони ҳақиқӣ касе аст, ки аз озору азияту зиёни мардум парҳезад ва ба онон нафъ орад. 2021.