Ислом ва миллатгароӣ
Худованди мутаъол тамоми башарро аз як асл ва барои шинохту робита, дӯстиву улфату ҳамкорӣ ба якдигар ба шакли нажоду қавму қабила офаридааст. “Эй инсонҳо, мо шуморо аз марду зане офарида, нажодҳо ва қабоил гардонидем то ҳамдигарро бишносед, бегумон гиромитарини шумо дар назди Худованд парҳезгортарини шумо аст, ҳаққо, ки Худованд донову огоҳ аст” (Ҳуҷурот 13). Аслу нажоду насабу рангу пӯсти инсонҳо аҳамияту бартарӣ надошта, порсову ботақвои ин гурӯҳу ақвом дар назди Худованди мутаъол кариму мӯътабар аст.
Ихтилоф дар хилқати башар ба хотири намудани қудрату тавонмандии Худованд ва василае барои озмудани инсонҳо дар ҳаёти дунё мебошад. “Аз нишонаҳои (қудрат ва азамати Худо) офариниши осмонҳову замин ва гуногунии забонҳову рангҳои (нажодҳои) шумо аст, бегумон дар ин далоиле барои донишмандон аст” (Рум 22).
Мардум қабл аз ислом бар шумурдани нажоду насаб устувор буданд. Ҳар қавму тоифа нажоди хешро наҷиб дониста, ба насаби абову аҷдод мефахрид. Ғуруру ифтихорӣ нажодӣ ва бартаршуморӣ сабаби душманиву кинатӯзӣ, куштору хунрезӣ дар миёни мардум гашта буд, ки қавму қабоилро мутафарриқ ва пароканда карда буд.
Хусусан, дар нимҷазираи Арабистон қабоил ғуруру такаббури қавии қавмӣ доштанд, ки ба иллати бартариҷӯии нажодӣ бо ҳам душманиву даргирӣ доштанд ва ба сабаби ин хуни инсонҳоро мерехтанд. Ислом таҳаввуле дар олам падид овард. Ин мардум дар ҷоҳилият ва муҳити фасоду табоҳ мезистанд ва ба шарофати ислом аз ин муҳит берун омаданд.
Пешво ва роҳнамои башар Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) бар эшон изҳор дошт: “Эй мардуми Қурайш, Худованд такаббуру ғурури ҷоҳилият ва ифтихор бар падаронро аз шумо дур кардааст, ҳама мардум аз Одам ва Одам аз хок офарида шудааст” (Абудовуд 5/340).
Ислом дар аввалин рӯзгораш қавму қабоил ва намояндагони нажоду милали мухталифро дар зери парчами “Ло илоҳа илаллоҳ” гирд оварда, табъизу таассуби нажодиву қавмиро хотима дод. Ин мафкура нажоду ақвомро дар қитъаҳо ба ҳам дӯсту бародар гардонд. Мардумоне, ки ба ислом мушарраф шуданд, ҳама як уммати воҳид шуданд.
Кибр бар асолат дар мардуми ғофил аз диёнат таассубро мезояд ва нахустин аз ин гуна мутаассибон шайтон буд, ки чун “(Худованд) гуфт: эй иблис чи туро аз саҷда ба касе, ки ӯро бо ду дастам офаридам боздошт? Оё такаббур кардӣ, ё (мепиндорӣ, ки) аз ҷумлаи мавҷудоти бартарӣ?. (Иблис) гуфт: ман аз ӯ беҳтарам, маро аз оташ офаридаӣ ва ӯро аз гил. (Худованд) гуфт: пас берун рав аз ин (биҳишт), бегумон ту аз даргоҳи ман ронда шудаӣ! Бегумон бар туст то рӯзи қиёмат лаънати ман”. (Сод 75-78).
Бадбахтона, мусалмонон дар қарнҳои ахир ба таъсири душманон бар хилофи дастуроти исломӣ равиши шайтониро ба кор гирифтанд, қавм бар қавм, нажод бар нажод хешро бартар шумурданд, уммати исломиро порча-порча карданд. Бартариҷӯии нажодҳо сабаби тафриқа ва куштору таҷовузу харобиву бедодгариҳо дар миёни ақвому миллал шуд, ки таърих шоҳиди вуқӯъоти зиёд аз он аст.
Дар таърихи башарӣ ин амрро ғайримусалмонҳо ба ваҳшонияти хоси бемонанд анҷом доданд, вале мутаассифона ҳаводиси қатлу куштор бар пояи миллигароӣ дар миёни мусалмонон ба вуқӯъ пайваст, ки сабаби он канорагирӣ аз дастуроти исломӣ ва тақлид ба кирдори ғайримусалмонон буд. Самараи чунин тақлидҳо таҷовуз, куштор, ҷангҳои хонумонсӯз ва вайрониву қафомониҳо шуд.
Ислом дар миёни ақвому нажод мусовот ва баробариро талқин намуда, тибқи муқаррароти он мусалмон ҳақ надорад, ки мусалмони дигар ва ғайримусалмонро ба хотири шахсияту нажодаш таҳқир кунад. Дар дини ислом низоми табақотӣ вуҷуд надошта, ҳуқуқу ва ӯҳдадориҳои ҳама баробар аст, касе бар касе бартарӣ ва фазилате надорад, магар ба парҳезгорӣ ва тақво, порсотар аз ҳар нажоду бар ҳар ранге дар назди Худо бузургвор ва гиромист.
Хешро бартару болотар аз қавме пиндоштани қавме муҳаббатро аз миёни эшон бардошта, адоват ҷойгузини он мешавад. Кину душманӣ ба ҷангу хунрезӣ мекашад. Таассуб бар ақл ғолиб меояд ва инсон, ҳатто мусалмон бар хилофи фармудаҳои Худову расулаш аз хеш кирдори ваҳшиёна зоҳир мекунад. Паямбари бузургвори ислом Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи вассалам) мефармояд: “Ҳама арзишҳои як мусалмон: мол, обрӯ ва хунаш бар мусалмони дигар ҳаром аст” (Муслим, 4/1986).
Мутаассифона, мусалмонон дар ҳолоте бехуд мешаванд ва ё ин фармудаҳоро нодида мегиранд, ба ҷои маслиҳату машварат, мадорову муросо барои иҷрои амри Худо ва дарёфти савобу ризои Ӯ, зимоми ақлу шуур ба ихтиёри таассуб мегузоранд ва молу мулки ҳамро тороҷ карда, обрӯ бурда, хуни ҳамро мерезанд. Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи васссалам) мефармояд: “Оне ки бар таассуб даъват намояд, аз мо нест ва оне ки бар таассуб биҷангад, аз мо нест ва оне ки бар таассуб бимирад, аз мо нест” (Абудовуд, 5/342).
Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) мефармояд: “Мусалмон бародари мусалмон аст, ба ӯ зулм намекунад ва ӯро ба душманаш таслим намедиҳад”. Дар мавриди дигар таъкид мекунад: “Дашном додани мусалмон фисқ ва ҷанг бо вай куфр аст”. Мусалмон аз ҳар навъ бархӯрди нораво дар муқобили бародари мусалмонаш мепарҳезад ва ихтилофу нофаҳмиро ба тариқи мусолиҳат рафъ мекунад. Аммо хатми моҷаро тавассути хушунату хунрезӣ мутобқи дастуроти исломӣ нест. Касе ин тариқро ба кор бурд, узре бар карда надошта, маҳруми раҳмат аст. “Ва ҳар касе, ки мӯъминеро қасдан бикушад, пас сазои ӯ дӯзах аст ва ҷовидона дар он бимонад ва Худованд ба ӯ хашм гирифта, ӯро лаънат карда (аз раҳмати худ маҳрум сохта) ва барои вай азоби азиме омода намудааст” (Нисо 93). Аз Абудардо ривоят аст, ки Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармуд: “Ҳар гуноҳ умед аст, ки дар мавриди омурзиши Худованд қарор гирад, магар марде, ки мушрик мурда, ё мӯъминеро барқасд кушта бошад” (Ҳоким).
Дар дини ислом инсонро дар заминаи таассуби милливу нажодӣ таҳқиру табъиз кардану куштан манъ аст. Куштани кас ба сабаби мансубияти қавмиву нажодӣ рехтани хун ба ноҳақ аст, ки дар ислом ба муртакиби он кайфари сангин муқаррар гардидааст. “Ҳар касе инсонеро бидуни (куштани) касе, ё (эҷоди) фасод дар замин бикушад, чунон аст, ки гӯё ҳама мардумонро куштааст ва ҳар кӣ инсонеро аз марг раҳоӣ бахшад, чунон аст, ки гӯё ҳама мардумонро зинда кардааст…” (Моида 32).
Рехтани хун аз гуноҳони сангин ва муҳосибааш дар рӯзи вопасин гарону вазнин аст. Аз Ибни Масъуд ривоят аст, ки Расулуллоҳ (с) фармуд: “Аввалин чизе, ки дар рӯзи қиёмат дар миёни мардум бадон ҳукм мешавад, хунҳо аст” (Муттафиқун алайҳ). Ҳатто шарикӣ дар қатлу хунрезиҳо сабаби ҳалоку гирифтории абадӣ мешавад. Аз Ибни Умар ривоят аст, ки Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармуд: “Аз ҷумлаи умуре, ки мардро дар ҳалокат қарор медиҳад ва ҳаргиз аз он раҳоӣ намеёбад, он аст аст, ки худро дар рехтани хуни ҳаром шарик созад” (Бухорӣ).
Таҳти васвосу асабоният, бидуни андешаву дироят инсон ба ин амали мудҳиш даст мезанад, ҳам зиндагии дунёашро нороҳату пурмашаққат мегардонад ва ҳам ҳаёти уқбояшро табоҳ месозад. Ибни Умар ривоят намуда, ки Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармуд: “Мусалмон ҳамеша дар фарохӣ аз динаш қарор дорад то лаҳзае, ки хуни ҳаромеро нарезад” (Бухорӣ, Ҳоким). Худованд куштани нафсеро аз ҳар дину нажоду ойин бидуни ҳақ ҳаром кардааст ва кофир агар ба аҳду паймони дӯстӣ дар миёни мусалмонон зияд, ҷону молаш дар амон аст.
Ислом ҳамчун ойини ислоҳ одамиро, ки Худованд гиромӣ дошта, дар рӯи замин халифа қарор дода, ба ҳар рангу нажод халқ кардааст, дар як уммати воҳид муттаҳид карда, Паямбари бузургвори Худо дар миёни мусалмонон то охират паймони бародарӣ баст. Таассуботи ҷоҳилият бар асоси рангу хуну нажоду насаб устуворро аз бун бардошта, мақому раҳбариро ба афроде аз қавму нажодҳои мухталиф супурд, ки тавонмандӣ ва аҳлияти онро доштанд. Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) ба пайравонаш мефармояд: “Бишнавед ва фармон баред, агарчӣ бар шумо ғуломи ҳабашӣ муқаррар шавад, ки гӯӣ сараш донаи кишмиш аст” (Бухорӣ).
Қавонини исломӣ нажоду рангу насаби касеро бартару муқаддам намешуморанд. Ҳақир шумурдани нажоду миллате аз такаббуру худхоҳӣ, худписандӣ аст, ки ба сабаби он дар миёни қавму милал кинаву душманӣ ба вуҷуд меояд ва бо зулму куштору таҷовузу бадбахтӣ меанҷомад.
Пас мусалмононро мебояд, ки ба ресмони ногусастании Худованд маҳкам чанг зананд, аз ин ва соири зуҳуроти муғойир бар асли ислом иҷтиноб кунанд. Дар ҷомеа ба рангу нажоду миллати гуногун, бо улфату муҳаббати имонӣ якпорча бошанд, бо назардошти салоҳияту аҳлият мақому зимоми раҳбариро ба афроди шоиста супоранд, то дастнигару ниёзманди дигаре нашаванд, дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳамдилӣ бар душман дасти қавӣ намоянд… 2021.