Ислом ва қафомондагӣ
Ҷаҳолат бузургтарин омили пасмондагии кишварҳо ва шахмонии зеҳнии ҷамоаҳои шарқӣ буда, камсаводию бефаҳмӣ эшонро бастаи андешаву мӯҳтоҷи эҷод ва мутеи сиёсату иқтисоди мардуми зирак ва олате баҳри корбасташон гардонидааст. Аксари мардум дар қафомонии Шарқ дини Исломро муттаҳам намуда, на танҳо дар Ғарб, балки дар мамолики мусалмонӣ ин ақидаро мепазиранд. Дар кишвари мо низ аксар ба ин андеша тавофуқ доранд ва ман ин ҷо сайъ намудам, ба қадре аз нуқтаи назари илмию мантиқӣ акси ҳолро собит намоям. Майл ба ин андеша ё аз нафрату адоват нисбати ин дин ё аз бехабарӣ аз асли он ва таърихи гузашта аст. Дастури асосии ин дин бо унвони хониш маъруфу (яъне Қуръон) ҳидояти расулаш ба сӯи дониш аст. «Даъват кун мардумро ба роҳи парвардигори худ ба илму дониш ва панду насиҳати нек» (Сураи Наҳл, ояти 25).
Шарқ ё мамолики мусалмонии кафомондаю мазлуму мискини имрӯзаи ҷаҳон танҳо дар замони хилофати исломӣ соҳиби қудрату тараққӣ будааст. Хилофати исломӣ дар таърих ба ҳайси бузургтарин ҳукумате зуҳур намудааст, ки тавонистааст қаламрави густурдаву паҳноваре аз сарҳади Чин то Испониёву Сисилиё, аз сарзамини Ҳинд то Қафқозро бо халқу миллатҳои мухталиф таҳти идораву роҳбарӣ бигирад. Ташкил ва танзими роҳбарӣ дар чунин қаламрав бо тӯлу таркибаш амри саҳлу оддӣ набуда, нишоне аз дониши баланду маҳорати тавони ҳукамои он давр аст, дар ҳоле, ки идораи як кишвари кӯчаке бо як халқу миллият мушкилоти зиёде дорад.
Хусусан, ҳаёт ва ҳокимияти чор ҳоким ё худ халифаи аввали хилофат намунаи олии ибрат барои ҳукамову умарои ҳама давру замон аст. Демократияи дурӯғини имрӯз, ки ҳамчун ниқобе барои қудртхоҳону сарватхоҳон ба кор бурда мешавад, бо маънои асилаш дар таърихи инсоният танҳо дар ҳамин замон дида мешавад. Агарчанде ин абармардон ҳокимони нисфи ҷаҳон буданд, тавозуъро пеша дошта, аз ғурур мепарҳезиданд. Хешро ҳокими мутлақ нахондаву ҳама масоили давлатӣ бо машварату мувофиқати ашхоси мӯътабару мӯътамаду донишманду кордон ҳал мегардид. Ҷаласаву машвараташон на дар қасрҳои пӯшидаву дастнорас, балки дар масоҷид дар байни омма мегузаштанд. Эшон ба мисли ҳокимони муосир дар қасру кӯшкҳои боҳшамату анбӯҳи ходимону посбонон назиста, дар хонаҳои оддиву дар байни мардум мезистанд. Дар сафарҳои расмӣ эшонро на «Лимузин» – у «Мерседес» – ҳои гаронқимату дастаҳои мушоиату муҳофизони шахсӣ ҳамроҳияшон мекарданд, балки пойи пиёдаву ҳатто ходими хешро дар аспашон савор намудаву дар ҷилави асп гирифта мерафтанд. Бо вуҷуди оне, ки сарвати олам дар зери тасарруфашон буд, онро ғун надоштаву ба ҳама хешу авлодашон тақсим нанамудаву луқмае ғайри меҳнати даст намехӯрданд ва ҳар чизи зиёда аз эҳтиёҷи худро садақа медоданд. Аз тарси оне, ки мабодо аз эшон заррае беадолатӣ содир гашта бошад, соатҳои дароз бо гиряву зорӣ дар масоҷид ба зонуву сар ба замин мезаданд. Чунин буд баъзе сифоти ҳукамои мусалмон ва он намунаест барои касоне, ки хешро пайравони эшон мешмаранд.
Халифа Умар ( р) низоми рушдёфтаи маъмурӣ – молиявиро барқарор намуд, ки хазинаи ҷамъиятӣ аз ҳисоби андозҳои шахсиву заминӣ пур мешуд ва рӯйхати нафақагирони давлатӣ мураттаб шуд, ки ба он аҳли байти пайғамбар(с), ходимони дин, аскарону зану фарзандони эшон шомил буданд.
Дар замони хилофати исломӣ Шарқ аз ҷиҳати ҳарбӣ нисбати Ғарби пуриқтидори имрӯза хеле пеш рафта буд. Лашкари пурқуввату бомаҳорату аслиҳа ва лавозимоти ихтироъкардаи мусулмонон тавонистанд давлатҳои пурқуввату қадимиро мағлуб созанд ва шикасту барҳамзании ҳукмфармоии ғарбиён дар Африқову Шарқи Наздику Испониёву ҷанубию Итолиё (ҷазираи Сисилиё) нишони бартарии ҳарбии мусалмонон буд. Ҳамин низому рӯҳияи ҷангии эҷоднамудаи меросии лашкаркашони барҷастаи мусулмон буд, ки ҳатто баъди садҳо пора гаштани хилофат лашкари ниҳоят пурқувват ва мусаллаҳи иттиҳодии кишварҳои бузурги Аврупо (Италия, Фаронса, Англия, Германия, Испония, Шведсия ва ғайра) дар муқобилат бо лашкари султони Сурия ва султонҳои салчуқӣ комёбие ба даст наоварда, билохира аз Шарқ ронда шуданд. Баъди хилофати исломӣ чуни тавону иқтидорро хилофати усмонии Туркия соҳиб буд, ки он рақиби асосӣ империёҳои ғарбӣ ва ҳомии сарзаминҳои мусулмонон дар Шарқ буда, пас аз оне, ки ғарбиёни ҳорис тавасути Камолпошо онро барҳам шикастанд, кишварҳои мусулмононро дар байнашон тақсим ва Туркияро ба як давлати беэътиборе бадал сохтанд.
Имрӯзҳо аз неруву қуввати баҳрӣ доштани давлатҳои мусулмон (вақтҳои охир ба истиснои Эрон) иттилои каме буда, ҳатто вуҷуди он зери шубҳа аст. Дар он замонҳо низ лашкарии баҳрии Рум дар баҳри Миёназамин ҳамтое надошта, дар соҳилҳои Сурия Фаластину Миср ҳукмравоӣ мекард. Бо ташаббуси Муовия ибни Абусуфён ва Абдуллоҳ ибни Саъд ва иҷозаи халифа Усмон (р) дар соҳилҳои Мисру Сурия қушунҳои ҳарбии обии муқтадир эҳдос гардид. Ин лашкар бо вуҷуди навтаъсисияш бартарии худро собит намуда, ҷазираи Кипрро аз Рум гирифта, ҷазираи Сисилияро ғасб кард. Лашкари ҳарбии обии хилофати исломӣ дар давраи хилофат ва баъд аз он ҳам дар минтақа ҳукмфармои мулақ буда, дар олам ҳамто надошт. Аммо дар асри XXI мусулмонҳо ҳато тавони киштии муқаррарӣ сохтанро ҳам надоранд.
Халифаи фарҳангдӯст Маъмун дар шаҳри Бағдод (дар IX) Дорулҳикмат – хонаи хирад, тимсоли академияи улуми имрӯзаро таъсис дод, ки дар он уламои ҳамаи соҳаҳои илму эътиқоди гуногун: форсу арабу турку юнониву коптиву барбару ҳатто чинӣ дар он ҷо ҷамъ оварда шуданд. Дорулхикмат китобхонаи ғанӣ, таълимгоҳ, шӯъбаи тарҷума ва чанд расадхонаи ситорашиносиро дар худ фароҳам оварда буд. Бо амр ва таъмини маоши халифа дар ин хонаи маърифат мутарҷимон китобу маъохизи қадимии илмиро аз юнониву паҳлавию ҳиндиву дигар забонҳои қадимӣ ба арабӣ тарҷума менамуданд ва ҳар кадоме аз эшон соҳиби дониши баланд дар чанд илм буданд. Сарвари гурӯҳи мутарҷимон Ҳунайн ибни Исҳоқи масеҳӣ буд.( Ӯ инчунин забоншиносу табиби ҳозиқ – духтури шахсии халифа Мутаваккил буд). Китоб дар ин замон ба воситаи асосии мубодилаи ақида табдил ёфт. Хулафо тавасути суфарои худ аз қайсарони румӣ дархости дастнависҳои атиқиро менамуданд, ки аз ҷумла бо дархости халифа Мансур чанд китоби илмии муфид, дар байнашон «Элементҳо»-и Эвклид ба даст оварда шуд, ки он аз маъруфтарин кутуби риёзӣ ва ҳамчун маводи зарурӣ барои илми ҳандаса то имрӯз мавриди истифода қарор дорад ва тарҷумааш аз забони арабӣ нахустин нашри чопии он дар Аврупо дар асри XV буд. Баъдтар ҳамаи ин китобҳои илмӣ дар Испонӣ ва Сисилиё ба забони лотинӣ ва яҳудӣ тарҷума гашта, дар Аврупо маъруф гаштанд.
Тарҷумаи матнҳои тибии Ҳалену Ҳипократ (зери сарпарастии халифаи аббосӣ Мансур ва тарҷумаи Абуяҳё ибни Ботриқ дар асри VIII) ба забони арабӣ ва мавҷудияди академияи Гундишопур (онро Анӯшервон созмон дода буд) заминаи бунёди бемористони ҷамъиятӣ дар Бағдод (с809м) гаштанд, ки баъдан дар тамоми шаҳрҳои бузург пайдо шуданд. Ин муассисот ба ҷуз макони табобат будан ҳамчун марокизи таълимӣ барои таҷрибаандӯзӣ ва соҳиби лисонси духтурӣ ва дорушиносӣ гардидан истифода мешуданд.
Рисолаи Ибни Масовайҳ дар илми бемориҳои чашм ва табобати он – офталмология аз қадимтарин рисолаҳои то ин замон расидааст (як нухсаи он дар китобхонаи Темур Пошо дар Қоҳира ва дуюмаш дар Санкт Петербург маҳфузанд). Даҳ рисолаи Ҳунайн ибни Исҳоқ оид ба чашми инсон ва дастури мураттаб бо диаграммаҳои офталмологӣ дар рушди минбаъдаи ин илм таъсироти амиқи хешро гузоштанд.
Абубакр Муҳаммади Розӣ яке аз аввалин уламои барҷастаи илми тибби мусалмон буд. Аврупоён ӯро ҳамчун олими беҳамтои шарқӣ пазируфта, дар он ҷо бо номи Разес шӯҳрат дорад. Асари муҳимаш дар бораи бемориҳои нағзаку сурхак, энсиклопедияи тибияш, корбурди таҷриба ва мушоҳидоти табобатӣ, ташхис ва муолиҷаи сурхакон, тавсифи бемориҳои ирсӣ, занона, чашм, офаридани соҳаи акушерӣ ба рушди тиб дар Аврупо таъсири бузурге расониданд. Ибни Сино таълимоти ӯро идома дода, илми тибро мукаммал намуда, ҳама заҳамоти кашидаашро дар ин роҳ дар асараш «Шифо» гирд овард, ки баъди тарҷумааш бо лотинӣ то қарни XVII дар Аврупо ба сифати китоби асосии дарси дар макотиби тиббӣ хидмат намуд.
Уламои кимиёгари мусулмон бо озмоишоту таҷрибагузрониҳои илмии худ бо ашёи гуногуни табиӣ илми кимиёи муосирро ибтидо гузоштанд. Олими барҷастаи мусалмон Ҷобир ибни Ҳайён бо таҷрибаҳои лаборатории худ заминае барои иқдоми кимиёгарони баъдинаи Шарқу Ғарб гузошта, аслан ибтидоӣ илми нав – кимиёро гузошт. Ӯ анвои мухталифи асбобҳои лабораториро ихтироъ карда, усули тақтир (соф) кардани обро эҷод кард. Алкалоидҳо (моддаи органикии ишқормонанд), туршзоҳо (кислотаҳо) ва намакҳои зиёдро муаян намуд. Кислотаи сулфат, содаи каустикӣ, кислотаи нирогениро барои маҳлулкунии фулузот истеҳсол намуда, симобро кашф кард. Ӯ ҳатто мӯқалами рангмолиро ихтироъ намуд. Дар Аврупо бо номи Гебер маъруф аст. Абубакри Розӣ ё ба истилоҳи аврупоён Разес дар асоси корҳои ибни Ҳайён илми кимиёро ба ҳайси илми мустақил ҷудо намуда, ба ӯ кашфи тиреза аз шиша мансуб буда, аввалин шуда, спиртро барои тамиз (дезинфексия) кардан истифода бурд. Ӯ моддаҳои кимиёвиро ба қаторҳои маъданӣ, наботӣ ва ҳайвонӣ ҷудо намуда, эълом дошт, ки дар бадани инсон реаксияҳои мураккаби кимиёвӣ мегузаранд. Инчунин ӯ усули истихроҷи нафт ва тозасозии онро тасвир намудааст.
Китоби «Ҳисоб алҷабр ва муқобала»-и яке аз ходимони машҳури Дорулҳикма Муҳаммад ибни Мусои Хоразмӣ оғози мавҷудият ва фаъолияти илми нав алҷабр (алгебра) гашт. Китоб маҷмӯаи қоидаҳо доир ба ҳалли муодилаҳои хаттиву квадратӣ, геометрияи ибтидоӣ, масъалаи тақсимоти мутаносиби пули меросӣ ва ғайра буда, баъди тарҷумааш бо забони лотинӣ дар асри XII Аврупо бо илми наве бо номи алгебра ошно гашт ва он то асри XVI ба сифати китоби асосии ин фан хизмат намуд. Дигар саҳми бузуги Хоразми дар соҳаи илм ин тақдими арқоми маъруфи имрӯза ба ҷаҳониён аст. Ӯ бо ададҳои ҳиндӣ (бо иловаи адади сифр) усулии ҳисобкуниеро барқарор намуд, ки имрӯз қариб тамоми ҷаҳон аз он истифода мебарад. Баъди тарҷумаи таълифоташ оид ба арқом ба забони лотинӣ дар асри XII Аврупо ба низоми арифметикӣ ва ададҳои нав дер одат карда бошад ҳам, аввал дар Итолиё, дар ибтидои асри XIII, бо исрори олими риёзӣ Леонардо Фибоначчӣ (худ шогирди мусулмон буд) ба ҷои ҳисоби нобобу душвори истифодаи ҳуруфи лотинӣ пазируфта шуд. Низоми нави ҳисобкунӣ, албатта, саҳловарӣ ва такони бузурге дар роҳи пешрафту комёбиҳо дар соҳаи фунуни риёзиву ситорашиносиву физика буд. Нуфузи Хоразмӣ дар Аврупо ба дараҷае буд, дар асрҳои миёна дар он ҷо арифметика бо истилоҳи «алгоритм» , яъне шакли аврупоии номаш ифода меёфт. Дигар олими мусулмон Баттонӣ нахустин касест, ки ҷадвали синусҳоро истифода бурд. Абурайҳони Берунӣ аввалин олимест, тригонометрияро ҳамҷун як соҳаи алоҳидаи илми риёзӣ ба асарҳои илмияш муаян намуд.
Файласуфи барҷастаи мусулмон Абуюсуфи Киндӣ дар замони хеш зиёда аз 250 рисолаи илмӣ офаридааст, ки бештари онҳо аз арабӣ дида, ба лотинӣ бештар нашр гаштаанд. Ӯ аслан фалсафаи Арастуро мавриди тарҷумаву тафсир қарор дода, нахустин касест, ки масоили фалсафиро дар доираи ислом мавриди баррасӣ қарор додааст. Дигаре аз бузургони илми мусалмон Абунасри Форобӣ буд, ки дар соҳаҳои фалсафа ва мантиқ навовариҳои бузурге ворид намуд. Ӯро падари фалсафаи сиёсии исломӣ ҳам меноманд. Китобҳои ӯ дар низоми таълимии Аврупо таъсири сахте расонида, ӯро «муаллими сонӣ» («муаллими аввал» Арасту буд) номиданд. (Номи аврупоияш Алфарабиус). Ақоиди ӯ ба файласуфони Аврупо, аз ҷумла Фомаи Аквинӣ таъсир расониданд.
Корҳои илмии Киндӣ дар соҳаи оптика ба Роҷер Бекон таъсир гузоштаанд. Саҳми Баттонӣ дар такмили соҳаи тригонометрияи даврӣ нақши муҳим дорад.
Собит ибни Қурроҳ бо гурӯҳи тарҷумононаш асарҳои Евклиду Птоломей ва ғайраро тарҷума намуда, тарҷумаи «Алмаҷастӣ» бо арабӣ дастоварди бузурге дар соҳаи илмӣ ситорашиносӣ буд ва аз замони тарҷумааш бо лотинӣ (дар асри XII) то замони Эҳё китоби мӯътабартарин дар ин соҳа маҳсуб меёфт. Ситорашинос ва риёзидони машҳури мусулмон Муҳаммад ибни Ҷобири Баттонӣ ҳисоботи астрономии Птоломейро санҷида ва мукаммал гардонид. Дар асари машҳураш «Китоб-аз-зиҷ» ҷадвалҳои зиёди ситорашиносиро тартиб дода, бо мушоҳидоташ ба ҳаракати Моҳу Офтоб тасавуроти Птоломейро дар бораи траекторияи (маҳруки) ҳаракати онҳо тасҳеҳ дод. Ӯ бузургии кунҷи меҳвари заминро дар сатҳи гардиши он муаян намуда, дарозии соли офтобиро нисбати юнониҳо дақиқтар намуд, ки он дар муддати ҳафт садсола дар Аврупо мавриди истифода қарор дошт (Баттонӣ ҳамагӣ дар 24 сония иштибоҳ карда буд). Комёбиҳои ин олими бузург дар оянда мавриди истифода ва корбурду пешравиҳои Коперник, Кеплер, Тичо Браэ, Галилей ва ғайраҳо гаштанд. Берунӣ дар асоси илми ситорашиносии ҳиндӣ маҷмӯи ҷадвалҳои ситорашиносии ҷойгиршавии сайёраву ситораҳоро тартиб дод. Берунӣ арзу тӯли кураи заминро чен намуда, давр задани заминро дар гирди меҳвари худ исбот намуд. Бо фармони халифа Мансур Муҳаммад ибни Иброҳими Фазорӣ аввалин устурулоби планисфериро сохт.
Тарҷумаи «Ҷуғрофиё»-и Птоломей аз ҷониби гурӯҳи ибни Қурроҳ (ӯ инчунин олими риёзӣ, физик, ситорашинос, мунаҷим, тиб, фалсафа, ахлоқ, мусиқӣ буда, халифа Мӯътадид сарпарасташ буд) комёбии арзишманде барои уламои ҷуғрофӣ буд. Бо пайгирӣ аз Птоломей уламои мусалмон тавонистанд арзу тӯлҳои ҷуғрофию харитаҳои маҳалҳоро мураттаб созанд.
Абурайҳони Берунӣ дар соҳаи илми геология кашфиётҳои муҳимеро анҷом дод.
Соҳаи бинокорӣ низ дар ин замон ба авҷи аълояш расида буд, ки мисоли он тарҳандозӣ ва сохтмони шаҳрҳои бузурге, ки имрӯз тамошогаҳи сайёҳонанд, мисли Бағдоду Қоҳираву Работу Наҷафу Самараву ғайраанд. Аммо дар кишвари мо дар асри XXI ҳам як ду биноро ё чинӣ ё иронӣ ё турку ё аҷнабии дигаре сохта, он чӣ ки русҳо сохтаанд, дар ҳоли пӯсишу инқироз аст.
Мусиқӣ дар он замонҳо соҳае аз илми риёзӣ буд. Уламо алоқаи риёзиёт ва тавозуни оҳангии (гармония) мусиқиро муаян намуда, бештари уламои мӯтабар ба ин илм дахл намудаанд. Асари Форобӣ «Мусиқии бузург» аз умдатарин манобеи назарияи мусиқии шарқист. Аврупоён ҳамаи қолабҳои ин соҳаро дар асоси ҳамин асарҳо мураттаб сохтаанд.
Ибни Надим соҳиби дӯкони китоб дар Бағдод маҷмӯи мухтасари номгӯи асарҳои илмиро бо маълумоти шарҳиҳолии муаллифону бархе аз маводи асарҳо «Феҳрист»-ро тартиб дод, доиратулмаорифи аслии фарҳанги исломӣ маҳсуб меёбад ва он намунаи минбаъдаи феҳристсозӣ гардид.
Мӯҷиби ин ҳама комёбиҳои бузург, албатта, хулафои мусулмон буданд, ки тибқи фармоиши пайғамбари хеш донишро аз Чин то Ҳинду Юнону Ирону Миср маконоти тавлид ва такмили тамаддуни одамӣ ҷустуҷӯ намуда, олимониро гирд оварда, шароити зисту кору эҷодашон фароҳам сохтанд. Ин олимон баъди омӯзиши маъохизи омехтаи пешина (хусусан юнонӣ) илмҳоро аз ҳам ҷудо намуда, танзим ва такмил доданд. Ин давраи тиллоии тарақиёти илм дар Шарқ, мутаассифона, пас аз хилофати исломӣ тадриҷан рӯ ба таназзул ниҳода, ҷойи хешро ба ҷаҳолат иваз намуд.
Аврупои мутараққӣ дар он замонҳо аз вуҷудияти ин улум хабар надошт ва ба туфайли тарҷумаи асарҳои уламои мусалмон аз асри XII сар карда, бо ин улум ошно гаштанд ва ҳатто ба аслу моҳияти асарҳои олимони юнони қадим бо шарҳу тафосири уламои мусалмон сарфаҳм рафтанд. Бо ташаббуси архиепископ Раймонди 1 (асри XII) дар Толедо (Испониё) мактаби мутарҷимон ташкил ёфт, ки аз тамоми Аврупо мутарҷимон ҷамъоварӣ шуданд ва асарҳои арабиро тарҷума мекарданд. Пас аз тарҷумаву паҳну парешон гаштани ин асарҳо мардуми Аврупо майл ба омӯзишу пажӯҳиши илм намуданд ва дар натиҷа афкору тамоюлоти илмӣ мӯҷиби хашму ғазаби ҳокимону рӯҳониёни он ҷо гардид. Агар дар Шарқ хулафои исломӣ уламоро аз ҳама ҷо даъват намудаю ба талабу кашфиётҳои илмӣ маҷбур месохтанд, дар Аврупо ашхосеро, ки ба илм шуғл меварзиданд, дар оташдонҳо месӯхтанд. Билохира, баъди раҳоӣ аз ҷаҳолат аврупоиён аз давраи Эҳё ин ҷониб ҷиддан машғули илм гашта, кори оғознамудаву анҷомнадодаи мусулмононро ба итмом расониданд.
Чанде пас аз барҳам хӯрдани хилофати исломӣ (дар замони ҳукмронии Сомониён илм камтар ва адаб бештар рушд ёфт) ҷараёни шахмонии зеҳниву ривоҷи бесаводӣ оғоз гардид, ки мӯҷиби асосии он ҳукуматҳои сулолаҳои гуногун, ки ҳамдигарро иваз менамуданд, буданд. Аслан он мардум аҳли бодия буда, майлу рағбаташон ба кишваркушоиву ғорати сарвату харобгардонии шаҳрҳо бештар буда, аз мафҳумоте ба мисли илму фарҳанг камтар иттилоъ доштанд. Хусусан, Осиёи Миёна аз қарни XI сар карда, ба майдони тохту тозу задухурди кӯчманчиёни бедину бефарҳанг табдил ёфт ва онҳо барои ҳифзу идомаи ҳукуматашон бар мардуми мусулмон исломро пазируфтанд, вале ин дар тафаккури эшон дигаргуниеро ворид насохта, сирати ирсияшон боқӣ монд. Уламову соири рӯшанфикронро таъқибу тазйиқ менамуданд ва натиҷаи он шаху ақибмонии ҷомеа буд. Бухорои асри XX аз Бухорои асри X тафовути ҷузъие дошт. Уламои асили ислом бо хориву зиллат гӯшаеро ихтиёр карда, сӯфию ҷоҳилони дунёхоҳу манфиатпараст пешвоёни дин гаштанду онро чун афзоре барои амалисозии сиёсоту аҳдофашон ба кор бурданд.
Мамнӯии дин дар даврони шӯравӣ ва табъиди он дар замони ҳозир омили асосии таназзули ахлоқ, вусъати бесаводию, беадолатӣ буда, то замоне, ки мардум онро дастури зиндагии хеш қарор надиҳанд, дар ҷомеаи мо адабу хулқи накӯ, фаросату маърифат, шарму ҳаё, адлу инсоф, меҳру шафқат, дӯстию бародарӣ барқарор нахоҳад шуд. 2012.