Модари ҷонфидо
Дар шабакае барномае аз ҳаёти ваҳш мутаваҷҷеҳи хешам сохт. Галаи гавазнҳои саҳроӣ бо убури дашту даману ҷангалу рӯдхонаҳо мекӯчид ва модагавазне бо бачаи полатхӯрдааш аз он ақиб монд буд. Пои пеши гавазнбача зарб хӯрда ва ҳаракат бар ӯ душвор буд. Ба қадри тавон масофае мерафт, аз по афтода, чанде роҳат намуда, қуввате гирифта, боз ба по хеста, ба сӯи гала мешитобиданд. Гала аз онҳо хеле дур шуда буд ва модару бача дар маърази хатар қарор гирифта буданд.
Модар ҷонро баҳри бача ба хатар гузошта, нигарони фарзандаш буд. Ҳангоми хестану роҳ рафтанаш имдодаш менамуд, дар вақти аз ҳаракат мондан навозишаш кардаву пояшро мелесид. Доиман наззораи дуру атроф менамуд, аз ҷойгоҳи палангон, ки аз галаи эшон чандеро доштаву дарида буданд, ба тадбир убур намуд. Хавфи ҷон аз дигар дарандагони бузургро паси сар кард. Дар даште ба гурӯҳи кафторон дучор омаданд. Онҳо модару бачаро дар муҳосира гирифта, ба гавазнбачаи маъюб ҳамлавар мешуданд, вале модар шох шинонда, ҳамлагаронро меронд. Чанд ҷое аз баданашро харошидаву пӯсту мӯй канданд, аммо онҳоро иҷозаи ба писар наздик шудан надод.
Шабҳо писар роҳат мекард, вале модар бо сари бардошта то саҳар ба пешу пас назар мекард. Гала дар соҳили рӯдхонае се рӯз таваққуф намуда буд ва ба модару писар имкони ба он расиданро фароҳам оварда буд. Онҳо ба гала пайвастанд ва сарони гала тасмим ба убури рӯдхонаи хатарнок гирифтанд. Галаи чандҳазора худро ба суръат ба дарё афканд, бештар ба саломат ба соҳили дигар мегузаштанд ва баъзе рост ба даҳони бози тимсоҳон мерафтанд.
Модар бачаи заифашро пешопеш андохта, вориди дарё шуданд ва писар ба имдоди модар дар об мерафтанд, вале тӯдаи шитобанда онҳоро аз ҳам ҷудо карданд. Модар ба соҳил расид, ба фарёд писарро меҷуст, чанд бор таи пои тӯда мондаву поймол шуд, боз бархоста, ҷустуҷӯ менамуд. Садое аз писар нашунид ва хешро ба рӯдхона зада, ақиб ба ҷустани писар роҳ гирифт, вале ин охирин талоши ӯ дар зиндагонияш буд, ки ба хотири фарзандаш анҷом дод. Ҳаракати модар то миёнаҷои рӯд то коми бузурги тимсоҳ буд, ки ба сар дохили он шуд ва нахуст тимсоҳу ба дунболаш гавазн ба қаъри наҳр рафтанд.
Гала бо талаф аз рӯдхона убур намуд. Дар соҳили ҷаридору санглохи дигари он тӯдаи гавазнҳои пиру заифу хурд, ки поймоли галаи чандҳазора гашта буданд, беҳаракат мехобиданд. Замоне дар миёни онҳо ҷисме ҷунбид. Тадриҷан, зӯр зада, ба по хест. Ба атроф нигариста, муддате ба фарёд чизеро меҷуст. Саъй ба ҳаракат кардан намуд, аммо хеле афгору заиф буд. Ин ҳамон писари маъюб буд, ки модар ҷон фидои ҳаёташ намуд. Ниҳоят, кӯшиду ҳаркат намуд ва ба заҳмати зиёд аз ҷарӣ боло рафта, ба сӯи саҳрои паҳноваре, ки галаи бузург дар он парешон гашта буд, лангида, сареъ ҳаракат намуд.
Сарнавишти талхи модаргавазн хеле муассиру маҳзунам кард. Барои наҷоту саодати фарзанд бисёр машаққат кашид, ҷонашро ба хатар гузошт ва ниҳоятан фидо намуду ба фарзанд умеди зиндагӣ бахшид. Бо вуҷуди он ки ин писар баъд аз шири модар ҷудо гаштан тарки ӯ намуда, барояш нафъе нахоҳад дошт, ҷон нисори ҳаёти фарзанд кард. Ин мавҷуди бешуур бо ғаризаи ҳайвонӣ чунин муҳаббату дилбастагие ба фарзанд зоҳир намуд, ки бозтоби онро дар ранҷу амалаш ба дида дидем.
Модарони одамӣ, ки шууру эҳсосоти инсонӣ доранд, дар ҳамлу парвариши фарзанд ба маротиб бештар ранҷу заҳмат мекашанд ва дар тафовут аз модаргавазну гавазнписар меҳру эҳсосу тақорубашон дар овони булуғи фарзанд анҷом намепазирад. Модарон то дами марг дар ғаму нигарони фарзандонанд. Модарон дар нисбати фарзандон вафодоранд. Ба нудрат модарест, ки тарки фарзанд кунад, аммо фарзандон зиёд тарки модару падар мекунанд. Чунин маворидро дар ҳаёт, мутаассифона, мушоҳида намудаву менамоем.
Замоне хурд будем, дар деҳа пирмарду пирзане мезистанд, ки танҳо як писар доштанд. Писар пас аз хатми мактаб ба шаҳр рафта, хатми донишгоҳ карда, соҳиби кор гашта, бо шаҳридухтаре издивоҷ намуда, дигар ба деҳа барнагашта буд. Волидайни пир дар интизори писар рӯз мегузаронданд. Дар ишқи фарзанд молихулиёӣ гашта буданд. Модар хонаву роҳу ҳаёт мерӯфту бисот мегустурд, инро ҳар рӯз такрор намуда, мегуфт, ки писарам меояд. Аз анвои тару хушки мева ва дигар хӯрданиҳои хушмаза дар сандуқи чӯбин дар ганҷураш ҷо карда, мегуфт, ки писарам меояд. Бештар бо кӯдакон сӯҳбат мекард ва мавзӯи сӯҳбаташ писараш буд ва ӯро ҳачун қаҳрамони асаре васф мекард. Аммо солҳо мегузашт, бисоти густурдааш фарсуда мешуд, анвои хӯрокии ҷамънамудааш пӯсида мегашт ва хабаре аз омадани писараш набуд.
Пирамард дар мавзеи санглохе, ки мо аз миёнаш гузашта, ба мактаб мерафтем, бо метин санг канда, сангҳои калонро бо путк кафонда, тӯда мекард ва мо ба наздаш рафта, сабаби санг ҷамъ намуданашро мепурсидем. Номи писарашро гирифта, арз мекард, ки омада, хона месозад ва ин то омаданаш бояд сангро барои девор кардан омода созад. Аз писар суолаш мекардем ва ӯ ҳамчун ҳамсар бо муҳаббат васфи фарзанд мекард. Ниҳоят, пирамарду паразан дар ҳасрати дидори фарзанд, таҳти муроқибати ақрабо аз олам гузаштанд.
Он солҳо мо кӯдакони хурдсол будем, пас аз гузашти солҳо анқариб ба чиҳилсолагиям буд, рӯзе хабар доданд, ки дар маҳаллае аз пойтахт фалонӣ даргузаштааст. Ӯ ҳамон писаре буд, ки васфашро дар хурдӣ аз волидайнаш ҳамчун қисса шунида, вале худашро надида будем. Нақл намуданд, ки солҳо зану фарзандон ӯро тарк намуда, бо ранҷи маризӣ танҳо мезистааст. Ба танҳоӣ, аз беморӣ фавт карда, дӯ рӯз пас аз маргаш ҳамсояҳо хабари даргузашташро ёфта буданд. Вақте ки ҷасади беҷони матоъпечашро аз ошёнаи баланд поён мебурдем, хотирот аз пирмамарду пирзани волидайнаш дар сарам чарх мезад.
Фардеро волидайну ақрабо бо хушнудӣ бо умеди он ки пас аз ду сол баргашта, зиёфати аз аскарибаргардӣ ва хонадорияшро хӯранд, ба хизмати аскарӣ гуселониданд. Дар он давра ба хизмати аскарӣ бо хурсандӣ мерафтанд, пеш аз рафтан ва баъд аз гаштан барои аҳли деҳ зиёфат ороста, шодмонӣ мекарданд, адои хизмати аскарӣ шарафи мардӣ маҳсуб мешуд. Ҷавонмард рафт ва интизориҳои модар оғоз шуд.
Ҳамеша аз писар ёдовар мешуд, аз хӯву хислату саргузаштҳои кӯдакию ҷавонияш ҳикоят менамуд. Бо гирифтани мактубе аз ӯ хушҳолӣ карда, навиштаҳои писарро ба ҳама нақл мекард. Боре дар либоси низомӣ расм фиристода буд ва модар онро дар ҷайб гардонда, ба ҳама аҳли деҳ нишон додаву аз тамҷиди писар лаззат мебурд. Соли охири хизматаш монда буд. Модар деҳ ба деҳ гашта, барои писар ҳамсар ҷустуҷӯ менамуд. Духтареро аз деҳе интихоб карда, дар тараддуди ҷашни арӯсӣ то омадани писар афтода буд.
Вале солҳо гузаштанду писар бедарак буд. То замони адои хизмати аскарӣ гоҳе мактубе навишта, аз ҳолаш хабаре медод. Баъд аз адои хизмат алоқааш бо хонавода канда шуд. Умеду ормони модар ба бод рафтанду нишоташ ба дарди ҳиҷрону андӯҳ табдил ёфт. Баъд аз гузашти солҳо бо он фард дар Русистон вохӯрдем. Дар замони берун рафтанаш хурд будем ва фаромӯшаш карда будем. Ӯ пас аз адои хизмат бо русдухтаре издивоҷ карда, соҳиби ду фарзанд гашта буд. Бар хилофи тавсифоте, ки аз модар шунидаву тасаввураш мекардем, ӯро марди тундхӯву девонаавзое дарёфтем, ки дар миёнасолӣ зану фарзандон таркаш намуда буданд ва онҳо аз ӯ ва вай аз волидайну ақрабо безор буд.
Пиразанро писари хурдӣ дар замони шӯравӣ дар Русистон мактаб хонд ва пас аз як-ду соле кор кардан он давлат фурӯ рехт. Он писар бекор монду солҳои дароз дар он ҷо беҳудагардию айёшӣ кард. Пиразан дар интизори омадани ӯ рӯз мегузаронд ва барои издивоҷаш омодагӣ медид. Ҳар матои ёфтаро дар сандуқаш ҷо мекард, барои куштани ҳар молу гове дар хонадон низоъ барпо карда, даъво мекард, ки ин барои ҷашни арӯсии писарам аст. Агар касе аз хешу бегона ба хулқи бади писараш ишора менамуд, ҳатман пиразан бо ӯ хархаша барпо мекард. Дар васфи писараш сухан мегуфт, бо умеду итминон номи писарро гирифта, изҳор мекард, ки омада, издивоҷ мекунаду бо ҳам хаҷагии обод месозанду ӯ то рӯзҳои охири умр муроқиби модар хоҳад шуд.
Солҳо гузаштанду русияравии оммавӣ оғоз гардид ва замоне мо низ рахти сафар ба ин кишвар бастем. Пиразан ба ман ҳамчун шахси боэътимодаш номаи розу ниёзашро, ки бо дастхати каҷу кӯдаконамонандаш навишта буд, дода, таъкид намуд, ки онро ҷуз писар касе нахонад. Интизор доштам, ки писаре дар муддати мадид модарро надида, сахт пазмони ӯст ва аз шунидани хабару номааш хеле шоду хушҳол хоҳад шуд. Аммо бар акси ин, ӯро шахсе бетафовуту сандилу беотифае дидам, ки ахбор аз модар заррае муҳимаш набуд ва рӯ турш намуда, номаи модарро гирифта, бидуни нигоҳе ба ҷайбаш халид.
Ҳама умеди модар ба писари бузург буд. Бар писари хурдӣ, ки сустмизоҷу бепарвост, чандон эътимоде надошта, ҳоло, ки эҳсоси пиронсолӣ намуда, умеди муроқибат аз писарӣ калонӣ дошт. Ба ҷуз ранҷҳои тифлӣ ин писар модарро дар зиндагӣ бо беморию солҳои гирифторӣ бармаҳал заифу сафедмӯй кард. Рӯзе ба хатои сунҳор эрод гирифт ва аз ӯ ҷавоби тунд гирифт. Мабҳут шуду ба писар чашм андӯхт ва бо итминон интизор дошт, ки писар ҳамсарро барои ин амалаш маломат мекунад. Аммо писар низ ба ҳимоят аз ҳамсар ба модар тунд гуфт.
Ин барои модар ҳамчун зарби босқон бар фарқи сар буд. Дар лаҳзае умеду омолаш аз даст рафтанд, яъсу навмедӣ баданашро фаро гирифт. Дар кате, ки нишаста буд, аз беҳолӣ ба паҳлу ғелид. Чанде бесадо гиря кард, намехост дар назди аҳли хона озурдагияшро нишон диҳад, вале ашкаш беихтиёр шорид. Ду соат бад ин минвол афтода буд, зиндагӣ, хона барояш бад менамуд. Мадор ғун карда, аз ҷо баланд шуд ва тағйири либос карда, роҳ ба сӯи хонаи наздикон пеш гирифт. Дунё дар назараш тангу хира менамуд, ҳамоно бесадо гиря мекард вапиёдаву савора роҳ рафтанашро ҳис намекард.
Писари хурдиро волидайн бо ноз парварида буданд. Ӯ дар хурдӣ ба модар хеле часпида буд. Ҳатто дар овони ҷавонмардӣ дар бағали модар мехобид. Наздикон сарзанишаш мекарданд, ки бузург шудааст, мисли тифлон аз дунболи модар нагардад. Модар бо ифтихор изҳор мекард, ки аз ҳама фарзандон ӯ муҳаббати бештар бо модар дошта, муттакояш дар пирӣ маҳз ӯ хоҳад шуд.
Замоне писар хатми мактаб намуд ва мисли ҳазорон ҳамватан роҳи ҳиҷрат пеш гирифт. Муддате дар он ҷо будубош намуд, забону гаштугузорро дар он кишвар ёд гирифт, бо зани бузургсоле, анқариб ба синни модар ҳамхоба шуд ва модарро зуд аз ёд рабуд. Пулу даромадро сарфи зан карда, волидайн пулу кӯмаке аз ӯ надида, ба қавли наздикон ӯро ҷуставу сарзаниш менамоянд, то соле ба модар занге задаву аз зиндаву саломат будан хабаре диҳад. 2018.