Мӯъминон бародаронанд
Бино бар тасрифи решаи вожаи ислом (“سلم” – “салама”) он маъонии “сулҳ, оштӣ, созиш, мусолимат, таслим шудан, мусалмон шудан, таҳният, дурудгӯӣ, саломатӣ, тандурустӣ, таъзим, эҳтиром, дохил шудан дар сулҳу оштӣ”-ро дорад. Аз ин рӯ, исломро пазируфтану мусалмон шудан – мусолимат, мусолиҳа кардан, дар салоҳ зистан, солиму тандуруст будан, таҳният гуфтан, таъзиму эҳтиром доштан аст. Ҳамчунин, вожаи “имон” аз “амн” – эминӣ, тинҷӣ, бехатарӣ, осудагӣ, эътимоду боварӣ аст. Касе имон овард, “мӯъмин” аст – шахси мӯътақид, ки таслиму пойбанди ин ҳама шартҳо мебошад.
Дар Қуръони карим – дастури асосии дини ислом мӯъминон – ҳама ононе, ки имон овардаю исломро пазируфтаанд, бародар хонда шудаанд: “Ҳамоно мӯъминон бародаронанд, пас ислоҳ кунед миёни ду бародари хеш ва парво кунед аз Аллоҳ, шояд, ки мавриди раҳмат қарор гиред”. Ҳуҷурот 10. Тибқи ин амр муносибат дар ҷомеаи мусалмонӣ бар асоси қавоиди бародарӣ роҳандозӣ шудааст.
Ислом дини башарӣ буда, қавонини он барои умуми башарият аст. Тавре ки Худованд дар Қуръони карим фармудааст: “Эй мардумон, ҳамоно офаридем шуморо аз як марду як зан ва қарор додем шуморо гурӯҳу қабилаҳо то якдигарро бишносед, бегумон гиромитарини шумо назди Аллоҳ парҳезкортарини шумост, ҳамоно Аллоҳ бас донои огоҳ аст”. Ҳуҷурот 13. Ба ин далел, мансубияти қавмию миллию нажодӣ дар ислом аҳамияте надошта, шарти асосӣ амал тибқи дастуру фармоишоти он аст.
Пас мусалмонон новобаста ба мансубияти ирқӣ ба ҳам бародаранд. Намунаи рафтори мусалмониро Паямбари бузурги ислом Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи ва салам) дар ҳадиси маъруфе, ки бар риштаи назм низ кашида шудааст, баён сохтаанд: “Мисоли мусалмонон дар муҳаббату раҳмату меҳрубонияшон ба якдигар монанди як ҷасад аст, ки ҳар гоҳ аз он узве ба дард ояд, дигар аъзои ҷисм дар табу бедорхобӣ бо он ҳамроҳӣ мекунанд” (Ҳадиси муттафиқун алайҳ – ҳадисе, ки дар сиҳати он ҳама иттифоқи назар доранд).
Адои ҳақи бародарӣ яке аз шартҳои такмили имондорӣ аст. Чуноне Расули Худо (с) таъкид намудааст: “Ҳеҷ яке аз шумо мӯъмини комил шумурда намешавад, то он ки он чиро барои хеш дӯст медорад, барои бародараш дӯст надошта бошад” (Ҳадис аз Имом Тирмизӣ (р).
Чун мӯъминон бародаранд, бояд риояти ҳуқуқи бародариро пос доранд. Расуллулоҳ (с) мефармояд: “Мӯъмин оинаи мӯъмин аст, мӯъмин бародари мӯъмин аст, аз зоеъ шудани дороияш ҷилавгирӣ менамояд ва дар ғоибаш аз арзишҳояш ҳимоят мекунад” (Ҳадис аз Имом Абудовуд(р). Дифоъ аз молу сарвату эътибору обрӯи бародари мусалмон вазифаи мусалмони дигар аст ва дар сурати ғайр: “Ҳама арзишҳои як мусалмон: мол, обрӯ ва хунаш бар мусалмони дигар ҳаром аст” (Ҳадис аз Имом Муслим (р).
Ислом барои эҷоди дӯстӣ, ҳамкорӣ, ҳамбастагӣ дар байни мусалмонон ононро бародар хонда, шарти бародарӣ дар ислом даъват ба ислоҳ, парҳез аз низоъ ва кину адоват аст. Тавре ки Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи ва салам) таъкид менамоянд: “Бо ҳамдигар душманӣ ва ҳасаду ҳамчашмӣ нанамоед ва эй бандагнои Худо, бо ҳам бародар бошед” (Ҳадис аз Фатҳ-ул-борӣ).
Агар шурути ухувати исломӣ ба таври боист риоят гардад, бародарии динӣ аз пайванди насабию хешовандӣ пойдортар хоҳад буд. Мусалмон бояд аз ҳоли бародари динӣ ҳамвора хабар гирад, агар муддате ғоиб шавад, бояд ба суроғаш равад. Рози ӯро нигоҳ дорад, дар сахтӣ ҳамроҳу дастгираш бошад, дар сурати қаҳрию ҷудоӣ зуд мусолиҳа намояд. Расулуллоҳ (с) фармудаанд: “Барои мусалмон раво нест, ки беш аз се шабонарӯз бародарашро тарк кунад, ки чун бо ҳамдигар рӯ ба рӯ шаванд, аз ҳамдигар рӯ гардонанд ва беҳтаринашон касе аст, ки ба салом оғоз мекунад”.
Раҳму меҳрубонӣ дар нисбати якдигар аз шартҳои имондорӣ ва пойдории бародарӣ аст. Расули Худо (с) таъкид намудаанд: “Имони шумо комил намегардад, то ин ки ба ҳамдигар тараҳҳум надошта бошед” (Ҳадис аз Имом Табаронӣ (р). Мусалмон дар нисбати мусалмони дигар зулму тааддиро раво намебинад, зеро ки ӯ бародари ӯст, баръакс, аз зулму таҳдиду тааррузи душманаш ҳимоят мекунад. Ба таъкиди Паямбари ислом (с): “Мусулмон бародари мусулмон аст, ба ӯ зулм намекунад ва ӯро ба душманаш таслим намедиҳад” (Ҳадис аз Фатҳ-ул-борӣ).
Низоъ, ихтилоф, кашмакашу даргирӣ дар миёни бародарони мусалмон мамнӯъ ва хилофи шурути ухувати исломӣ аст. Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи ва салам) бар муслимин таъкид кардаанд: “Дашном додани мусалмон фисқ ва ҷанг бо вай куфр аст” (Ҳадиси муттафиқ). Ҳамчунин, аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: “Он ки бар мо силоҳ кашад аз мо нест ва он кӣ ба мо хиёнат кунад, аз мо нест” (Ҳадиси муттафиқ).
Бародарии динӣ дар ислом баҳри барпоӣ ва таҳкими дӯстӣ, меҳрубонӣ, ҳамдилӣ, ободкорӣ, рифоҳ, осудаҳолӣ ва зудудани кина, адоват, фасод, ҷиноят, харобкорӣ, зулму тааддӣ ба хотири эҷоди ҷомеаи солим буда, риояти ҳуқуқи бародарӣ мутобиқи фармоишоти исломӣ барои бунёди чунин як ҷомеа мабнӣ бар муносиботи ахлоқии олӣ ваҷҳи аҳсан аст. 2019.
Понавишт
Имрӯз бархе шиори “Мӯъмин бародари мӯъмин”-ро мӯҷиби зиллату тагазроҳмонии мардуми тоҷик дониста, ба назари эшон тоҷикон тибқи он рафтор намуда, сарзамину молу мулкашонро ба ҳамсоягон баъдомада бахшу инъом намуда, хеш домани кӯҳу камарро маскан кардаанд. Аммо онҳо инро бояд дар хотир дошта бошанд, ки ононе, ки имрӯз сарзаминҳои аҷдодии моро соҳибанд, аз ҷониби касе даъвату таклиф нашуда, ин ҳамаро ба ваҷҳи забту истило ба даст оварданд ва мусалмон набуданд, исломро баъд аз муқим шудан аз мардуми мо пазируфтанд.
Сабаби заъфу ҳақорати мардуми мо на мусалмонии онҳо, балки беғайратӣ, тарсуӣ ва бенангӣ буд, ки тавқи мутеиятро барои садсолаҳо бар гардан ниҳод. Заъфи имонӣ дигар иллати он буд, ки мебоист аз ғайримусалмонон итоат накарда, ҳукуматҳояшонро намепазируфтанд ва ғайрату ҷасорат намуда, онҳоро аз сарзаминҳояшон меронданд.
Ҳамсоягон, ки аслан аз бодияҳо омаданд, мисли соири аҷзои фарҳанг динро аз мардуми мо пазируфтанд. Мисли мардуми мо бархе аз эшон дар иҷрои аҳкоми дин пойдоранд. Аксар мисли мардуми мо бовуҷуди мусалмонӣ дар нисбати иҷрои аҳкоми динӣ изҳори бепарвоӣ мекунанд. Вале тибқи қоидаи маъмул қабл аз ҳама мусалмонии эшонро айб мегиранд.
Аммо, магар аъмоли иддае аз қавми қирғиз (албатта, таҳқири қавму миллати том аз рӯи як, якчанд ё гурӯҳе ҷоиз нест), ки ба истифода аз заъфу ҳақорати тоҷик ба гурӯҳе аз ин мардум дасти зулму таҷовуз дароз кардааст, мутобиқ ба аҳкоми ислом аст?. Паёмбари ислом, ки итоат аз амри ӯ шарти мусалмонӣ аст, фармуда, ки “Мусалмон бародари мусалмон аст ва ба ӯ зулм намекунад…”, ё “Дашном додани мусалмон фисқ ва ҷанг бо ӯ куфр аст”, “ё бо ном мусалмоне бар рӯи мусалмонон теғ кашад, аз зумраи мусалмонон нест (маънии ҳадис)…”. Оё иддаро, ки замини мусалмонони заифро забт мекунанд, молашонро ба ғорат мебаранд ва хунашонро мерезанд, магар метавон мусалмон номид?. Дар ҳоле, ки паямбари ислом ба сароҳат таъкид намудааст: “Ҳама арзишҳои як мусалмон: мол, обрӯ ва хунаш бар мусалмони дигар ҳаром аст”.
Худованд дар каломи хеш мӯъминонро бародар хонда, фармудааст, ки ҳангоми ихтилоф дар миёни ду бародар сулҳу салоҳ андозед. Пас агар таҷовузгарон мусалмонанд, чаро ҳамсоягони мусалмон мисли узбеку туркману қазоқу афғону ғайра золимонро маҳкум нанамуда, дар миён мусолиҳа намекунанд?… 2019.