Набарди азимпайкарон
Мардум бо таассур аз ҳаводиси табиӣ дар қадим устура офарида, қаҳрамонони азимпайкару муқтадир сохта буданд, ки бо ёварон ҳамеша ба ҳам дар ҳоли тазоду набард буда, ҳар яке ашёву абзори сеҳрангези хешро дошт ва ба истифода аз он бар рақибаш зарб мезад, яке бо барқи ғуррон, дигаре бо боду тӯфон, саввумӣ бо мавҷу туғён, чаҳорумин бо барфу бӯрон зуҳури қудрату азамат мекарданд, яке найзаи сеҳрноки тахрибкунанда, дигаре гурзи ба замин фурӯбаранда ба хотири ваҳшат ангехтану бим додани ҳам меафканданд.
Афсонаҳои қадимӣ имрӯз ҳақиқӣ гаштаанд ва азимпайкарони замон бо ёварони хеш дар ҳоли набарду мубориза қарор доранд. Азимпайкарони замон имрӯз дар сарзамини бостонии Сурия қувва меозмоянд ва амокини қадимиву арзишманди тамаддуни башариро майдони ҳарб гардонида, ба харобазор табдил додаанд. Аждарони бузургро дар набард аждарони хурд ёварӣ мекунанд, аз рӯи фитрат барои касби баҳрае бар ҷондору ашёи беҷон эътино ва эҳсосу тараҳҳуми одамӣ надоранд.
Трамп аз минбарҳо лоф аз қудрату соҳибияти силоҳу васоили фаннии ҳарбии пешрафтаву дар олам беназир, корбурду самарабахшии онҳо ва аз муваффақиятҳои худу муоҳидони натоияш дар Сурия мезанад. Рақиби ӯ Путин аз пирӯзию комёбиҳои артиши хешу силоҳу мушакҳои харобиовари беназираш меболад. Ҷонибдору навкаронашон дар саросари олам, ҳатто дар Шарқ барои пешрафту пирӯзиҳояшон каф мекӯбанд. Тавре ба назар мерасад, олам назорагари набарди ғӯлони бузург аст ва аз афту дарафту зӯрозмоиҳои онон завқ мебарад ва касе ғаме бар саканаву маскана он ҷо надорад.
Мустабиде мавсум ба Башор Асад аз падар ҳукумат ба мерос гирифт ва дар тӯли беш аз бист сол бар мардуми сурӣ ҳукму зулм намуд. Мардум садои эътироз баланд намуданд ва ӯ ононро зуд саркӯб намуд. Абарқудратон, ки дар ҷустуҷӯи манфиату қудрат рӯз мегузаронанд, аз ин тарқиш ба кишвари ӯ ворид шуданд, мухолифини мустабидро дар мубориза алайҳи ӯ кӯмак намуданд. Иёлоти Муттаҳида бо муоҳидонаш барои ба даст овардани қудрат фаротар аз ин кишвар диишиёну дигар гурӯҳонро таъсис доданд ва муваффақиятҳо карданд.
Рақиби деринаи эшон Русистон, ки Путин зимоми идораи онро понздаҳ сол бо дасту дандон доштаву дар панҷ соли оянда дар раъси он хоҳад буд, аз фузунии нуфузи онон ва хавфи бебаҳра мондан дар ин минтақа соири мушкилу масоилро канор гузошта, маблағу нерӯро сарфи силоҳу артиш намуда, вориди ин саҳна шуда, намоишномаро рангу рафт дигар кард. Ӯ дар бархӯрд ва фурӯнишониву маҳвсозии ошӯбҳо собиқа дорад. Путин ҳамчун сиёсатмадори қавию моҳиру бераҳм пас аз пахши исёни чеченҳо маъруф гардид.
Аждаронро дар ин даргирӣ қудрату манфиатхоҳони минтақаӣ ҳамроҳу ҳамкоранд. Бо ғарбиён саудиёну туркон ҳамкориву мададгорӣ доранд. Маблағи масорифро аз арабҳо меситонанд. Ҳамлу нақли аслиҳаю ҷанговаронашонро туркҳо анҷом медиҳанд. Русон аз имдоду ёварии ирониён бархурдоранд. Режими асримиёнагии иронӣ бо истифода аз фурсат, бо мадади русҳо гурӯҳҳои ҷангандаи мутаассиби мазҳабии хешро ба Сурияву Ироқ ворид намуда, бо ғорату таҷовузу кушт аз мардуми мусибатзадаи бечораи ин кишварҳо, ба қавлашон наводагони Язиду Муовия қасоси Ҳусайнро мегиранд.
Амрикову шариконаш мушаку аслиҳаи тозаихтироънамудаашонро дар Сурия меозмоянд. Дар авқоти охир Путину лашкаркашонаш аз мушакҳои навихтирои дақиқ ба ҳадафрасанда, ҳавопаймоҳои нави тахрибкунанда, киштию тонку тӯпҳои маҳву нобудсозанда таъриф намудаву дигаронро бим медиҳанд. Давлати Исроил низ ба ҳар роҳу воситае талош ба ривоҷу имтидоди ҷангу даргириҳо ва саргарм намудани кишварҳои минтақа дорад, бо истифода аз фурсат мушаку гулӯла партофтаю ҷоеро бомбборон мекунад.
Ба тавсифи ҳама ин Сурия як машқгоҳи низомӣ барои санҷишу озмоиши аслиҳа ва намоиши қудрату азамати ҳарбии кишварҳои соҳибқудрат тасаввур мешавад. Дар воқеъ ин сарзамин ба тамрингоҳи низомии аждарони манфиатхлҳи хурду бузург мубаддал гашта, озмоиши қувваю аслиҳа дар шаҳру рустоҳои аҳолинишин сурат мегирад. Сабабгору гунаҳкори асосии бадбахтиҳои ин сарзамин Башор Асад, ки ин кишвару мардуми онро қурбонии нафси бади хеш намуд, бархе аз аждарон ба даъват ва баъзе ба иллати ӯ ин кишварро тахриб намуда, мардуми онро қатлу ғорату таҷовузу бадбахт карданд, худ низ дар нисбати мардуми ин ҷо хеле бераҳм аст. Ҷангандагони мухолифи ӯ хешро дар маҳаллоти аҳолинишини шаҳру деҳот мегиранд ва ӯ аз болои мардум бомбу гулӯла рехта, мардумро ба хоку хун мекашад. Дар ҷавоб амрикоиён ба баҳонаи имдоди мухолифини ӯ шаҳру деҳоти таҳтиназоратии ӯро бомбборон ва аз паи он нерӯҳои сохтаи эшон қатли ом мекунанд. Аз бомбу гулӯландозиҳои русон, ки пас аз вуруд ба ин саҳна оғоз намуданд ва ҳоло идома доранд, пояҳои ҷаҳон ларзиданд. Аз паси харобаҳои онон навкарони Асад мардумро ба ҷурми мухолифӣ, навкару зархаридони охундони иронӣ ба иллати мазҳабӣ қатлу шиканҷа мекунанд. Туркон низ ба баҳонаи ҷилавгирӣ аз қудратёбии курдҳо вориди ин кишвар шудаю масокини мардумро бомбу гулӯлаборон мекунанд…
Аммо дар муқобили ин саҳнаи мудҳиши дигаре ҷилвагар аст, ки ағлаб онро намебинанду нодида мегиранд ва агар ҳам бинанд, дар нисбаташ беэътиноянд, зеро озу тамаъи нафс эҳсосоти инсонияшонро кунду гум кардаанд. Ба ҷасадҳои пораву ба шиканҷа кушта, зану марду тифли дар зери овор хобида, баданҳои зиндаи хурду калони ба хун оғуштаву аъзобурида, ҳазорон бехонумону овора, шаҳру рустоҳои ба хок яксон гашта мавҷуде ба ном инсон ҳатто ҷуръати нигаристан надорад, вале ин барои дадони одамсурат заррае аҳамият надорад. Ин дадон имрӯз қудрату нерӯ ба даст доранду ба он мағруранд, аз кардаи хеш ба кас ҳисоб пас намедиҳанд, бисёре аз ноогоҳон таърифи аъмолашон намудаву аз эшон меболанд. Дар асл теъдоди бешуморе аз ин асадону трампҳову путинону дигар ваҳшисифатон ба нӯги нохуни тифле аз ин қурбониён намеарзанд… 2018.