Нақши Темуриён дар интишори фарҳангу забони форсӣ
Темуриён аз соли 1370 милодӣ то аввоили асри XVI дар Мовароуннаҳру Ирону Ироқ ҳукмронӣ намуданд. Шохае аз ин сулола дар Бадахшон то соли 1585 ҳукм рондааст. Асосгузори сулола Амир Темур, ба истилоҳе дигар Темурланг аз қабилаи барлос буд. Ин қабилаи аслан муғулнажод буда, онро дар Муғулистон барлуос меномиданд ва Чингисхони машҳур аз ҳамин насл аст.
Рашидаддини Ҳамадонӣ менависад, ки Чингисхон лашкареро ба писараш Чағатой бахшид, аксаран аз барлосҳо иборат буд ва маънои барлосро “ғафс”, “қавӣ”, “фармондор”, “роҳбари низомӣ” тафсир мекунад. Онҳо аз асри XIII милодӣ ин ҷониб дар Мовароуннаҳр маскун гашта, бо қабоили турк омезиш ёфта, забони туркии чағағатоиро гирифтанд ва аз он баъд дар бештари маохиз ҳамчун қабоили туркнажод зикр шудаанд. Барлосҳо дар замони салтанати Темур қудрат ёфта, дар дигар манотиқ маскун гашта, соҳиби мақому ҷойгоҳу эътибор гаштанд.
Амир Темур – Темур ибни Турғайи Барлос дар таърихи инсоният нақши муҳимеро ифо кардааст. Ӯ аз сардастаи одӣ ба дараҷоти баланди низомӣ расида, дар бахше аз манотиқи мутамаддин давлати бузургу густурда барпо намуд, ки дар он замон аз ваҳшату даҳшати ӯ ҷаҳон меларзид. Чӣ хисороту мусибате ба сари мардуми таҳҷоии Хуросону Мовароуннаҳр Амир Темуру ворисонаш оварданд, мавзӯъ ва баҳси дигар аст. Мо дар ин ҷо ба нақши темуриён дар роҳи вусъату интишори забону фарҳанги мо ва умуман хадамоти эшон дар ин ҷода иктифо хоҳем кард.
Темур забони форсиро хуб медонист. Ӯ дар иҳотаи аҳли илму адаб мезист ва донишманду уламоро гиромӣ медошт. Ба осори таърихӣ бештар майл дошта, худ дар ин илм донишманд будааст. Ӯ аз шеъру санъати шоирӣ низ бохабар буда, дӯстдори он буд. Ба қавли Навоӣ дар ҳама вақт муносиб ба ҳолу маҳал байте меовардааст. Аммо худ шеъре нагуфтааст. Темур бераҳму хунрез буд, вале ба донишу ҳунар алоқа нишон медод, аз ин рӯ ҳунарманду санъаткорон аз кушта шудан аз дасти ӯ дар амон буданд.
Темур ба адабу ҳунар завқу таваҷҷӯҳ дошт ва инро вурасои ӯ аз ӯ ба ирс бурда, дар тӯли салтанаташон дарбори эшон паноҳгоҳе барои аҳли илму адаб буд. Бисёре аз шоҳу шоҳзодагони ин хонадон табъу завқи шоирӣ дошта, ба забонҳои туркию форсӣ ва ё ба яке аз ин ду забон шеър менавиштанд. Мирзо Улуғбек, Халил Султон ва дигар шоҳони сулолаи Бобуриёни Ҳинд осоре аз хеш боқӣ гузоштаанд. Султон Ҳусайни Бойқаро дӯсти даврони таҳсилии хеш Алишери Навоиро аз Самарқанд ба Ҳирот даъват намуда, мансаби олии давлатӣ дод ва садорати ин шахси донишманду фарҳангдӯст сабаби дигаргуниҳои бузург дар соҳаи донишу илму фарҳанг гардид. Ин бузургвор ҳаёт ва тамоми сарвату тавону қудрати хешро фидои илму адабу ҳунару ободонӣ намуда, барои нумӯи ин ҳама шароит фароҳам оварда, дар қатори шуарои клосики форсӣ қарор дорад.
Амир Темур беш аз ҳар ҳукмроне дар Осиё дар қаламрави ҳукумати худ сохтмон бино кардааст. Ба ҷуз кишваркушоӣ сохтусоз ҳадафи дигари ӯ буд ва аз сарзаминҳои тасхирнамудааш муҳандисон, бинокорон, сангтарошон, кошисозон, гачкору меъморонро даста-даста ба Самарқанд оварда, бо махориҷи бузург имороти боҳшамат бино намуд. Коху боғҳои беназир, масҷиди ҷомеи Самарқанд ва Оқсарой ба амри ӯ сохта шуданд.
Мақбараи Мири Зинда дар Самарқанд эҳё, мақбараҳо, бинои коху масоҷид дар қаламраваш аз ӯ ба мерос монда, наводагонаш Шоҳрух, Улуғбек, Ҳусайн Бойқаро, Иброҳим Мирзо ва Бобуриёни Ҳинд пайгири ин ҷузъи сиёсати ӯ буданд. Шаҳрҳои иронӣ Ҳирот, Самарқанд, Шероз, Табрез ва ғайра ба сабаби ҳунарпарварии фарморавоён маҳали таҷаммӯи ҳунарманду адибони барҷаста гаштанд. Бо ибтикори ҳамсари ҳунарпарвари Шоҳрух Гавҳаршод масҷиди ҷомеи Гавҳаршод дар Ҳирот ва масҷиди Гавҳаршод дар Машҳад сохта шуданд, ки аз дурахшонтарин ёдгориҳои меъмории он замон то ба имрӯз боқӣ мондаанд. Аз даври салтанати эшон осори зебои меъмории ирониён мавҷуд монд.
Султон Ҳусайни Бойқаро хаттот ва Султон Абусаид аз ҳанармандони моҳир буданд. Султон Бойқаро шоири номдори давр буда, бо талаллуси “Ҳусайнӣ” ба туркӣ ва форсӣ ашъори обдоре сурудааст. Ӯ хутути ҳафтгонаро бо маҳорати комил навишта, дар навиштани сулс маҳорати хоса ва устодӣ доштааст. Дар ҳунаркадаи ӯ чаҳорсад тан ба китобат, суварнигорӣ, зарандудкунӣ, ҷилду сафҳабандӣ шуғл дошта, саҳеҳтарин нусхаи хаттии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба хати Бойқаро бо 22 тасвир аз шоҳкориҳои наққошии ҳиротӣ то ба имрӯз расидааст.
Халил Султон писари Мироншоҳ писари Темур дар Самарқанд салтанат дошта, гурӯҳе аз шоиронро дар сарои хеш мепарварид ва худ хуштабъу нуктапардозу шеърсаро буд. Дигар наберагони Амир Темур Искандар Мирзо писари Умаршайх писари Темур, Зайниддин Абубакр Мирзо писари Абусаид, Масъудмирзо писари Султонмаҳмуд писари Абусаид (дар форсӣ “Орифӣ” ва дар туркӣ “Шоҳӣ” тахаллус мекард) маҳорати шеъргӯӣ доштанд.
Султон Бобур Мирзо бо тахаллуси “Бобур” шеър гуфта, марди донишманду ҳунару адабдӯст будааст. Мирзо Улуғбек писари Шоҳрух ва Гавҳаршодбегим худ олими машҳури давр буда, бо сохтани расадхона ва ҷалби гурӯҳи уламо дар улуми ситорашиносию риёзӣ кашфиёти беназире анҷом доданд. Худ олими таърих буда, Қуръонро дар шаш моҳ азбар карда буд ва ашъори латиф месуруд.
Бадеъуззамон писари бузурги Бойқароро марди шамшеру қалам меномиданд. Маҳофили ӯ аз аҳли шеъру адаб холӣ набуд. Ба туркию форсӣ шеър мегуфт. Шоҳ Ғарибмирзо аз боистеъдодтарин фарзандони Бойқаро буда, ба форсию туркӣ бо тахаллуси “Ғарибӣ” ашъор эҷод менамуд. Дар назму наср тахайюли нозук ва қувва ҳофизаи беназир доштааст.
Фаридун Ҳусайнмирзо дигаре аз писарони Бойқаро бо тахаллуси “Фаридун” аз истеъдоди баланди шоирӣ бархурдор буда, ғазалро хуб менавиштааст. Зуҳуриддин Муҳаммад Бобур аз ғазалсароёни чирадаст ба форсию туркӣ буда, асари тарҷумаиҳолии ҷаҳоншинохтаи хеш “Бобурнома”-ро таълиф намуд. Ҳар се писарони ӯ аз истеъдоди шеъргӯӣ бархурдор буда, ду нафари онҳо Ҳумоюн Мирзо ва Комрон Мирзо соҳибдевон буданд.
Гулбаданбегим духтари Бобурмирзо истеъдоди шеъргӯӣ дошта, аз анвои улум бохабар буд. Муаллифи “Ҳумоюннома”, китоби таърихӣ ба забони форсӣ аст, ки манбаи нодиру арзишманде барои омӯзиши давре аз таърих мебошад. Дигаре аз занони адибу ҳунару донишдӯсти ин хонадон Зебуннисо духтари Аврангзеб буд. Ба адабиёти форсию арабӣ шавқ дошта, ҳофизи қуръон ва хаттоти моҳир буда, бо тахаллуси “Махфӣ” бо эҷодиёти хеш мақоми баландро дар адабиёти форсӣ касб кардааст.
Ҳунарҳои наққошӣ ва хаттотӣ (хушнависӣ) дар замони Темуриё ба авҷи шукуфоии худ расиданд. Ҳунармандӣ ва ҳунарпарварии Шоҳрух ва писараш Бойқаро мӯҷиби таҷаммӯи бисёре аз ҳунармандон аз нуқоти мухталифи сарзаминҳои иронӣ дар Ҳирот гашт ва таҳти ҳимояти онон макотиби наққошӣ, хаттотӣ ва тазҳибкорӣ (нақшу нигор додани варақҳои китоб бо оби тилло), ҷилдсозӣ, сафҳабандӣ такмил ёфтанд (Камолиддин Беҳзоди машҳур аз ҳамин мактаб бархоста буд).
Маркази ҳунарии Бойқаро ба номи Дорусаноеъи китобсозӣ маъруф буда, шоҳкориҳои сохтаи ин конун дар олам беназиранд. Ба сайъ ва ташвиқи Шоҳрух китобхонаи азими ғанӣ бо китобҳои нодири қадимӣ ва осори гаронбаҳои форсӣ музайян бо хутути зебо дар Ҳирот арзи вуҷуд намуд.
Зуҳуриддин Муҳаммад Бобур натавонист бо Шайбониён муқобилат кунад ва ба Ҳиндустон рафта, он ҷоро фатҳ намуд. Ӯ дар он ҷо сукунат гузида, ҳукумати Темуриёни Ҳинд – Бобуриёнро барпо кард, ки аз соли 1526 то 1857 ҳукумат карданд. Ворисони ӯ ба Курагониёни Ҳинд ё Муғулони кабири Ҳинд маъруфанд. Онҳо дурахшонтарин силсилаҳои ҳукуматӣ дар ин сарзамин ташкил дода, нақши муҳиме дар таърихи он сарзамин ифо намуданд. Акбаршоҳ аз бузургтарин ҳокимони Ҳинд аз ин силсила аст. Ин сулоларо охирин салтанати даврони тиллоии ҷаҳони ислом меноманд.
Темуриён анъанаи авлодии илму фарҳангу адабу ҳунарпарвариро бо хеш ба сарзамини Ҳинд бурда, дарбори эшон пойгоҳе барои рушду нумӯи забону фарҳанги форсӣ гардид. Забони форсӣ дар замони Ғазнавиён дар Ҳинд тавассути орифон, даъватгарони дини ислом ва аҳли илму адаб густариш ёфта, забони адабиёту илму фарҳанг буд. Хонадони Темурӣ форсиро ба ҳадди забонӣ расмӣ расонид. Нуфузу таъсири ин хонадон ба рушду густариши забону фарҳанги форсӣ дар сарзамини Ҳинд равнақ бахшид.
Ин давраи авҷи шукӯҳи забони форсӣ пас аз замони салтанати Сомониён буд. Ин боис шуд, ки шоиру нависандагон, аҳли ҳунари форсизабон ба Ҳиндустон ҳиҷрат карданд. Замони ҳукумати Акбаршоҳро давраи тиллоии адаби форсӣ меноманд. Ӯ фармони эъломи форсӣ забони тамоми қаламрави шоҳиро содир намуд. Бо фармони Акбаршоҳ китобҳои ҳиндувон ба назму насри форсӣ тарҷума шуда, ғановати адабиёти форсиро афзуданд.
Шоиру олимони иронитабору ҳинду ба форсӣ асарҳо таълиф карданд. Аҳлу илму адаби иронизабон рӯ ба Ҳинд оварда, аз шоҳони ин хонадон подошу навозиш медиданд. Аз доираи адабии Ҳинд шоирони бузурге буруз карда, дар ин ҷо услуби нави сароиши шеър – сабки ҳиндӣ эҷод гардид. Марокизи илму адаби форсӣ аз Лоҳури замони Ғазнавиён ба Мултону Деҳливу Агро мунтақилу мунташир гаштанд. Амирхусрави Деҳлавӣ, Абдулқодири Бедил, Зебуннисо, Иқболи Лоҳурӣ аз барҷастагони адаби форсӣ аз ин сарзамин мебошанд.
Дар ин дарбори адабпарвар ба вожагони форсӣ ва истилоҳоти шеърӣ таваҷҷӯҳ намуда, таълифи луғатномаҳоро ба роҳ андохтанд. Ҷамолиддин Ҳусайни Инҷуии Шерозӣ яке аз умарои дарбор ба ташвиқи Акбаршоҳ бо истифода аз панҷоҳу се фарҳанги форсӣ ва таҳқиқу таҳаффус ба таълифи беҳтарину дақиқтарин фарҳанги форсӣ пардохта, онро дар аҳди писари Акбаршоҳ Ҷаҳонгир ба итмом расонида, ба ӯ арза намуд. Ин маҷмӯаи луғат ба номи “Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ” шӯҳрат дорад. Ӯ барои луғот мисоли шеърӣ овардааст.
Муҳаммад Ҳусайн, мутахаллис ба Бурҳон “Бурҳони қотеъ”-ро таълиф намуд, ки он вожаҳои зиёди форсиро шарҳ дода, шӯҳрат дорад ва чандин маротиб нашр гардидааст. Абдурашиди Ҳусайнӣ, ки ба дарбори Аврангзеб мансуб буд, бо таҳқиқи муфиде “Фарҳанги рашидӣ”-ро таълиф намуд. Дигаре аз фарҳангҳои ин замон “Баҳори Аҷам”, таълифи Текчанд мутахаллис ба Баҳор шомили вожаҳо ва истилоҳоти форсӣ буда, ба қадре писанди аҳли илму адаб буда, ки ҳафт маротиба дар замони ҳаёти муаллиф ва чандин маротиб баъд аз сари ӯ чоп гардидааст.
Муҳаммад Ғиёсиддини Ромпурӣ бо заҳмати чаҳордаҳсола фарҳанги муфиде бо номи “Ғиёс-ул-луғот” бо шумули луғоти форсию арабӣ ва илмӣ таълиф намуд. Муҳаммад Подшоҳ, шоир ва донишманд, муншии Онандроҷ, фармонравои Виҷинагар дар ҷануби Ҳиндустон бо истифода аз фарҳангҳои форсӣ, арабӣ, фарангӣ “Фарҳанги Онандроҷ”-ро таълиф кард. Инчунин “Осаф-ул-луғот”, “Нақши бадеъ дар Ҳинд”, “Фарҳанги навбаҳор”, “Фарҳанги низом”, фарҳангҳои форсӣ ба туркӣ “Ақнуми Аҷам”, “Шомил-ул-луғот”, “Қоимаи Лутфуллоҳ”, “Луғати Неъматуллоҳ” дар сарзамини Ҳинд таълиф шудаанд.
Ин хонадони наҷиб пас аз дудмони Сомониён бузургтарин хадамотеро дар роҳи вусъату интишори забону фарҳанги форсию исломӣ адо намуда, баъд аз фарорасии даврони тӯлонии зулматбор барои забону фарҳанги мардуми иронитабор баҳри ривоҷу нумӯи он макону шароит фароҳам оварданд. Дар ҳақиқат шоҳу шоҳзодагони темурӣ ноҷиёни шеъру адаби форсӣ аз забунӣ ва хорузорӣ буданд. Аз Ирони сафавии аҳди онҳо, ки ҳукком таваҷҷӯҳе ба илму фарҳанг надоштанд, аҳли илму адаби форсӣ ба сарзамини Ҳинд ҳиҷрат намуда, аз эшон бахшишу навозиш медиданд. Аз авохири садаи XIV то охири садаи XVI дар Ҳиндустон 12 ва дар Ирон таълиф шудани ҳамагӣ 2 фарҳанг мисоле бар ин қиёс аст.
Нуфузу эътибори забону фарҳанги форсӣ ба шарофати эшон иртифоъ ёфт. Ҳинд замоне конуни он гашт. Чопи форсӣ аз Ҳиндустон оғоз гардид. Нахустин дастгоҳи чоп барои форсӣ аз ҷониби Чарлз Вилкинс сохта шуда, кутуби форсиро аз соли 1780 тавасути он чоп намуданд. Асри XIX давраи дурахшони чопи китобҳои форсӣ дар Ҳиндустон буд. Рӯзноманигории форсӣ низ дар Ҳиндустон тавлид ёфт. Аз соли 1821 чопи рӯзномаҳои форсӣ оғоз гардид. Ҳинд маркази муҳими чопи рӯзномаҳои форсӣ буд, ки донишманду равшанфикрони иронию ҳиндӣ мунташир мекарданд. Аммо, бо таассуфи бузург, ривоҷу асари он бо инқирози ҳукумати ин дудмон ба поён расид. Ҳукмронони нави ин сарзамин инглисҳо чопу ривоҷи форсиро коҳиш дода, ҳиндувонро саргарми адабиёт ва фарҳанги инглисӣ намуданд. 2017.