Низоми сиёсии ИМА

  Сабқат ва рақобати номзадҳо барои раисҷумҳурии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар маркази таваҷҷӯҳи расонаҳои олам қарор дошт ва он бо натиҷаи дақиқу рӯшане ба итмом нарасидааст. Дар муқобили раисҷумҳури феълӣ номзад аз ҳизби демократӣ Байден қарор гирифт ва рақобати шадид сурат гирифта, ҳар ду қариб, ки имконоти баробари бурд доштанд.
  Мардуми олам чашму гӯш ба тағйироту дигаргуниҳо дар ин кишвар доранд, зеро онҳо ба кулли олам асар доранд. Бархе аз тахт рафтани Трампро хуш доранд, иддае ӯро аз Байден беҳтар меҳисобанд. Трамп аслан фарди сиёсӣ набуд ва нест, кирдори сиёсияш ин гуфтаро собит месозад. Байден шахси сиёсӣ бо собиқаи корӣ дар ин бахш аст.
  Раиси ҷумҳур дар иёлот дар раъси кишвар қарор мегирад, ваколатҳои хоси хешро дорад, вале дар умум қавонину ҳадди ваколату салоҳияташро парлумон танзим менамояд. Ниҳоди дигари муҳими мустақил дар кишвар додгоҳи олист, фаъолияти ин ҳар дуро таҳти назорат дорад. Раисҷумҳур дар ин кишвар тибқи самти муайяннамудаи нухбагони сиёсӣ амал мекунад.

Аввалан ва иҷмолан маълумоте дар бобати низоми сиёсии ИМА

  Тибқи Қонуни асосӣ дар садри давлат раиси ҷумҳур қарор дорад. Вай барои чаҳор сол ба тариқи интихоботи умумии ғайримустақим интихоб мегардад. Дар ИМА тасмими ниҳоиро дар интихобот Ҳайати интихоботӣ (Еlectoral college) мегирад. Ин ҳайат муташаккил аз 528 намояндаи 50 иёлат мебошанд, ки шумори онҳо вобаста ба аҳолии иёлат аст ва номзадро лозим аст, ки ҳадди ақал 270 раъйи эшонро ба даст орад.
  Маъмулан аъзоёни Ҳайати интихоботӣ бар асоси натоиҷи раъйи умумии иёлати худ бояд овоз диҳанд. Яъне, бояд аз номзаде ҳимоят кунанд, ки аксарияти мардуми иёлаташон интихобаш кардаанд. Аммо дар баъзе иёлот аксарияти собити ҷонибдори номзадҳо вуҷуд надорад ё номзадҳо дар миёни раъйдиҳандагон пуштибонии яксон доранд ва ин иёлот дар таъйини натоиҷи куллии интихобот нақши ҳалкунанда доранд. Онҳоро «swing states» (иёлати чарханда, калаванда) ном мебаранд.
  Раисҷумҳури ИМА ваколатҳои густурда дорад, вале қавоиди муқаррарнамудаи сарқонун барои таъмини мувозинати аҷзои низоми сиёсӣ монеи сӯистифодаи ӯ аз мансаб мешаванд. Раисҷумҳур афродро ба мансабҳои баланди ҳукумати иҷроӣ таъйин мекунад (бо тасдиқи сенат), муоҳидоти байналмилалӣ мебандад (бо тасвиби чанд узви сенат), ҳар муҷримеро авф мекунад (ба истиснои баъзе ҳолот), барои судури фармонҳои танзимкунандаи кори мақомоти федеролӣ масъул аст, лоиҳаи буҷаи давлатиро ба конгресс пешниҳод менамояд, артиши кишварро раҳбарӣ мекунад. Ҳукумати иҷроӣ тобеи раисҷумҳур аст ва ҳайати (кобинаи) вазирон, ки таҳти назари вай фаъолият мекунад, ниҳоди машваратӣ буда, бояд ба назари инобати ӯ гирифта шавад.
  Муҳимтарин вазифа дар кобинаи вазирон котиби давлатӣ аст ва ҳамтои он дар дигар кишварҳо вазири умури хориҷӣ аст. Муовини раисҷумҳур низ вазифаи машваратӣ дошта, ҳар номзад ба рисҷумҳурӣ муовини расмии хешро барои муовинӣ дорад, ки дар сурати пирӯзӣ муовини ӯ таъйин мегардад.
  Раисҷумҳури ИМА бар масоили қобили таваҷҷӯҳи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Амрико бидуни ҳимоят ва пуштибонии шумораи кофии намояндагони парлумон таъсир гузоштан наметавонад.
  Парлумони ИМА – Конгресс (Сongress) аз ду шоха иборат аст: Маҷлиси намояндагон (House of Representatives) ва Сенат (Senate). Маҷлиси намояндагон 435 аъзо дошта, барои намояндагӣ аз ҳавзаи хеш барои ду сол интихоб мешаванд. Теъдоди намояндагони иёлатҳо аз нуфуси онҳо вобаста аст. Намояндагони ин шоха ҳавзаи хешро намояндагӣ мекунанд.
  Сенат аз 100 аз нафар муташаккил буда, аз ҳар иёлат ду нафар барои шаш сол интихоб мешаванд (ҳудуди як севвуми онҳо дар ҳар ду сол дубора интихоб мешаванд). Намояндагони сенат масъули иёлоти хеш мебошанд.
  Ҳама мавориди марбут ба молиёт, ҳазинаҳои артиш, тиҷорати дохилию хориҷӣ ва ғайраҳо шомили ваколатҳои конгресс аст. Тамоми қавонин дар ИМА бо тасдиқи ҳатмии конгресс ба тасвиб мерасанд. Лоиҳаи қонунҳо дар конгресс баррасӣ шуда, пас аз тасвиб аз ҷониби ҳар ду шохаи парлумон барои мӯҳр гузоштан ба раисҷумҳур ирсол мешаванд. Раисҷумҳур ба истифода аз ҳаққи вето метавонад ба санад имзо нагузорад, аммо конгресс ҳам метавонад ветои ӯро лағв намояд.
  Конгреси ИМА аз ҷониби ду ҳизби асосии кишвар идора мешавад, ки онҳо дар интихоботҳо барои ба даст овардани курсиҳои бештар ва бартарӣ рақобат мекунанд. Расман дар кишвар анқариби 50 ҳизб ба расмият гирифта шудааст, вале ба далели тасаллути ин ду низоми ҳизбии он ҷоро дуҳизбӣ меноманд. Ин ду ҳизб дар кори конгресс ва ҳаёти сиёсии иёлот нақши муҳим доранд.
  Ҳизби ҷумҳурихоҳонро (дар солҳои 1850-ум таъсис ёфта) “ҳизби бузурги кӯҳан” (Grand Old Party, GOP) ё “филҳо” ном мебаранд, ҷонибдори ғояи муҳофизакорӣ маҳсуб мешавад, ки намояндагони он тарафдори коҳиши нақши давлат дар ҳаёти ҷамъиятӣ, коҳиши андоз, коҳиши ҳазинаҳои давлатӣ ба таври куллӣ ва афзоиши ҳазинаҳо барои ниёзҳои низомӣ буда, дар иёлатҳои ҷанубию марказӣ (“red states” – “иёлоти сурх”) бештар ҷонибдорӣ мешавад.
  Ҳизби демократӣ (“улоғҳо”) (дар солҳои 1820-ум таъсис шуда) аз арзишҳои либеролӣ дифоъ карда, низоми андозбандии оқилона, афзоиши ҳазинаҳои умумибуҷавӣ ва коҳиши ҳазинаҳои низомӣ, афзоиши таъсири ҳукумат бар танзими иқтисодиёт ва иҷтимоиётро тарафдорӣ карда, ҳизб аз пуштибонии иёлатҳои соҳилии ғарбию шарқӣ, шимолӣ (“blue states“ – “иёлоти обӣ”) бархурдор аст.
  Мақоми баландпояи қазоии ИМА Додгоҳи олӣ (Supreme Court) аст ва салоҳияти он дар маҳдудаи Қонуни асосӣ буда, қазоёи марбут ба Қонуни асосӣ, қавонини пазируфтаи конгресси кишвар, созишномаҳои байналмилалӣ, парвандаҳои байни иёлот, шаҳрвандони кишвар, шаҳрвандони кишвар ва хориҷиро баррасӣ мекунад. Ин мақом соҳиби қудрати фавқуллода буда, тасмимоти он метавонад ба таврӣ расмӣ қонуну фармони раисҷумҳурро ботил кунад ва танҳо он ба ислоҳи Қонуни асосӣ қобили таҷдиди назар мегардад.
Аъзои додгоҳ якумрӣ (ба истиснои иттиҳому эълони ҷурм) интихоб шуда, дар воқеъ мустақил ва таҳти таъсиру фишори касе (раисҷумҳур, конгресс, интихобкунандагон) қарор надоранд. Шумори аъзои он 9 нафар буда, раиси он ваколатҳои изофӣ дорад.
  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷумҳурии федеролӣ бо шумули 50 иёлат, як минтақаи федеролӣ ва чандин сарзамини ҷазира мебошад. Дар иёлот Қонуни асосӣ бартар аз ҳама санад аст ва матни он дар соли 1787 таҳия шуда, аз соли 1788 то 1890 аз ҷониби сездаҳ иёлати аввалӣ тасвиб шуда, аввалин қонуни асосӣ дар таърихи муосир маҳсуб мешавад ва ба тавре танзим шуда, ки ба фасл кардани ҳукумат ба қонунгузорӣ, иҷроӣ, қазоӣ, тавозунро дар миёни бахшҳои низоми сиёсӣ ва суботро дар кишвар таъмин месозад.
  Дар тӯли вуҷуди беш аз дуқарнаи хеш Қонуни асосии ИМА 27 маротиба ислоҳ карда шудааст. Даҳ ислоҳияи аввалро Маншури ҳуқуқ меноманд. Масалан, дар ислоҳияи аввал ҳуқуқу озодиҳои инсонро (озодии баён, дин, матбуот, ҷамъомад), дар дуввумӣ ҳаққи нигаҳдошт ва ҳамли силоҳро таъмин карда, дар чаҳорумин бозҷӯӣ, боздошту ҳабси худсаронаро ва дар сездаҳумин, ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ сурат гирифт, бардадориро лағв карданд. Дар бистуякумин ислоҳия “қонуни хушк” – манъи истеҳсол, истеъмол ва ҳамли алкоҳолро, ки аз соли 1920 то 1933 идома дошт, бекор карданд. Дар бистудуввумин ислоҳия интихоби беш аз ду бори як шахсро ба ҳайси раиси ҷумҳур пай дар пай ё бо фосила дар соли 1951 манъ карданд.
  Кишвари ИМА аз қавму миллал, дину нажоди мухталиф шакл гирифт ва аз аъёну сарватмандон табақаи сиёсатмадорон ташаккул ёфт. Ин табақа бештарин сарватро таҳти ихтиёр дошта, тавассути он қудрати хешро дар ин кишвар ва кишварҳои дигари мутааддиди олам тақвият дода, мутобиқ ба манофеи хеш бозиҳои сиёсии хешро тарҳрезиву роҳандозӣ мекунанд.
  Самту ҷиҳати сиёсатро ин табақа муайяну муқаррар карда ва раисҷумҳур дар маҳдудаи он амал мекунад. Аслӣ сиёсат як аст, вале аҳзоб бо ихтилофу мавқеъгириҳои фаръӣ байни ҳам рақобат мекунанд. Ҷумҳурихоҳон ошкор изҳори рафтору ибрози гуфтор мекунанд. Ҳамчунин, хашин рафтору тунд гуфтор доранд. Демократҳо баръакс, нарм гуфтору мулоим рафтор доранд, аммо он кори лозимаро ба ин шева анҷом медиҳанд.
  Сиёсатҳои берунии ИМА баъди Трамп ба таври куллӣ тағйир нахоҳад кард. Байден, ки ҳанӯз пирӯзияш эълон нашуда, ноибаш аз пуштибониву имдоди молии Исроил изҳор медорад. Аз ин мушаххас аст, ки Исроил ба хушунату зуровариҳо дар оянда дар минтақа идома хоҳад дод. Умуман, Исроил давлати сохтаи онҳо дар Шарқи Наздик барои ҳузури доимӣ ва таъсиргузорӣ ба кишварҳои ин ҳавза аст. 2020.

Ибрози назар кардан 0

Емайли Шумо мунташир нахоҳад шуд. * Ин аломати қайди зарурист