Ташаккули миллати тоҷик

  Тибқи таҳқиқоти пажӯҳишгарон ҳиндуориёиҳо дар ибтидо қавми воҳид буда, забони муштарак доштаанд ва он ба унвони забони ҳиндуориёӣ ёд мешавад. Ақвоми ҳиндуориёӣ шомили гурӯҳи ҳиндуаврупоӣ буда, замони ҷудошавии онҳо аз аврупоиён ва макони сукунати қаблияшон мушаххас нест. Ба тахмини уламо ин қабоил ба сарзамини Ирон ва нимҷазираи Ҳинд дар ҳазорсолаи саввуми қабл аз милод кӯч бастаанд. Қавмҳои ориёӣ дар қаламрави густурдае аз шимоли Ҳинд то соҳилҳои баҳри Сиёҳ ва аз Хутан то Қафқоз маскан гирифтанд.
Ба далели тазаккур бо ин унвон дар катибаҳо ин ақвомро “ориёӣ” меноманд. Дар Авасто ба унвони “Airyana waējah” (густураи ориёиҳо) ва “Airyō šayana” (хонумонҳои ориёӣ), дар забонҳои иронии миёна “Ērānwēz”, “Ērānshahr” зикр шудаанд, ки дар форсии нав ба “Iron” табдил ёфтааст. Ба забони санскрит маскани ориёиҳо – Āryāvarta, сарзамине дар шимоли Ҳинд номида шудааст.
  Дудмонони салтанатии ин ақвом ба хотири тамайюзи аслӣ худро ба ин табор нисбат додаанд. Ҳахоманишиён хешро “ҳахоманиш”, “порсӣ” ва баромада аз тухмаи ориёӣ муаррифӣ кардаанд. Сосониён хешро шаҳаншоҳони Ирон номида, Сомониён низ худро аз насли эшон мешумурданд.
Ба таъбири баъзе уламои ироншинос ēr маънои “озода, “шариф”, “асил”-ро дорад ва ба он тобишӣ нажодӣ додаанд, аз ин рӯ, ин ақвом хешро ба ҷиҳати асолати таборӣ “ориёӣ” меномиданд. Бархе ба он назаранд, ки ēr маънои “мӯъмин” (имоноварда)-ро дорад ва ērān шакли ҷамъи он аст. Дар катибаҳои сосонӣ “эрон” – мӯъминон (зардуштиён) ва мухолифон “анэрон” (ғайризардуштиён, “ан” пешванди нафй аст) номида шудаанд.
  Ҳиндуориёиҳо, хусусан, ориёиҳо аз қадим пойбанди оину сахт мӯътақид буданд ва ҳамеша ба эътиқод авлавият медоданд. Онҳо ифтихори эътиқодӣ доштаанд, вале ғуруру тафохури нажодӣ аз эшон дар таърих ошкор нест. Шоҳони маъруфи иронӣ Дориюш ва Хишиёршоҳ дар катибаҳои бозмонда худро “ҳахоманишӣ”, “порсӣ”, “писари порсӣ”, “ориёӣ” муаррифӣ мекунанд, ки “ориёӣ” таъкид ба мансубияти эътиқодии эшон аст, дар қисмати дигаре аз ин катибаҳо “Аҳурамаздо – худои ориёиҳо” номида шудааст.
  Сосониён хешро “шоҳони Ирон” ва қаламрави таҳти ҳукуматашонро “ирон” ва берун аз ҳудуди онро “анирон” меномиданд. Дар аҳди сосонӣ таассуби эътиқодӣ тақвият гирифт ва ақвоми ориёие, ки аз оини зардуштӣ пайравӣ надоштанд, шомили “анирон”, яъне ғайриориёиён, ба маънои ғайдриддин ё бединон буданд.
Вожаи “ориёӣ” пас аз тарҷумаи мақолаи Дюпероп (нахустин пажӯҳишгари фарангии оини зардуштӣ) ба забони олмонӣ роҳ ёфт ва миллатгароёни олмонӣ хешро ба қавмҳои ориёӣ мансуб карда, дар асоси он назарияи нажодгароӣ офариданд, ки пас аз қудрат ёфтан ҷаҳонро ба хоку хун кашиданд ва ба ин васила ин вожаро бадном карданд.
  Дар “Шоҳнома” аз тазоди Ирон бо Турон батафсил нақл шудааст. Турон сарзаминҳои Фарорӯд номида шуда, бо Ирон хусумату муқобилат доштааст. Турон сарзамини зисти ориёиҳои кӯчнишин буда, дар Авасто зикр шуда, тибқи афсонаҳои иронӣ мансуб ба Тур/Тураҷ/Туж яке аз се писари Фаридун/Афредун аст. Дар Авасто турониҳо қавми ориёӣ тавсиф шудаанд. Дар “Шоҳнома” низ онҳо бо номҳо ва намои иронӣ тавсиф мешаванд. Турҳо қавми ориёии кӯчнишини биёбонгардеро меномиданд, ки бо ирониёнӣ муқими шаҳрнишин мухолифат доштанд ва баъдтар пас аз сокиншавии қабоили турк дар Осиёи Миёна (баъд аз асри VI пас аз мелод) ин унвонро ба туркон мансуб карданд. Марзу буми Фарорӯд қаламрави Турон буданд, вале дар “Шоҳнома” шаҳру вилоятҳои маъруфи ин ҷониби Ому шаҳру марзи Ирон номида шудаанд.
  Турон дар асл унвони асотирии қаламрави саканаи кӯчии ориёӣ дар ҷониби муқобили рӯди Ҷайҳун буда, ба туфайли “Шоҳнома” маъруф ва ваҷҳе барои даъвои мутаваттинии туркон пас аз сокин шудан дар Мовароуннаҳр гашт. Қабилаҳои турку муғултабор аз Муғулистону Дашти Қипчоқ дар адвори мухталиф тадриҷан дар Осиёи Миёна сокин шуда, ин сарзаминҳоро соҳиб шуданд ва баъдан “тур”-ро ба “турк” мансуб карданд.
  Аз ақвоми ориёӣ модҳо ва порсҳо дар қаламрави кишвари Ирони имрӯза сукунат ихтиёр карданд. Сакҳо, ки сармату скифу массагету аланҳо шомили онҳо буданд аз марзҳои шимолии Ирон ба Осиёи Миёна ва аз он ҷо дар қаламрави густурдае аз Чини имрӯза то соҳилҳои шимолии баҳри Сиёҳ, аз шимоли Ҳиндустон то сарзаминҳои Русияи ҳозира парешон гаштанд.
  Дигаре аз ақвоми иронӣ суғдиҳо дар сарзминҳои байни рӯдҳои Аму ва Сирдарё аз қадим сокин буданд. Самарқанд марказ ва Бухоро аз шаҳрҳои муҳими онҳо буд. Қаламрави бештарин қисмати Узбекистон ва Тоҷикистони имрӯза сарзаминҳои Суғдиён маҳсуб мешуданд.
  Дар Хоразм мардуми иронӣ бо унвони хоразмиҳо мезистанд. Хоразмро “маҳди қавми ориёӣ” номида, ба назари баъзе пажӯҳишгарон Авасто дар он ҷо суруда шудааст. Пас аз турку муғултозиҳо ин сарзамини ободу ҳамвор зистгоҳи ин ақвоми зӯрдаст гашт.
  Бохтар сарзамини васеи бостонӣ аз шарқи Ирон то Чин ва аз доманаҳои Ҳиндукуш то сарҳади Суғд тӯл дошт. Шаҳри Балх маркази он маҳсуб мешуд ва мардуми он қаламравро бохтарӣ (ё балхӣ) меномиданд, ки аз ақвоми иронӣ буда, забонашон шомили забонҳои шарқииронӣ буд. Шаҳру вилоёти Бохтар дар ҳудуди кишварҳои имрӯзаи Чин, Покистон, Афғонистон, Ирон, Тоҷикистон ва Узбекистон ҷой гирифтаанд.
  Искандари Мақдунӣ Шарқро тасхир намуда (замони футуҳоташ аз соли 336 то 323 пеш аз милод), сарзаминҳои ирониро аз Байнаннаҳрайн то Суғд забт кард ва ҳукмронии тӯлонимуддати юнониёнро дар ин сарзаминҳо фароҳам овард. Пас аз марги Искандари Мақдунӣ ҳукумат дар байни сарлашкаронаш тақсим шуд ва яке аз онон Селевкус давлати юнонии Селевкиёнро бунёд гузошт, ки дар миёни солҳои 312 то 64 пеш аз милод фармонронӣ кард.
  Деодот яке аз сарлашкарони юнонӣ эълони мусатқилият карда, дар сарзаминҳои Суғду Бохтар давлати Юнону Бохтарро таъсис дод (250 – 125 пеш аз мелод).
  Ашкониён шоҳон аз табори иронӣ ба муддати 471 сол (аз 247 пеш аз милод то 224 пас аз мелод) дар қисмати бештари Осиёи Ғарбӣ ҳукумат кард. Ин хонадони салтанатӣ ба ҳукмфармоии юнониён дар сарзаминҳои ирониён хотима доданд.
  Кӯшониён (60-375) хонадони салтантии муқтадире аз табори иронӣ буд, ки дар авҷи қудрат давлаташон аз Туркманистон то ғарби Чин ва манотиқи марказии Ҳинд вусъат дошт. Шоҳони кӯшонӣ таҳти таъсири ақидатии буддоия қарор гирифта, ин динро дар миёни мардуми иронӣ тарвиҷ доданд (тандисҳои Бомиён аз осори замони эшон буд).
  Ҳайтолиён (420-567) қавми ирониёни кӯчӣ аз сарзаминҳои қаламрави имрӯзаи Чин буданд, дар қаламрави густурдае давлат таъсис дода, қудрати замон гаштанд. Қудрати он ба ҳадде буд, ки абарқудрати замон давлати Сосониён тавони муқобилат бо онро надошт ва бо тааҳҳуд бо туркон ин давлатро оқибат аз миён бардошт.
  Дар асри VI (552) дар Олтой ва Муғулистон бо иттиҳоди қабоил давлати муқтадир бо номи Хоқонати Турк таъсис ёфт, ки сарҳадҳои он дар ғарб то соҳили Баҳри Сиёҳ ва Суғд тӯл кашиданд. Дар ибтидои қарни VII дар натиҷаи низоҳои дохилӣ хоқонат ба ду қисмат: ғарбӣ ва шарқӣ ҷудо шуд. Хоқонати ғарбӣ (600-659) бо иттифоқи Сосониён Ҳайтолиёнро аз байн бурд. Баъдан, бо румиён иттифоқ баста, сарзаминҳои сосониёнро дар Қафқоз ва Мовароуннаҳру фаротар аз он вилоётро то шимоли Ҳинд ғасб кард. Арабҳо ба ҳукуматашон дар Хуросону Мовароуннаҳр хотима доданд.
  Ҳамлаи араб ба иронзамин нуқтаи марҳалаи нави таҳаввули иҷтимоӣ фарҳангӣ ва эътиқодии ирониён гардид. Ақвоми ориёӣ ба дини ислом гаравиданд. Арабҳо барои интишори ислом шеваи форсиро, ки дар Хуросон мураввиҷ буд, истифода карданд ва бо пазириши ислом мардуми иронӣ онро пазируфтанд.
  Сомониён (874-1004) бунёдгузори тамаддуни нави иронӣ буда, дар ташаккул ва тарвиҷи он нақши асосӣ доранд. Сомониён барои эҳёи забони миллӣ шароит фароҳам оварданд ва адибон забони форсии навро такмил доданд, ки дар дарбор пазируфта шуда, густариш ёфт. Забони форсӣ омили ваҳдатсозӣ ақвоми ориёӣ гардид. Суғдиҳо, хоразмиҳо, бохтариҳо ва сакоиҳои шомили сарзаминҳои ин давлат забони форсиро пазируфтанд. Форсии нав ҷойгузини забонҳои ин ақвом гашт ва танҳо иддаи андаке аз мардуми иронӣ дар Яғнобу Бадахшон забонҳои хешро маҳфуз доштанд.
  Пас аз суқути давлати Сомониён давлатдорию ҳукуматронии ирониён дар сарзаминҳои аҷдодияшон ба истиснои давлатҳои кӯчак ва кӯтоҳумр дар баъзе манотиқ) қатъ гардида, марзу буми ирониён майдони ҳарбу зарбу тохту тозу қатлу кушторгоҳи ақвоми турку муғул гардид. Баъд аз Сомониҳо Ғазнавиҳо (997-1030, аз қабилаи кайи ҷалоир, Хуросон, Хоразм, то Ироқу шимоли Ҳиндро дар бар мегирифт), Қарахониҳо (991-1040 аз қабилаи эгдиши чигил аз иттиҳодияи қабоили қарлуқ, дар Мовароуннаҳр ҳукумат карданд), Салчуқиҳо (аз қабилаи қиниқи оғузу туркманӣ, Хоразмшоҳиён (1097-1231, қавми оғуз-туркмании бегдилӣ, Хуронсону Мовароуннаҳро таҳти ҳукумат доштанд), ҳукумати Чингизиҳо, Темуриҳо (1370-1501, қавми барлос, дар Мовароуннаҳру Хуросон, шимоли Ҳинд, Байнаннаҳрайну Қафқозу Сурия ҳукмравоӣ доштанд), Шайбониҳо (1501-1601, хонҳо аз насли Ҷӯҷӣ – писари Чингизхон, аз Дашти Қипчоқ омада, Осиёи Миёнаро тасарруф карданд), Ҷониҳо (1599-1756, хонҳо аз насли Ҷӯҷӣ, аз авлоди хонҳои пешини Аштархон, дар Мовароуннаҳр ва қисмате аз Хуросон ҳукумат ронданд), Манғитҳо (1753-1920, қабилаи манғит, Аморати Бухороро таъсис доданд) ва Ҳукумати Шӯравии русҳо сарзаминҳои ақвоми ирониро соҳиб буданд.
  Мавзӯи баррасии мо, ки ташакули миллати тоҷик аст, нигоштани торихчаи фавқ марбут ба мавзӯъ мебошад. Зеро зуҳуроту вуқӯъоти ин таърихшуморӣ дар ташаккули миллати тоҷик нақшу саҳм дорад. Тавре ки зикр намудем, сарзаминҳои сукунати аҷдодии мардуми иронитаборро дар катибаҳо бо унвонҳои “Аiryana waējah” (густураи ориёиҳо), “Airyō šayana” (хонумонҳои ориёӣ), Āryāvarta (маскани ориёиҳо), “Ērānwēz”, “Ērānshahr” (кишвари ориёиҳо), дар форсии нав “Iron” зикр кардаанд ва дар паҳнои Ирон – сарзаминҳои ин ақвом модҳо, портҳо, сакҳо (скифҳо, сарматҳо, массагетҳо, аланҳоро шомили онҳо медонанд), суғдиён, бохтариҳо (балхиён), хоразмиҳо ва ғайра сукунат доштаанд.
  Дар Хуросону Фарорӯд – сарзаминҳои аҷдодии қавмҳои ориёӣ, дар садаи бистум ин ақвом расман бо унвони “тоҷик” ҳамчун миллат шинохта шуданд. Дар мавриди маъно ва пайдоиши вожаи “тоҷик” уламои забоншиносу таърихнигор назари мухталиф доранд. Баъзе онро ба “тот” (номи қабилаи иронитабор), “тохар ё тахор” (ҳамчунин қавми иронитабор), “тай” (қабилаи тозӣ) мансуб медонанд. Ба сабаби он, ки ин вожа дар катибаҳо бо унвонҳои “тазик”, “тезик” омадааст, онро ба “тозӣ” – арабӣ нисбат медиҳанд ва “тозиҳои (арабҳои) дар Хуросону Фарорӯд муқимгашта” маънидод мекунанд. Дар осори адабии форсӣ вожаи “тоҷик” барои тафарруқи соири сакана аз туркон ба кор бурда шудааст. Аз калима “тоҷ” (кулоҳи ҷавоҳирнишон, ки подшоҳон ба сар гузоранд) будани тоҷик фарзияи собитнашуда аст.
  Вожаи “тоҷик” ба фарзи ғолиб ба “тозӣ” (тозик, тазик) марбут аст. Он пас аз футуҳоти араб падид омад. Арабҳои барои интишори ислом дар миёни ақвоми иронитабор шеваи вилояти Форсро ба кор бурданд. Мардумеро, ки ислом ва забони форсиро пазируфтанд, “тозик” – ба маънои “арабгашта”, “фарҳанги арабпазируфта” номиданд. Ҳамчунин, соири саканаи мусалмонро, ки умумияти ирқӣ доштанд, барои тафарруқ аз туркони нажодан мутафовит ва ҳанӯз исломнаоварда “тоҷик” меномиданд. Асари ин анъана буд, ки ҳатто дар ибтидои асри XX ҳам, касеро, ки мусалмон буду ба форсӣ ҳарф мезад, тоҷик номида, пас аз ташкили ин миллат шомили миллати тоҷик мекарданд.
  Ҳамин тариқ, миллати “тоҷик” расмият гирифта, кишваре бо номи Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳон падид омад. Мардуме, ки мусалмон будаву ба форсӣ гап мезаданд, берун аз ҳудуди он ҳам тоҷик унвон гирифтанд, агарчанде, дар умум, ирқан қиёфаи муштарак надоранд. Пас аз истиқрори Ҳукумати Шӯравӣ мусалмонияти мардуми Фарорӯд ба ҳошия рафта, миллият аҳамият ёфт, аз ин рӯ, мардум мутобиқ ба забони гуфтор ба миллатҳо мансуб шуданд. Аз ин ҷост, ки имрӯз дар миёни намояндагони ду миллати умдаи Фарорӯд – тоҷику узбек, хусусан дар шаҳрҳо фарқ гузоштан мушкил аст. Инро иллат он аст, ки шаҳрҳои бузурги Фарорӯд ба ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон дохил карда шуданд ва аксари саканаи онҳоро тоҷикон ташкил медоданд. Пас аз шумул ба ин кишвар тоҷикони муқими ин шаҳрҳо дар ҳуҷҷатҳояшон “узбек” навишта шуданд.
  Лозим ба қайд аст, ки муҳаққиқон, алалхусус русҳо бо таҳқиқоти қиёфашиносӣ дар шаҳрҳо миллати узбекро шомили нажоди аврупоӣ дониста, сокинони бумӣ хондаанд. Ҳатто назари эшонро уламои мӯътабари замони шӯравии мо дуруст ҳисобидаанд. Дар асл “узбек” (то замони таъсиси Ҷумҳурии Узбекистон дар гуфтору навиштор ба шакли “узбак” буд) тамоми қавму қабоили турку муғуле, ки дар Фарорӯд маскан гирифтанд, номида мешуданд, ки пас аз тақсимоти маъмурӣ ин минтақа аз ҷониби русҳо ақвоми сернуфузтаре мисли қазоқу туркману қирғиз ҷудо карда шуда, боқӣ дар он ҳайат монданд. Аз ин ҷиҳат, чунин таҳқиқот дар шаҳрҳо, ки аксари сокинонашон тоҷикони бумӣ ва турку муғултаборони бар асари бумиён зоҳиртағйирдодаанд, қобили пазириш нест. Ҷои чунин таҳқиқот бодияву воҳаи ҳар яке аз ин қавму қабилаи ин ҳайат аст.
  Ба сабаби ин ихтилот имрӯз дар миёни мардум масъалаи “тоҷики тоза” ва ғайри он дар мавриди баҳси олиму омӣ қарор дорад. Аслан, “тоҷик” ақвоми ориёӣ ё худ иронӣ дар назар дошта мешавад. Таркиби миллати имрӯзаи тоҷик гуногунранг ба назар расида, нишонаҳои нажодии мухталиф дар қиёфаи намояндагони он мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ, ин миллат мисли соири миллатҳо дар дарозои таърих таҳаввул ва аз қавму нажоди мухталиф ташаккул ёфтааст. Дар ташаккули миллати тоҷик аврупоён (лашкари юнонӣ қавмҳои зиёди аврупоиро дар таркиб дошт), арабҳо, турку муғулҳо, яҳудиён нақш доранд. Мардуми яҳудӣ дар шаҳрҳои Фарорӯд аз пеш сукунат дошта, бархе мусалмон шуда (яҳудиёни чала), бо тоҷикон махлут шуданд.
  Нахустин таҳаввули нажодӣ дар миёни ақвоми иронӣ дар замони истилои юнониён сурат гирифт. Онҳо дар тӯли чаҳорсад сол ин сарзаминҳоро дар зери тасарруф доштанд ва дар ирқияту фарҳанги ақвоми иронӣ сахт асар гузоштанд. Искандари Мақдунӣ худ бо духтарони иронӣ издивоҷу алоқа дошта, то издивоҷ як маҳбуба бо номи Барсина – духтари Артабози порс доштааст ва баъдан бо шоҳдухтари Бохтар Роксана (шакли юнонии Рухшона) издивоҷ кардааст. Искандар барои тақвияти давлаташ ҷашни арӯсии бошукӯҳе баргузор намуда, 10 ҳазор мақдуниро бо духтарони маҳаллӣ хонадор кард. Ӯ худ Статира – духтари Дорои III ва Парисатида – духтари Артаксерокси III-ро ба занӣ гирифт. Ҳамчунин, наздикону маъмурони зиёдаш бо духтарони ашрофзодаи порту модӣ (масалан, Ҳефестион бо хоҳари Статира Дрипетида, Кратер бо духтарамуи эшон Амастрина, Селевк бо духтари Спитамен Апама) издивоҷ карданд. Искандар расман бо ин се шоҳдухтари иронӣ хонадор шудааст.
  Теъдоди зиёди аврупоиён, ки дар ҳайати лашкари Искандари Мақдунӣ (шумори онро 50 ҳазор тахмин мекунанд) дар ҷангҳо ширкат доштанд, дар вилоятҳои ишғолӣ боқӣ монда, соҳиби мансабу сарват, муқим ва бо мардуми бумӣ махлут шуданд. Бо таҷовузу издивоҷ бо занони маҳаллӣ насли зиёд гузоштанд.
Туркон то футӯҳоти араб дар Хуросону Фарорӯд пайдо гашта буданд, вале асари ирқию фарҳангии эшон бар бумиён камранг буд. Аммо аз ҳама ҳамалоте, ки аҷнабиён ба хоки ақвоми иронӣ доштанд, футӯҳоти араб таъсиргузортарин буд. Пас аз ин ҳамла таҳаввули бузурги фарҳангӣ сурат гирифта, аъроб низ ба ирқияти ақвоми иронӣ асар гузоштанд.
  Баъдан, сарзаминҳои иронӣ дар тӯли садсолаҳо ба майдонҳои турку муғултозиҳо табдил ёфтанд ва онҳо аксари саканаи Фарорӯдро ташкил доданд. Қавмҳои иронитаборро садсолаҳо таҳти фармонбардории хеш гирифта, бар ирқияташон таъсиргузор гаштанд. Бузургтарин асари фарҳангиро бар мардуми тоҷик арабҳо ва нажодиро туркҳо гузоштаанд.
  Қабоили турку муғул, ки нажоди муштарак ва гӯишҳои мутафовит доштанд, пас аз ҳамлаҳои пай дар пай ба Фарорӯд дар ин сарзаминҳо маскун шуданд. Ворисони Узбакхон – хони маъруфи Олтин Ӯрда, аз наводагони Чингизхон, ки ҳама қаламраву тавоифи мамлакаташро ба ӯ мансуб медонистанд, аз Дашти Қипчоқ ба Фарорӯд ҳамлавар шуда, давлат таъсис дода, қавму қабоили турку муғултаборро таҳти султаи худ гирифтанд. Қавми мусаллатро ба хотири мансубият ба авлоди Узбакхон “тоифаи узбак” номиданд ва тадриҷан миллате бо унвони “узбек” шакл гирифта, қариб тамоми қавму қабоили турку муғултабори Фарорӯд (ба истиснои қазоқу туркману қирғиз, ки аз он ҳайатанд) шомили он гаштанд.
  Дар китоби маъруфи “Тоҷикон” оварда шудааст: “Метавон фарз кард, ки дар солҳои 50 ё 60-уми асри ХIV таҳти ин ном аҳолии турку муғули Дашти Қипчоқ дар назар дошта мешуд ва пас аз он ки иттиҳодияи қабилаҳои бодиянишин бо роҳбарии Шайбонихон дар ҳудуди асрҳои ХV ва ХVI ба Мовароуннаҳр ва Хуросон сар дароварданд, ин ном ба «аҳолии туркзабони ин вилоятҳо нисбат ёфт, яъне халқи ӯзбек аз ҳамон вақт номи худро пайдо намуд. (Аҳмадов Б. А. 1965 а, с. 11–17. Роҷеъ ба таносуби истилоҳоти «узбек» «қазоқ» дар асрҳои ХV–ХVI ниг.: Иброҳимов С. К., 1960 а, 1960 б).
  Тоифаи узбак аз замони фатҳ (таъсиси давлати Шайбониён) бештар ба шаҳрнишинӣ моил шуда, дар шаҳрҳои хурду бузург, ки аксарияти сокинони онҳоро тоҷикон ташкил медоданд, маскан гирифтанд. Мардуми бумии бархе аз шаҳру навоҳӣ таҳти фишору тазйиқи онҳо ба манотиқи кӯҳистони шарқӣ кӯчиданд. Тавоифи узбак дар музофот шамоили аҷдодии хешро нигоҳ доштаанд, вале дар шаҳрҳо ба асари сокинони бумӣ тағйири қиёфа кардаанд, ки алъон саканаи тоҷику узбеки шаҳрҳо зоҳири мушобеҳ доранд.
Акакдемик Ғафуров дар китоби маъруфашон аз Гинзбург В. (қиёфашиноси шӯравӣ) иқтибос овардааст: “Ҳамин тариқа, аз омезаи сохти қиёфаи муғулӣ то шабоҳати нисбатан камтар, ки дар ин сурат миёни ӯзбек ва тоҷик фарқе намемонад, таҳаввули симои нажодии ӯзбекони имрӯза ба назар мерасад. Барои қиёс ҳаминро бояд қайд кард, ки ба истиснои тоҷикони помирӣ, ки ягон омезаи муғулӣ надоранд, дар ҳамаи гурӯҳҳои боқимондаи тоҷикон кам ё беш ин омеза мушоҳида мешавад: бештар дар тоҷикони Фарғона, ноҳияҳои ҷанубӣ ва ҷануби шарқии Тоҷикистон ва ба дараҷаи камтар дар тоҷикони Бухоро, Самарқанд ва саргаҳи Зарафшон”. (Гинзбург В. В. 1949, с. 3136-31).
  Қабилаҳои кӯчии муғул таҳти таъсири қабоили турк, ки бештар буданд, туркзабон гашта, то ба ҳамворзаминҳои қаламрави Тоҷикистони имрӯза сокин шуданд ва ба мардуми маҳаллӣ таъсири сахти ирқию фарҳангӣ расонданд. Дар “Тоҷикон” омада: “Дар бораи мавҷудияти аҳолии туркзабон дар Хатлонзамин Хой Чао маълумот медиҳад, ки он ба солҳои 726–727 тааллуқ дорад. Ба ҳайъати давлати Қарохониён қабилаҳои уйғур, қарлуқ, чигил, яғмо, арғу, туркеш ва ғ. дохил мешуданд, ки дар байни онҳо қарлуқҳо ва уйғурҳо мавқеи асосӣ доштанд. Масалан, дар замони зиндагии Маҳмуди Кошғарӣ (асри ХI) сокинони шаҳрҳои Ҳафтруд, аз ҷумла Баласоғун, «тарзи либоспӯшӣ ва урфу одати турконро қабул карданд», онҳо ҳам ба суғдӣ ва ҳам ба туркӣ ҳарф мезаданд ва ҳеҷ касе набуд, ки фақат ба суғдӣ гап занад (аҳолии Тароз ва Исфиҷоб низ чунинанд)”. (Бартольд В. В., 1964, с. 466–467). Бархе аз қабилаҳои узбек бо мардуми маҳаллӣ махлут шуданд. Масалан, тавре ки дар “Тоҷикон” оварда шудааст: “Инчунин, дар айни замон, ӯзбекони қарлуқ, шамоили муғулии худро тамоман гум карда, бо аҳолии маҳаллӣ «аралаш» шуда рафтанд ва аз тоҷикон ягон тафовуте надоранд”. (Ошанин Л. В., 1957, с. 34-35).
  Ба мушоҳидаи Гинзбург танҳо тоҷикони помирӣ аз омезаҳои нажоди муғулӣ ориянд. Аммо ин нишони таҳқиқоти маҳдуди ӯ мебошад. Дар қаламрави Тоҷикистони имрӯза сокинони Бадахшон, манотиқи кӯҳистони водии Қаротегину Суғду Хатлон ба таъбири ҳозира қиёфаи “ориёӣ”-и хешро нигоҳ доштанд. Ҳақиқатан, мардуми маскуни ин навоҳӣ аз омезаҳои нажоди муғулӣ маҳфуз мондаанд, ки сабаби он домани кӯҳсорро маскан кардани онон буд, қабоили турку муғул ҳамворигарду бодиянишин буда, ба зистан дар кӯҳистон одат надоштанд.
  Саканаи манотиқи мазкур “тоҷикони тоза” ва ҳофизони “асолати ориёӣ” шумурда мешаванд. Вале дар асл онҳо низ махлутае аз нажодҳои мухталифанд. Зимни сайру мушоҳида ба он ҷоҳо ба ин метавон мутмаин шуд. Ҳама мардум якранг нестанд, афрод бо қиёфаи нажоди ҳар ранг дида мешавад. Дар қадим сафедпӯсттарон хешро аз сиёҳтарон (ҳиндуҳо) ҷудо карда, бартар шумурда, ориёӣ номиданд. Ориёиҳо дар тасвирҳои қадимӣ бо мӯю абрӯи сиёҳу пӯсти сафеду бинии борики теғадор, чашмони сиёҳи бодомшакл нигошта шудаанд. Аммо имрӯз ориёии асилро сафедпӯсту зардмӯю кабудчашм, тасвир мекунанд. Ин, аслан, тавсифест, ки миллатгароёни олмонӣ аз ориёӣ доштанд. Ориёиҳо шабеҳи аврупоиён набуданд, қавмҳои мутааддиди онҳо, ки дар паҳнои олам парешон гаштанд, зоҳиран аз ҳам мутафовит буданд.
  Бадахшон имрӯз маскани тоҷикони асил, ки аз ҳамалоти бегонагон дар канор мондааст, шумурда мешавад. Дар Бадахшон мардуме мезиянд, ки алъон “помириҳо” унвон гирифтаанд. Дар гузашта ин мардум мувофиқ ба мансубияти маҳалӣ рӯшонӣ (сокинони Рӯшон), бартангӣ (аҳли водии Бартанг), рошорвӣ (саканаи Рошорв), шуғнӣ (бошандагони Шуғнон), ишкошимӣ (дар таркиби он ғоронӣ (мардуми Ғорон), ринӣ (сокинони Рин), вахӣ ё вахонӣ (аҳли водии Вахон) номида мешуданд, вале пас аз тадқиқоти эъзомияҳои илмии рус дар Бадахшон ин мардум “помириҳо” ном гирифтанд. Помир мавзее дар Бадахшони Шарқӣ (Мурғоби ҳозира) аст ва русҳо дар адабиёти илмӣ Бадахшонро бо ин ном маъруф сохтанд. Ба истифода аз ин маъруфият бадахшиҳо хешро помирӣ номиданд.
  Тавре ки зикр намудем, дар Бадахшон аҳолӣ гуногунранг аст. Масалан, дар навоҳии он мардум бо қиёфаи аврупоӣ: пӯсти сафеду мӯи зарду чашмони кабуд зиёд ба назар мерасанд. Назаре шоеъ аст, ки гӯё бадахшиён аз насли юнонӣ, бозмондаҳои лашкари Искандари Мақдуниянд. Муҳаққиқон навиштаанд, ки шоҳони Дарвозу Шуғнон хешро ба насли Искандари Мақдунӣ мансуб дониста, аз он ифтихор меварзиданд. Академик Ҳ. Пирумшоев дар “Таърихи Дарвоз” овардааст: “Б.Н. Литвинов самти ҳаракати Александри Мақдуниро аз рӯи маълумоти дар даст доштааш муайян намуда, бо қатъият баён медорад, ки ин лашкаркаши бузурги даврон, худ дар Дарвоз набудааст, вале як отряди чудогонаи ӯ зери фармондеҳии Кратер, ки роҳи Ҳиндустонро ба воситаи ин минтақа кушоданӣ буд, аз ин ҷо гузаштааст. «Бешак, – менависад муаллиф, – Дарвоз дар чунин ҳолат чун дарвозае хизмат карда метавонист, ки аз роҳи он сафи лашкари ғосиби бузург мегузашт» Литвинов Б.Н. Через Бухару на Памиры // Исторический вестник. – Т. 98. – СПб., 1904. – С.716. Муаллиф шубҳаи худро нисбати аз ин диёр гузаштани Искандари Мақдунӣ чунин изҳор доштааст: «Маълум нест, ки чиро ба асос гирифта, хонҳои (ҳокимон – Ҳ.П.) ин ҷо худро авлоди ӯ (Искандар – Ҳ.П.) донистаанд. Ё хаёлест, хоҳишест барои Осиёи Миёна хос, ҳамаро бо номи қаҳрамони афсонавӣ нисбат додан, ё шояд баъди суқути шоҳигарии Юнону-Бохтар боқимондаи аз таъқибот раҳоёфтаи давлатдорон ба ин ҷои хилвати душворгузар омада, сабаби ақидаи ба авлоди Зулқарнайн мансубият пайдо кардани хонадони маҳаллӣ гаштаанд» Литвинов Б.Н. Через Бухару на Памиры // Исторический вестник. – Т. 98. – СПб., 1904. – С.716.
  Академик Ҳайдаршо Пирумшоев қайд намудааст, ки олими рус Д. Логофет дар Дарвоз сиккаҳои замони юнониро дида, харидорӣ кардааст. Дар робита ба мавзӯъ овардааст: “Бояд қайд кард, ки шаҷараи шоҳони Дарвозро ба Искандари Мақдунӣ расондан на танҳо ба муаллифони русу аврупоӣ, инчунин ба таърихнависони минтақаи Осиёи Марказӣ низ мансубият дорад. Масалан, Маҳмуд ибни Валӣ (асри XVII) дар китобаш «Баҳр-ул-асрор» тобеъияти Дара ва Дарвозро ба Балх нишон дода, қайд кардааст, ки ин мулкҳоро дар замонҳои қадим ҳокимоне (шоҳоне) зери итоат дароварда, худро аз авлоди Искандари Зулқарнайн муаррифӣ кардаанд. Дар ин мулкҳо конҳои зиёди тиллое ҳаст, ки коркарди онҳо дар ихтиёри ҳокиму пешвои ҳар ду вилоят – шоҳ Бобур мебошад (Махмуд ибн Вали. Море тайн относительно доблестей блогородных (География). Введение перевод, примечания, указатели Б.А.Ахмедова. Ташкент: «Фан», 1977, – С. 45-46).
  Бояд қайд кард, ки силсилаи шаҷараи шоҳони Дарвозро ба Искандари Мақдунӣ (356- 323 пеш аз милод) расондан ба ривояте асос ёфтааст, ки Марко Поло ба он ишора намудааст. Мувофиқи он ривоят гӯё насли шоҳони тамоми минтақаи Бадахшон, минҷумла Дарвоз аз издивоҷи Искандар бо духтари Дорои III оғоз ёфтааст (Путешествие Марко Поло. – Изд второе. – М.,1955. – С.74).
  Ин ақидаро чуғрофидону таърихнависи охири асри XIX ва ибтидои ХХ Муҳаммад Содиқхочаи Гулшанӣ низ ҷонибдорӣ намудааст. Ӯ бар ин ақида аст, ки мулки Дарвоз дар замони қадим мутааллиқи Искандари Мақдунӣ буда, зерпояи мавҷудияташ низ ба он замон мансубият дорад. Гулшанӣ, инчунин, ишора намудааст, ки то замони ба аморати Бухоро ҳамроҳ кардан ин сарзамин мустақилияти худро нигоҳ дошта тавонистааст. «Шаҳри Дарвоз, – нигоштааст муаллиф, – шаҳрест қадим ва биноест азим аз ҷумлаи осор ва абнияи мулки Искандари Зулқарнайн аст. Ин вилоят дар авоили қарни ҳозир (охири асри XIX) як ҳукумати худсарӣ буд, ки ба ҳиммати волои ҳазрати амирулмӯъминин, ҷаноби олӣ, марҳум (амири Бухоро – Музаффарро, ки солҳои 1860-1885 ҳукмронӣ кардааст дар назар дорад. – Ҳ.П.) замимаи давлати Бухорои Шариф гардид». (Гулшанӣ. “Таърихи ҳумоюн”. Душанбе, 2006).
  Мардуме, ки қиёфаи аврупоӣ доранд, бештар дар навоҳии ҳозираи Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшон – қаламрави Дарвози таърихӣ ба назар мерасанд, ки ин ба ҳаққонияти иқтибосоти фавқ тақвият мебахшад. Ба ҳар ҳол, агар дар ибтидои футӯҳот юнониён ба ин манотиқ наомада бошанд, эҳтимолан, пас аз суқути давлати Юнону Бохтар ба ин ҷойҳо паноҳ овардаанд ва соҳибони чунин қиёфа аз насли онон мебошанд.
  Бар зами ин намуди қиёфа шамоили ранги дигар низ ба назар мерасад. Гандумгун, сурхпӯст ва ҳатто сиёҳҷурдагон дида мешаванд. Масалан, аҷдоди мардуми имрӯзаи водии Ванҷ аксаран даҳбедиянд, бархе аз дигар шаҳрҳои калон (Бухоро, Фарғона ва ғ.) ва Қошғар ба водӣ омада, муқим гаштаанд. Ҳамчунин, аҷдоди бисёре аз мардуми Рӯшону Шуғнон аз дигар манотиқ (мисли Даҳбед, Қошғар ва соири шаҳрҳои Хуросону Фарорӯд) рафта, дар ин ҷойҳо маскан гирифтаанд. Дар миёни мардуми Шуғнон шамоили мухталифро мушоҳида кардан мумкин аст. Ғорониҳои Ишкошим низ қиёфаи ҳархела доранд. Аз мардуми Бадахшон танҳо вахониҳо асолати ориёии хешро маҳфуз доштаанд.
  Миллати имрӯзаи тоҷик аз қавмҳои ориёӣ ё худ иронӣ бо омезиш бо халқу миллали гуногун, мисли аврупоиён, ки шомили лашкари юнониён буданд, арабҳо, турку муғулҳо, яҳудиён ташаккул ёфтааст. Ба ин ваҷҳ намояндагони ин миллат қиёфа ва алоими муштараки зоҳирӣ надоранд ва намои аҷдодии хешро нигаҳ доштаанд. Омили муттаҳидкунандаи ин миллат на ирқият, балки забони тоҷикӣ (форсӣ) аст.
  Бархе аз афроди бадахшӣ ба хотири соҳибияти забони худӣ хешро аз тоҷик ҷудо месозанд. Бояд бидонанд, ки соири тоҷикони имрӯза дар гузашта мисли онҳо суғдӣ бохтарӣ, хоразмӣ ва ғ. унвон дошта, забону гӯишҳое наздик ва монанд ба бадахшониҳо доштанд. Забони форсиро, ки дар Фарорӯд тоҷикӣ номида мешавад, арабҳо аз Хуросон оварда, интишор карданд ва бадахшиён ба ҷиҳати дурию дастнорасии макон аз ин дар канор монданд… 2019.

Ибрози назар кардан 0

Емайли Шумо мунташир нахоҳад шуд. * Ин аломати қайди зарурист