Ташаккули миллати турк
Тибқи иттиллоъи маъохиз қабоили турк дар қадим дар сарзаминҳои шимолии Чин, қаламрави Муғулистони имрӯза, аз Сибир то соҳилҳои рӯди Волгаи кишвари Русистони ҳозира мезистанд. Қабоили мутааддиди кӯчӣ дар қаламрави густурда, дар ҷустуҷӯи сарват ва чарогоҳҳои нав тадриҷан ба сарзаминҳои Осиёи Вусто ва Хуросон сарозер шуданд.
Туркҳо дар ин сарзаминҳо дар қарни шашум қудрат ёфта, пас аз тасхири давлати Ҳайтолиён императории хешро (Хоқонии турк) таъсис дода, бар минтақа ҳукмрон шуданд. Баъдан, аз авохири асри X сарзаминҳои ирониён (Хуросону Фарорӯд) бо саканаашон таҳти ҳукумату тобеияту истеъмори қабоили турку муғул дар тӯли ҳазор сол буд. Қавму қабоиле аз ин тавоиф мисли ғазнавиҳо, қарахониҳо, салчуқиҳо, хоразмшоҳиҳо, чингизиён, темуриён, сафавиҳо, шайбониҳо, аштархониҳо, қоҷорҳо, манғитҳо дар ин манотиқ ҳукумат ронданд.
Ин ҳукуматҳои мардуми кӯчӣ бар бумиёни ин сарзаминҳо ба хотири қудрату сарват буда, намояндагонашон таҳти таъсири забону фарҳанги иронӣ қарор гирифта, ҳамчун сулолаҳои худкомаи маврусӣ рушду тараққии маҳаллиёро мутаваққиф сохта, асрҳо қурбони нафсу ҳирсу дасисаву дағдағаи қудратталабонаи хеш гардониданд. Бар ин дудмонҳо манофеи хусусӣ авлавият дошт ва дар тӯли ҳукмфармоии тӯлонӣ дар ин манотиқ аз қавму қабоил миллати воҳидеро ташаккул додан натавонистанд, вале ин кор дар минтақаи дуртар – Осиёи Хурд сурат гирифт.
Таркиби қавмии Осиёи Хурд мутанавеъ буд. Аз даврони қадим дар ин ҷо ошуриён, ҳетиҳо, лувиҳо, ҳуриҳо, арманҳо, юнониҳо, кимериҳо, сакҳо, гурҷиҳо, курдҳо, калхесиҳо, кароиҳо, лидиёиҳо, ликиҳо, фригиҳо, кападокиҳо, киликиҳо ва ғайра мезистанд. Юнониён минтақаро аз асри IV қабл аз мелоди Масеҳ ғасб карда, таҳти истеъмор қарор доданд ва бумиён бо юнониёну дигар ақвоми ҳамтабори омадаи эшон таҳти забону фарҳанги юнонӣ махлут шуданд. Аз асри IV пас аз мелод ин сарзамин дар ҳайати Императории Рум қарор дошта, баъдан аз он ҷудо гашта, Императории Руми Шарқӣ – Визонтиё таъсис дода шуд.
То қарни X юнониён ва арманиҳо дар қисматҳои бештари минтақа маскун шуданд ва ин ду мардум ҷамъияти умдаи Осиёи Сағирро ташкил доданд. Илова бар арману юнониҳо яҳудиён, гурҷиҳо, ошуриён, курдон, албаниҳо, булғорҳо, маҷориҳо, романиҳо, сербҳо, хорватиҳо, черкесҳо, словянҳо ва дигар миллату ақвоми аврупоӣ дар минтақа сокин шуданд.
Ақвоми турк ба тадриҷ дар Осиёи Вусто, Хуросон, Осиёи Хурд, Шарқи Аврупо пароканда шуданд. Дар ҷараёни ин кӯчишҳо бахшҳои зиёде аз мардумони ҳиндуаврупоӣ бо мурури замон ба ақвоми турк махлут шуда ва туркзабон шуданд. Туркон дар Осиёи Сағир бори нахуст дар асри XI зоҳир шуданд.
Нуфузи дастаҷамъии қабоили турк ба Осиёи Сағир аз асри XI шурӯъ гашта, қабилаҳои оғузу туркман (қиниқ, салир, авшар, кай, қараман, байандир) таҳти пуштибонии салчуқиён ва аз ҷониби Болкон қабилаҳои печенег, оғуз ё уз, куман нуфуз карданд. Дар соли 1071 султони салчуқӣ Алп-Арсалон румиёнро шикасти сахт дода, имперотури Рум Романиуси IV-ро асир кард. Ин пирӯзӣ роҳро ба ҳаракати қабоили оғузу туркман ба аъмоқи Осиёи Сағир боз кард. Аз он пас қабилаҳои турк дар қаламрави минтақа пароканда шуданд.
Дар раванди таназзулёбии Салтанати Салчуқӣ салтанатҳои кирмонӣ, суриёнӣ ва румӣ ташкил шуданд ва дар онҳо шохаҳои хонадони салчуқӣ ҳукумат мекарданд, ки фақат ба ном мутеи ҳукумати марказӣ буданд. Салтанати Куния ё Салчуқиёни Рум, ки аз авохири асри XI то ибтидои асри XIV давом дошт, аносири фарҳанги иронӣ, кӯчии қабоили турктабор, масеҳиёни тасхиршудаи маҳаллиро дар ҳам омехта буд.
Ба ҷуз Салтанати Куния дар шарқи Анатолиё сулолаи турктабори Донишмандиён таъсис дода шуд, ки намояндагони он беш аз сад сол дар минтақа ҳукмравоӣ доштанд. Ин ду сулолаи турктабор бо ғасби сарзаминҳои минтақа, истиқрори ҳокимияти хеш дар сарзамини мардуми мутамаддин барои ташаккули миллат ва фарҳанги турк замина гузоштанд.
Пас аз пирӯзии Хоразмшоҳиён бар Салчуқиён намояндагони боқимондаи ин хонадон бар Рум фирор карданд ва бо эшон қабоили пуштибони туркашон, теъдоди зиёде аз аъёну ходимон, аз ҷумла иронитаборон ба Рум паноҳанда шуданд. Ҳамчунин, пас аз истилои муғулҳо мавҷи азиме аз қабоили ирониву арабу яҳудиву ғайра бо салчуқиёни иронӣ ба Салтанати Рум паноҳ бурданд.
Салтанати Салчуқиёни Рум (1077 – 1307) дар ташаккули миллати турк муҳимтарин нақшро дорад. Бошандагони бумиро таҳти тазйиқу фишор гирифта, тадриҷан ба хеш махлут карданд. Аз ғуломони аз сарзаминҳои шимолӣ харида ва асирони масеҳӣ дастаҳои артишӣ созмон дода, барои амалиёти ҳарбӣ истифода мебурданд. Аз сипоҳи ақдишҳо – масеҳиёни исломро пазируфта ба кор мебурданд. Ҳамчунин аз сарбозони кироя аз ҷумлаи франку норману словянҳо истифода мебурданд.
Заъфи ҳукумати марказӣ ва таъсиру фишори муғулҳо сабаби суқути Салтанати Салчуқиёни Рум гардид ва қаламрави он ба бекнишиниҳои хурд тақсим шуд. Қабилаи кайи оғузӣ пас аз фишори муғулҳо ба Рум кӯчида, ба хидмати султон расид. Раиси қабилаи кай Ертоғрул дар сарҳади Визонтиё аз султон мулк ва дар шаҳри Сугут қароргоҳ гирифт. Султон писари Ертоғрул Усмонро бо унвони бей сарфароз кард ва ӯ дар соли 1299 мулки хешро мустақил эълон кард.
Усмон бунёдгузори императории абарқудрати Усмонӣ буд, ки тадриҷан тамоми қаламрави Осиёи Сағирро тасхир карда, беш аз шашсад сол тӯл дошта, аз дарвозаҳои Вена, аз ҷумла Маҷористон, Балкан, Укроин, Юнон, Ироқ, Сурия, Миср, Фаластин, Шимоли Африқо то Алҷазоир ва бузургтарин бахши нимҷазираи Арабистонро таҳти ҳукумат дошта, қарнҳо бо мамолики қудратманди аврупоӣ рақобату муқовимат намуд.
Фатҳи Қустантания – пойтахти Императории Визонтиё аз ҷониби Муҳаммади Фотеҳ писари Султон Мурод дар 29 майи соли 1453 муҳимтарин рӯйдод дар таърихи ин давлатдорӣ буд, ки қудрату ҳашамати ин императориро соҳиб шуд. Шоҳони усмонӣ хешро халифа номида, ба роҳбарони ҷаҳони ислом табдил шуда, Импратории Усмонӣ, ки дар се қитъа бо ҷазби нерӯҳои мусулмон бо қудратҳои замон барои тавсеаталабӣ рақобат менамуд.
Усмониҳо писарони масеҳиёни сарзаминҳои тасхирнамударо гирифта, ба хонаводаҳои турк ва мусалмон ба тарбия медоданд ва аз ин афрод сипоҳи яничириро (сипоҳи нав) таъсис доданд, ки воҳиди вижаи артиши усмонӣ ва ҷоннисорҳои султон маҳсуб мешуданд. Кӯдаконро аз поздаҳсолагӣ барои омӯзиши динӣ ва низомӣ ба сипоҳ ҷалб карда, дар ҳафт сол дар корҳои сахт озмуда шуда, ҳашт соли дигар дар сипоҳи яничирӣ фанҳои низомӣ ва маҳорати истифода аз силоҳҳоро омӯхта, баъд аз омӯзиши понздаҳсола дар синни сисолагӣ дар артиш ба хидмат машғул мешуданд.
Дар ҷараёни ҷангҳо мардуми зиёде аз мусалмонҳои сарзаминҳои аврупоии аздастрафта ба Анатолиё кӯчӣ ё фирорӣ шуда, муқим мешуданд. Масалан, дар ҷанги Қрим 200 000 тоторҳои қримӣ маҷбур ба тарки сарзамин шуда, ба қаламрави усмонӣ кӯчиданд. Дар ҷараёни ҷанги Қафқоз аз 500 000 то 1,5 миллион черкесҳоро русҳо ронданд ва онҳо дар Анатолиё сокин шуданд.
Ба таъсири туркон мардуми бумӣ мусалмон мешуданд ва туркон бо бумиён издивоҷ мекарданд, ки аз он баъд наслҳояшон мусалмону туркзабон ба воя мерасиданд. Ҳамчунин мардуми бумӣ барои ҳифзи макону молу мақомашон мусалмон шуда, забони давлатро мепазируфтанд.
Дар дарбори Салтанати Куния забони мӯътабари коргузориву фарҳангӣ форсӣ ва бар бештари ақвоми турки қаламрави салтанат муассир буд. Қабилаи кай, ки дар сарҳади султонӣ макон ёфта буд, дур аз марокизи фарҳангӣ аз ин таъсир дар канор монда буд. Ба ин ҷиҳат, гӯиши туркии онҳо ба ҳайси забони расмии императорӣ такмил ёфта, дар ташаккули миллате бо унвони “турк” дар оянда нақши муҳим ва асосӣ бозид.
Забонҳои туркӣ шомили забонҳои олтоӣ (туркӣ, муғулӣ, тунгузӣ) буда, алъон бо 35 забони зиндаи он ҳудуди 170 миллиён тан дар олам гуфтугӯ мекунанд. Забонҳои туркии истанбулӣ, туркии озарбойҷонӣ, уйғурӣ, узбакӣ, тоторӣ, туркманӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, бошқирӣ, чувашӣ, қарақалпоқӣ, қумиқӣ, қарачайӣ, болқарӣ, гагаузӣ, қашқайӣ, халиҷӣ, ёқутӣ, тувоӣ, ноқайӣ, олтоӣ, хокасӣ аз шеваҳои сернуфузтари онанд.
Номи усмонӣ дар ибтидо барои ишора ба аъзои хонаводаи Усмони аввал истифода мешуд. Баъдҳо табақаи аъён ва низомиёни имперотурӣ ба он номида мешуданд. “Турк” унвоне номатлуб барои ишора бар омиён буд ва ишора ба он ба подшоҳони давлати усмонӣ, табақаи ҳоким ва аъён навъе тавҳин маҳсуб мешуд. Усмониҳо туркҳоро “атроки беидрок” (ба маънои мардуми бефаҳм) меномиданд ва мансубият ба эшонро барои хеш ор медонистанд. Мардуми таҳсилкардаи шаҳрнишини туркзабон хешро “румӣ” меномиданд. Дар адабиёти форсии ҳамзамон ба ин подҳшоҳӣ “Усмонӣ” ва “Рум” ва бар аҳлаш “усмонӣ” ва “румӣ” ишора шудааст.
Туркон пас аз истиқрор дар сарзамини мардуми мутамаддини Анатолиё тадриҷан шеваи зисти хешро тағйир доданд. Камтари қабоил домдориву кӯчнишиниро идома дода, ағлаб ҳаёти муқимӣ ва шаҳрнишиниро гирифтанд. Дар замони Хилофати Усмонӣ миллат бар асоси дин таъриф мешуд, туркони аслӣ хешро дар қатори дигар мардум “миллати мусалмон” ва ба ҷиҳати нисбати ватанӣ “румӣ” мехонданд, зеро вожаи “турк” тобиши манфӣ дошт.
Вожаи “турк” дар ин минтақа ифодаи мусбӣ надошт. “То ибтидои қарни XX номи қавмии “турк” ағлабан ба маънои таҳқирӣ истифода мешуд. “Турк” кишоварзони туркзабони Анатолиёро ба тобиши дағал (масалан, туркҳои беадаб (kaba türkler) меномиданд” (Akçam. From Empire to Republic: Turkish Nationalism and the Armenian Genocide. — P. 68.). Барои табақаи ҳокими усмонӣ калимаи “турк” мутародифи аҳмақу ҷоҳилу намояндаи табақаи поёнии аҳолӣ буд. Шоири асри шонздаҳум Тахлиҷалӣ Яҳё бар туркон ва ҳама чизи марбут ба туркӣ таҳқиру тамасхур кардааст . (Еремеев Д. Е. Этногенез турок: (Происхождение и основные этапы этн. истории). — М.:Наука, 1971. — 135 с.). Табақаи усмонӣ хешро синфи ҳоким (millet-i hakime) ва табаъаи туркашро мардуми таҳтонӣ (millet-i mahkure) дар назар дошт ва ононро “туркони хар” меномиданд, агар мақомдори усмонӣ ба шаҳр меомад, ҳама саъй мекарданд, фирор кунанд.( Ziya Gökalp, «Türkçülugün esasları»).
Муаррихи дарбории усмонии қарни XVII Наим Мустафо Эфендӣ, муаллифи “Таърихнома” бо туркон ҳамчун беидрок («brainless» ё «dull-witted» (тур. idraksiz Türkler), дар зоҳир зишт («ugly in appearance» (тур. çirkin suratlı Türk), ҳилагар («deceitful» (тур. hilekar Türk) ва мисли саги чӯпон («large and sheepdog-shaped» (тур. çoban köpeği şeklinde bir Türk-ü sü-türk) муносибат кардааст. Taner Akçam. From empire to republic: Turkish nationalism and the Armenian genocide. — Zed Books, 2004. — С. 68. Барои ҷаноби шаҳрӣ калимаи турк маънои “бесаводро” дошт. (В. Гордлевский, «Избранные сочинения» т. 3). Сайёҳи фаронсавии қарни XVIII М. Гюе гувоҳӣ медиҳад, ки “турк” маънои “деҳқон”, “густох”, “дағал”-ро дорад. Ба суоли турк аст ё на, усмонӣ ҷавоб медиҳад: мусалмон. (Еремеев Д. Е. Этногенез турок: (Происхождение и основные этапы этн. истории). — М.:Наука, 1971. — 272 с.).
Доиратулмаорифи Брокҳаус ва Эфрон, ки дар авохири асри XIX ва ибтидои XX мунташир шуда, ишора мекунад, ки “дар адабиёти илмӣ ба туркони аврупоӣ унвони “усмонӣ” ё “усмонлӣ” тасдиқ шудааст, худи усмониҳо (дар адабиёти ғарбиаврупоӣ онҳоро “оттоманҳо” меноманд) ҳатто дӯст намедоранд, ки ононро “турк” хонанд, зеро онҳоро беадабу бесавод мешуморанд” (Турецкие наречия и литературы. Брокгауз-Ефрон). Усмониҳо аз истилоҳи “турк” барои тавҳин ба рустоиён истифода мекарданд… (Ziya Gökalp, «Türkçülugün esasları», s. 44.). Ҳатто дар асри XX истилоҳи “турк” дар Императории Усмонӣ таҳқиромез буд, масалан, ибораи «türk kafa» (турксар) ба маънои кавдан истифода мешуд (H. M. Statonery Office, «Anatolia», p. 13).
Ғояҳои миллигароёнаи аврупоӣ ба сарзамини усмонӣ расид. Абарқудратони замон барои аз байн бурдани императории бузург, ки ҳамчун хилофати исломӣ кишварҳо дар қитъаҳоро дар бар гирифта, халалу монеи ғасбу истеъморашон гашта буд, афродеро аз ақшори гуногун миллигароиву бединиро, ки хилофи ғояи расмӣ буданд, омӯзишу тарбия дода, тавассути онҳо хилофатро барҳам зада, ақсоми қаламравашро ғасб карда, дар нимҷазираи Анатолиё Ҷумҳурии Туркияро ташкил доданд.
Дар асри XX вожаи “турк” тобиши мусбаттаре гирифт ва ҳатто курду арабу масеҳӣ, яҳудӣ, алавӣ ва ғайра, ки туркзабону ирқан турк набуданд, пас аз таъсиси Ҷумҳурии Туркия хешро турк хонданд. Турксозии мардуми Туркия аз рӯзи нахусти ҷумҳурӣ бо шиори “Шаҳрвандон туркӣ ҳарф мезананд” оғоз шуд. Туркӣ забони ягонаи омӯзиш ва фарҳангӣ эълом шуд. Дар соли 1934 “Қонуни ному насаб” ба тасвиб расид, аз ҳама тақозо дошт, ки номҳои хешро ба туркидашуда иваз кунанд. Ба ҷойномҳои таърихӣ номҳои туркӣ доданд. Модаи 88-и Қонуни асосии Туркия соли 1924 эълом медошт: “Ҳама сокинони Туркия сарфи назар аз мансубияти мазҳабиву миллӣ аз диди шаҳрвандӣ турк мебошанд”.
Дар ин кишвар раванди турксозӣ сурат гирифт ва он ба гунаҳои “турксозии ихтиёрӣ” (Türkleşme) ва турксозии иҷборӣ (Türkleştirme) буд, ки бар намояндагони дигар миллалу ақвоми сокини ҷумҳурӣ ҳувияти туркӣ медоданд.
Ононе таҳти унвони “миллати турк” бо сохтори сиёсии ҷадид дар таърих падид омаданд, ҷараёни пантуркизмро қувват ва вусъат бахшиданд. Назарияи понтуркизмро ҳанӯз дар нимаҳои қарни XIX Бритониё тавассути сайёҳ ва мусташриқи маҷористонӣ, дар асл яҳудии ҷосуси бритониёӣ Армен Вамберӣ сохта ва матраҳ карда буд. Ҳадаф аз ин фурӯпошии Императории Рус – рақибаш дар ғасби сарзаминҳо буд, ки туркзабонон дар қаламрави густурдаи он аз Олтой то Қафқозу Қрим мезистанд.
Пасон шарқшиносу нависандагони дигар, ҷосусони идораи вазорати хориҷии бритонӣ дар бораи шукӯҳу азамати таърихи бостонӣ, вижагиҳои забони туркӣ андешаи барпоии “миллати бузурги туркро” дар зеҳни равшанфикрони усмонӣ парвариш медоданд ва замина барои шаклгирии понтуркизмро фароҳам оварданд. Вамберӣ, Леон Каҳун, Артур Ламлӣ Девидс ва дигар ҷосусон тавассути асарҳояшон ҳисси бартарии нажодиро ба туркҳо талқин мекарданд.
Вамберӣ дар асри XIX дар мавриди ном ва ҳувияти туркҳо навишта буд: “Ҳанӯз чиҳил сол пеш калимаи турк дар соҳаи адабиёт ба унвони тавҳин ба маънои хушунату ваҳшоният дар мариди истифода қарор дошт. Як рӯз вақте бо афроде, ки маълумоти олӣ гирифта буданд, сӯҳбат доштам, дар мавриди аҳамияти қавмнигории миллати турк нақл кардам, ки ин миллат заминҳои аз соҳили рӯдхонаи Лена то Адриотикро ишғол кардааст, аз ҷиҳати зоиш дар миёни мардуми ҷаҳон дар зинаи боло қарор дорад. Дар ҷавобам гуфтанд: “Шумо моро бо ин қирғизҳо ва ё тоторҳои кӯчии беадаб иштибоҳ накардаед?”. Дар он рӯзҳо ман ба таҳқиқи гӯишҳои Анатолиёи Шарқӣ оғоз карда будам. Аммо касе ба кори ман таваҷҷӯҳ надошт, магар чанд ҷанобе, ки бо фарҳанги мо ошно буданд. Ман дар истанбул касеро дучор наомадам, ки алоқаманди миллигароӣ ва забони туркӣ бошад”. (Françoiz Georgen, «Türk Milliyetçiliyinin Kökenleri. Yusuf Akçura», s. 10).
Ҷосусони яҳудитабори инглис барои шаклгирии патнтуркизм замина гузоштанд ва пантуркизм ҳамчун як ҳаракати ифротии сиёсиву идеоложии миллигароёна, бо ҳадафи муттаҳид кардани ҳама турку туркзабонҳо дар як давлати бузург падид омад. Дар охирҳои қарни XIX ва ибтидои асри XX ҳизбу ҳаракатҳои миллигароӣ таҳти таъсири пантуркизм буруз карданд.
Гурӯҳҳои сиёсии миллигарои туркони ҷавон нахуст дар миёни донишомӯхтагони низомӣ таъсис шуда, дар миёни дигар қишрҳо густариш ёфта, ба ҷунбишҳои зиддиусмонӣ табдил шуданд. Назарияпардозони эшон (мисли Зиё Гукалп) назарияи туркгароиро баён карда, хостори турксозии ҳама ақвоми давлат буданд. Назарияи турксозӣ ба берун рондани ақвоми ғайритурк ва ба наслкушии арману юнониён анҷомид.
Туркҳо ақвоми дигарро иҷбор ба гирифтани ҳувияти туркӣ карданд. Пантуркизм омили асосӣ дар наслкушиҳои ақаллиятҳо буд. Дар соли 1915 наслкушии арманиҳо сурат гирифт, ки маохиз теъдоди кушташудагонро аз дусад ҳазор то якуним миллион нафар зикр мекунанд. Теъдоде ба ҳамин бузургиҳо ронда шуданд.
Ҳамчуни садҳо ҳазор юнониҳо, ошуриҳо куштаву азияту ронда шуданд. Барои аз байн бурдани ҳувияти курдӣ онҳоро аз сарзамини аҷдодияшон ронданд, бархе аз онҳоро иҷборан турк гардониданд. Дар пайи маҷбур ба ҷобаҷоӣ ва пиёдаравиҳо садҳо ҳазор курдро нобуд карданд. Ҳазорҳо курди алавиро кушта ва ҳазорҳоро табъид карданд. Омилони ин ваҳшониятҳо миллигароёни инқилобии ҷавонтурк буданд, ки баъди табодулоти давлатӣ дар соли 1913 қудратро ба даст гирифта буданд.
Ғояпардози пантуркизм Зиё Гукалпро падари пантуркизм лақаб додаанд. Анварпошо, Талъатпошо ва Ҷамолпошо (се фармондори низомие, ки баъди кудато қудратро ба даст гирифтанд) ва Камолпошо (Отатурк – асосгузори ҷумҳурии секулор) аз зумраи ҷавонтурконе буданд, ки баъди ба қудрат расидан омоли миллигароёнаи хешро бароварда сохта, бузургтарин ҷиноятҳоро дар нисбати башарият анҷом додаанд. Дар даврони ҷанги аввали ҷаҳонӣ пантуркистон бадкориҳои бузурги таърихиро адо карда, дар замони ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ бо фашистон ҳамкору ҳамандеш будаанд.
Ин ҳаракат пас аз таъсиси ҷумҳурӣ, ки шароит барои рушдаш фароҳам омад, тақвият гирифта, ба соири манотиқи туркнишин, ба Қафқозу Қрим, Тотористон, Озарбойҷон, Осиёи Миёна ва ҳатто Чин таъсир гузошт ва дар ин манотиқ ҳаводору ҳамандешонашон фаъол гардида, аз Истанбул кӯмаку пуштибонӣ медиданд. Мисли Анатолиё дар ин сарзаминҳо ҳам ба қавму миллали дигар ранҷу зиён оварданд.
Дар замони усмонӣ “миллат” бар асоси мазҳаб таъриф мешуд. Мардуми императорӣ, ки ағлабан мусалмон буданд, хешро миллати мусалмон муаррифӣ мекарданд. Таърихнигори турк Халил Инолҷик изҳор медорад, ки ҳувияти усмонӣ чизи хосе буд ва Императории Усмонӣ як давлати туркӣ набуд. Султонҳои усмонӣ хешро қайсарони Рум номида, шоирону муаррихон ворисони мулки қайсар, қайсарони румӣ, ворисони тоҷу тахти Ҷамшед таъриф мекарданд.
Муаррихи бритонӣ Эндрю Манго менависад: “Миллати турк дар тӯли қуруне, ки Салчуқиён ва Усмониён қудрат доштанд, шакл гирифт. Қабоили муҳоҷими турк мардумони бумиро ҷойгузин накарданд, балки бо онҳо васлат карданд. Дар ин миён мардумони ҳелинии Анатолиё (юнониён), арманиҳо, мардуми Қафқоз, курдҳо, ошуриҳо, дар Балкон исловиҳо, олбониҳо ва дигарон буданд. Пас аз ин, ки ин мардум мусалмон ва турк шуданд, аз тариқи сарзаминҳои шимолии Дарёи Сиёҳ ва Қафқоз бо донишманди араб ё ҳунарманди иронӣ, бо моҷароҷӯи аврупои пайванд хӯрданд ва дар натиҷа туркҳои имрӯзӣ гурӯҳҳои қавмии мутааддидеро дар худ намоиш медиҳанд. Бархе аз онон шарқӣ ҳастанд, бархе дигар хусусиёти бумии Анатолӣ доранд, бархе аз эшон бозмондагони исловиҳо, олбониҳо ё черкесҳо ҳастанд. Бархе дигар пӯсти тира доранд, бисёре медитаронаӣ ҳастанд, бархе аз Осиёи Марказӣ ва бисёре ҳам шабеҳи ирониёнанд. Теъдоде, ки аз лиҳози шумора андаканд, аммо аз ҷиҳати бозаргонӣ ва донишӣ муҳиманд,бозмондагони яҳудиёнеанд, ки аз дини яҳудӣ ба ислом тағйири мазҳаб доданд. Аммо ҳамагӣ турканд”. (Mango 2004:17–18).
Натиҷаи таҳқиқоти женетикӣ нишон додааст, ки гурӯҳҳои қавмии Анатолиё (пеш аз ҳуҷуми туркҳо) манбаи аслии ҷамъияти туркони имрӯзаанд. Ташхиси ДНА-и туркони имрӯзаи Туркия адами вуҷуди иртиботи жении онҳоро бо нажоди муғул нишон додааст. Мардуми Туркия аз дигар мардуми ҳавзаи баҳримиёназаминӣ тафовути чандоне надоранд. Туркони аслӣ бар асари тасхир таъсири умдаи фарҳангӣ – забонӣ ва мазҳабӣ, аммо таъсири женетикии андаке гузоштанд. Тибқи таҳқиқоти женетикӣ мардуми ин сарзамин ба мардуми аврупоӣ, шарқиназдикӣ мушобиҳат доранд.
Пас ақвому миллали мутааддиде, ки дар замони усмонӣ дар Анатолиё мезистанд, дар он аҳд “миллати мусалмон” хонда мешуданд. Пас аз таъсиси ҷумҳурии миллигаро ва секулори Туркия “турк” номида мешаванд. Ба далоили фавқ ва аз он чи мушоҳида мешавад, туркони кишвари Туркия аксари ғолиб бозмондагони нажоди аврупоӣ буда, нишонаҳои турки асил бо аломоти нажоди муғулӣ камтар ба назар мерасад ва онҳо дар раванди турксозии асри XX ҳувияти асил аз даст додаанд.
Ақвоми сершумори муғулнажоди туркзабони Осиёи Миёна дар гузашта ҳеҷ гоҳ худро қавми турк наномидаанд. Пас аз расидани амвоҷи миллигароии аврупоӣ, хусусан пантуркизм ба ин сарзамин туркзабонон ба илҳом аз миллатгароёни Туркия ғояҳjb миллигароиро пеш гузоштанд ва пантуркизм дар ин ҷо равнақ ёфта, ҷавонбухориён пешравону пешбарони ин ҷараён шуданд. Бо истодгарӣ дар андеша ва пойдорӣ дар мубориза муваффақ ба сохтани давлатҳои миллӣ шуданд.
Ҳаракати пантуркизм алъон фаъол буда, дар авқоти ахир пайравони он садо баланд доранд ва дар миёни кишварҳои туркзабон маъруфияти бештаре касб мекунад. Ҳатто сарони ин кишварҳо азми таъсиси як эътилофи туркӣ доранд ва албатта кишвари Туркия, ки дар сар хаёли сохтани императории миллии туркиро мепарварад, дар ин ҷода пешоҳанг аст… 2021