Ташаккули миллати узбек

Қабоили узбек

  Давлатҳо таҳти ғояе тамаркуз ёфта, манофеи хешро мушаххас намуда, дар асоси он бунёд ва самти сиёсаташонро поягузорӣ мекунанд. Дар ҷаҳони имрӯза кишварҳои абарқудрат бо иртифои ливои “демокрасӣ” дар манотиқе аз олам бо эҷоди шӯру футур дар мамлакатҳо манфиат меҷӯянд. Қаблан парчами ғояи миллиро бармеафрохтанд, аммо бо мурури замону тағйири ҷаҳон абзору васоили таъсиру тасхир дигар гаштанд ва фарт дар тарвиҷи он мӯҷиби фалокат ва ҳатто ҳалокат баҳри милале гардид.
  Мардуми Осиёи Вусто то тасхири русҳо тасаввуроте монанди миллияту мансубияти миллӣ дар азҳон надоштанд. Баъди ошноӣ бо зеҳнияту мафкураи ин мардум, ташрифу таълим дар кишварашон ба тақлид аз эшон афроде афкори миллатгароиро дар миён андохтанд ва баъдан пас аз суқути хилофати усмонӣ дар кишвари Туркия ва хуруҷи понтуркизм ғояи миллатгароӣ чун маразе манотиқи таҳтулистеъмории империёи Русро сироят намуд.
  Қавму қабоили турку муғулнажод дар тӯли ҳазор сол дар Шарқ зимоми ҳукм дар даст дошта, доиман ба забту қатлу тахрибу ғорат машғул буданд, аслан аҳли бодия буда, пас аз тасхири сарзаминҳои ҷавомеи мутамаддин бо онҳо ихтилот карда, ойину фарҳанги эшонро пазируфтанд, аммо сиришти асили хешро нигаҳ дошта, дунёро аз андозаи чоки дида фарохтар дидан натавонистанд.
  Дар қарни бист дар мавҷи ҷунбишҳои миллигароӣ қавму қабоили фавқуззикр асли хешро шинохта, талоши сохтани давлати миллии хешро намуданд. Натиҷаи саъйу талоши эшон тазйиқ додани мардуми таҳҷоии Мовароуннаҳр дар давлати кӯчаке дар доманаи кӯҳсор ва бунёди давлати хеш бо фарогирифти қаламрави марокизи фарҳангии ин мардум буд.
  Имрӯз дар васати қорраи Осиё кишваре бо номи Узбекистон ҷой дорад, ки марокизи таърихию фарҳангӣ ва беҳтарину муфидтарин заминҳои минтақа дар қаламрави он воқеанд. Ин кишвар дар минтақа қудрат маҳсуб шуда, нақши калидӣ дорад ва бар ҳаёти сиёсию иқтисодии кишварҳои ҳамсоя муассир аст. Аввалан дар ин ҷо ба таърихи пайдоиш ва ташаккули ин миллату давлат руҷӯъ хоҳем кард.
  Пас аз забту кишваркушоиҳо Чингизхон сарзаминҳои мусаххарнамудаашро дар байни авлодаш тақсим намуд ва Дашти Қипчоқ – қаламрави густурдае аз Олтой дар шарқ то савоҳили Дунай дар ғарб ба фарзандаш Ҷучӣ расид. Кишвари ӯ бо унвони Олтин Ӯрда маъруф буда, “Улуси Ҷучӣ” низ номида мешуд. Баъд аз Ҷучӣ ҳукуматаш ба авлодаш Боту, Тукон, Менгутемур, Тоғрула ва баъдан дар асри XIV ба хони барҷастаи ин сулола Узбекхон (муаррихони понтуркист ӯро “Узбекхон” муаррифӣ мекунанд, аммо дар сарчашмаҳои таърихии форсию арабӣ “Узбакхон” – бидуни ҳарфи “ی”- “ё”-и русумулхати арабӣ-форсӣ, ки садоноки дарози “е” бо он ифода мегардад, зикр гардидааст ва дар маохизи русӣ низ бо номҳои Алабуга, Азбяк, Озбяк омадааст) расид ва кишвари таҳти идорааш ба унвони Улуси Узбакхон маъруф гардид (улус – вожаи муғулӣ буда, маънои давлат, миллат, мардумро дошта, қисмате аз мулки давлати Чингизхонро меномиданд).   Узбекхон алорағми иродаи наздикону хилофи расми ниёгон дини исломро пазируфт ва Султон Ғиёсиддин Муҳаммад ном гирифт. Ин эътибори ӯро афзуда, шӯҳрату шаҳоматашро берун аз қаламраваш бурд ва давлаташро Улуси Узбекхон номиданд. Ҳар чизе мансуб ба ӯву моликияти ӯро дигарон бо номи ӯ унвон медоданд. Масалан, сипоҳи ӯро “лашкари узбак”, аҳли кишварашро “мардуми узбак”, ақвоми мамалакаташро “тоифаи узбак” ва ғ. ном мебурданд. “Узбак” (ба шакле, ки дар маохизи таърихии форсию арабӣ зикр гаштааст) ҳамчун номи одии шахс дар қабоили турку муғулнажод то Узбакхон роиҷ буда, далелу ҳуҷҷате аз унвону рутба будани он вуҷуд надорад. Пас аз Узбекхон ворисони салтанатии ӯро дигарон хонҳои узбак меномиданд.
  Абулхайр дар асри XV ҳокими Улуси Узбекхон буд. Дар “Таърихи гузида”-и Ҳамдуллоҳи Қазвинӣ омада, ки ҳамсари ҷадди Абулхайр – Мингтемур аз насли Исмоили Сомонӣ будааст. Қаламрави давлати Абулхайр – хони узбак (яъне ҳокими Улуси Узбекхон) аз шарқ ба ғарб аз дарёи Урал то кӯли Балхаш, аз шимол ба ҷануб аз савоҳили Иртиш то Хазару Сирдарё арз дошт.
  Муҳаммад Шайбонихон, набераи Абулхайр дар муборизаҳои тахтталабии ворисони ҷаддаш мушорикат намуда, бо зуҳури шуҷоату ваҳшоният дар нисбати хешовандони хеш ҳукумат ёфт. Аммо дар пайкор бо ҳукамои ҷудогонаи Дашти Қипчоқ, ки баъди Абулхайр мустақилу ниммустақил гашта буданд (хусусан, хони қазоқ Ҷонибек ва варсионаш) муваффақ нашуд ва дар ибтидои асри XVI Муҳаммад Шайбонихон бо лашкари сершумораш бо шумули қавму қабоили мутааддиди турку муғултабор Мовароуннаҳрро тасхир намуда, Темуриёнро ба сарзамини Ҳинд ронда, Самарқандро пойтахт гузид ва хешро “имом ва халифаи муслимин” номид.
  Шайбонихон қавму қабоили зиёди турку муғулеро дар ҳайати лашкари бузургаш аз Дашти Қипчоқ ба Осиёи Миёна оварда, ин қабоил дар манотиқи мухталиф маскан гирифта, бо мардуми муқимӣ омехта, расму ойинашонро пазируфтанд. Ташаккули миллати узбек дар Мовароуннаҳр аз истилои Шайбонихон оғоз гардида, қавму қабоили турку муғули тозаомада бар зами ақвоми пешомадаи ин нажод дар умум “узбек” (ба таъбири понтуркистон) ё “узбак” (тибқи манобеи таърихӣ ва таъбири дигарон) номида шуданд. Дар таърихномаҳо беш аз ҳаждаҳ рӯйхати наваду ду қабоиле, ки миллати узбекро ташкил додаанд, мавҷуд аст. Баъзе аз қабоиле, ки дар ташаккули миллати узбек саҳм доштанд, аз қабили минг, юз (ҷуз), ҷалоир, қунғурот, манғит, танғут, марқит, онғут, сарой, олчин, арғун, тарғил, қипчоқ, наймон, хитой, бурғут, қалмоқ, чақмоқ, шимирҷиқ, туркман, ҷубурғон, қишлиқ, қунақош, киёт, буйуроқ, қанглӣ, арлот, ҷийит, дурман, тобин, тамо, рамлам, оғлан, ширин, хафиз, уйғур, буйтой, будой, ҷурат, тотор, тубой, чимбой, санхиён, чаркас, оғлен, шуран, кохат, қирлиқ, қилдирой, анмор, ябу, қирғиз, фахир, қатаған, сулдуз, килечӣ, уймаут, қароит, митан, қарӣ, ғариб, илочӣ, гирей, олхонут, барлос, турғон, қуҷалик, маҷор, бурлат, юрға, куҷӣ, утарчӣ, пуладчӣ, қуралаш, қарлук, қанчиғол, ҷуют, ҷулҷут, чарчут, чағатой, масит, ойрот, уюрҷӣ, буязут, тилау, баташ, қабаша, турк, қарақалпоқ, қара, қазақ, дуҷир, тармаут, ҷубалаҷӣ, ҷалоут, ҷусулаҷӣ буданд.
  Имрӯз узбекҳо хешро қавму қабоили турктабор шумурда, мункири ихтилот бо табори муғуланд ва муғул номиданашонро таҳқир мепазиранд. Аммо Узбакхону Абулхайру Шайбонихонро аҷдоди хеш шумурдаву ба василаи эшон ғурур аз нажоди зӯру олӣ меварзанд. Инҳо аз авлоди Ҷучӣ – писари бузурги Чингисхон мебошанд. Дар воқеъ бархе аз қабоиле, ки шомили миллати узбек буда, дар таърих нақши муҳим доштаанд, аслан муғуланд. Чанде аз қабоили таҳтуззикр мисоли ин гуфта мебошанд.
  Қисмате аз лашкари Чингизхон аз қабилаи барлуоси (маъруф ба барлос) муғул (таҳти фармони яке аз писаронаш Чағатой) иборат буд ва баъди тасхири сарзаминҳо дар воҳаи Қашқадарё маскун гашт. Ихтилоти онҳо бо қабоили турктабор аз қисмати дуввуми қарни XIV ибтидо гирифта, тадриҷан шеваи гуфторӣ ва дини исломро аз эшон пазируфтанд. Ба дигар маҳалҳо парешон гашта, тарзи ҳаёти кӯчиро ба муқимӣ иваз карданд ва дар аҳди ҳукумати Темурланг эътибор ёфта, муддатҳо зимоми идораи Мовароуннаҳро дар даст доштанд.
  Дурманҳо қабилаи муғул дар ҳайати лашкари Шайбонихон аз Дашти Қипчоқ ба Осиёи Миёна омада, ӯро дар кишваркушоиҳояш имдод намуда, мақому мартаба касб карданд. Нахустузбекҳокими Қундуз Урусбек аз ин қабила буд. Ин қабила дар манотиқи мухталиф Балху Зарафшону, савоҳили Сирдарё, Ҳисору Регард ва Қурғонтеппа сукунат гирифтанд. Дар замони Аштархониён низ эътиборашонро нигоҳ доштанд. Дурманҳо бо қазоқу қирғизу узбек ихтилот ёфта, дар ташаккули ин халоиқ нақш бозидаанд.
  Қабоили турктабори қатаған бо ихтилототи муғулӣ аз Дашти Қипчоқ дар ҳайати лашкарҳои ғосиб ба Мовароуннаҳр омада, мақому манзала ёфтанд. Дар замони Аштархониён Афғонистони Шимолӣ ба эшон ба ҳайси улус тақдим карда шуд. Дар ин давр (асри XVII) онҳо қудрати сиёсӣ дошта, дар қаламрави густурдае, дар Осиёи Миёна, Афғонистони Шимолӣ, Туркияи Шарқӣ маскун гашта, яке аз ақвоми сернуфузи турктабор мебошанд, ки дар ташаккули миллали имрӯзаи ин нажод нақши муҳим доштаанд. Онҳо имрӯз дар ҳайати миллати узбек дар Узбекистон, Афғонистон, Тоҷикистон ва миллати қазоқ дар Қазоқистон иқомат доранд.
  Қисмати умдае аз миллати узбекро қабилаи қунғурот ташкил медиҳад, ки дар бисёр маохиз қабилаи муғул номида шудааст. Баромадашон аз насли ашини муғулист. Чингизхону ақрабояш бо духтарони аъёни ин қабила издивоҷ мекарданд ва онро бар дигар қабоил тарҷеҳ медоданд. Онҳо аз шимол ба Мовароуннаҳр омада маскан гирифтаанд ва дар ташаккули миллатҳои қазоқ, қарақалпоқ ва узбек саҳиманд.
  Қабилаи манғитҳо баъди асри XIII аз Муғулистон ба Дашти Қипчоқ кӯч баста, дар минтақаи байни дарёи Волга ва кӯҳсори Урал макон гирифтанд ва таҳти таъсири қипчоқҳо шеваи гуфторӣ ва расму анъаноти эшонро касб карданд. Дар авохири асри XIV давлати хеш Урдуи Манғитро таъсис доданд. Дар асри XV он ба ду қисм Ногайи Бузург ва Ногайи Хурд мунқасим гардид ва тадриҷан манғитҳои шомили Ногайи бузург ба ҳайати халқҳои узбек, қазоқ ва қарақалпоқ дохил шуда, дар асри XVI ба Осиёи Миёна кӯч карда, бархе таҳти таъсири мардуми маҳаллӣ ҳаёти муқимиро пазируфта, қисмате ҳаёти нимакӯчманчигӣ ва чорвопарвариро идома доданд. Дар сафи лашкари Шайбонихон ҳамчун размандагони шуҷоъ унвон, рутба ва мартаба ёфтанд. Дар миёнаи асри XVIII дар мубориза барои қудрат Муҳаммад Раҳимхони манғит ҳукумати сулолаи Манғитиёро таъсис дод, ки то соли 1920 идома дошт.
  Дигар қабоиле, ки дар шаклгирии миллати узбек мушорикати муҳим доштаанд, қабоили уз ва аз (оз) мебошанд. Муҳаққиқион уз ва озро ду қабилаи мутафовит донистаанд. Узҳо дар ҳавзаи дарёҳои Чу ва Ил сукунат доштаанд ва баъди тасхири ин сарзаминҳо дар қисмати дуввуми асри VIII аз ҷониби қарлуқҳо қисмате мутеи онҳо ва қисмати дигари ин қабила ба соҳилҳои Сирдарё кӯчида, мутаваттин гашта, шаҳру қарияҳо бунёд карданд. Муаррих Эрматов. М бар он аст, ки баромади вожаи “узбек” аз номи ҳамин ақвом аст. Вале олими рус Агеев. Р пайдоиши вожаи “узбек”-ро ба номи Узбекхон марбут медонад.
  Қабилаи аз ё оз дар доманаи кӯҳҳои Олтойу Саян дар қаламрави Тува мезист. Дар асри VIII хонҳои турк сарзамини онҳоро забт карданд ва онҳо ба чанд гурӯҳ тақсим шуданд, қисмате аз онҳо тарки ватан карда, дар водии Чуй маскан гирифт. Баъдан, қарлуқҳо Ҳафтрӯдро тасхир карданд ва қисме аз озҳо мутеияти онҳоро пазируфта, дар ин сарзамин монданд ва қисмати дигаре аз онҳо ба поёноби Сирдарё, ба биёбонҳои назди баҳри Хазар кӯч карданд.
  Тарзе ки фавқан тазаккур додем, тамоми қавму қабоили турку муғултаборе, ки дар паи забткориҳо дар Осиёи Миёна муқим шуданд, “узбек” номида шуданд. Баъд аз ихтилоту ҳамзистӣ бо мардуми мутамаддин хешро шинохтаю талоши бунёди фарҳангу давлату миллияти худӣ карданд. Бо илҳом аз амвоҷи миллатгароиҳои аврупоӣ наҳзати миллигароӣ “понтуркизм”-ро эҷод намуда, дар қаламрави таҳтиистеъмории Рус аз Қафқоз то Осиёи Миёна давлати Туркистони Бузургро сохтан мехостанд. Аммо коммунистони рус ба майлу иродаи хеш барои миллатҳо давлат сохтанд, аз қавму қабоили узбек барои қазоқу қирғизу туркман давлатҳои ҷудогона сохта, боқӣ дар ихтилоте бо унвони “узбек” ва дар давлате бо номи Узбекистон гирд оварда шуданд. Понтуркистон дар ин давлат бо ғасби тамаддуну марокизи фарҳангии соҳибони асили ин сарзамин “фарҳанг” ва аз мардуми муқиму омада иҷборан “миллат” сохтанд. Барои бақо ва пойдории давлату миллати сохтаи хеш понтуркистон миллатгароиро ғояи асосии сиёсаташон қарор додаанд. Ғояпардозони сиёсияшон барои исботи ҳақиқати назарияи сохта ва изҳори миллати қадиму муқиму олинажод ва бартар бар соири ақвом ба қиссапардозию ривоятбофиҳо даст задаанд. Ривоят мекунанд, ки наваду ду нафар мард аз Дашти Қипчоқ ба имдоди Муҳаммад (с) ба Мадина барои интишори ислом рафта, тавассути Шоҳимардон мусалмон гаштаанд. Аз ин наваду ду мард наваду ду қабилаи узбек падид омадааст. Инро метавон як муҳоботи омӣ пазируфт, аммо уламои эшон низ дар ҳолати ваҷди тахайюл музахраф гуфтаанд. Яке аз ғояпардозони миллатгарои узбек Рустамҷон Абдуллоев бар он аст, ки мардуми Аврупо ва Ҳиндустону Ирон аз Олтой (асли ватани қабоили турктабор) ба ин сарзаминҳо кӯч кардаанд, яъне аҷдоду табори милали ин манотиқ “турк” ё “узбек” мебошанд. Ба андешаи ӯ таълимоти яккахудоӣ ва хати Шарқи Наздик аз дини тенгрӣ ва хати рунии олтойӣ маншаъ мегирад ва аҷдодони Нӯҳ аз Олтой буда, киштии ӯ низ баъди тӯфон дар Олтой ба замин фуруд омадааст. Ривоёте меорад, ки гӯё писари Нӯҳ Ёфис бар Туркистон ҳукумат карда, туркон ӯро Олҷойхон меномидаанд ва ӯ бодиягарду саҳронишин будааст. Ӯ барои исботи андешаҳояш далел оварда, исрор ба сиҳату қабулашон мекунад. Аммо ғофил аз он аст, ки ақоиди ӯ ҳаққонияти кутуб ва паямбарони илоҳиро зери суол мебарад. Зеро маншаъи яккахудоиро ойини бутпарастии турку муғулон тенгрӣ меҳисобад, ки ин андеша мутлақан хилофи таълимоти адёни яктопарастӣ мебошад. Ончунон, ки возеҳ аст, ин ҷанобон барои исботи ғояи сохтаи роҳи фасонабофиро пеш гирифтаанд.
  Онҳо аз турктабории хеш фахрида, аз муғултабориро ор дониста, онро ҳамчу дашноме дар нисбати хеш мепазиранд. Аммо дар воқеъ, чуноне ки фавқан зикр намудем, ононеро, ки аҷдоди хеш шумурда, аз онҳо ифтихор доранд, авлоди Чингисхон буда, қабоиле, ки дар ҳайати миллати узбек нақши умда доштаанд, аслан муғуланд. Барои радди ин назар қиссае сохтаанд, ки гӯё Ҷучӣ писари аслии Чингисхон набудааст. Зани Чингизхон Бортеро қабилаи марқит ба асорат бурда, Чилғирбоқо ном баҳодуре ӯро канизи хеш гардонида, баъди раҳоӣ Борте Ҷучиро дар раҳмаш бурдааст. Қазияи ба куштан ҳукми кардани Чингисхон Ҷучиро низ ба ин рабт медиҳанд. Ин албатта аз ривоёти сохтаю бофтаи омӣ аст, ки онро ҳатто уламои эшон (аз ҷумла Р.Абдуллоев) чун далел пеш мегузоранд. Дар асл Ҷучӣ писари аслии Чингисхон буда, барои худсарӣ ва нофармониҳо аз ҷониби Чингисхон ба қатл маҳкум гашта буд, ки ин амр ба асбобе амалӣ нагашт.
  Бад ин сон вожаи “узбек” (дар асл “узбак”) баргирифта аз номи Узбакхон – шоҳи муғули Олтин Ӯрда мебошад. Чуноне ки фавқан тазаккур додем, ҳама чизи мансуб ба ӯро бо номи ӯ меномиданд ва кишварашро “Мамлакати Узбак” ва мардуми кишварашро “қавми узбак” ном мебурданд. Тамоми ақвоми турку муғултабори кишвари паҳновари ӯ ба “узбак” мавсум буданд. Баъди тақсимоти маъмурӣ дар замони шӯравӣ ақвоми шомили узбекро (монанди тотор, бошқирд, бурят, балқар ва ғ.) дар ҳайати ҷумҳурии Русия дар вилоёт ё ҷамоҳир ҷо доданд. Дар Осиёи Миёна барои ақвоми бонуфузтари шомили миллати узбек қазоқу қирғизу туркман ҷумҳурӣ сохта, соири ақвом дар Ҷумҳурии Узбекистон дар ҳайати миллати узбек боқӣ монданд.
  Дар гузашта касе аз ин мардум хешро “узбек” нахондаву аз он кибру ғурур наварзидааст. Балки дигарон аз онҳо бо номи “узбак” ёдовар шудаанд. Таъбироти зиёде дар маъно ва шарҳи ин вожа мисли “ман бек”, “худ хоҷаи хеш”, “наҷиб”, “ашрофзода” ва ғ. сохтаанд, ки беасосу поя мебошанд. Агар ин миқдор қавму қабоил ҳама хоҷаву наҷибзодаву ашрофзодаву беку бой буданд, пас он ҳама нӯкару ходиму лашкарию кӯчӣ киён буданд?.
  Баъди таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Узбекистон понтуркистон раванди иҷбории “узбекгардонӣ”-и халқу миллали қаламрави онро чуноне, ки туркон бо ин усул Анатолиёро ватан карда буданд, ба роҳ андохтанд. Дар натиҷа ин миллат бо шумули халқу қавму қабоили турку муғулу иронинажоду ғайр тағйири лиқо намуд. Хусусан, дар ташаккули ин миллат мардуми иронитабори таҳҷоии ин сарзамин, ки ба “тоҷик” мавсум шуданд, нақши муҳим доштаанд. Бо “узбекӣ” намудани фарҳангу тамаддун ва шамоили ин мардум узбекҳо хешро бар ҳамтаборони хеш (монанди қирғизу қазоқу туркману ғайра) бартар шумурда, даъвии “ашрофиёни табори турк”-ро пеш гузоштанд.
  Дар замони салтанати коммунистӣ зимоми идора ба дасти русҳо буд ва аз ҳуқуқи халқияту ақалиятҳо ҳимоят мекарданд. Аммо баъди суқути он ҷамоҳир мустақил гаштанд ва дар Осиёи Вусто низоми идории “бобоӣ” мустақар гашт. Алалхусус, ҳокими Узбекистон Ислом Каримов намунае аз ҳукумати хонҳои аҷдодияшро дар аҳди нав буруз намуд. Ӯ раванди узбекгардонии тоҷиконро дар кишвараш ба тариқи тунду хашин авҷ дод. Макотибу матбуоти тоҷикиро баста, барои миллати “тоҷик” дар шиноснома доштан ҳадду монеа эҷод карда, дар нисбати ҳақталабу мӯътариз ваҳшоният зоҳир намуд.
  Узбекистон бо сиёсати тунду миллатгароёна дар ҷодаи “миллатсозӣ” ба қадри назаррас муваффақ гаштааст. Имрӯз бо муаррифии марокизи тамаддуни қадимие чун Бухоро ва Самарқанд хешро дар чашми оламиён миллате бо фарҳангу тамаддуни бостонӣ ҷилва медиҳад. Таому хӯрокҳои осиёимиёнагиро ба “ошхонаи узбекӣ” махсус намуда, дар хориҷ ҳамчун “нони убекӣ”, “палави узбекӣ”, “санбӯсаи узбекӣ” ва ғ. маъруф кардааст. Ба номи шаҳру мавозеи хеш ошхонаю тарабхонаҳо сохта, дар онҳо бо роҳи меъда ва дар расонаҳои хабарӣ тамаддуни худро дар азҳон тарғиб мекунад. Онҳо бо “нусхабардорӣ” аз фарҳангу адаби форсӣ фарҳангу адабиёти худӣ сохта, нусхаро бар асл тарҷеҳ медиҳанд. Бузургони илму адаби мутаваллидшуда дар ҳудуди имрӯзаи ин кишварро ҷомаву қиёфаи худӣ дода, “узбек” муаррифӣ мекунанд. Боре дар Маскав дар сӯҳбате чанд рус тавсиф аз тарабхонаи узбекии “Хоҷа Насриддин” карданд. Тавзеҳашон додам, ки Хоҷа Насриддин на узбекеро исм аст, балки номи қаҳрамони адабӣ дар адабиёти форсист. Аммо инро аз ман ба далеле, ки тарабхона узбекию муаррифигари фарҳангӣ узбекӣ аст, напазируфтанд.
  Миллати имрӯзаи узбек асаре аз ҳамзистии қабоили турку муғулнажод бо тоҷикон дар тӯли қарнҳо ва ихтилоти соири қавму қабоили сокини ин кишвар мебошад. Яке бо симои туркӣ-муғулӣ, дигаре бо намои шарқӣ, саввуми бо қиёфаи аврупоӣ хешро узбек номида, фахру такаббур мекунад. Ихтилоти тоҷику узбек ба ҳаддест, ки дар кишвари Русистон ағлаби шаҳрвандони ин ду кишварро (ба истиснои баъзе манотиқ) бо пурсиши мансубияти миллӣ метавон шинохт. Дар Узбекистон ба касе бо “тоҷикият” лакка меандозанд ва дар Тоҷикистон низ касеро бо “узбек будан” таҳқир мекунанд. Дар Узбекистон ба сарони давлат ба ҷурми тоҷиктабор буданашон санг меандохтанд ва дар Тоҷикистон низ давлатмардонро ба узбектаборӣ маҳкум мекарданд.
  Дар гузашта ҳама қавму қабоил аам аз турк-муғулнажоду иронитабор дар Осиёи Миёна дар канори ҳам бидуни эҳсоси миллияту тафарруқи қавмият мезистанд. Ҳама ба унвони миллати мусалмон номбурд мешуданд, халқе бар халқеву миллате бар миллате тарҷеҳ дода намешуд. Вале шинохти асли миллияту ирқияти хеш дар байни ақвом тухми нифоқ кошт ва равобити ононро аз ҳам гусатаву душманӣ дар миён гузошт. Дар ин амр ҷараёни ифротии понтуркизм саҳми асосӣ дошт. Ба сохтани “Туркистони Бузург” муваффақ нашуд, аммо кишваре ба ном “Узбекистон” ва миллате ба ном “узбек” сохт, ки ҳамсоягони тоҷику қазоқу туркману қирғизи он аз ӯ иддаои пас додани замину шаҳрҳо ва фарҳанги дуздидаашонро доранд. Ин кишвар барои бақо ва пойдории хеш сиёсати тунди миллатгароёнаро пеш гирифта, аҳли кишварашро мунзавии он гардонида, равобиташонро бо хешу ақрабо ва бо мардуме, ки дар ҳамсоякишварҳо бо эшон таи садсолаҳо ба ҳам зистанд қатъ намудааст. Каримов дар ин замина низоми сиёсии муҳкаме созмон дода, бо усули идораи “аҷдодӣ” исми хешро ҳамчун “хони” золиму бераҳм дар аҳди нав дар суҳуфи таърихи башарӣ дарҷ намуд. Агарчанде решапайванди тоҷикӣ дошт, барои изҳори садоқату вафодорӣ дар нисбати ғоя ва исботи узбекияташ тоҷиконро бо тазйиқу фишор, қатлу куштор қурбонии ағрози хеш намуд. Зимнан, аҳли ин кишвар ба тоҷикияти руасои он мазнун мешаванд. Сарварони қаблии ин кишварро тоҷиктабор мегуфтанд. Агар сухан аз айбу кирдори бади Каримов оғоз мешуд, мардумаш ӯро тоҷику яҳуд меномиданд. Тоҷикияти сарвари нав Мирзиёев низ зуд шуюъ ёфт. Албатта, ин ҳама шоеот ҳақиқате дошт, зеро нақши тоҷикият дар қиёфаи эшон зоҳир буду ҳаст. Аммо онҳо ходимони низоманд ва иҷбор ба иҷрои шурути онанд.
  Дар мо низ ба тақлид аз ҳамсоягон ғояи бартарияти ирқӣ – ориёигароиро пеш гузоштанд. Аммо аз ҷиҳати эътибори коста дар хориҷ инро аз мо ба ҷиддият напазируфтанд. Умуман, ғояи нажоду миллатгароӣ аз зуҳуроти махсуси қарни бистум аст. Фарт дар он бархе аз миллалро дар он аср ба варта овард. Барои инсони соҳибақли асри бистуяк ин ғоя манфуру нохушоянд аст. Барои мо низ ҳар навъе аз ин зуҳурот, ҳам понтуркизму сайҳунизм, ҳам шовинизму фошизм ва ҳама анвои миллату нажодгароӣ (агарчанде узбекгароӣ ё ориёигароӣ бошад) ғайри қобили тақаббулу таҳаммул аст. Миллату ақвоми шарқ дар тӯли беш аз ҳазор сол бо мафкураи “миллат ё уммати воҳид” зиста, хусусиёти фавқуззикр барояшон бегона буд. Мо низ он ғояи олияро бар соири ақидаву ғоя, дидгоҳу завоё тарҷеҳ дода, мӯътақид бар он ва пойбанд бар аҳкоми онем. Дар дастури он омада: “Эй мардумон, ҳамоно офаридем шуморо аз як марду як зан ва шуморо гурӯҳу қабилаҳо сохтем, то якдигарро бишиносед. Бегумон гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумо аст, Худо бас донои огоҳ аст” (Қуръон, сураи Ҳуҷурот, ояти 13). Аз ин ҷиҳат азизтарину гиромитарин аз тоҷику узбеку қирғизу қазоқу туркману тотору турку арабу ҳиндую ғайр барои мо порсотарину хубсираттарини онҳо азизу гиромист, на сафедпӯсту зебочашму хубсураттарини эшон. 2016.

Ибрози назар кардан 0

Емайли Шумо мунташир нахоҳад шуд. * Ин аломати қайди зарурист