Таҳдиди Чин

  Ба қудрати сиёсӣ ва иқтисодӣ табдил ёфтани Чин барои кишвари хурду заифи мо хатари муҳликовар дорад. Аз ҷиҳати иқтисоди ин кишвар ба андозае баста ва побанди он аст, ки ба ин роҳ хешро завлонабанд карда, аждаҳоро забон ба тақозову иддаъо дароз кардааст.
 Иддаои густохонаи ин кишвар, ки тавассути таърихшиносе бо номи Чо Йао Лу (Cho Yao Lu) дар матбуоти расмӣ нашр шуд, аломати возеҳ аз аҳдофи нопоки он дар оянда аст. Ин таърихшинос, ки бегумон аз ғояпардозони низоми Чин аст, аз “пайвастани қисмате аз сарзамини аздастрафта ба Чин пас аз 128 сол” изҳори қаноатмандӣ карда, иддао бозагрдондани “заминҳои боқии Чин”, яъне Помирро намудааст.
  Ба далели он ки ин сарзамин замоне таҳти тасарруфи Чин буда, қисмате аз қаламрави аздастрафтаи он аст ва тибқи иддаои эшон бояд ба “соҳибони аслияш” баргардонда шавад. Албатта, ки онҳо алъон иқтидор доранд, хешро дар муқобили заъиф қавӣ мешуморанд, тавон ба ҳар гуна таҳдиду иддао доранд.
  Аммо аз мо, ки тарс дар вуҷуд ба собиқаи ҳазорсола доранд, на ҷуръати вокуниш, балки ҷасорати бо ду сухан посух гуфтан надоранд. То аждарро ба хотир оваранд, ки қисмати бузурге аз қаламрави ниёгони моро таҳти тасхир доранд. Бузургтарин вилоят, ки қисмати азиме аз ин кишварро дар бар дорад, вилояти Шинҷон аст ва тибқи катибаҳои қадимии чинӣ дар ин сарзамин ниёгони мо сакоиҳо мезистаанд.
  Ин сарзамин дар замони сулолаҳои иронии сосониён, кӯшониён ва ҳайтолиён қисмате аз қаламравашон будаанд. Маъохизи таърихӣ дар ин сарзамин вуҷуди фарҳангу адёни ирониро собит кардаанд. Ин сарзамин баъдан таҳти ҳукумати сулолаҳои турку муғултабори Осиё Миёна қарор дошта, дар соли 1847 аз ҷониби Чин ғасб шудааст. Ҳатто дар авохири қарни XIX Муҳаммад Яъқуббеки Бадавлат тоҷике ҳукм рондааст. Ҳадди аққал дар ин вилоят ноҳияи Тошқӯрғон мавҷуд аст, ки дар он тоҷикон мезиянд ва мо ҳама ҳуқуқи талаби ин қисматашро дорем.
  Ин амал намоиши густохӣ ва қудрату зуроварӣ аст. Вагарна ба ин мантиқ Русистон ҳаққи талаби қаламрави ҳама кишварҳои собиқ шӯравӣ ва Инглистон ними ҷаҳонро дорад, зеро ин сарзаминҳо замоне таҳти тасарруфи онон қарор доштанд.
  Кишвари Русистон дар замони тақсим бо Инглистон буриши дарёи Панҷро марз мушаххас кард ва алъон ин хатро “марзи ҷанубии” хеш меҳисобад, дар рақобатҳои иқтидорӣ бо Чин ҳамкору ҳампаймон аст, бар ҳасби шароиту манофеъ қодир аст, “марзи ҷанубии” аз Панҷ то ба Хингоб дур андозад.
  PS: Таърихнигор Камолуддин Абдуллоев (муаллифи мақолаи “Соҳиби Помир кист?”) чунон эҳтиёткорона навишта, ки на дӯстро малоли хотир шаваду на душманро ғубори дил. Аз лаҳну оҳанги навишта эҳсос мешавад, ки Чин “мискин” порае аз даст додаву барои бозпас гирифтанаш ҳақ дорад.
Дар ҳошияи назари мақола боз санге ба ҷониби олими маруф Раҳим Мас – фарде, ки барои додани замин ба Чин эътироз карда буд, партофта шуда ва ӯ ба ин амалаш “эҳсосотӣ”-ю муаллифро бо “маълумоти поку беолоишаш” тавсиф кардаанд. 2020.

Ибрози назар кардан 0

Емайли Шумо мунташир нахоҳад шуд. * Ин аломати қайди зарурист