Толиб ва тоҷик
Охируламр, гурӯҳи сиёсии Толибон Афғонистонро гирифт. Дар воқеъ, толиб Афғонистонро биступанҷ сол пеш гирифта буд. Эътилофи ғарбӣ ҳукуматро аз дасташон гирифта, ба ҳошияашон ронда, ҳукумате дастнишонда таъсис дода, дар тӯли бист сол бозиҳои сиёсӣ ба роҳ андохта, хуни ҳазорҳо тани бегуноҳро рехта, маболиғи ҳангуфт оварда, нухбагони қудратии ин кишварҳо нафъи бузурге бурда, ҳатто дастнишондагонашонро ғанӣ гардониданд…
Толибро маҷоли ҳукумат сохтан надоданд, равандро бист сол бар ӯ мутаваққиф карданд, оқибатуламр сархаму сарсону шитобон тарки ин макон карданд. Толиб шурӯъи кор карда, баҳри умум шиорҳои умедворкунанда пароканда, дар дохил машвара ва бо қудратҳои замон ошкору ниҳон муоҳидаву музокира дорад…
Толибро алъон сохтани ҳукумат амри душвор афтад. Гурӯҳу сарвару роҳбар дар таркиб зиёду пуштибону абарқудратонро шарту иддао бошад. Кишвар паҳну ақвому мазоҳиби мухталиф дорад. Ҳама ақвому ақшор дар идораи давлат саҳм доштан мехоҳад. Арзишу манфиату ҳувияти мутафовит ба ҳам мувофиқ намеояд.
Ақвому ақшор аз дохил ва қудратҳо аз хориҷ ба толиб шарт мегузоранд. Тақозои эҳдоси давлати ҳамашумул бо риояту кафолати кулли ҳуқуқашон доранд. Толибон гурӯҳе бо ғояву барномаи ба хеш махсус ва баъзе аз иддаои ҳақталабон ба тарҳу нақшаашон таноқуз дорад. Хуллас, аз толиб тақозои сохтани давлате ба намунаи ғарбӣ (ҳамашумул, мардумсолорӣ) доранд…
Гурӯҳе дар шимоли кишвар алайҳи толиб бархостаанд, ҳокимият бо усули толибиро намепазиранд. Ҳар ду ҷониб ба арзишҳои исломӣ авлавият медиҳанд, вале ҳамдигарро ба миллигароӣ ва таассуби қавмӣ дар пӯшиши исломӣ маҳкум мекунанд.
Аз нерӯҳои муқовиматии шимол, ки аксаран тоҷиктаборанд, тоҷикони ин сӯи Ому дар шабака ва расонаҳои интернетӣ фаъолона бо ҷӯшу хурӯш пуштибонӣ доранд. Амри одист, ки дар нисбати таҳаввулу рухдоде омма дар шабакаҳои иҷтимоӣ ибрози назару эҳсос зоҳир менамояд ва асараш аз аккоси сагон аз паси корвон беш набошад.
Вале ин бор, ғайриинтизор, ҳизби расмие ба ҳимоят аз ҳуқуқи тоҷикон дар Афғонистон садо баланд кард. Албатта, ин шоистаи таҳсин аст!. Танҳо шунидани нидо аз хуфта аҷиб менамояд. Ин санг задан аз дурӣ ба бар аждари баидулмаконро монад…
Аҳзоб (ҳама дар назаранд) то ин дам чаро садо надоштанд?. Дар нисбати тоҷик дар ватани асилу марокизи фарҳангияш (Узбекистон) наслкушӣ анҷом дода, забонашро маҳдуд карда, рӯзномаву маҷаллаву макотибашро баста, теъдодашро аз аксарият ба ақаллият бурда, фарҳангашро ғасб карданд. Азҳоб, ки масъулият ба ҳимоят аз ҳуқуқи тоҷик дар ин кишвар доштанд, он замон дар куҷо буданд?.
Аз майзада то сағиру кабир ва ҳатто то вазир дар Русистон ба таҳқири тоҷик аз кучаву расона, ҳатто минбари давлат садо баланд карданд, тоҷикро ба симои “ҷамшудӣ” маъруфу садҳо тан аз миллатро куштаву ҳатто сар буриданд. Эътибори миллатро ба ҳадде поён оварданд, ки наслҳои дар он ҷо бузургшуда, аз тоҷик будан шарм медоранд…
Аҳзоб, ки ба дифоъ аз ҳуқуқи миллат масъуланд, забон фурӯ бурда буданд. Бар мо, ки солҳо дар он кишвар машаққати муҳоҷират кашидем ва аз таҳқири миллат солҳо азияти воқеии рӯҳиро ҳамл кардем, аламовар он буд, ки таҳқиргарону бадномсозони миллатро дар ватан бо нону намаку зебодухтарони атласпӯши гулбадаст мепазируфтанд. Эшонро ҳадди ақал, шаъну ҷасорат аз намояндагони азҳоби қирғиз омӯхтан мебоист, ки мақомдорони баландсимати русро ба кишварашон мамнӯъулвуруд карданд.
Гилаҳо бешумор…, аммо шумо, ки хешро мудофеи ҳаққи тоҷик мешуморед, бояд як масъалаи муҳимро аз масоил дар мадди назар дошта бошед, ки ҳазорҳо бо хонаводаҳо тарки кишвар карда, мо ҳазорон намояндаи миллат барои рафтан ба Русистон бо хонаводаҳо баҳри зиндагии доимӣ роҳу васила меҷӯем. Наслҳои ояндаи дар он кишвар бузургшуда тоҷик нахоҳанд буд ва ин як навъе аз нобудии миллат хоҳад буд.
Кишварҳои ҷаҳону атроф ва сиёсатмадорони олам дар муқобили толиб гуфтаву андешаҳои эҳтиёткорона доранд ва дар мо бархе изҳори омодагии рафтан ба ҷанг алайҳи толибро доранд. Мутмаинам, ки ин ҳама лофу газоф буда, онҳо ҷуръати инро надоранд ва хешро дар зери сояи Русия эмин ҳис мекунанд.
Дар гуфтору кирдор эҳтиёткор мебояд буд, толиб дар рӯ ба рӯи мо қарор дошта, чандин ҳамватанро дар сафу дар ин ҷониб тарафдор дорад. Мунтазир ба кӯмаку имдоди кас набояд шуд. Тоҷику толиб дар назари русу соири қудратмандон баробар ба ҳашараанд, ба хотири ду ҷанганда ба шаҳру русто бомбу оташ мерезанд… 2021.