Форсӣ ё тоҷикӣ
Мубоҳисот дар мавриди “тоҷикӣ” ё “форсӣ” будани забони Тоҷикистон муддатҳост дар миёни аҳли илму адаб ҷараён дорад ва он ба баҳси тӯлонию дилбазану бемаъние мубаддал гаштааст. Чанде баҳсу мунозирот дар атрофи забон зиёд мешавад, шиору даъво аз забондорӣ баландтар садо медиҳад, эътибори он дар ҷомеа бештар коста мегардад. Агар забон дар тамоми соҳот дар мавриди корбурди аҳли ҷомеа қарор нагирад, дараҷоти расмӣ қодир ба наҷоти он аз беэътиборӣ намебошанд.
“Тоҷикӣ” ё “форсӣ” будани забони Тоҷикистон дар мавриди баҳс ва ихтилофи назари аҳли илму адаби мо қарор гирифта, бархе онро “форсӣ” ва гурӯҳи мухолиф онро “тоҷикӣ”, забони мутафовит аз форсӣ медонанд. Ин забон аслан бо номи “порсӣ” маъмул буда, забони аксари мардуми иронитабор ва яке аз забонҳои мӯътабари ҷаҳони имрӯза шинохта мешавад. Форс номи вилояте дар Ғарби Ирони имрӯза буда, чунин қавму қабилаи махсусе бо номи “форс” мавҷуд набуда, шоҳон аз ин минтақа дар Ирон қудрат ёфтанд ва лаҳҷаи гуфтории хешро дар дарбор ба кор бурданд. Аҷнабиён, аз ҷумла таърихнигорони юнонию румӣ сарзамини таҳти идораи эшонро кишвари “Форс”, забонашонро “форсӣ” унвон карданд ва ин мардуму забонашон ба ин номҳо маъруф гаштанд. Забони форсии имрӯза ҳамон “порсии дарӣ (дарборӣ)” аст, ки дар Хуросон ташаккул ёфта, ҷойгузини дигар забонҳои иронӣ, портию бохтарӣ (балхӣ) гардид. Пас аз фатҳи Ирон арабҳо барои интишори дини ислом забони порсии дариро истифода бурданд. Барои навишти он хати арабиро истифода намуда, онро то ба Фарорӯд расонданд. Дар Фарорӯд он ҷойгузини забонҳои суғдию хоразмӣ гашта, дар аҳди Сомониён ба ҳайси забони давлатӣ такмилу вусъату шӯҳрат ёфт. Дар ин бора ба мақолаи “Назаре ба торихчаи забон” руҷӯъ шавад.
Вожаи “тоҷик”-ро барои мардуми иронитабори Фарорӯд ва “тоҷикӣ”-ро барои забонашон дар асри XX дар замони тақсимоти он ба давлатҳо барои наҷоти ин мардум аз адами вуҷуди миллату фарҳангашон унвон карданд. Аз он пеш он мардум хешро “тоҷик” ва забонашонро “тоҷикӣ” наномида буданд. Ҳамчунин, “форс” барои мардум ва “форсӣ” барои забони мардуми иронӣ истилоҳоти шартӣ мебошанд. Тоҷику форс дар асл ҳамон ирониянд ва ин ҳар ду ном унвони муштараке барои ҳардуянд. Аз ин рӯ, “тоҷикӣ” ҳамон форсӣ буда, баҳсе аз ин ду ба миён гузоштану оноро ду забон шумурдану ба ин исрор варзидан ҳамоқат аст.
Иддае аз қолаби сохтаи коммунистони шӯравӣ барои забони форсии Фарорӯд – тоҷикӣ то ҳол изҳори ризоят, қаноат ва ҳимоят намуда, ба шикасти ону ҳар гуна тамос бо ҳамзабонони берунӣ мамониат мекунанд. Ин идда соҳиби осоре буда, дар сурати пайвастан ба доираи умумифорсӣ осорашон арзиш ва худ обрӯ аз даст медиҳанд. “Ҳифз ва эҳёи забони Рӯдакӣ”-ро шиор намуда, забони имрӯзаи умумифорсиро барои тоҷикон “нофаҳм”, “мураккаб” “арабигашта” муаррифӣ мекунанд ва ин асбобро барои амалӣ кардани ағрози хеш истифода мекунанд.
Рӯдакӣ худ забоне наофарида буд. Ӯ ба забони расмӣ дар қатори шуарои бисёри давр асар офарид, бо ҳунару истеъдоди воло аз ҷумла бартар гардид ва ба мақоми шоҳи шоирон расид. Аммо Рӯдакӣ дар кадом давр буд? Дар асри X мелодӣ. Ҳазору чанд сол пеш. Пас аз ӯ бузургоне чун ӯ низ осори оламшумул аз худ боқӣ гузоштанд. Магар имкон дорад, ки гӯиши ҳазору чандсола пеши замони ӯро айнан ба кор бурд? Ё шеваи пасомадагонашро канор гузошт?. Замони Рӯдакӣ ибтидои такмили забону адаби форсӣ буд ва албатта, ибтидо аз сода оғоз гирифта, дар ҷараёни рушд ба мураккаб мерасад, ба шарте, ки ин раванд мутаваққиф нашавад. Забони форсӣ бо гузашту тақозои замон рушд намуда, такомул ёфт. Ин “мураккабӣ” дар назари мо менамояд. Мо аз доираи қолаби сохта берун нигариста, забони муфовитеро дидаем.
Забони форсии имрӯзаро аъроб барои таблиғ ва интишори ислом дар сарзаминҳои ирониён ба кор бурданд, барои навишти он аз хати арабӣ истифода карданд ва вожаю истилоҳоти арабӣ аз оғози ташаккули ин забон шомили он гаштаву дар рагу пайи он ҷой гирифтанд. Ба туфайли корбурд ба ин ҳадаф ин шева забони аксари мардуми иронитабор ва забони муоширати байни ақвому миллал дар Шарқ гардид. Ин забон ифодагари фарҳанги исломӣ дар заминаи ду фарҳанг, форсию арабӣ ташаккул ёфта, удабо ва уламои бузург онро дар тӯли беш аз ҳазор сол такмил додаанд. Аз ин рӯ, тасфияи ин забон аз вожаҳои арабӣ ҳарфе чаранд ва ақидаи гаранг аст.
Имрӯз дар мо тоифае ба истилоҳ “аҳли зиё” (ба назари банда дар бораи “зиёӣ” ба мақолаи “Зиёӣ кист ва рисолати ӯ чист” руҷӯъ шавад) шиква аз душворфаҳмию истифодаи вожаҳои арабӣ доранд. Ин далели он аст, ки онҳо назаре ба осори илмию адабии назмӣ ва насрии класики мо накардаву ҳатто даст ҳам нарасондаанд. Магар асарҳои илмию адабии гузаштагон ба “забони Рӯдакӣ” ё “забони Айнӣ” навишта шудаанд? Дар воқеъ, ин баҳонае буда, онҳо бар қолаби сохтаи мустаъмирон иктифо карда, дар доираи он парварда ва хӯгирифта буда, бештар ба забону фарҳанги русӣ моиланд. Вагарна барои омӯхтани чанд вожаю забони падару ниёгонашон чӣ ишколе доранд? Мушкил он аст, ки онҳо ҳувият бохтаанд ва ба он тамоюл надошта, он ба онон аҷибу ғариб ба назар мерасад.
Дунё дар ҳоли пешрафт аст ва забон низ бояд мутобиқ ба рушди он пешрафт кунад. Агар забон бо тараққиёти замон ҳамгом набошад, аз он пас монад, аз назари эътибор афтад ва забони ғайр ҷойгузини он гардад. Ин аст, ки дар замони пешрафт ва навовариҳои фаннӣ забони моро дар кишвари мо эътибораш коста аст. Ҳамчун забони расмӣ дар маҷолису барои маърӯзахониҳо истифода шуда, аз қидмату азамату шаҳомати он садову нидоҳо ба осмонҳо мерасад, дар воқеъ бе донистани забони русӣ дар кишвари мо ба ҷойгоҳе натавон расид. Зимомдорон аз ҷумлаи ин мунодиёнанд, ки дар минбарҳо тамҷиди забону фарҳанги миллӣ намудаву хешро ҳомиёни он мехонанд. Вале, дар воқеъ ин ҳама сухун барои маҷлисороӣ буда, бештар ғами забону фарҳанги русиро мехӯранд. Ин идда русиро бад медонанд, вагарна дар маҷолиси хеш ҳам ба русӣ сухан мекарданд. Фарзандони хешро дар хориҷ таълим додаанд ва ҳамчун ҷойгузинони онҳо шояд дар оянда маҷолиси хешро барои зуҳури “бофарҳангию” “пешрафтагӣ” ба забонҳои мӯътабар гузаронанд.
Иддаи фавқуззикр ҳомиёни қолаби сохтаи мустаъмирон (дар ин бора ба мақолаи “Назаре ба торихчаи забон” шавад) буда, барои ҳифзи манофеи худ зарбаи муҳлике бар миллат мезананд. Бо мамониат аз пайвастани тоҷикон ба доираи умумифорсӣ дар замони пешрафти илму фан форсии Тоҷикистон боз ба дараҷаи дар замони шӯравӣ доштааш хоҳад расид. Зеро ниёз ба истифодаи васоили фаннӣ ва дастовардҳои илмӣ зарурати таваҷҷӯҳ ба забони онро пеш меорад. Тавре ки мебинем, имрӯз таваҷҷӯҳи мардум ба забонҳои хориҷӣ зиёд гаштааст ва албатта, тақозои замон аст. Агар ҳол аз ин пеш ҳамин бошад, дар оянда забони мо танҳо барои сурудхонии тифлон дар кӯдакистонҳо лозим хоҳад шуд.
Роҳи наҷот ва нигаҳ доштани забону фарҳанги миллӣ ин пайвастан ба доираи умумифорсӣ мебошад, ки он дар кишварҳои форсизабон ҳоло ба ҳайси забони адабу илму фан дар мавриди истифода қарор дорад. Яке аз асбобе, ки дар сари роҳи ин қарор гирифтааст, исломҳаросии секулорҳо мебошад. Онҳо мепиндоранд, ки дар ҳоли барқарор гаштани равобити фарҳангӣ мардуми мо исломгаро мешаванд. Вале инро бояд донист, ки мафоҳими “Ҷумҳурии Исломии Ирон” ва “Давлати Исломии Афғонистон” ва “забону фарҳанги форсӣ” аз ҳам мутафовитанд. Низоми рӯҳонияти иронӣ коре камтар ба забону фарҳанг дошта, дар талоши амалисозии аҳдофи мазҳабии хеш мебошад. Низоми давлати исломӣ низ дар Афғонистон дар бештари маворид дар нисбати забону фарҳанги форсӣ изҳори кину адоват мекунад. Аҳли илму адабу фарҳанги форсӣ теъдоди зиёди уламо удабо ва намояндагони соири касбу пешаҳо дар Ирон, Афғонистону дигар манотиқи олам бо назару эътиқодоти гуногун мебошанд. Ҳамин сабаб аст, ки омӯзиши алифбои ниёгонро дар макотиб маҳдуд намуданд.
Форсӣ дар қаламрави васеъ ва дар ҳар минтақа ба шеваи хос густариш ёфтааст. Лаҳҷаи теҳронӣ ба гӯиши расмии кишвари Ирон табдил ёфта, дигарон ҳам форсиро ба ин лаҳҷа меомӯзанд. Аксар ва дар мо низ бархе ин лаҳҷаро “забони меъёр” барои форсӣ мешуморанд. Гӯиши меъёр барои форсӣ шеваест, ки аҳли адабу фарҳанги форсӣ дар тӯли ҳазор сол аз он истифода карда, онро ба яке аз забонҳои класики олам табдил додаанд. Пас меъёр барои умумифорсӣ забони адабии форсӣ буда, тамоми форсизабонон бояд онро ба кор баранд.
Бархе аз вуруди вожаҳои бегона эътироз ва тақозои полоиши забонро менамоянд. Барои вожаҳои наввуруди ғайр, ки албатта, пазиришашон аз рӯи зарурат аст, қабл аз ҳама бояд баробарвожаҳояшонро ҷуст, дар сурати набуд онҳоро мутобиқ ба қавоиди забонӣ пазируфт. Забонҳои мӯътабари олам ғановати луғавии хешро аз ҳисоби вожаҳои забонҳои дигар таъмин намудаанд. Масалан, забони оламгиру ғании инглисӣ бар зами ахзи теъдоди ниҳоят зиёди вожаҳо аз забонҳои аврупоӣ, аз забонҳои халқу қавмиятҳои зериистеъмории осиёияш низ хеле вожаҳоеро пазируфтаанд, ки дар инглисӣ мустаъмаланд. Имрӯз дар мо ба тақлид аз форсизабонони Ирон вожаҳои ғайрро дар қолаби лаҳҷаи теҳронӣ мепазиранд, ки мутобиқ ба меъёри забони форсӣ – забонӣ адабӣ нест (масалан, родию, телевизиюн, кумиссиюн, пулис – тибқи меъёри забони адабӣ – родиё, телевизион, комиссион, полис). Инчунин, дигар амри ниҳоятан зарурӣ ин барҳам додани тамоми қавоид ва қолабҳои сохта мутобиқи забони русӣ барои забони мо мебошад.
Хулоса, дар миёни мардуми тоҷики дохилу хориҷ садд гузоштан, роҳҳои равобити фарҳангии эшонро бастан, монеи тамосашон бо форсизабонон шудан, алифбои миллӣ – пайванде ба гузашта ва имрӯзаи фарҳанги миллиро барҳам додан дар инзивои фарҳангӣ қарор додани миллат аст. Ин амалро мустаъмирин пеш анҷом дода буданд. Онҳо бо истифода аз афзори қатлу маҳв мардуми тоҷикро аз аслаш дур андохтанд. Аммо ҳоло лузум ба истифодаи он афзор набуда, дар шароити имрӯза фарҳангҳои хурду заиф ҳамчу моҳӣ худ ба коми бузурги кушодаи наҳанг ба фано мераванд. Барои касе ба хотири зиндагии рифоҳ ва андӯхти сарват осон аст, ҳар фарҳангу зеҳниятеро пазирад, вале пазириши он барои зуррияи асили миллат ғайри қобили қабул ва таҳаммул аст. 2017.