Шом дар коми оташ аст
Дар гузашта шеваи ғасбу истило ба гунаи дигар буд. Давлатҳои муқтадир амдану мустақиман ба мамолики ғайр метохтанд, сарваташонро тасарруф ва мардумашонро ба ҳайси барда дар хидмати хеш қарор медоданд.
Аслан, қитъаи Авруосиёи сайёра қитъаоти дигарро ба таҳрик меандохт ва имрӯз ҳам зарбу такон аз ин минтақа мехӯранд. Истилогариҳои шарқию ғарбӣ дар гузашта вижагиҳои хешро доштанд. Зимоми идораи Машриқро тавоифи муғултабор беш аз ҳазор сол маҳкам дар даст доштанд, ки аз биёбонҳои баъид аз тамаддун омада буданд ва ба фаҳму биниши саҳроӣ ҳукм меронданд. Мардуми Машриқзамин эътиқодро бар қавмияту миллият тарҷеҳ медоданд, онҳо барои идораи мардуми ин ҷо расман динашонро пазируфтанд ва табақаеро аз рӯҳониёни зоҳиран диндору ботинан ҷоҳу дунёпараст ба хидмат гирифтанд, ки барои бақо ва давоми ҳукуматашон чеҳраи динӣ месохтанд. Онҳо фарҳангу ҳувияти миллӣ, эътиқоду шууру фаросати одамӣ надоштанд ва ба қавли маъруф “ҳар он чиро, ки хӯрдану нӯшидан намешуд, мешикастанду месӯхтанд”. Сулолае дар ҷое мустақар мегашт, дигар шаҳру манотиқро зеру забар намуда, мардумро қатли ом карда, шаҳре месохтанд. Аммо сулолаи дигар онро тахриб менамуд ва дар ҷои дигаре кӯшку маскан месохт. Ҳамин тариқ, сулола паи сулола бадал мегашт ва дар сар танҳо мафкураи забту қатлу ғорат ва зуран ҳукумат ронданро мепарвариданд, ки сиёсати бо тозиёна, бо ҷаҳолати ғаризии эшон оқибати мудҳише барои Машриқ ба бор овард.
Аммо бар хилофи Машриқ дар Мағриб ақвому қабоил дар масокини хеш давлатҳои худӣ сохта, аз ғасбу ғорат ҳифзашон намуданд ва сиёсаташонро дар асоси ғояи миллӣ ба роҳ андохта, давлату миллат сохтанд. Давлатҳои ғарбӣ дар зери ливои динӣ муттаҳид буданд, аммо ҳамеша миллиятро бар эътиқод тарҷеҳ медоданд. Барои касби нуфузу қудрату сарват ба рақобат бархостанд ва бо ҳам муқовимат намуданд. Минбаъд тақозои нафс дували аврупоиро ба фикри тасхири қитъаҳои дигари олам андохт ва бо ҳирси тамом ба Амрикову Африқо, Осиёву Австролиё тохта, яхистонҳои Анторктидоро ҳам забту тасхир намуданд. Ин одамсуратони ваҳшисиришт ба ҳадде ҳорис буданд ва нафси ғализе доштанд, ки мардуми таҳҷоии Австролиё ва Амрикои Шимолиро, ду қитъаи бутуни оламро ба ҳадде маҳву нобуд сохтанд, ки имрӯз онҳоро метавон бо ангушт шумурд. Инчунин, таърих аз нобуд сохтани қисмати бештари аҳолии муқимии Амрикоӣ Ҷанубӣ, қавму қабоил ва соири бераҳмию ҷиноёти мудҳиши эшон дар Африқову Осиё гувоҳ аст. Мардумро қатл сарвату неъматашонро ба кишварҳои хеш кашонданд ва албатта, он шукӯҳу шаҳомоте, ки имрӯз дар Ландану Порису Мадриду Руму Маскову ғайра таҷаллӣ дорад, бо баҳои хуни миллионҳо нафар аз насли башар ба даст омадааст.
Баъди ғасбу ғорати ин қитъаҳо чашми ҳасад ба Осиё дӯхтанд. Аммо дар фарқият аз ин қитъаот бархурди мустақим бо Машриқ амри саҳлу сода набуд, зеро машриқиён бо вуҷуди пасмондагии иқтисодӣ шадидан пойбанд бар эътиқод буданд, хешро миллати воҳид ва мутеияту фармонбарии бегонаро ғайримумкин мешумурданд. Аврупоиён замоне ба Машриқ лашкар кашида буданд ва аз тобу тавону ҷасорату матонату ғуруру номуси машриқиён бохабар буданд. Ба муқовимати сахт мувоҷеҳ гашанду билохира аз Машриқ ронда шуданд. Дар аҳди нав барои расидан ба ҳадаф роҳи макру дағоро пеш гирифта, ғояи миллигароиро дар Машриқ талқин дода, дар миёни миллали он ихитилофу тафриқа андохта, бидуни суҳулат ба мустамликаи хеш табдил доданд.
Шарқ замони сангини истеъморро паси сар гузошт ва дар дунё назму тартиб барқарор намуда, дували оламро муваззаф ба амалкард дар доираи он низом намуданд. Аммо ҷӯъи фитрии ғарбиён оташи иштиҳояшонро меафрӯхт ва барои ғасбу ғорат дар замони нав роҳ, чора ва усулу воситаи нав меҷустанд. Дар натиҷа ноил ба эҷоди усули “Тафриқа андозу ҳукумат намо” гаштанд. Дар ибтидо омили миллиро ба кор бурданд. Дар кишварҳо дар байни миллалу ақвом тухми низоъ кошта, онҳо ба ҳам даргир мешуданд ва ин ғоратгарон ба ваҷҳу асоси худсохтае вориди кишварҳо шуда, бо истифода аз ғафлату саргармии аҳли онҳо сарватҳояшонро берун мекашиданд. Бар зами ин “манотиқи ҳамешадаргир”-ро созмон доданд, ки ҳузури доимии эшонро дар он манотиқ таъмин мекард. Вале омили миллӣ тадриҷан камасар гашт ва барои даст ёфтан ба аҳдофашон чораи дигаре ҷустан ва ба омили динию мазҳабӣ даст заданд, ки оқибати мудҳишу фоҷиаборе барои Шарқ ва ҳатто Ғарб дар пай овард.
Имрӯз дар асри бистуяк ҳам ҳамон шеваи кӯҳани ғасбу истило ба ваҷҳу пӯшиши нав барҷост ва кишварҳои абарқудрати замон барои қисмат намудани ҷаҳон ба ҳам дар талошанд. Ин кишварҳо бо ваҳшонияти фитрӣ, иштиҳои аждарӣ, аъмоли ғайриинсонӣ барои ҳифзи манофеи миллии касиф ва мавқеи геополитикии хеш аз ҳар восита истифода мебаранд. Ҳозир колои арзандаи замон нафт аст ва таваҷҷӯҳи абарқудратон бештар ба кишварҳои соҳиби он аст. Барои ахз ва истифодаи он ин кишварҳоро ба коми оташ кашида, мардумашонро ба хоку хун оғушта намуданд, ки Ироқу Либиё, Сурия ва ғайра амсоли онанд.
Мутаассифона, имрӯз Сурия майдони гарми бархурди абарқудратон гаштааст. Сурияе, ки чандин тамаддуни башариро дар тӯли ҳазорсолаҳо пушти сар намудаву замоне пойгоҳу такягоҳи муслимин буду аз ҳайбати қудраташ олам меларзид. Замоне шавкату қудраташ ба ҳадде буд, ки дар муқобили ҳамаи давлатҳои муқтадири аврупоӣ истода, сарзаминҳои муслиминро ҳимоят менамуд. Аммо ҳамаи ин ҳамчун хотироти гуворое аз гузашта дар зеҳнҳо мондаву имрӯз ҳар соҳибдиле баҳри ин сарзамин хун мегиряд.
Абарқудратони манфиатхоҳ бо харҷи ҳазинаҳои бузург марокизи тадқиқотӣ созмон дода, пажӯҳишгаронашон шаборӯз дар ҷустуҷӯи роҳу усул барои расидан ба омолашон мебошанд. Барои вуруд ба кишваре ҳиялу равишҳои мухтараъи хешро доранд.
Яке аз бадбахтиҳои бузурги Машриқзамин ҳукамои худкомаи маврусӣ аз аҳди пеш мебошанд, ки абарқудратони манфиатхоҳи нафспараст онҳоро барои вуруди хеш ба кишварҳо баҳона мекунанд. Албатта, худкомагӣ ва тобеи нафсу нафъи хеш намудани як кишвар аз ҷониби касе мӯҷиби норизоӣ ва эътирози гурӯҳ ё гурӯҳҳое дар ҷомеаи он мегардад. Масалан, Ироқ дар аҳди Саддом Ҳусайн иқтисодиёти мӯътадил дошта, мардум дар оромиш мезистанд. Худкомагии Ҳусайн боис шуд, ки аждарони ғарбӣ бо баҳонаи наҷоти мардуми Ироқ аз чанги диктотур, барқарор намудани демукросӣ дар Ироқ ва ғайра ин сарзамини бостониро ба дӯзахи рӯизаминӣ табдил доданд ва солҳост, ки мардуми ин кишвар ба ҳам даргиранду аждаҳонафсон шаборӯз сарваташро мекашанд. Либиё дар қатори кишварҳои некӯҳоли олам қарор дошт, аммо ҳокими он Муаммар Қаззофӣ намунаи ишрату ҳашамати як султони қурунивасатиро дар замони ҳозир нишон дод ва оқибат ғуруру ғулуваш ҳаёти ӯву ақрабояшро барбоду кишварашро ба коми оташи аждарон дод. Оқибати кори мустабиди Миср Ҳуснӣ Муборак низ ба хору шармсории ӯву харҷумарҷ дар кишвар анҷомид.
Аммо дар тафовут аз ашхоси мазкур сарнавишти мустабиди суриёнӣ Башшор Асад, ки ҳукуматро аз падар ба мерос бурдааст, оқибати сангинтару мудҳиштареро барои кишвари ӯ ва минтақа дар пай овард. Сурия яке аз кишварони соҳибнафт аст ва манфиатҷӯён бо истифода аз мӯътаризони истибдоди бистучандсолаи Асад хостанд ӯро сарнагун созанд ва кишварро таҳти таъсиру истифодаи хеш қарор диҳанд. Мухолифони Асад дар ин роҳ муваффақ нашуданд ва нафъхоҳон равиши муассиртареро ҷустанд. Самараи ҳамаи ин талошҳо созмони гурӯҳи мазҳабие буд, ки дар замони кӯтоҳе муваффақ шуд ва изтиробе дар олам фиканд. Ин гурӯҳ дар муддати кӯтоҳ бештаре аз қисматҳои Ироқу Сурияро тасхир намуда, худро бо номи “ДОИШ” (Давлати Исломии Ироқу Шом) муаррифӣ намуд ва то акнофи Димишқ расид, Асад лоҷарам аз Ирон имдоду пуштбонӣ пурсид. Ирон ба миқёси шарқӣ дар минтақа кишвари абарқудрат маҳсуб мешавад ва барои густурдани нуфузаш дар Шарқ ҳар роҳу воситаеро ба кор мебарад. Аз ин рӯ “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон, ки худ муттакои он аст ва афвоҷе аз Сипоҳи посдоронро ба Сурия дохил намуд, ки роҳи пешрафти “ДОИШ”-ро гирифтанд. Дар натиҷа алангаи оташи низои мазҳабӣ ба ҳадди иртифояш расида, ҷони ҳазорон мусулмони ҳақирру нотавонро даррабуд.
Русия аз кишварҳои муқтадирест, ки қисмати бузурге аз ҷаҳонро фаро гирифта, дар талоши тасхири сарзаминҳову ҷустори манфиатҳо бо соири абарқудратон дар ҳоли рақобат аст. Рақибонаш бо истифода аз ғафлату заъфи иқтисодияш дар кишварҳои ҳамҳудуду таҳти таъсираш нуфуз намуданд ва ӯ барои ҳифзи манофеъи хеш иқдоми сахту қатъӣ гирифт. Ҳокими ин кишвар Путин, ки анқариби ба бист сол аст, ки дар раъси он аст, бо сиёсати сахту тунди хеш маъруф аст. Путин “ДОИШ”-ро ҳамчун афзор дар дасти рақибон барои расидан ба аҳдоф ва таҳдид ба бехатарии кишвараш дониста, барои “ҳифзи манофеъ”, “пешгирӣ аз хатар” бо тавофуқи Асад вориди ҳангомаи Сурия гашт.
Муассисони ДОИШ маҳбусони собиқи маҳкум ба терроргарӣ дар ИМА буданд ва ин гурӯҳ бо тазоҳури ваҳшоният аз ҷониби мамолики олам маҳкум ба созмони терроргарӣ шуд. Ҳамаи кишварҳои муҳиташ эълони қатъи робита бо он намуданд, ДОИШ низ ҳукомашонро мустабид ва алайҳашон ҷиҳодро воҷиб хонд. Аммо чанд нуктаи аҷиб ин ҷост, ки чӣ тавр чанд нафар беимдоди касе дар мудддати андак як гурӯҳи пурқудрате созмон диҳанд, ки қисмати зиёде аз қаламрави кишварҳои ба андозае соҳибқудратро ғасб кунад? Аз куҷову аз кӣ васоил ва лавозимоти ҷангии ҳозирзамонро дастрас мекунад? Аз куҷо маблағи ҳангуфте барои таъсиси он ба даст оварданд? Захоири нафтӣ ва дигар манобеи даромади мусаххарнамудаашро ба кӣ мефурушад? Вуруду хуруҷи ҷангиёнашро кӣ тавассути қаламрави хеш таъмин мекунад? Амрикову ёронаш барои нобудсозияш пайваста зарбаҳои ҳавоияш мезананд, аммо бо вуҷуди ин чаро бештар пешрафт мекунад?. Бархе аз муҳаққиқон ба он назаранд, ки “ДОИШ” созмони аз итоати тарҳрезонаш баромада аст. Аммо суоолоти мазбур ва зиёди дигаре дар робита ба мухторияти ин гурӯҳ касро ба назари шубҳа нигаристан водошт менамоянд.
Аждарони бузурги ғарбӣ дар созмони ҳарбии “NATO” муттаҳид гаштаанд ва бо баҳонаи “тавсеаи демокрасӣ” дар Машриқ кишварҳоро паи ҳам ба коми оташ дода, сарватҳояшонро тақсим намуда, нафъ мебаранд. Имрӯз яке аз нуқоти бархурди абарқудратони манфиатхоҳ Шому Ироқ гаштаанд ва ин даррандагони ҳорис мардуми мазлуми ин ҷоро қурбонии нафси бади хеш гардонидаанд. Доишиён дар манотиқи ишғолияшон дар нисбати дигарандешон, хусусан шииёни мухолифашон ваҳшоният зоҳир мекунанд ва артишҳои давлатии сурию ироқӣ бо ҳамдастии ҳизбуллоҳиёну сипоҳиёни посдори иронӣ ин аъмолро дар нисбати сунниён анҷом медиҳанд. Ҳукуматҳо ба манотиқи аздастрафта, Амрикову ёронаш ба хотири шикасти мавоқеи доишиён ба шаҳру мавозеи аҳолинишин бо ҳавопаймоҳои ҷангӣ бомб мерезанд. Ахиран Русия, ки дар бераҳмию ваҳшоният собиқа дорад, вориди ин сарзамин гашта, аз зарби бомбу гулӯлаҳояш Машриқ ба ларзиш омад. Давлатмардони ин кишвар, хусусан сарвараш пуррӯёна бо ғурур ифтихор аз комёбиҳои ҷангию маҳороти лашкариву банишонрасии бомбу гулӯлаҳояш мекунад, гӯё бомбу гулӯлаҳои харобиовари “оқилаш” доишию мухолифу мардуми осоиштаро аз ҳам фарқ карда, танҳо доишиёнро мекушанд.
Имрӯз сарзамини Шом бо шаҳру рустояш майдони амалиёти ҳарбӣ ва мардуми мазлуми ин ҷо қурбони нафси касифи аждарон гаштааст. Аждарони мудҳиш фақат андешаи задану даррондану ба чанг оварданро дар сар доранд ва ҳиссиёти инсонӣ надоранд. Аммо фарзанди одамӣ ҳатто таҳаммули дидани тасовиру наворҳои манозири он ҷоро надорад. Чандест шаҳри Ҳалаб, ёдгоре аз таъриху тамаддуни кӯҳан, майдони ҳарбу зарб аст. Чуноне ки расонаҳои мустақили мӯътабари ҷаҳонӣ аз он ҷо намоиш медиҳанд, пайу хабаре аз доишию размандаи ғайре нест, вале рӯзе чандин маротиб аз болои шаҳр бомб мерезанд. Албатта, ҳар аблаҳе ҳам медонад, ки разманда соҳиби маҳороти ҷангист ва аз бомборд худро дар нақбу зерзаминҳо, хусусан дар шаҳр эмин медорад. Вале баъди ҳар зарбе мардум метозанд, аз зери биноҳои ба замин рехта ҷасадҳо, баданҳои маҷрӯҳи зану марду тифлони ба хун олударо бадар меоранд. Нолаҳои ҷонкоҳ, доду афғон, тифлони ҳаросон, зану мардони гирён, бӯи бади мурдаҳои одамӣ аз атроф ба машом, шаҳри ба хок яксон…
Яқинан, мардуми машриқӣ барои манфиатхоҳони касифи ғарбӣ беш аз ҳашарот арзиш надоранд, ваҳшонияту бераҳмии эшон дар нисбати ин мардум касеро дар тааҷҷуб намеорад, аммо мӯҷиби шигифт кору кирдори Асад аст, ки даррандагонро ҷамъ овардаву бо онҳо кишвари хешро тахриб мекунад, мардумашро куштаву сарсону овораи олам мекунад. Дар тасаввури инсони солим ин намеғунҷад, ки як касе як кишвареро бо ҷамъияти азимаш қурбонии ҳирсу ҷоҳу ҷалоли хеш кунад. Маҳз чунин аждаҳонафсони ҷоҳу дунёпарасти бенанги худфурӯхта хешро бозичаи дасти абрқудратони манфиатхоҳи ғарбӣ гардонида, кишварҳои Машриқзаминро дучори бадбахтиҳо гардонидаанд…
Агар дар Аврупо аҳадеро бикушанд, валвала дар олам меандозанд, ҳайвон ё ҳашараеро низ бикушанд, ҳомиёни муҳити зист зуд садо баланд мекунанд. Аммо ҳар рӯзу ҳафтаву моҳу солҳо ба куштани даҳҳову садҳову ҳазорон одам дар Машриқ касе парвою эътино надорад.
Бо ҳазорон таассуф то замоне, ки худкомаҳои ҷоҳу молдӯсти шарқӣ, нафъхоҳу хоин, оину миллату меҳанфурӯшон мавҷуданд, кишварҳои шарқӣ паи ҳам ба коми оташ мераванд, шаҳру рустоҳо хароб, хиёбону биёбон пур аз мурдаҳо, фиғони зану мардон, гиряи тифлон, аз даст додани волидон, фарзанду хешовандон, дар оташ сӯхтанҳо, дар зери девор ҷон доданҳо, мурдан аз зарби мавҷи туфонҳо, ба қаъри баҳр рафтанҳо, тӯъмаи лошахуру наҳангон гаштанҳо… идома хоҳад дошт. Мо бандагони ҳақири Худо чорае ҷуз аз ғам сӯхтан надорем ва танҳо коре метавонем барояшон анҷом диҳем, даст ба сӯи осмон бардошта, барояшон аз Худованд илтиҷои имдоду наҷот мекунем…!. 2016.