Ғайбат
Ғайбат дигаре аз аъмоли манфӣ, дар назар хурду дар асар бузург аст. Амре саҳлу назарногир, вале натиҷааш пуршару музир аст. Як ё ду сухани нохушоянде дар бораи касу касоне иллати гусастани робитаҳо, падид омадани нафрату бадбиниҳо, тазоду муноқишаҳо дар миёни мардумон ва дар умум сабаби эҷоди фисқу бадхулқиҳо дар ҷомеъа мешавад.
Ғайбат дар қатори гуноҳони сангин, яъне кабира қарор дошта, амали бадест, ки ҳатто Худованди мутаъол онро ба кори мутанаффире ташбеҳ кардааст: “Якдигарро ғайбат накунед, оё дӯст медорад касе аз шумо, ки гӯшти бародарашро, ки мурда бошад, бихӯрад? Бегумон аз ин кор нафрат доред ва аз Худо битарсед, ҳамоно Худованд тавбапазири меҳрубон аст” (Ҳуҷурот 12).
Ғайбат – ин дар ғоиб бадгӯӣ, ё ёдоварӣ аз касе бо бадӣ мебошад. Паямбари Худо (салаллоҳу алайҳи вассалам) ташреҳ карда, ки ҳар он чизе дар бораи шахсе дар сурати ҳозир набуданаш гуфта мешавад, ки шунидани он барояш нохушоянд аст, ғайбат маҳсуб мешавад. Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармуд:
“Оё медонед, ки ғайбат чист?”.
Гуфтанд: – Аллоҳ ва Расулаш донотаранд.
Фармуд: – “Бародаратро ба он чи ки аз он хушаш намеояд, ёдовар шавӣ”.
Гуфт: – Чун он чӣ мегӯям дар бародарам бошад, чӣ?
Фармуд: – “Агар он чи мегӯӣ дар вай бошад, ғайбаташ кардаӣ, агар набошад, ба вай бӯҳтон бастаӣ”. (Муслим, 2589).
Пас мусалмон аз ҳарфу сухане дар нисбати касе, ки ӯ бо шунидани он нороҳату озурда шавад, бояд парҳезад, зеро ин ғайбат кардан буда, он шомили гуноҳони кабира аст, ки барои анҷодиҳанда пайомади бад дошта, сабаби итобу азобаш дар охират мегардад. Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармуд: “Чун ба меъроҷ бурда шудам, аз канори мардуме гузаштам, ки нохунҳои мисин доштанд ва ба онҳо рӯйҳо ва синаҳояшонро мехаршиданд. Гуфтам: Эй Ҷабраил, инҳо киёнанд? Фармуд: Инон касонеанд, ки гӯштҳои мардумро мехӯранд ва обрӯяшонро мерезанд” (Абудовуд).
Гӯштимардумхӯрандагон киноя аз ғайбатгарон аст, ки Худованд онҳоро ба он ташбеҳ карда ва бо адои ин амал мардумро меозоранд, хашму ғазабу кинаашонро мебарангезонанд, айбу афъолашонро ифшо месозанд, ки он мӯҷиби костани шаъну обрӯяшон дар ҷомеа мешавад. Ин кор хилофи дастуроти исломӣ буда, адои он бар мусалмон ҳаром аст. Абуҳурайра (салаллоҳу алайҳи вассалам) ривоят кардааст, ки Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармуд: “Ҳама чизи мусалмон ба мусалмон ҳаром аст: хунаш, обрӯяш ва молаш”. (Муслим 2564). Ташвиқи он Ҳазарат (салаллоҳу алайҳи вассалам) баръакси ин аст, мефармояд: “Он кӣ аз обрӯи бародараш дифоъ кунад, Худованд дар рӯзи қиёмат оташро аз рӯяш мегардонад” (Тирмизӣ ба ривояти Абудардоъ).
Ғайбат бар мусалмон ҳаром ва ҳифзи забонаш аз гуноҳон воҷиб аст. Ғайбат аз зумраи гуноҳони кабира аст, ки дар номаи аъмоли банда сабт шуда, дар рӯзи қиёмат сабаби муҳосиба ва ба ҷаҳаннам ворид шудани банда мешавад. Бандаро мебояд аз ғайбат дурӣ кунад, он чиро, ки дар миёни ду фукаш қарор дорад, яъне забонро аз ғайбат ва соири аъмоли мамнӯъшуда боз дорад. Аз Саҳл бини Саъд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармуд: “Он кӣ миёни риш (даҳон) ва миёни ду пояшро (фарҷ) бароям замонат кунад, ман биҳиштро барои ӯ замонат мекунам” (Бухорӣ 6474). Имом Тирмизӣ ин ҳадисро ба ривояти Абуҳурайра ба ин зайл овардааст, ки Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармуд: “Он киро Худованд аз шарри миёни ришу (даҳон) ду пояш (шармгоҳ) ҳифз намуд, ба биҳишт дохил мешавад”.
Мусалмон ҳар ҳарферо дар бораи инсоне шунавад, бидуни далел ва огоҳӣ аз сиҳати он набояд пазирад. Ҳар сухани бадеро, ки ба дигарон нисбат дода мешавад, бояд эътимод накунад, шояд он дурӯғу бӯҳтоне бошад. Беҳтар он аст, ки дар маҷлиси ғайбат нанишинад. Чуноне Худованд фармуда: “Чун сухани беҳударо шунаванд, аз он эъроз (рӯйгардонӣ, мухолифат) кунанд” (Қасас 55). Агар аз ғайбат боз надорад ва ё тарки он маҳфил накунад, дар гуноҳ шарик бошад. Тарки чунин нишаст бар мусалмон воҷиб аст.
Инсонро дар тӯли умр ҳамеша ду фаришта ҳамроҳ аст, яке аз ҷониби росту дигаре аз самти чап амалҳои хубу бадашро китобат мекунанд. “Ва ба ростӣ мо инсонро офаридем ва васвасаҳои нафси ӯро медонем ва мо аз раги гардан ба ӯ наздиктарем, он гоҳ, ки он ду фариштае нишаста дар росту чапи (одамӣ, некиҳову бадиҳояшро) дарёфт мекунанд (менависанд). (Инсон) ҳеҷ сухане ба забон намеоварад, магар он ки наздаш нигаҳбоне (барои навиштани он) ҳузур дорад” (Қоф 16-18). Пас мусалмон бояд аз ин барҳазар бошад ва аъзои ҷисмро аз гуноҳ нигоҳ дорад, зеро аз ин ҳар як дар охират муҳосиба (ҳисобу китоб) хоҳад шуд. “Марав пас ба он чӣ ки илм надорӣ, ҳар оина аз ҳар яке аз чашму гӯшу дил пурсида хоҳед шуд” (Исро 36).
Мусалмонро мебояд дар адои амал боҳуш бошад, забонро аз дурӯғгӯӣ, суханчинӣ, ғайбат ва гуфторе, ки бандаро аз Худо дур мекунад, ё сазовори азоб мегардонад, бояд парҳезад. Лағзиши забон аъмоли некро табоҳ мекунад. Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят мекунад, ки шунидам Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармуд: “Ҳар оина бандае, ки калимаеро ба забон меоварад, ки дар мавриди он намеандешад, ба сабаби он ба фосилаи машриқу мағриб ба дӯзах мелағжад” (Бухорӣ 6477; Муслим 2977). Аз рӯи бетаваҷҷӯҳӣ ба қавли маъруф забони сурх сари сабз бар бод медиҳад. Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармуд: “Ҳар оина банда калимаеро аз ризои Худованд ба забон меорад, ки ба он эҳтимом (ҷаҳду талошу кӯшиш) намеварзад, Худованд вайро ба он калима ба мартабаҳои баланд мебарад ва ҳар оина банда калимаеро аз қаҳри Худованд ба забон меоварад, ки ба он аҳамият намедиҳад ва бад он ба дӯзах фурӯ меафтад” (Саҳиҳи Бухорӣ 6478 ва ба ҳамин маънӣ дар Равоҳи Молик ва Тирмизӣ омадааст ).
Инсон аз рӯи беэътиноӣ ва бетаваҷҷӯҳӣ сухане мегӯяд, ки ин сухан сабаби хашми Парвардигор шуда, ӯро ба сӯи дӯзах мекашад. Аз ин ҷиҳат мусалмон бояд мутаваҷҷеҳи забонаш бошад ва инон гуфторро қабл аз андеша сар надиҳад. Суфён ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳу) ривоят мекунад, ки ба Расули Худо (салаллоҳу алайҳи вассалам) гуфтам:
Коре бар ман бигӯ, то ба он чанг занам”.
Гуфт: – “Бигӯ: Аллоҳ таъоло Парвардигори ман аст ва ба он истиқомат (истодгарӣ, пойдорӣ) кун!.
Гуфтам: – Ё Расулуллоҳ, аз чи чиз бештар бар ман метарсӣ?
Он Ҳазрат (салаллоҳу алайҳи вассалам) забони худро гирифта, фармуд: – “Аз ин”. (Равоҳи Тирмизӣ, ҳадисро саҳеҳ гуфта).
Ғайбат дар ҳар шаклу андоза амали кареҳу қабеҳ аст. Дар ривоят омада, ки Оиша (разияллоҳу анҳо) боре дар ҳузури Паёмбар (салаллоҳу алайҳи ва саллам) зимни ёдоварӣ аз зане зикр кард, ки қади кӯтоҳ дорад. Ин сухан он Ҳазратро (салаллоҳу алайҳи вассалам) ошуфта сохт ва гуфт: “Ҳамоно сухане гуфтӣ, ки агар ба оби дарё омехта шавад, онро талху номатбӯъ мегардонад…” (Ҳадис аз Абудовуд). Агар сухане дар ғайб ба ин хурдӣ чунин қабоҳате дошта бошад, чи расад ба суханони баду носазо?.
Мусалмон аз ғайбат парҳезад, ҳатто аз аъмоли афроди гунаҳкор дар ғайбашон бояд бадгӯӣ накунад. Ҷурму гуноҳашонро бояд бо худи эшон, рӯ ба рӯ, ба миён гузорад ва барои ислоҳ насиҳаташон кунад. Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам фармуд: “Он кӣ ба Худованд ва рӯзи охират имон дорад, ё сухани нек бигӯяд ва ё хомӯш бошад” (Бухорӣ 6018; Муслим 48). Ривоят аст, ки Каъб бини Молик дар ғавзаи Табук бидуни узр ширкат накарда буд (ин гуноҳи кабира маҳсуб мешавад). Паямбар (салаллоҳу алайҳи вассалам) дар ҳоле, ки дар Табук дар миёни мардум нишаста буд, суроғи Каъб кард. Марде аз Банни Салама беузр иштирок накарданашро дар ҷиҳод баён кард. Муъоз бини Ҷабал (разияллоҳу анҳу) ба он мард гуфт: “Сухани баде гуфтӣ!”. Пас рӯй оварда, изҳор дошт: Эй Расули Худо (салаллоҳу алайҳи вассалам), ба Аллоҳ қасам, ки мо ҷуз хайру некӣ аз ӯ чизи дигаре намедонем. Расули Худо (салаллоҳу алайҳи вассалам) сукут кард (мазмуни ҳадис, Бухорӣ 4418, 4677; Муслим 2769). Расулуллоҳ ва ёронаш дар бораи ӯ, ки дар фармони Худованд кӯтоҳӣ карда буд, бад нагуфта, хомӯш шуданд.
Мусалмон бояд огоҳу боҳуш бошад, ки ғайбат ҳамчун гуноҳи сангин дар корномааш сабт ва ба сабаби он некиҳояш коста мешавад. Ҳамчун амали номашрӯъ аз он парҳезад, то ки тавассути он ба мардум озоре нарасонад ва бикӯшад, ки дар қатори беҳтарин мусалмонон қарор дошта бошад. Абумусо (разияллоҳу анҳу) ривоят мекунад, ки Расулуллоҳро (салаллоҳу алайҳи вассалам) пурсидам: Ё Расули Аллоҳ, кадом мусалмон беҳтар аст? Фармуд: “Он ки мусалмонон аз дасту забонаш дар амон бошанд” (Бухорӣ 11; Муслим 42).
Мусалмонро бояд сухану гуфтор хайру хуб бошад, бадгуфториву бадзабонӣ ӯро муносиб набошад, суханеро нафъу насиҳат дар он набошад, бояд ба забон наорад. Аз лағзиши забон бояд ҳушёр бошад. Амалаш бояд тибқи фармудаи Набӣ (салаллоҳу алайҳи вассалам) бошад, сухане гӯяд, ки накӯ бошад, дар сурати ғайр хомӯш бошад: “Он кӣ ба Худованд ва рӯзи охират имон дорад, ё сухани нек бигӯяд ва ё хомӯш бошад”. 2021.