Қатъи робита бо бародар

  Ба ҳам алоқаву иртибот доштан дар ислом – ҳамчун ойини ташвиқгари муҳаббату ҳамбастагӣ аз шурути муҳимтарин ва қатъи робита дар миёни мусалмонон аз аъмоли нораво маҳсуб мешавад.
  Инсонҳо ба ҳам пайванди хешовандӣ, ҳамсоягӣ, дӯстиву ҳамсӯҳбатӣ доранд. Худованди бузург барои вусъату таҳкими равобит мӯъминонро ба ҳам бародар қарор дода, ба салоҳу дӯстӣ амр кардааст: “Ҳаққо, ки мӯъминон ба ҳам бародаранд, пас дар миёни бародарон сулҳу оштӣ барқарор кунед” (Ҳуҷурот 10).
  Кинаву душманӣ, бухлу ҳасадварӣ, такаббуру дилозорӣ ва бадрафториҳо сабаби гусастани робитаҳо шуда, дӯсту хешовандон қатъи муносибат карда, дар нисбати ҳам танаффури қалбӣ парварида, аз ҳамдигар рӯйгардон мешаванд. Вале таъкиди Расули гиромии ислом (салаллоҳу алайҳи вассалам) дар ин амр қатъӣ ва адои он бар мусалмон ҳатмист.
  Аз Анас (разияллоҳу анҳу ) ривоят аст, ки Паямбар (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармуд: “Нисбат ба якдигар кинаву душманӣ надошта бошед, ба ҳамдигар ҳасодат наварзед, ба ҳам пушт накарда, бо якдигар қатъи робита накунед ва бародарвор бандагони (неку ибодатгузори) Аллоҳ бошед, барои ҳеҷ мусалмоне ҷоиз нест, ки беш аз се шабонарӯз бо бародари мусалмонаш дар қаҳр бошад” (Саҳеҳи Бухорӣ 6065, 6076), Саҳеҳи Муслим 2559).
  Ҷойиз нест, ки мусалмон бар бародараш кина дар дил дошта бошад. Бародарони аслӣ ё имонӣ, ё дӯсту хешованду ғайр ба сабабе дар муоширату муносибату муомилат, ки дар зиндагӣ тасодуф меафтад, аз ҳам ранҷидаву дилозурда мегарданд ва барои муддате бо ҳамдигар қатъи робита мекунанд.
  Мӯъминро – яъне касеро, ки мутеи амри Аллоҳу (ҷалла ҷалолаҳу) Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) аст, бештар аз се шабонарӯз иҷоза нест, ки аз бародараш рӯйгардон бошад. Дар сурате аз ҷониби муқобил иқдоме нашавад, мӯъминро лозим аст, ки кинаро аз дил берун андозад ва ба назди бародараш барои оштиву идомаи иртибот равад.
  Аммо шайтон бар аксар чира аст. Бо вуҷуди мусалмонӣ таҳти таъсиру васвасаи шайтонӣ қарор мегиранд. Кибру ғурур монеи равобити эшон мешавад. Ҳатто ақрабо равобити хешовандиро аз ҳам канда, душмани ҳам мешаванд. Барои муддатҳои тӯлонӣ қатъи робита мекунанд.
  Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) мефармоянд: “Васлкунандаи ростини пайванди хешовандӣ касе нест, ки ба хотири иртиботе хешавндонаш бо ӯ доранд, бо онҳо иртибот барқарор мекунад, балки касе аст, ки вақте бо ӯ қатъи робита мекунанд, ӯ иртиботашро бо онҳо ҳифз менамояд”.
  Ба ҳам робита доштан аз ҳуқуқи мусалмонӣ аст. Мӯъминон бо ҳам меҳрубон ва нармрафторанд. Агар мӯъмине эҳсос кард, ки бародари аслӣ ё имонияш аз вай дилхурӣ дорад, бояд ӯро дилҷӯӣ кунад. Мӯъминро ба ҳеҷ ваҳҷ буридани робита ҷойиз нест, агарчанде мусалмони гунаҳкору хатокоре ҳам бошад, кинаашро набояд ба таври мутлақ ба дил гирад ва дар нисбаташ эҳсоси нафрат кунад. Бо ӯ бояд иртибот дошта бошад, дар ҳаққаш некӣ кунад, ҳатто ба бадиҳояш ба некӣ посух диҳад ва барои ислоҳ насиҳаташ кунад.
  Аҳамияти ин амр дар ин ҳадис возеҳ баён шудааст: Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят мекунад, ки Расули Худо (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармуданд: “Дарвозаҳои биҳишт дар рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе кушода мешавад ва ҳар бандае, ки ба Аллоҳ ширк наовардааст, омурзида мегардад, магар касе, ки миёни ӯ ва бародари мусалмонаш кинае вуҷуд дорад, гуфта мешвад: омурзиши ин дуро то замоне, ки оштӣ кунанд, ба таъхир биандозед” (Саҳеи Муслим 2565).
  Мӯъмин мувофиқ ба раҳнамудиҳои илоҳӣ ва набавии нигоштаи фавқ амал мекунад ва амал акси ин нуқс дар имон ба шумор меравад. Кинаву адоватро аз дил берун андохта, сӯитафоҳумҳоро бо бародарони имонӣ бартараф мекунад, то дар охират масъули ин амр набошад ва аз раҳмати илоҳӣ маҳрум намонад… 2021.

Ибрози назар кардан 0

Емайли Шумо мунташир нахоҳад шуд. * Ин аломати қайди зарурист