Қиссаи як дарахт

  Дар теғаи баланди кӯҳи болои деҳа дарахти бузурги бурс рӯида буд, ки аз дур ба мисли забурӯғе менамуд. Дар чаҳор фасл шакл иваз накарда, зеби деҳа буд. Аз пеш ғафсу баланду ними решаҳояш аз тарафи баландӣ дар хоку аз ҷониби ҷарӣ дар берун буд. Решаҳояш ба пеш ҷаста, миёнашон ба андозаи китфони мардина кушода ва дарунаш ковок буд.
  Мағоки зери он паноҳгоҳ барои чӯпону кӯҳгардон аз офтобу шамолу борон, ҷои шабгузаронӣ барои шикорчиён, макони осоишу тӯша хӯрдани юғандаравон, дар атроф ягона дарахт, сояафкани раҳгузарон буд. Бурс чандсадсол умр дошт. Аҷдоди аҳли деҳ ба нақл аз аҷдоди хеш онро дар ҳамин шакл дида буданд.
  Пештар мардуми он манотиқи кӯҳистон дарахтони бузурги кӯҳансолро тақдис мекарданд. Буридану истифода бурданашонро убол мешумурданд. Тибқи бовариҳояшон дарахтони кӯҳан макони зисти парию соири ҷондорони ноайён буда, тахрибу беэҳтиромӣ дар нисбати онон сабаби зиёну газанд бар инсон мегардид. Ҳатто гирди баъзе аз чунин дарахтони бузургу кӯҳанро сангдевор мекарданд ва онҳоро мазор меномиданд.
  Ин бурс низ аз ин эътибор бархурдор буд ва мардум ҳатто шохаи хушкеро аз он барнамеканданд. Аҳли деҳ муҳаббате ба он дарахт доштанд, аз он ҳамчун зебоию дороии деҳа дар миёни мардуми деҳоти дигар таърифу ифтихор мекарданд.
  Дар водиҳои кӯҳистон ҳамлаи абри бод хеле мудҳиш аст. Бораҳои баланди кӯҳӣ водиро аз ду ҷониб иҳота мекунанд ва фазои кушодаи маҳдудаи болоро абрҳои сиёҳу сафеди ғафси печида фаро мегиранд. Абрҳои ғализ дар осмон нақшҳои даҳшатангез кашида, ба ҳаракат меоянд. Бо вазидани сахту алвонҷ додани дарахтону садои тундар ваҳме бар дили махлуҷоти ҷондор меандозад.
  Вале дар он шаби тирамоҳӣ наъраи раъд, дурахши барқ, боди тунд, сахт алвонҷ хӯрдани дарахтони бузургу тараққоси шикастани шохҳояшон мудҳиш набуд. Аҳли деҳа аз хонаҳо баромада, ба ҳузну ҳасрат ба алангаҳои ба осмон парвозкунандаи бурси сӯзанда менигаристанд. Менигаристанду мисли он месӯхтанд.
  Аз сӯзиши бурс атроф мисли тобиши маҳтоб равшан гашта буд. Боди шадид оташи баланд сӯзандаро ба ҳар ҷониб алвонҷ медод. Алангаҳои он ба само парвоз карда, дар гӯшаҳо мисли ситораҳо дурахшида, хомӯш мегаштанд. Бурс он шаб то саҳар сӯхт. Оташаш хомӯш, вале дудаш дар чанд рӯз аз кундаҳои бузурги тани афтода ва решаҳои захимаш печида, ба атрофу ҳаво мерафт.
  Чун рӯз фаро расид, ҳангомаи аҳли деҳ барпо гардид. Деҳро фоҷиа фарогир гашта буд, мардум изҳори андӯҳ карда, аз талафи зебоии деҳ ҳасрат мехӯрданд. Омили амалро ёфтанд, ҳама бадаш мегуфтанд, ақрабояшро маломат мекарданд. Худ аз мулоқоти мардум ибо мекард ва хонаводааш хиҷолат мекашиданд.
  Дар он рӯз, дар навбати мол се навҷавон чӯпонӣ мекарданд. Рӯз сарду шамолӣ, хунук хӯрда, дар мағоки бурс даромада, барои гарм шудан оташ барафрӯхта, меосоянд. Навҷавонеро, ки дар син калонтар буда, ин корро кардаву масъулияти роҳбарӣ бар гарданаш будааст, ақл намерасад, ки дар охири рӯз хокистари тафсону чӯбҳои нимсӯхтаро аз дохил берун андозад. Шабонгаҳ бод шиддат гирифта, хокистари гармро дамида, чӯбҳои нимсӯхта оташ гирифта, аланга бар дарахт мечаспад. Хушку тари дарахти арча, ки яксон месӯзад, зуд оташ мегирад.
  Ӯ навҷавони шӯхтабъу чолок, пурҳаракату машаввашрафтор буд. Он сол дар синфаш монда, бо мо мехонд. Баъд аз ин воқеъа ду-се рӯзе ба мактаб намеомад. Иҷбор ба мактабаш оварданд. Аз падару бародарони бузургаш зиёд силию лагад хӯрда буд. Дар қатори пагоҳирӯзии мактаб ӯро бароварда, дар назди талабагон таъну маломат карда, силӣ зада, гӯшмол медоданд. Ҳар дарсеро муаллими фан аз маломату силӣ задани ӯ оғоз мекард. Хонандагон маломату масхарааш мекарданд.
  Бардошти азият дар мактаб ва маломати аҳли деҳ накарда, тарки мактаби деҳа карда, барои таҳсил ба мактаб-интернати маркази ноҳия рафт. Беш аз моҳе дар он ҷо таҳсил намуд. Бегоҳирӯзе бо шарикон ба канори роҳи калони шаҳрак баромада, бозию даву тоз мекунанд. Мошини раиси ноҳия ҳангоми ҳаракати босуръат дар замони офтобшинӣ, ки нурҳои хуршедӣ мустақиман ба шишааш зада, диданашро душвор мегардонанд, аз он ҷо убур намуда, навҷавон нохост аз канори роҳ ба пешаш меҷаҳад ва дар зери он мемонад.
  Рӯзи ҷаноза мо ҳамсинфонро ба хонаи эшон бурданд. Дар он замон дар синфи ҳашт мехондем, чунин як манзараи ваҳмангезро бори нахуст медидам. Падару модараш бо ҳузну ҳасрат “О бачаме”, мегуфтанд, хоҳару бародаронаш “Бародарам” мегуфтанд. Ӯро дар матои сафед печонда буданд, лаккаҳои сурх дар қисмати сараш дида мешуданд. Вайро мошин зада, сарашро пахш карда буд. Манзараи он рӯз муддатҳо аз назарам дур намерафт.
  Имрӯзҳо чунин бовариҳо дар деҳа аз байнн рафта, каме аз мардуми солрафта эътиқодоти гузаштаро мепазиранд. Вале дар он замон аксар мӯътақид буданд, ки он навҷавонро уболи бурс гирифта, ба он ҳол расонд. 2020.

Ибрози назар кардан 0

Емайли Шумо мунташир нахоҳад шуд. * Ин аломати қайди зарурист