Ҷайббур
Дар бемористон парастори бемор будам. Катҳои утоқ аз афроди дасту пову устухоншикаставу захмхӯрда гоҳ пуру гаҳе холӣ мегаштанд. Рӯзе марди кордхӯрдаеро бистарӣ карданд. Бародараш ӯро дар шикаму сина бо корд чанд захме зада буд. Корд чанд ҷои пӯсти ин толеъбаландро сурохида, ба аъзои дохилияш нарасида буд. Сабаби маҷароро бо бародар тақсими ирс ташреҳ дод. Нақл намуд, ки аз волидайн ҳавлие ба се писар монда, мӯҷиби низову ихтилофи бародарон гаштааст.
Ӯ нақл намуд, ки ҷавониро сарфи беҳудагардӣ карда, ба дуздию кисабурӣ машғул будааст. Бо гурӯҳи дуздон дар бозорҳои пойтахт ва соири шаҳрҳои кишвар амалиёти дуздӣ анҷом медодаанд. Чанд бор вуруду хуруҷ аз маҳбас доштааст. Ба ин тариқ ҳаёти хешро талаф карда, бе зану фарзанд беш аз ним қарнро паси сар гузошта буд.
Ҳанӯз ду моҳ пештар аз зиндон раҳо шуда, барои дарёфти дастмузде баҳри зист дар бозор ароба мекашидааст. Ба гуфти ӯ нозири минтақавӣ бо истифода аз бекасӣ ва безории хешовандон аз ӯ ва бо кӯмаки ақрабои ӯ, барои касби рутба, ба ҷурми сохтакоронаи “аробаи каси дигарро дуздидан” ӯро чаҳор сол равонаи зиндон мекунанд. Баъд аз раҳоӣ ду бародари калонӣ ӯро дар мероси падар шарик надониста, ҳатто аз ҳузураш безору аз шамоилаш танаффур доштаанд. Маст шуда, арбада мекардаанд. Рӯзе ба таҳрику дасисаи бародари бузург, баъди майхорӣ, ду бародар ба ҳам дарафтода, яке дигареро бо корд чандин захм мезанад.
Дар бемористон ба ҷуз муфаттиш касе ба аёдати ӯ намеомад ва беморони ҳамутоқаш чизе аз хӯрданӣ барояш медоданд. Духтуре, ки захмҳояшро дӯхта буд, ҳар рӯз бидуни пурсиши ҳолаш аз кай ташриф овардани ақрабо суолаш карда, талаби додани “суму санги” хешро мекард.
Иштиёқ барам меангехт то аз ҳирфаи гузаштааш пурсуҷӯяш кунам ва ӯ аз вижагиҳои он ва “фаъолиятҳои ҳирфаии” хеш қиссаҳо мекард. Нақл кард, ки баъзан фаъолияти гурӯҳӣ карда, аксаран бо шарикаш дар бозору нақлиёт ва дигар макони таҷаммӯи мардум ҷайббурӣ мекардаанд. Дар замоне дар маконе дуздӣ карда, дар муддате он маконро тарк карда, фаъолияти хешро дар ҷои дигаре идома медодаанд. Баъд аз чанд амалиёти бобарор барои ба даст наафтодан, аз баҳри эҳтиёт шаҳрро тарк карда, кори хешро дар дигар шаҳр идома медодаанд.
Аз бузургтарин “дастовардаш” дар ин ҷода суол кардам ва ҳикоят намуд, ки дар бозори шаҳри Уротеппа пай бурдем, ки пирамарде дар зери ҷомааш бастаи пул ва нияти хириди чизи бузурге дорад. Пулро дар ҷои “нобоб” гузошта буд ва барои дарёфти ҷову фурсат ним рӯз аз дунболи ӯ гаштем. Ниҳоятан, дар издиҳоме ба ҳияле ҷомаашро бо теғак буридаю пулашро рабудем. Дар макони хилват онро шумурдем. Пондаҳ ҳазор рубли шӯравӣ буд. Суолаш кардам, ки ин миқдор пули бузургро ду нафар ба чӣ сарф кардаву куҷо кардед?. Ҷавоб дод, ки дар муддати кӯтоҳе ноаён харҷаш кардем, дар ин кор пуле дар лаҳзае ба каф омадаву дар лаҳзае аз даст меравад…
Аз ӯ пурсидам, ки андешае дар бобати пирамард намудед, ки ба чӣ ҳоле афтода, шояд ӯ ин миқдор пулро дар тамоми ҳаёт ғун дошта ва умуман, қурбониёни сирқати шумо фақиру тангдасту бенаво буданд, тараҳҳуме бар эшон намекардед?. Тавзеҳ дод, ки ин шуғл инсонро ба сони ҳайвон мегардонад. Дар зеҳни ӯ фақат як фикру маром аст: буридани ҷайб ва кашидани пулу фирор кардану ба даст наафтодан. Ай ҷайби кист ва вазъи ӯ баъд аз ин чист барояш бетафовут аст. 2013.