Вижагиҳои толиб
Ҳаракати Толибон муташаккил аз чанд гурӯҳ аст, ки сарони онҳо аз қабоили паштун ва аъзои онон низ умтадан аз ин қавму қабоил мебошанд. Ин ҳаракат дар ҷануб, дар миёни паштунҳо падид омада, сарони он аз ҷумлаи омӯзишдидагони пойгоҳҳои омӯзишӣ дар Покистон буданд, ки дар ҷиноҳҳои Ҳаракати инқилоби исломии Афғонистон алайҳи шӯравӣ ҷангиданд.
Пас аз хуруҷи шӯравӣ мардум умед ба хотимаи ҷанг ва шурӯъи зиндагии шоиста дар кишвар доштанд. Вале аланга гирифтани даргириҳои дохилӣ аз он баъд, идомаи тахрибу қатлу хунрезӣ мардумро ба сутӯҳ оварда буд. Гӯрӯҳи Толибон, ки шиорҳои исломӣ пароканда, дам аз иҷрои адолат мезад, дар миёни мардум зуд нуфуз кард, то ба қудрат расид. Иллати ҳамла ба кишвар, ронда шуданашон аз қудрат шеваи бархӯрдашон бо мардум буд.
Алъон, Толибон боз дар сари қудратанд ва талош бар ташкили ҳукумат доранд. Эътилофи аҷониб, ки кишварро таҳти султаи бистсола дошт, қудратро бар толиб таҳвил дод ва адои шурутро бар гарданаш вогузошт. Вале толиб бар бархе аз ваъдаҳои хеш побанд намонд ва ин эътимоди ҷомеаи ҷаҳониро дар нисбаташон коста аст.
Паштунҳо аз миёнаҳои асри XVIII зимоми идораи ин кишварро дар даст дошта, хешро соҳиби ин сарзамин меҳисобанд. Соири қавму миллали маскуни он ҷоро аққалиятҳо шумурда, итоату фармонбарияшонро аз эшон лузум медонанд. Ҳаракати Толибон, ки умдатан аз паштунҳо таркиб ёфтааст, қабл аз ҳама бартарияти миллиро тарҷеҳ медиҳад.
Ҳоло паштунҳо ҷомеаи бузургтарини қабилаӣ дар олам мебошанд ва маъмӯъаи қавонини қадимии қабилавии хеш – “Паштунволӣ” ё “Паштунволай” (Пахтунволӣ, Пахтунвалай) – паштунгариро то имрӯзҳо маҳфуз доштаанд, ки низом ва суннати рафтори қабилавии онҳоро дар бар мегирад. Паштунгарӣ оини кӯҳани бумӣ, маҷмӯи усулу қоидаҳо бар мабнои русуму суннатҳо ва одоти паштунҳо аст, ки тарзи зиндагӣ, шеваҳои муоширати онҳоро дар дарозои таърих муайян кардааст. Қонунҳои паштунгарӣ аз русуми бостонии қабилавии пешазисломии паштунҳо маншаъ мегиранд.
Ҳувияти паштунӣ дар пояи ин қавонини қабилавӣ шакл гирифтааст ва ҳар як паштун побанд бар ин қавонин аст. Побандӣ бар қавонини паштунгарӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз табдили паштун ба “даравнд” – ғайрипаштун аст, паштуне аз ин роҳ берун равад, аз ҷомеаи паштун мардуд мешавад.
Озодӣ ва истиқлол аз усули муҳими паштунгарӣ буда, паштун бояд онро дар ҳар шароит маҳфуз дорад. Мутобиқ ба он ҳеҷ касе ҳақ надорад, ки назару андешаи хешро ба дигаре илқо кунад, ҳатто волидайн ба фарзанд, паштун бояд ба озодиҳои хеш арҷ гузорад.
Алъон Толибон ба қудрат расидаанд ва аз эшон тақозои ташкили ҳукумати ҳамашумул доранд. Аввалан, онҳо тобеи усули қабилавии хешанд. Моҳияти зотияшон иҷоза намедиҳад, ки дигареро дар ҳукм шарик созанд ва ҳукмкаши касе бошанд. Сониян, дар натиҷаи муборизаи тӯлонӣ ҳукуматро ба даст оварданд ва ононе, ки тақозои ширкат дар ҳукумат доранд, дар гузашта алайҳи Толибон меҷангиданд ва толиб бар эшон нафрату адоват дорад.
Яке аз усули паштунгарӣ қасосу интиқом (бадал) ва гирифтани ҳақ аз муҷрим барои риояти адолат аст. Агар муҷрим ҳозир набошад, интиқом аз ақрабои мардинаи ӯ гирифта мешавад. Ҳатто тамасхур тавҳин маҳсуб шуда, боиси рехтани хунҳо мешавад. Алъон, толиб бар асоси шарт дар умум душманро авф намуд, вале бо адӯ созиш нахоҳад кард. Ҳамкору зимомдораш низ нахоҳад кард.
Дигаре аз қавоиди паштунгарӣ, ки паштун бояд побанди он бошад, ҳифзи покии хун (тухм пасбанӣ) аст. Паштун бояд бо ҳамтабори хеш издивоҷ кунад, зеро “нимпаштуни” аз издивоҷ ба намояндаи қавми ғайр ба дунё омада, забону фарҳанги паштуниро ҳифз намекунад ва ҳифзи фарҳанги паштунӣ аз аслҳои дигари паштунгарӣ маҳсуб мешавад.
Таассуби қавмӣ ва миллигароии паштунӣ аз ин асл маншаъ мегирад ва паштунҳо хешро бар соири ақвому миллали Афғонистон бартар мешуморанд. Ба ин ҷиҳат мекӯшанд, ки забону фарҳангашонро бар кулли мардуми кишвар таҳвил ва Афғонистонро ба як кишвари сирф паштунӣ табдил диҳанд. Дар гузашта ҳам хешро молики ин сарзамин мешумурданд ва ақвоми ҳақталабро саркӯб мекарданд.
Ҷамъияти ҳазораҳои Афғонистон дар тӯли таърихи кишвар таҳти зулму саркӯби паштунҳо қарор доштааст. Абдураҳмонхон амири Афғонистон дар байни солҳои 1888 то 1893 наслкушии ҳазораҳоро анҷом дод, ки дар ҷараёни он беш аз 60 фисади ҷамъияти ҳазораҳо қатли ом шуда, беш аз 20 фисади онҳо ба кишварҳои дигар фирорӣ шуд. Замину мулкашон ба паштунҳо тақсим карда шуда, зану мардашонро ба бардагӣ фурӯхтанд. Ин рӯйдод шомили наслкушиҳои бузурги таърихи башарӣ аст.
Толибон низ дар соли 1998 ҳазорон тан аз мардуми ҳазораро дар Мазори Шариф ба қатл расонда, чунин аъмолашон дар фосилаи солҳои 1999 – 2001 дар Сарипулу Бомиён намунае аз қатли оми онон аст. (“Куштори ҳазораҳо дар Афғонистон” Massacres of hazaras in Afghanistan). Имрӯзҳо ҳам расонаҳо аз қатлу фишору иҷборан кӯч додани ҳазораҳо гузориш медиҳанд. Чунин аъмолро дар нисбати тоҷикони саркаши Панҷшер ҳам анҷом медиҳанд.
Яке аз мафҳумҳои асосӣ ва муҳим дар пуштунгарӣ нанг аст. Фарди бонанг дар қабила сутуданӣ ва бенангӣ бадтарин тавҳин барои паштун ҳисоб мешавад. Паштун бояд иззати хонадон ва истиқлоли фардии хешро ҳифозат кунад, ҳамеша даст ба аслиҳа бошад, бо хурдтарин тавҳине дар нисбаташ омодаи ҷангу ситез бошад. Ҳар марди паштун мардонагӣ ва диловарии хешро бояд собит кунад. Касе аз ҷанг фирор кунад, ҳаққи бозгашт ба хонаро надорад.
Номус ҷузъе аз мафҳуми нанг аст ва ҳар марди паштун вазифадор аст, занони ҷавони издивоҷнакардаи хонаводаро таҳти назорати сахт гирад, то аз иртиботашон бо бегона пешгирӣ шавад, барои ҳарос аз “гапи мардум” ва бадномӣ занонро хонанишин мекунанд, ки онро “парда” меноманд. Аз ин рӯ, дар фарҳанги паштунгарӣ ҷойгоҳу мартаба, ҳаққу вазифа марду занро мутафовит аст ва бар марди паштун баробар шудани бо зан дар мақому дараҷа ғайри қобили қабул буда, бастагӣ ва машвара дар умур бо зан барояш бенангӣ аст.
Инглис қисмате аз сарзамини паштуннишинро бо саканаи бештаре аз ин ақвом ба хотири нуфуз доштан бар онон шомили қаламрави Ҳинд кард ва баъдан ин мардум ба абзори таъсири Покистон ба Афғонистон табдил шуданд. Ин ақвомро инглисҳо дар рақобат бо русҳо ва амрикоиҳову ҳампаймононашон дар мубориза алайҳи шӯравӣ, баъдан покистониҳо дар ҷангҳо бо артиши ҳиндӣ ва барои нуфузи хеш дар Афғонистон истифода бурданд.
Қисме аз Толибон пас аз сарнагунӣ (дар соли 2001) ба амалиёти махфиёна гузашта, қисмате ба Покистон ақибнишинӣ кард. Гурӯҳи Толибон, ки ағлабан аз паштунҳо иборат буд, Вазиристони Покистонро пойгоҳ қарор дода буданд. Нуфузи раҳбарони қабоилро маҳдуд карда, ҳукуматро дар минтақа ба даст гирифтанд.
Дар моҳи феврали соли 2016 дар қаламрави Вазиристони шимолӣ Иморати исломии Вазиристонро таъсис доданд. Алорағми талошҳои артиши покистонӣ барои баргардондани қудрат қаламрави иморат то Вазиристони ҷанубӣ густариш ёфт.
Дар соли 2017 толибони покистонӣ созмони “Таҳрики Толибони Покистон”-ро таъсис доданд (роҳбараш Байтулло Махсуд аз қабилаи масуди паштун буд). Дар соли 2009 дар водии Сват низомиёни покистониро гаравгон гирифта, аз давлати Покистон тақозои ҷорӣ кардани қавонини шаръиро дар водӣ карданд ва Покистон маҷбур ба тавофуқ шуд. Баъдан, Толибон вилояти Бунарро таҳти идора гирифтанд.
Покистон аз ташаккули як давлати боқудрату амният дар Афғонистон хавф мебарад, зеро он ба хати Дюранд таваҷҷӯҳ мекунад. Қисмати аъзами паштунҳо дар паси ин хат мезияд. Инчунин, ҷилави артиши Ҳиндро дар Ҷому Кашмир толибони покистонӣ мегиранд. Ин мардум дар ҳама соҳоти ин кишвар асар ва саҳми умда доранд. Ба қатли Беназир Бҳутто – сарвазири собиқ ва номзад ба сарвазирӣ паштунҳоро муҷрим донистанд.
Покистон ҳамчун пуштибон паштунҳоро таҳти таъсир қарор дода, онҳоро ба нафъи хеш бозӣ медиҳад. Ононро пайваста дар пайкору даргирӣ машғул медорад, то амну ваҳдат наёбанд ва хавфе бар Покистон надошта бошанд.
Қудрату манфиатхоҳон мисли русу чиниву иронӣ ва ҳатто узбек бо толиб – шикастдиҳандаи рақиби хеш (амрикоӣ) талоши васли робитаву ҳамкорӣ ва тавассути эшон мавқеъ ёфтан дар минтақаро доранд. Аммо инонро ба ҳам ҳадафу ғояву манофеъ мутафовит аст, алъон, ки толиб мӯҳтоҷ аст, омода ба барои муомила аст.
Тавре аз гузашта аён аст, абарқудратон зимни бархӯрд аз ҳар василаву тариқа кор мегиранд, то ба ҳадаф расанд ва аз оқибати аъмол камтар меандешанд. Замоне қудратҳои ғарбӣ ин анвои гурӯҳоро таъсису таълими ҳарбӣ доданд ва дар ниҳоят мушкилу дардисаре барои худи онҳо шуданд…2021.