Жириновский мурд
Владимир Жириновский сиёсатмадори миллигарои рус мурд ва аз ин ёде аз шуҳадои ҳаммеҳану миллати мо, ки қурбонии ин падида гардиданд, ба зеҳн меояд. Ин нафар фарде аз ташвиқгарони ғояи миллигароӣ ва аз муҳаррикони тӯдаи миллигаро ба куштору саркӯбии миллату нажоди ғайр буд.
Падидаи миллигароӣ дар ҷамоаи рус ҳанӯз аз замони кӯчидани қавми яҳуд ба сарзамини онҳо зуҳур карда буд. Яҳудиён ба истифода аз фаросат ва сарфи заҳмат барои хеш зиндагии беҳтар сохтанд, молу сарват андӯхтанд. Бархе аз сиёсатмадору манфиатдорон тӯдаҳои корбезори туфайлии майхораи маҳаллиро бо ташвиқи ғояҳои миллигароӣ бар зидди онон таҳрик медоданд ва онҳо дар ин замина яҳудиёнро қатлу ғорату саркӯб мекарданд.
То инқилоби сурх созмонҳои миллигароӣ ташаккул ёфта, ҳатто нашрия доштанд. Пас аз инқилоб аз қаламрави императории рус берун карда шуда, бар асари нуфузи фашизм дар Аврупо ҳизбу ҳаракатҳои фашистии русӣ буруз карданд. Дар солҳои сӣ ва чиҳилуми асри бист ҳизбу ҳаракату созмонҳои фашистии мардон, занон, ҷавонон ва ҳатто тифлони рус дар Манҷуриёву Амрико фаъол буданд.
Дар замони Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ Артиши озодибахши Рус, Урдуи казакони рус ва дигар созмонҳои низомии русӣ бо шумули ҳазорон аскару афсар, аз ҷумла теъдоди зиёди генералони рус дар ҳайати артиши Олмони фашистӣ дар қаламрави собиқ шӯравӣ ва Аврупоӣ Шарқӣ ҷиноятҳои зиддибашарӣ анҷом доданд.
Пас аз фурӯпошии шӯравӣ ин гароишҳо дар солҳои навадум дар шакли нав эҳё шуданд. Миллигароии нави русӣ (русский неонацизм) машмули вижагиҳои ҳар ду замони фаъолият: қабл аз инқилобӣ ва даврони ҷангӣ буд. Миллигароён андешаро бо усули фашизм татбиқ мекарданд.
Гурӯҳу созмонҳои миллигароён аслан аз ҷавону навҷавонони бесаводу бетарбиямондаи аз қишри бекораву майхора зодаи ҷомеа таркиб ёфта буданд ва аз ҷониби жириновскиҳо барои касби нафъ дар сиёсатбозиҳо ҳамчун афзор истифода мешуданд. Замоне барои инҳо лозим буданд, майдони амал фарох доштанд, чун вазифа анҷом доданд, лаҷомашонро кашиданд.
Аммо, ба ҳазор таассуф, аз бахти бад садҳо ҳаммеҳану миллати мо қурбонии амалиёти ваҳшиёнаи скинҳедони рус гаштанд, ки аз ҷониби жириновскиҳо илқо ва барангехта мешуданд. Ин шаҳидон ном дар лавҳаи таърихи миллат ҳак карданд ва мо бояд ёд аз эшонро аз зеҳн набарем… 2020.