Иҳонат ба набӣ
Таъбири “терроризми исломӣ” то қарни XX мавҷуд набуд. Ин падидаро қудратҳои ғарбӣ ҳамчун афзор барои амалӣ намудани аҳдоф дар рақобатҳо алайҳи якдигар эҷод карданд. Барои ин сарфи заҳмату маблағи зиёд карданд ва билохира худ ба чоҳи кандаи хештан афтоданд. Ҳоло маблағ сарф карда, заҳмат мекашанд, то аз он дар кишварҳои худ ҷилавгирӣ кунанд.
Қатлу ваҳшату куштор аз номи ислом хилофи дастур ва муқаррароти исломӣ аст. Ҳар мусалмони асиле аз уммӣ то олим чунин аъмолро маҳкум мекунад ва ба мусалмонии касе, ки дар кӯчаву хиёбон, бозору ҳатто масҷид мардуми бегуноҳро бо интиҳору инфиҷор куштаву захмӣ мекунад, шак дорад.
Имрӯз дар пайи кӯчиши мардуми мусалмон ба Аврупо фарҳанги исломӣ дар он ҷо густариш ёфта, бар мардуми он ҷо асаргузор гаштааст. Ин ҳукуматдорони аврупоиро нигарон кардааст ва онҳо талош доранд ба ҳар роҳу васила пеши роҳашро банданд. Як роҳи мубориза алайҳи ин падида сиёҳу бадномсозӣ ва мудҳиш ҷилва додани ислом дар ҷомеаҳояшон аст, то мардум аз он ҳарос дошта бошанд.
Маҷаллаи “Шарли Ҳебдо”-и фаронсавӣ ба хотири исломситезӣ расмҳои танзомези паямбари ислом Муҳаммадро (салаллоҳу алайҳи вас салам) нашр кард ва ин амал барояш оқибати фоҷиаборро ба сар овард. Анҷоми ин амал маҳз ба хотири исломситезӣ буд, зеро онҳо кавдан набуданд, ки аз оқибати амалашон наандешанд.
Оқибати кори “Шарли Ҳебдо”-ро ҳама диданд ва мебоист аз адои чунин корҳо панд мегирифтанд. Вале муаллиме дар мактабе боз дар Фаронса ин расмҳои таҳқиромези Паямбари исломро (салаллоҳу алайҳи вас салам) ба намоиш гузошт ва аз ҷониби ҷавони мусалмоне кушта шуд.
Ҳодиса ҳангомаи бузургеро дар пай дошт, ҳазорон фаронсавӣ дар хиёбонҳо ҷамъ омад ва кирдори тавҳингарро таҳсин карда, ҳатто ӯро чун қаҳрамоне муаррифӣ карданд. Муаллимро қурбонии озодии баён ва ҳомии арзишоти миллияшон хонданд.
Бар зами ин, раисҷумҳури кишвар Макрон бо изҳороти бехирадонааш намак бар захми муслимин пошид. Макрон тавҳине ба дини ислом зада, изҳор дошт, ки аз ин кор даст нахоҳанд бардошт ва арзишоти миллию фарҳангияшонро ба хотири ин зери по нахоҳанд гузошт.
Ҳамчуноне, бисёре аз аъмоли нописанду берун аз маҳдудаи ахлоқи шоистаи одамӣ дар Аврупо расму маъмул гаштаанд, таҳқир, иҳонат, бадгӯӣ ва зери по кардани шаъну арзишу муқаддасоти мардумонро шомили “озодии баён” кардаанд.
Барои мусалмонон Худову китобу расулашон азизтару маҳбубтар аз соири дороиҳояшон дар олам аст. Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи вассалам) барои муслимин маҳбуб аст ва таҳқиру иҳонат дар нисбаташро таҳмил намекунанд.
Кирдору бархурди ҷавон албатта, ба ваҷҳи мусалмонӣ набуд. Вале имрӯз анқариби якуним миллард инсон пайрави исломанд ва ҳар яке бо фаҳму сатҳи эътиқоди хеш риояти қавонини он мекунанд. Чун ин гуна аъмол дар нисбати динашон содир шавад, ҳатман яке ё чанде пайдо шуда ва вокуниши хашин адо мекунанд.
Аврупоиён мардуми камфаҳму аҳмақ нестанд, даруну беруни ҷаҳони исломро омӯхтаанд, худ хеле хуб медонанд, ки чунин аъмол чӣ оқибате дар пай доранд ва ин корҳоро амдан, ба ғаразу ҳадафе анҷом медиҳанд. Аҷиб ин гуфтаи Макрон аст, ки мо нашру намоиши ин расмҳои таҳқиромезро дар оянда идома хоҳем дод. Дар ин сурат, эшонро лозим аст, ки дар кӯчаҳо бо хӯду ҷавшан, дар хиёбонҳо бо мошинҳои зиреҳпӯш гарданд ва дар дафтарҳои корӣ дар паси тирезаҳои тирногузар нишинанд.
Албатта, рафтору изҳороти ҳукуматҳо зоҳиргари кирдор ва баёнгари диду андешаи тамоми шаҳрвандони кишварҳо нест. Дар Фаронса миллионҳо нафар низ чунин рафторро намеписанданд. Бисёре аз фаронсавиҳо ҳам исломро пазируфта, пайравӣ аз ин дин доранд. Аз ин рӯ, тавҳину бадгӯӣ дар ҳаққи Фаронсаву фаронсавиён амали ношоиста мебошад.
Аъмоли Макронро ҳам бисёре аз фаронсавиён маҳкум мекунанд ва мо ҳам, ки аз рафтори ӯ хашму дилозурдагӣ дорем, тибқи ахлоқи набавӣ аз дашному бадгӯии ӯ мепаҳезем ва сазои амолашро ба Худованди бузург месупорем. Кирдори баду буғзу адовати чунинҳо заррае эътибори исломро накоҳад ва ислом рӯз аз рӯз ба дили мардуми олам бештар роҳ ёбад… 2020.