Шеваи ваҳшиёна

  Аҷиб шеваи муборизаст бархеро. Якеро душман хонад, алайҳаш тиру камон кашад, аз ӯ саркӯбу сарсон гардад, вале қасду интиқом аз дигаре гирад. Бар зидди хасмаш бо сухан ҷӯшад, ба изҳори таҳдиду намоиши туфанг хурӯшад, вале аз рӯёрӯӣ бо ӯ бигрезад ва оташи қаҳр ба хун аз қатли бегуноҳи гузарандаи роҳу нишастаи бозору мусофири савору донишҷӯву омӯзгор хомӯш созад.
  Чӣ мудҳишу чӣ сангин аст, ҳамли мусибат бар волидайне, ки ҷигарбандеро ба умед парварда, саҳар баҳри донишандӯзӣ ба таваққӯъи сохтани зиндагии шоистаи оянда ба донишгоҳ гуселонда, оғуштаи хоку хун, беҷон пас гирад. Хеле шигифт аст, оне ин мусибатро ба онон меорад, даъвои сарбозии Худо дорад ва ба итминон изҳор медорад, ки ин аъмолро дар роҳи Худо анҷом медиҳад.
  Ин номарди тарсу бечораву аз паси рӯзгор овораеро ба хотири ҳарос афкандан ба хасми соҳибқудрату неъмати худ ба ваҳшат мекушад, кошки ин мансабдору манфиатдорро заррае ғами бепадару бемодару беҳамсару беписару бедухтар мондани қурбонгаштае бошад.
  Ин ваҳшиён ба номи дин хун мерезанд ва бо аъмоли ваҳшиёна динро бадном месозанд. Донишҷӯён гуноҳ надоштанд, ба гумони ғолиб ҳама намозхон буданд, шояд чанде қориёни Қуръон ҳам буданд, ба чӣ ҷурме ва бо кадом ҳукме дар навҷавонӣ қабзи ҷон шуданд?. Ба хотири кӣ қурбон шуданд?. Бегумон, золимон дар дунё ба сазои аъмол мерасанд ва дар охират азобби дарднокро мечашанд!… 2020.
Ба ҳамтаборони ҳамсоя изҳори тасаллият карда, бо эшон ғамшарикем!.

Ибрози назар кардан 0

Емайли Шумо мунташир нахоҳад шуд. * Ин аломати қайди зарурист