Чун хӯи ҳайвонӣ ғолиб ояд
Чун хӯи ҳайвонӣ бар шуури одамӣ ғолиб ояд, инсон даррандасон мешавад. Вале дар фарқ дарранда бераҳмиро дар нисбати ҷинси дигар анҷом медиҳад, одамӣ ҳамҷинси хешро медарад. Ду ҷониб ба хашм ба ҳам пайкор карда, бо куштор аз ҳам ниқор мегиранд, аммо аҷиб он аст, ки мардумоне мушоҳид аз дуру наздик кирдори ҷавонибро писандидаву ташвиқ ҳам мекунанд…
Инсонеро, ки қалб бо хисоли одамӣ музайян аст, ҳатто озори паррандаву хазандаву ҳашарааш нописанду тараҳҳумангезанда аст. Кушори одамон, доду фиғони пурҳароси тифлон, оҳи ҷонкоҳи модарон, хурду бузурги дар дашту даману баҳру ҷангалзор сарсон, шаҳру ободиҳои рехтаву вайрон, ҷасадҳои хурду бузурги аъзои бадан паридаи зери харобазорон, мурдаҳои тирхӯрдаву сӯхтаи партофтаи аскарон ва амсоли инро аз манозири ҷанг тоби дидан надорад…
Аз овоне, ки худро шинохтаем, инро мушоҳида дорем, аз адои он дар нисбати ҳамватан хунинҷигарем, солҳост аз қатлу куштору озори мусалмонони кишварҳои дуру наздик ғам хӯрдаву ранҷи равонӣ дорем. Ҳоло низову даргирӣ дар миёни ду кишваре, ки пайванде бо мо доранд, ба вуқӯъ пайваста, ҳаммиллату ҳамдини мо нестанд, аммо саҳнаҳои мудҳиши ин ҷанг дилхарошанд. Тамошои ҷасадҳои размандагони кушта, сокинони мурдаи аз зери харобаи биноҳо кашида, занону тифлону солрафтагони ҳаросони дар таҳхонаҳо дар интизори наҷот аз марг паноҳанда, ҳазорҳо мардуми овора, асирони навҷавони ваҳмкашидаи ҳақиршуда дар махлуқе бо унвони инсону соҳиби хисоли инсонӣ эҳсосоти риққатовар мебарангезад.
Низоъҳоро қудрату манфиатхоҳон созмон медиҳанд. Он даррандасириштон хулқу хӯи одамӣ надоранд. Барои расидан ба аҳдоф аз ҳама усули ваҳшёна кор мегиранд. Инсонҳо барои онҳо ба қадри ҳашара арзиш доранд. Пас инсон бо сифату кайфияти инсонӣ ҳама навъ таҷовузу хушунату зулмро дар нисбати инсонҳо бояд маҳкум кунад.
PS: Дастгоҳи тарғиботии русӣ имрӯз яке аз қудратмандтаринҳост, ки расонаҳои мутааддидро таҳти истифода дошта, дар ҷаҳон, хусусан дар миёни олами русизабон хеле нуфуз кардааст. Фарз доштам, ки аз ҳаммеҳанони мо ҷузъе аз русмаобон ба ин расонаҳо таваҷҷӯҳ дошта, таҳти таъсирашон қарор гирифтаанд, вале мушоҳида мутаҷҷибам сохт, ки қисмати аъзаме тарғиботи ғояпардозони сиёсати ҳукуматии русро ҷонибдорӣ мекунанд ва таҷовузи русҳоро бар украинҳо тавҷеҳ медиҳанд. Ин ҷанг мисли соири ҷангҳои имрӯзаву дирӯза ҷанги миёни империёлистҳои муосир аст, ки аз он оммаи русу белорусу укроину ҳатто тоҷику ғайр зиён мебаранд, ки ба ҳеҷ далеле имкони ҳақ шумурдан надорад.
Инсон бояд назару андеша мутобиқ ба ҳувияти хеш дошта бошад, набояд, ки “шефтаву” “манқурти” ғояи ғайр бошад… 2022.