Хаттотон
Абуалӣ ибни Муқлаи Шерозӣ
Абуалӣ Муҳаммад бини Алӣ бини Ҳусайн бини Абдуллоҳи Шерозӣ маъруф ба Ибни Муқла (272-328ҳ, 886-940м) адиб ва хушнавиши машҳур дар Байзои Форс ба дунё омада, дар замони халифаи аббосӣ Муқтадир Биллоҳ ба вазорат расид ва ба сабаби тӯҳмати ҳасудон аз вазифа барканор гардид. Аз Бағдод ба зодгоҳаш баргашт. Баъди шӯриш алайҳи Муқтадир ва суқути ӯ Алқоҳир Биллоҳ ба хилофат ва Ибни Муқла дар замони ӯ дубора ба вазорат расид. Баъди чанде боз бо тӯҳматҳои атрофиён халифа ӯро аз вазорат бартараф кард. Боз дар пайи шӯриш Алқоҳир Биллоҳро аз тахт ба зер оварда, чашмонашро кӯр карданд ва писараш Аррозӣ Биллоҳро ба тахт расонданд ва дар замони ӯ Ибни Муқла боз ба вазорат расид. Вале бори саввум низ бо тӯҳмати бадхоҳон аз вазифа халъ шуда, таҳти озору шиканҷа қарор гирифт ва дасти росташ аз бадан бурида шуд. Пас ба навиштан бо дасти чап тамрин кард ва ба гуфти шоҳидон дар ин кор низ муваффақ шуда, ҳатто қаламро ба оринҷи дасти рост баста менавиштааст.
Бештари таърихнигорон Ибни Муқларо аз нахустин ташаббускорони хушнависии исломӣ ном бурда, ӯро нахустин касе медонанд, ки китобатро ба як ҳунар табдил дод. Дар воқеъ ӯ ба баррасӣ ва низомбахшӣ ба хутути роиҷи замони худ хутути шикастаро муназзам карда, қоидабандӣ кард. Ибни Муқла хутути шашгонаи исломиро қоидабандӣ карда, дар такмили аввалияи ин хутут таъсир гузошт. Ӯ хати муҳаққақро аз хати кӯфӣ ва насхи қадимӣ берун кашида, қоидаманд кард. Пас хати райҳонро эҷод кард, баъд аз он хати сулсро аз райҳон ахз карда, қоидаманд сохта, ба шакл додани хати насх пардохт. Ӯ Қуръоне бо хати насх китобат кард ва муҳаққақу райҳониву кӯфиро дар сари сураҳо қарор дод ва хост китобати Қуръон бо соири хутут фарқ дошта бошад, хатаи тавқеъро эҷод кард. Ибни Муқла барои зебоии хат 12 қоида таъйин кард, ки ба усули дувоздаҳгонаи хушнависӣ маъруф буда, то ҳол эътибор доранд. Ин сул аз: таркиб, курсӣ, нисбат, заъф, қувват, сатҳ, давр, сауди маҷоз, нузули маҷоз, усул, сафо, шаън иборатанд. Пас аз Ибни Муқла афроде чун Муҳаммад бини Самсонӣ, Муҳаммад бини Асъад роҳу равишу сабки ҳунарии ӯро фаро гирифта, як сада баъд Абулҳасан Алӣ бини Ҳилол маъруф ба Ибни Баввоб ин шеваро аз онҳо омӯхта, тамоми хутутеро, ки Ибни Муқла офарида буд ба камол расонид.
Ибни Баввоб
Абулҳасан Алӣ бини Ҳилол маъруф ба Ибни Баввоб (ваф 1022 ё 1031м дар Бағдод), мулаққаб ба “Қиблатулкитоб” яке аз маъруфтарин хушнависони исломӣ буда, шеваҳои падидовардаи ӯ дар хушнависӣ дар тӯли дусад сол то ҳангоми истилои муғул берақиб буданд. Таърих ва ҷои дақиқи тавлиди ӯ мушаххас нест. Бархе ӯро иронӣ ва бархе араби ироқӣ донистаанд. Бештари ҳаёти хешро дар Бағдод гузаронида, муддате дар Шероз низ зистааст. Аз шогирдони Ибни Муқла Муҳаммад бини Самсонӣ, Муҳаммад бини Асъад ҳунар омӯхта, шогирдони ӯ Муҳаммад ибни Абдулмалик, Саид Қосим ва шогирдони эшон Аҳмад бини Фазлуллоҳи Туркистонӣ, Абдулмӯъмин бини Сафиуддини Исфаҳонӣ ҳунари ӯро ба Ёқути Мутаъсимӣ мунтақил карданд, ки силсилаи хушнависони форсу арабу турк ба ӯ мерасанд.
Ибни Баввоб дар хушнависӣ қавоиди навин ба вуҷуд оварда, мизони санҷиши ҳуруфро таҳти қоидаи “нуқта” даровард, ки то имрӯз дар ағлаби хутут риоят мешавад. Хати насх тавассути ӯ ташаккул ва такмили ниҳоӣ ёфт, ба тадриҷ хати роиҷи тамоми сарзаминҳои исломӣ гардид ва имрӯз ҳуруфи чопии муосири арабию форсӣ бо ин хат тарроҳӣ шудаанд. Ӯ дар наққошӣ, китобороӣ, тазҳиб, хушнависӣ устоди моҳир, воизи дарбор, амину китобдори китобхонаи амири дайламӣ ва дар арабӣ адиби тавоно буд.
Ёқути Мустаъсимӣ
Ҷамолиддин Абулдар Ёқути Мустаъсимии Бағдодӣ мулаққаб ба Қиблатулкитоб (ваф 698ҳ) аз аҳли Ҳабаш буда, дар хушнависӣ аз Ибни баввоб татабӯъ кардааст. Ӯ дар равиши хушнависӣ ва тарошидану буриши қалам тағйироте ворид кард. Хатҳои мухталифи исломиро қодабандӣ кардааст. Ӯ марди адиб, фозил, шоир ва аз тарбитдидагони халифаи охирини аббосӣ Мӯътасим Биллоҳ будааст, ба ин далел худро “Мӯътасимӣ” номидааст. Баъд аз оне, ки Қиблатулкитоб лақаб гирифт, ҳар рӯз ду ҷузъ аз Қуръонро навишта, дар моҳе ду Қуъръони комилро ба поён мерасонид. Дар поёни китоб шумори Қуръони китобат кардаашро қайд мекард. Аз он Қуръонҳо шумораҳои чаҳор, сесад ва шашсадро дидаанд. Аз ӯ ба унвони бузургтарин хушнавис дар нигориши хати сулс ном мебаранд.
Асотиди дигар:
Миралии Табрезӣ
Мир Амод
Ҷаъфари Табрезӣ
Азҳари Табрезӣ
Султоналии Машҳадӣ
Абдураҳмони Хоразмӣ
Абдураҳиму Абдукарими Хоразмӣ
Миралии Ҳиравӣ
Муртазоқулихони Шомлу
Муҳаммад Шафеи Ҳиравӣ
Муҳаммад Шафеи Ҳиравӣ
Дарвеш Абдулмаҷиди Толиқонӣ
Хоҷа Тоҷиддини Салмонӣ
Хоҷа Тоҷиддин Салмонии Исфаҳонӣ (ваф897ҳ) хушнависӣ барҷаста дар хати таълиқ буда, аксари муҳаққиқон бар он назаранд, ки хати шикастаи таълиқро ӯ офаридааст. Агар офарандаи он ҳам набошад, нахуст касест, ки ба он сару сурати комил дода, таҳти қоида даровард. Ӯ дар таълиқ ва хутути шикаста ҳам устод буд. Дар замони салтанати Султон Абусаиди Курагонӣ зистааст.
Асотиди барҷастаи сулс:
Ёқути Мустаъсимӣ
Абдуллоҳи Сайрафӣ
Мирзо Ҳусайни Бойсунқаро
Абдуллоҳ Таббохи Ҳиравӣ
Мулло Ъалобек
Хайриддини Маръашӣ
Асадуллоҳи Кирмонӣ
Умари Ақтаъ
Султон Иброҳим Мирзои Темурӣ
Абдулҳайи Халутӣ
Абдулбоқии Табрезӣ
Муосир:
Аҳмад Наҷафии Занҷонӣ
Абдулҳамид Маликулкаломӣ
Муҳаммадалӣ Ғаравии Котиб
Ҳабибуллоҳи Фазоилӣ
Муҳаммад Муваҳҳиди Ҳусайнӣ
Муҳаммад Абдурризоӣ
Саидмуртазо Нуҷумӣ
Аббоси Мисбоҳзода
Муҳаммадризо Қанбарӣ
Абдулсамад Самадӣ
Муҳаммад Неъматӣ
Усмонӣ:
Ҳамдуллоҳи Омосӣ
Аҳмадқараи Ҳисорӣ
Ҳасан Чалабӣ
Ҳофиз Усмон
Мустафо Роқим
Исмоил Зуҳдӣ
Маҳмуд Ҷалолиддин
Мустафо Иззат
Муҳаммад Шафиқбек
Маҳмуд Ёзар
Мустафо Ҳалим
Ҳомид Омадӣ
Суронӣ ва лубнонӣ:
Иброҳим Аррафоъӣ
Комил Албобо
Насиб Макорим
Ироқ:
Ҳошим Муҳаммади Бағдодӣ
Муҳаммад Сабрии Ҳилолӣ
Абдулғанӣ Абдулазиз
Маҳдӣ Ҷабурӣ
Афғонистон:
Саид Муҳаммад Эшон Алҳусайнии Афғонӣ
Саид Муҳаммад Довуд Алҳусайнӣ
Саид Муҳаммад Саиди Ҳусайнӣ
Саид Ҳимоятуллоҳи Ҳусайнӣ
Саид Муҳаммад Сиддиқи Ҳусайнӣ
Азизуддин Валъкилии Фуфалзоӣ
Аъзамӣ
Беҳансӣ
Роду
Мир Алӣ Аттори Ҳиравӣ
Асотиди маъруфи таълиқ
Хоҷа Абулъол
Ҳасан бини Ҳусайни Форсӣ
Аҳмад бини Али Шерозӣ
Мансур бини Муҳаммади Баҳбаҳонӣ
Султоналии Машҳадӣ
Дарвеш Абдуллоҳ Муншии Балхӣ
Наҷмиддин Масъуди Совӣ
Шаҳобиддин Абдуллоҳ Марвориди Кирмонӣ (Баёнии Кирмонӣ)
Хоҷа Тоҷи Сулаймонӣ (Сулаймонӣ)
Муҳаммад Исфизорӣ
Иброҳими Астарободӣ
Хоҷа Ихтиёриддини Муншӣ
Абдулҳай Муншии Астарободӣ
Ҳусайнали Бек
Хоҷа Мирак Муншии Кирмонӣ
Искандарбек Муншӣ
Муҳаммадкозим Валлоҳи Исфаҳонӣ
Лутфалӣ Садрулафзал
Таълиқнависони усмонӣ:
Маҳмуд Тупхонлу
Иброҳим Фоиқ
Исмоил Осим
Саидмуҳаммад Маҷидӣ
Ахрас
Муҳаммад Асъад
Мустафо Ҷудат
Муосир:
Ҳабибуллоҳи Фазоилӣ
Муртазо Абдурасулӣ
Асотиди настаълиқ:
Мир Алии Табрезӣ
Мирзо Ҷаъфари Табрезӣ
Азҳари Табрезӣ
Султон Алии Машҳадӣ
Мир Алии Ҳиравӣ
Абдураҳмони Хоразмӣ
Абдураҳим Анисии Хоразмӣ
Султон Алисабзи Машҳадӣ
Султон Али Қоинӣ
Султон Муҳаммади Нур
Султон Муҳаммади Хандон
Мир Аммори Ҳасанӣ
Алиризои Аббосӣ
Абдурашиди Дайламӣ (Рашидо)
Гавҳаршод (духтари Мир Аммор)
Абдулҷаббори Исфаҳонӣ
Ҳоҷӣ Ҷамол бини Малики Шерозӣ (Ҷамол)
Нурои Исфаҳонӣ
Меҳроби Бек
Миряҳёи Исфаҳонӣ
Абутуроби Исфаҳонӣ (Туробо)
Муҳаммадсолеҳи Исфаҳонӣ
Муҳаммадҳусайни Табрезӣ
Бадеуззамони Табрезӣ (фарзанди Алиризои Аббосӣ)
Муҳаммадҳусайни Кашмирӣ
Муҳаммадмӯъмини Кирмонӣ
Абдураҳими Анбаринқалам
Ҳасани Шомлу
Асадуллоҳи Шерозӣ
Аббоси Нурӣ
Аҳмадшомлу Машҳадӣ
Фатҳалӣ Ҳиҷоб
Висоли Шерозӣ
Мирҳусайни Хушнавис
Абдураҳими Афсар
Мирзо Муҳаммад Иброҳими Теҳронӣ (Мирзоаму)
Абдулҳамиди Маликулкаломӣ
Мирзо Ғуломризо Исфаҳонӣ
Мирзо Ризои Калҳур
Амодулкитоб
Алиакбар Пагоҳи Қазвинӣ
Кайхусрави Хурӯш
Аббос Ахавайн
Ғуломҳусайни Амирхонӣ
Абосилати Содиқӣ
Ҳоҷ Ҳусайнхони Шеркаванд
Асотиди шикастаи настаълиқ:
Муртазоқулихони Шомлу (ҳокими Ҳирот)
Муҳаммадшафеи Ҳиравӣ (маъруф ба Шафео)
Дарвеш Абдулмаҷиди Толиқонӣ
Муҳаммадризои Исфаҳонӣ
Мирзо Ғуломризои Исфаҳонӣ
Мирзо Кӯчаки Исфаҳонӣ
Саид Алиакбари Гулистона
Мирзо Ҳасани Кирмонӣ
Муҳаммад Иброҳими Қумӣ
Муҳаммадалӣ Вафои Исфаҳонӣ
Муосир:
Ядуллоҳ Кобулии Хонсорӣ
Ғуломризо Машъашъӣ
Муҳаммад Ҳусайни Атторчиён
Муҷтабо Маликзода
Ҳусайни Файзободӣ
Асотиди насх:
Аҳмади Найрезӣ