Фарҳангҳои форсӣ
“Луғати Фурс”. Ё “Фарҳанги асадӣ” вожаномаи муҳиме дар забони форсӣ аст, ки шоир Асадии Тӯсӣ дар асри XI м таълиф кардааст. Ин асар баъд аз рисолаи Абуҳафси Суғдӣ ва “Тафсир фил луғатил фурс”-и Шарафуззамони Қатрон бини Мансури Урмавӣ, шоири маъруф нигошта шуда, аз он ду асаре намонда, нахустин луғати мавҷудаи форсӣ аст. Асади онро ба ташвиқи шоир Қутбии Наҷмӣ таълиф карда, барои шарҳи ғолиби луғот шоҳид ва шавоҳиди шеъри аз ашъори шоирон меорад. Шоир онро барои он навиштааст то шоиру нависандагони форсизабони сарзаминҳои ғарбии Ирон, ки бо бархе аз вожаҳои бакоррафта дар Хуросон ва Фарорӯд ошноӣ надоштанд, тавонанд мушкилоти ғуғавии хешро ба ёрии ин китоб рафъ кунанд. Он аслан барои истифодаи шоирон танзим шуда, тартиби луғоти ин фарҳанг бар асоси ҳарфи охири онҳост ва барои пайдо кардани қофия барои шоирон, бавижа барои онҳое, ки ба форсӣ тасаллути кофӣ надоштанд, манбаи арзишманд будааст. Матолиби китоб таи солҳо тағйир дода шуда, дар ҳар замон барои такмил ба он матлаберо афзудаанд. Фарҳангнависон ин корро баъд аз ӯ оғоз кардаанд.
“Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ”. Ҷамолиддин Ҳусайн ибни Фахриддин Ҳасани Инҷавии Шерозӣ, мулаққаб ба Изуддавла дар байни солҳои 1596-1608м, 1005-1017ҳ ба номи Акбаршоҳ таълиф намудааст. Вале онро дар аҳди писари Акбаршоҳ Ҷаҳонгир ба итмом расонда, ба ӯ арза кардааст. Аз ин рӯ ба “Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ” маъруф аст. Ин фарҳангро беҳтарин ва ҷомеътарин фарҳанги форсӣ мешиносанд. Ин фарҳанг фарогири луғоти форсӣ буда, барои вожаҳо шавоҳиди шеърӣ овардааст. Дар таълифи фарҳанг аз луғоти дардастдошта ва таҳқиқу тафаҳҳус истифода намудааст. Худ гӯяд: “Бисёре аз луғоте, ки дар ҳеҷ фарҳанге нишонӣ аз он набуд, баҳам расид ҳалли онро чора ҷуз тафаҳҳус аз аҳли диёре, ки мусанниф ё нозим аз он ҷо буда ё таватун дар он ҷо дошта наёфтам. Масалан, луғоте, ки аз ҳадиқа ва девони Ҳаким Саноии Ғазнавӣ ёфта шуд, аз мардумони Ғазнӣ ва Кобул пажӯҳиш намудам”. Ин фарҳанг муштамил бар як муқаддима, 12 оин дар дастури забони форсӣ, 24 боби луғот ба тартиби аввали калима, як хотима дар киноёт, истилоҳот ва истиорот мебошад. Он ҳудуди 10 ҳазор луғат ва 4 ҳазор истилоҳу истиораро дарбар мегирад.
“Бурҳони қотеъ”. Дар соли 1620м, 1030ҳ ба дасти Муҳаммад Ҳусайн бини Халафи Табрезӣ, мутахаллис ба Бурҳон дар Ҳайдарободи Ҳинд ба номи Султон Абдуллоҳи Қутбшоҳ, подшоҳи Дакан навишта шудааст. Муаллиф саъй намудааст, ки он нисбат ба дигар луғатҳо ҷомеътар бошад ва он луғоту киноя, истилоҳу истиораҳои мустаъмали форсиро дарбар дорад. Дар он забон ва лаҳҷаҳои мухталифи иронӣ ва ғайрииронӣ монанди мисрӣ, ибрӣ, суриёнӣ, ҳиндӣ, туркӣ, юнонӣ, румӣ, арманӣ, паҳлавӣ нақл шудааст. Муаллиф дар муқаддима мегӯяд, ки мехост “…ҷамии фавоиди “Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ”, “Маҷмаъулфурс”, “Сурмаи Сулаймонӣ”, “Сиҳоҳ-ул-адвия”, ки ҳар як ҳовии чандин китоби луғотанд, ба тариқи эҷоз бинависад”. Бино бар чопи Калкута теъдоди луғоти фарҳанг 20 ҳазор зикр шудааст.
“Фарҳанги Онандроҷ”. Муаллифи он Муҳаммад Подшоҳ, мутахаллис ба “Шод” муншии маҳораҷа Онандроҷ, ҳукмравои Виҷинагари Дакани Ҳиндустон буда, дар асоси чанд китоби луғат гирдоварӣ шудааст. Китоб ба номи маҳораҷа Онандроҷ навишта шуда, таълифи он дар соли 1888м ба поён расидааст. Ин фарҳанг аз комилтарин ва манзумтарин фарҳангҳои форсӣ дар асри худ буда, муштамил аз вожаҳои форсӣ, арабӣ, туркӣ бо шавоҳид аз шеъру наср мебошад. Бештари вожаҳои форсӣ бо шавоҳиди шеърӣ ороста шудаанд. Муродифҳои бисёре аз каламот оварда шуда, аз дастур ва сарфу наҳви онҳо сухан меравад.
“Фарҳанги рашидӣ”. Таълифи Абдурашид бини Абдуғафури Ҳусайнӣ Мадании Татавӣ, ки мансуб ба дарбори Аврангзеб будааст, дар соли 1653 таълиф гардидааст.
“Фарҳанги низом”. Фарҳанги форсӣ дар панҷ ҷилд аст, ки онро Муҳаммад Алӣ Доъиулислом онро дар соли 1305 дар Ҳайдарободи Дакан мунташир кард. Нависанда ин фарҳангро ба номи Усмоналихон подшоҳи Дакан, ки ба Низоми Ҳайдаробод маъруф буд, номгузорӣ кардааст.
“Маҷмаъ-ул-фурс”. Аз ҷониби Муҳаммад Қосим бини Ҳоҷ Муҳаммади Кошонӣ, мутахаллис ба Сурурӣ бо мутолиаи 16 нусха аз фарҳангҳои гуногуни форсию арабӣ ва афзудани шавоҳиди шеърӣ аз ашъори бузургони шеъри форсӣ ба номи Шоҳ Аббоси аввали Сафавӣ дар соли 1599м (1008қ) таълиф шудааст.
“Ғиёс-ул-луғот”. Таълифи ин луғатномаро Ғиёсиддин ибни Ҷалолиддини Ромпурӣ дар соли 1826 ба итмом расондааст. Дар муқаддимаи он омадааст: … ба донишмадони равшанзамир махфӣ намонад, ки баъзе аз аҳаббо дар таълим ва таъаллуми назму насри форсӣ ба дарёфти сиҳати луғот ва маонии он ба талоши кутуб ба ҳар сӯ мегардиданд ва бо вуҷуди баҳам расидани як ду китоб ба матлаб намерасиданд, … лиҳозо … Муҳаммад Ғиёсиддин бини Ҷалолиддин бини Шарофиддин аслаҳуллоҳу шаънаҳу… бо вуҷуди вуфури алоиқ ва касрати афкору издиҳоми дарсу тадриси талаба ва иштиғоли таълиф ва таснифи баъзе кутуб мисли “Мафотиҳ-ул-кунуз”, шарҳи “Искандарнома” ва нусхаи “Боғу баҳор” ва иншои ғазалиёт ва қасоид ва ғайра дар арсаи чаҳордаҳ сол ба иборати саҳли омфаҳм ин китоб таълиф намуда, ки муштамил аст бар таҳқиқи ҳиля ва маонии луғоти зарурияи касирулистеъмоли арабия ва форсия”.
“Луғатномаи Деҳхудо”. Бузургтарин ва муҳимтарин асари Алиакбари Деҳхудо буда, беш аз 40 соли умри хешро сарфи он кардааст. Луғатнома бахши бузурге аз вожаҳои адабии забони форсиро бо маънии дақиқ, ашъору иттилоот дар бораи онҳо дарбар гирифтааст. Инчунин, луғатнома шумори зиёди вожагони арабиро бо шарҳи маънӣ ва тафсир доро аст. Нимаи китобро луғот бо маънӣ ва шоҳид ва ними дигари онро эъломи таърихӣ ва ҷуғрофӣ ташкил медиҳад. Ин асар ҳовии (дарбаргирандаи) кулияи луғоти фарҳангҳои хаттӣ ва чопии форсӣ аст. Дар нақли онҳо бисёре аз ғалатҳои гузаштагон тасҳеҳ шудааст. Бисёре аз луғоти арабӣ, туркӣ, муғулӣ, ҳиндӣ, фаронсавӣ, лмонӣ, инглисӣ, русӣ ва дигар забонҳои мутадовил дар забони форсӣ низ дар ин фарҳанг омадааст. Барои саҳеҳ хонда шудани луғот ҳаракот гузошта шудааст. Луғатнома теъдоди бузурги вожаҳои илмӣ, таърихӣ, ҷуғрофиро дар бар гирифта, он ҳам диоратулмариф аст, ҳам китоби улуми гуногун ва ҳам луғатнома. Вожаи “луғатномаро” нахустин бор Асадии Тӯсӣ дар “Луғати Фурс” ба кор бурдааст ва Деҳхудо барои посдошти ӯ ин номро ба фарҳанги худ гузоштааст.
Деҳхудо бештари умри хешро сарфи таҳияи он намуд ва бо қарори маҷлиси Шӯрои миллӣ муассисае бо ном Луғатномаи Деҳхудо барои мудирияти кори чопи луғатнома ва идомаи роҳи Деҳхудо таъсис шуд. Муддате пас аз тасвиби тарҳ Деҳхудо вафот кард ва кори ҳамоҳангию мудирияти луғатнома ба васияти ӯ бар ӯҳдаи дуктур Муҳаммад Муин (муаллифи фарҳанги “Муин”) гузорида шуд. Пас аз фавти ӯ ин кор ба василаи дуктур Саидҷаъфари Шаҳидӣ, дуктур Дабири Сиёқӣ ва дигарон ба поён расид. То замони фавти Деҳхудо 4200 сафҳаи луғатнома таҳия шуда буд, луғатномаи мавҷудаи имрӯза дар 50 ҷилд ва 26 ҳазор сафҳа ба чоп расидааст. Лавҳи фишурдаи (CD) луғатнома тавассути Муассисаи Деҳхудо тавлид ва арза шудааст. Илова бар Алиакбари Деҳхудо ва ҳамкорони аввалияи ӯ гурӯҳе аз пажӯҳишгарони забону адаби форсӣ дар таи беш аз 60 сол дар ҳайати муаллифони “Луғатномаи Деҳхудо” узвият дошта, ба таҳия ва танзими мавод, тадвини маводи гирдоварда машғул буданд. Феҳристи ин муаллифон 48 нафар аст.
“Луғати Муин”. Аз фараҳангҳои муҳими забони форсӣ буда, аз ҷониби Муҳаммад Муин фарди фарҳехта таълиф гардидааст ва ин фарҳанги форсии шашҷилда осори гаронбаҳои ӯст. Ба иллати сактаи нобаҳангом дуктур Муин даргузашта, бахшҳои интиҳоии луғат аз ҷониби Ҷаъфар Шаҳидӣ такмил ва ба маҷмӯа изофа гардид.Фарҳанг аз 3 бахш луғот, таркиботи хориҷӣ ва эълом иборат аст. Бахши луғат аз: мавод, имло, талаффуз, аслу реша, дастур, маъонӣ ва мафоҳим, шавоҳиду амсол, мутародифу мутазод, тавзеҳ, бахши таркибоити хориҷӣ аз: мавод, имло, талаффуз, аслу реша, дастур, маъонӣ ва шарҳи эълом иборат мебошанд. Дар фарҳанг вожагон аз забонҳои арабӣ, туркӣ, муғулӣ, ҳиндӣ ва забонҳои аврупоии мустаъмал дар форсӣ шарҳу тавзеҳ ёфтаанд. Дуктур Муин барои баёни беҳтари талаффузҳо аз ҳуруфи лотинӣ истифода кардааст.
“Фарҳанги Амид”. Ин фарҳангнома шомили вожаҳои форсӣ, арабӣ, аврупоӣ ва туркии бакоррафта дар забони форсӣ ба ҳамроҳи истилоҳоти илмӣ ва адабӣ аст. Онро Ҳасан Амид навиштааст. Ин фарҳанг дар ду ҷилд чоп шудааст. Дар фарҳанг нишонаҳои овоии вожагон барои талаффузи дурусти вожаҳо дар миёни камонак баробари ҳар вожа оварда шуда, вожаи воридшуда ба забон дар асли забонаш низ оварда шудааст. Овонигории вожаҳои арабӣ бар асоси талаффузи аслии вожаҳо оварда шуда, маънии онҳо ба сурати равшан ва баёни сода нигошта шудааст. Барои баъзе вожаҳо тасвирҳо ғунҷонида шудааст. Ин фарҳанг дарбаргирандаи шумори зиёди вожагони дар форсӣ бакоррафта мебошад.
“Фарҳанги форсии вожаҳои сара”. Фарҳангест, ки дар он ба муаррифии вожаҳои форсие, ки дар гузашта дар адабиёти навишторӣ ва фарҳангҳои пешини форсӣ истифода шуда, ба тадриҷ ҷои худро ба вожаҳои арабӣ додаанд, пардохта шудааст. Ин вожаҳо корбурди камтар дар забони гуфторӣ ва навишторӣ доранд ва манзури фарҳанг шиносондан бо вожаҳое аст, ки ба мурури замон фаромӯш шуда ва ё корбурди худро аз даст додаанд ва корбурди камтаре доранд. Ин китоб бори нахуст таҳти унвони “Фарҳанги арабӣ дар форсӣ” мунташир шуд, вале ин гӯёи мазмун ва ҳадафи китоб набуд, аз ин рӯ номи кунунӣ дар чопҳои баъдӣ ҷойгузини он шуд. Он аз ҷониби Фарида Розӣ гирдоварӣ шудааст.
Фарҳангҳои дигар:
“Баҳори Аҷам”.
“Осаф-ул-луғот”.
“Нақши бадеъ дар Ҳинд”.1639
“Фарҳанги навбаҳор”.
“Мунтахаб-ул-луғот”.
Фарҳангҳои форсӣ ба туркӣ:
“Ақнуми Аҷам”
“Шомил-ул-луғот”
“Қоимаи Лутфуллоҳ”
“Луғати Неъматуллоҳ”
Дар ин ҷо маълумоти мухтасар дар бораи бархе аз фарҳангҳои мӯътабари забони форсӣ бо истифода аз маводи Википедиё – донишномаи озоди интернетӣ гирдоварӣ шудааст.