Назаре ба торихчаи забон
Забони имрӯзаи форсӣ аз забони фосии миёна ё паҳлавӣ ва он аз забони қадимии иронӣ маншаъ гирифтааст. Он шеваи гуфтории ноҳияи таърихии Порс дар ҷануби кишвари имрӯзаи Ирон ва шевае аз лаҳҷоти мутааддиди гуфтории мардуми иронитабор дар қаламрави густурда буда, дар аҳди Сосониён, ки аҳли ин минтақа буданд, ба унвони гӯиши расмӣ пазируфта шуда, ба соири манотиқи иронинишин густариш ёфт. Дар Хуросон ҷойгузини забонҳои портӣ ва бохтарӣ (ё балхӣ) шуда, бахшҳои бузурги суғду хоразмизабонон дар Мовароуннаҳр форсизабон шуданд. Гӯиши хосе дар Хуросон ба унвони форсии “дарӣ” (ё дарборӣ) шакл гирифта, ба шарқу ғарби Ирон паҳн гардид. Арабҳо пас аз ҳамла ба Ирон забони порсии дариро ҳамчун забони тамос бо мардуми маҳалӣ баргузида, онро ба манотиқи дурдасти Осиёи Миёна густариш доданд. Онро чун забони таблиғ ва нашри ислом дар миёни мардуми Хуросону Фарорӯд истифода карданд. Саранҷом форсии дарӣ ҷойгузини забонҳои маҳаллӣ гардид. Истифода аз хати арабӣ барои забони форсӣ дар Хуросон оғоз гашт. Тадриҷан забони паҳлавӣ бо русумулхати хеш дар гӯшаи фаромӯшӣ гузошта шуда, гӯиши форсии дарӣ ҳамчун забони форсии нав ва аз ин пас танҳо порсӣ ё форсӣ бо русумулхати арабӣ дар миёни қисмати бештари мардуми иронитабор ба сифати забони гуфторию адабию коргузорӣ дар мавриди корбурд қарор гирифт.
Авҷи шукӯҳу шаҳомати забони нави форсӣ дар замони салтанати Сомониён дар Фарорӯд буд, ки онро забони расмии давлати хеш қарор дода, ба ташаккул ва тавсеаи он рағбат зоҳир намуда, дар пойтахташон доираи адабӣ созмон дода, барои нуфузу интишори он талош карданд. Шуаро Рӯдакӣ, Шаҳидии Балхӣ, Абушакур, Дақиқӣ, Фирдавсӣ осори барҷаста ва гаронбаҳои оламшумул офариданд. Ин шоирон, хусусан Фирдавсии Тӯсӣ ба фармоиши шоҳони сомонӣ бо таълифи “Шоҳнома” бузургтарин хидматро дар роҳи ташаккул ва эҳёи забон бо бозёфти вожаҳои гумшудаву аслии форсӣ анҷом доданд. Сомониён форсиро забони расмии навишторӣ ҷойгузини арабӣ карданд ва ин анъанаи эшонро сулолаҳои баъдини ғайрииронитабор то садаи бист идома доданд.
Забони форсӣ аз асри X то XIX милодӣ дар бахши бузурге аз шарқи олам забони миёнҷӣ буда, дар миёни мардуми ғайрииронӣ нуфузу эътибори бузург дошт. Забони форсӣ дар замони Ғазнавиён ба Ҳинд роҳ ёфта, забони шеър ва фарҳанг буд. То замони истеъмори сарзамини Ҳиндустон аз ҷониби инглисҳо дар даврони Кӯрагониён, ки идомадиҳандагони салтанати Темуриён буданд, форсӣ забони расмии ин давлат буд, ки қаламрави густурдаеро таҳти ҳукумат дошт. Густариш ва равнақи форсӣ дар аҳди ин салтанат ба ҳадде расид, ки он дар сарзамини Ҳинд нуфуз карда, забони дарбор гашт. Ин боис гашт, ки бисёре аз аҳли илму ҳунару адаби форсӣ ба Ҳиндустон ҳиҷрат кардаанд. Тавре, ки доктор Забеуллоҳи Сафо дар “Таърихи адабиёт дар Ирон” менависад: “Ба ростӣ, агар Ирони он замон ду паноҳгоҳи бузурги фарҳангӣ Усмонӣ ва Кӯрагонии Ҳиндро надошт, адаби форсӣ ба рӯзгори баде дучор мешуд”.
Форсӣ ба ҳайси забони расмии идорӣ ва низомӣ дар Ҳиндустон ва адабӣ дар салтанати Усмониён корбурд дошта, султонҳои усмонӣ ба он таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, бархе ба он шеър низ менавиштанд. Нуфузи забони форсӣ дар кишварҳои ғайрииронитабор ин нуфузи фарҳанги иронӣ буд. Дар салтанати Кӯрагониён дар канори дини ислом фарҳанги иронӣ ҷузву сарлавҳаи фарҳангияшон буд. Забони имрӯзаи “исломишудаи ҳиндии” Покистон урду таҳти таъсири форсӣ ба вуҷуд омадааст. Таъсири он ба ҳадде аст, ки тамоми каламоти суруди миллии Покистон ба ҷуз як форсиянд. Ҳатто бархе аз каламот дар урду форсӣ монда, дар форсӣ арабияшон истифода мешавад.
Дар замони охир форсӣ ба тангно рӯ ба рӯ шуд. Инглисҳо барои зудудани форсӣ аз сарзамини Ҳинд ва ҷойгузини он намудани инглисӣ барномарезӣ карданд. Рақибони эшон русҳо дар Осиёи Миёна марокизи забони форсӣ, фарҳанги ирониро ба хотири ҷойгузингардонии забону фарҳанги хеш ба завол оварданд. Дар Афғнистон шоҳони пуштутабор бо сиёсатҳои форсизудоӣ зарбе ба эътибори забону фарҳанги форсӣ дар ин кишвар заданд.
Асри XX замони таҳаввулоти бузург дар олам буд. Даври истеъмор ба итмом расида, дар харитаи олам давлатҳои мутааддид арзи вуҷуд намуданд. Қаламрави бузурги Ирони таърихӣ, ки аз Халиҷи Форс то саҳрои Туркистон, аз соҳили баҳри Хазар то Чину Ҳиндустон арзу тӯл дошт, чандпора гашт. Марокизи фарҳангии бостонии иронӣ шомили қаламрави кишварҳои мухталиф (Ирон, Афғонистон, Узбакистон, Туркманистон ва ғ.) гаштанд. Баъд аз хатми салтанати Қоҷориёни турктабор дар Ирон зимоми идораи кишвар ба дасти Ризошоҳи Паҳлавӣ расид. Ӯ талош барои эҳёи фарҳангӣ ва ободонии кишвари ақабмондаи асримиёнагӣ варзид. Нахуст номи таърихии он “Ирон”-ро дар соли 1935 барқарор намуд. Фарҳангистони забон барои ҳамоҳанг кардани кори вожасозӣ ташкил шуд. Сохтани вожаҳои ҷойгузин барои вожаҳои бегона, ки имрӯз дар гуфтору навиштори форсӣ ба кор мераванд, аз дастовардҳои бузурги он буд. Истилоҳоти илмӣ ба форсӣ тарҷума шуда, матолиби гуногуни илмию фаннӣ ба форсӣ навишта шуда, ба тадриҷ форсӣ барои баёни онҳо парварда шуда, забони илмии форсӣ такмил ёфт.
Дар таърихи Афғонистон ғолибан қабоили пуштунтабор, ки худ аз ақвоми ирониянд, ҳукумат намудаанд. Аммо забону фарҳанги эшон дар сатҳи қавмӣ тарвиҷ дошта, забони расмӣ ва илмию адабии кишвар форсӣ буд. Пас аз шаклгирии давлатҳои миллӣ пуштунҳо, ки аксарияти қавмии Афғонистонро ташкил медиҳанд, саъй ба авлавият бахшидани забону фарҳанги хеш намуданд. Вале изҳори норизоят ва акси амали форсизабонон ва соири ақаллиятҳои кишвар монеи ин гашт. Бо вуҷуди мамониятҳо форсӣ дар ин кишвар забони расмӣ, муоширати байниқавмӣ, илмию адабӣ ва муқаддам аст.
Агарчанде забону фарҳанги оламгири форсӣ дар Ирону Афғонистон, дар ҳудуди маҳдуди ҷуғрофӣ аз қаламрави густурдаи таърихӣ маъво гирифт, асолати хешро маҳфуз дошт. Аммо дар Фарорӯд адвори фоҷиаборро паси сар намуд. Сокинони аслии иронитабори ин марзу бум дар тӯли беш аз ҳазор сол зимоми идораи сарзаминҳои хешро ба дасти бегонагон супурда, бо баҳои ҷон хидмати эшонро намуданд. Вале фарҳангу забони худро нигаҳ дошта, ба онҳо таҳвил доданд. То замони суқути охирин салтанати туркумуғултаборони Осиёи Миёна Манғитиён забони расмӣ, давлатӣ, коргузорӣ, идорӣ, илмӣ, адабӣ ва муоширати байниқавмӣ дар Осиёи Миёна форсӣ буд. Тарвиҷи забону фарҳанги хеш дар минтақа яке аз аҳдофи мустаъмирони рус буд. Мустаъмирон ва понтуркистон, ки талоши эҳдоси давлати миллии хеш Туркистони Бузургро доштанд, ба тамоми васоил кӯшиши маҳвсозии рақиби асосӣ, забону фарҳанги форсиро намуданд. Мутаассифона, онҳо ба аҳдофи хеш расиданд ва шӯълаи мунаввари забону фарҳанги волоро дар ин сарзаминҳо, ки дар тӯли садсолаҳо дурахшон буд, хомӯш намуданд. Манзалаи забону фарҳанги форсиро забон ва фарҳанги русӣ соҳиб шуд. Конунҳои муҳими забону фарҳанги форсӣ дар байни давлатҳои навсохтаи ғайрииронитабор мунқасим гаштанд ва аҳли илму зиёи иронитабор ба саъйу талошҳои заҳматбори чандсола муваффақ ба таъсиси давлати кӯчаке дар минтақаи кӯҳсор гаштанд.
Понтуркистон иддао доштанд, ки иронитаборон мардуми таҳҷоӣ набуда, аз Ирон омада, дар Осиёи Вусто маскун гашта, ҷузъе аз ақаллиятҳои миллӣ буда, ҳаққи доштани давлат надоранд, зеро буми аслӣ ва давлати миллияшон Ирон аст. Барои наҷоти миллату забону фарҳанги хеш муборизони иронитабор хешро “тоҷик”, ки қаблан барои тафовути туркон аз бумиён ба кор мерафт ва забонашонро “тоҷикӣ” номида, даъвои доштани давлат карда, Тоҷикистонро таъсис доданд. Бузургони илму адаби форсиро мутобиқ ба маҳали таваллудашон ба “тоҷик” ва “форс-тоҷик” ҷудо карданд.
Низоми коммунистӣ миллалу ақвомро дар инзиво нигаҳ дошта, аз ҳама гуна равобиту тамос бо ҳамтаборони хориҷ монеат мекард. Забони форсӣ нуфузу эътибору ривоҷи хешро дар Осиёи Миёна аз даст дода, дар Тоҷикистон маҳдуд ва забони давлатӣ русӣ шуд. Коммунистон забони форсӣ ё тоҷикиро ҳамчун забони омма барои аҳдофи сиёсӣ истифода бурда, алоқаи ирониёни осиёимиёнагиро, ки аз он баъд тоҷикон ном гирифтанд, аз ҳамтаборони берунӣ гусаста, бо тағйири алифбо ва созгор намудани он ба ағрозашон эшонро аз асолати хеш дур андохтанд. Албатта, ин ҳама ба хосту завқи хешу бидуни изни намояндагони он сурат гирифт. Садриддин Айнӣ яке аз муборизону муассисони давлати Тоҷикистон аз ҳаводиси он замон менависад: “Имрӯзҳо дар бораи чӣ будани забони тоҷикӣ мунозира ва гуфту гузор меравад. Азбаски бештарини ин мунозираҳо дар матбуоти русӣ ва бо забони русӣ гузориш ёфта истодааст, мо нависандагони тоҷик, ки забони худро ба зӯр медонем,— чӣ ҷои забони русӣ — аз рӯҳи ин мунозираҳо ва аз чӣ будани фикри ҳар кадом мунозиракунандагон бехабарем…” (Аз мақолаи “Забони тоҷикӣ”). Ин аз бузургтарин бадбахтиҳои ин мардум дар тӯли таърих буд. Агар қаблан беизну пурсиш аз ӯ қудрату озодии сиёсиро мегирифтанд, дар ин замон бар зами ситондани марзу буму марокизи фарҳангияш бидуни иҷоза ва ҳатто иштирокаш дар бобати забону фарҳангаш бегонагон мунозираву тасмимгирӣ мекарданд. Яке аз асбоби бохти тоҷикон надонистани забони русӣ буд, ки аҳли зиё иддао хешро бевосита ба руасои шуравӣ расонидан наметавонистанд ва сабаби ин он буд, ки форсӣ дар рӯзгори эшон соҳиб нуфузу манзалати хос буд ва онҳо зарурати омӯзиши забони ғайрро муҳим надониста, онро тарҷеҳ медоданд.
Яке аз масоили муҳим дар он замон интихоби шеваи забон буд. Коммунистон ба иборати хеш “инқилоби маданиро” ба роҳ андохта, ба хотири оммавӣ кардани он забони адабии форсиро бо баҳонаи душворфаҳмӣ барои омма барканор намуда, шеваи гуфтории авомро забони адабӣ қарор дода, забони умумифорсии роиҷро, ки ҳамчун пуле пайвандгари кишварҳои форсизабон буд, дур андохтанд. Айнӣ дар ҳамон мақолааш менависад:“Аз рӯи шунидам, дар болои хостани забон дар адабиёти нави навиштаи тоҷик ду фикри асосӣ меравад: яке қабул кардани забони умумии форсӣ, ки аз он ҳамаи форсизабонони ҷаҳон фоида бурда тавонанд, дигаре забони соддаи авоми тоҷик. Касоне, ки тарафдори фикри авваланд, мегӯянд: адабиёт ва матбуоти тоҷик корандаи тухми инқилоб дар шарқи форс аст. Агар мо забони адабиёти нави тоҷикро ба забони соддаи тоҷикӣ баста монем, вазифаи байналмилалии худро адо карда наметавонем. Касоне, ки фикри дуввумиро пеш меронанд, мегӯянд: вазифаи аввалини мо равшан кардани фикри авоми тоҷик, паҳн кардани илм ва дониши шӯроӣ дар байни оммаи тоҷик ва оммагӣ кардани инқилоби маданӣ дар байни тоҷикон аст. Агар мо байналмиллалӣ мекунем гуфта, забони адабиёти тоҷикро аз доираи тоҷикон берун барорем, қисми авоми тоҷик аз ғизои дониш маҳрум мемонад. Худи ман аз тарафдорони фикри дуввумӣ ҳастам, зеро «аввал хеш дуввум дарвеш» аз масалҳои машҳури тоҷикӣ аст. Меҳнаткашони тоҷик бо роҳбарии фирқаи коммунистӣ ҷумҳурияти худро ташкил доданд, тоҷикони Узбекистон дар сояи сиёсати миллии фирқаи коммунистӣ мактаб ва муомилаҳои расмии худро ба забони худ гардонданд. Агар мо дар навбати аввал худи тоҷикони Тоҷикистон ва Узбекистонро дар назар нагирифта, ба доно кардани оммаи форсизабонони беруна кӯшиш кунем, монанди он кас, мешавем, ки аҳли хонаводаи худро гушна гузошта, ба гушнагони беруна садақа медиҳад”. (Аз мақолаи “Забони тоҷикӣ”).
Агар андешаи гурӯҳи аввалӣ амалӣ мегардид, пайомади беҳтаре медошт. Гусастагии дар миёни форсизабонон камтар ва равобит бештар мебуд. Албатта, бешак назари гурӯҳи дувум хоста ва фармудае буд, ки хоҷагон илқо мекарданд. Онҳо фарҳанги асили ин мардумро “асримиёнагӣ”, “осори даври ҷаҳолат”, “мероси динӣ” ва ғ. хонда, аҳли илму адабро ба эҷоди забону адабиёти мутафовит аз он барои тағйири тарзи тафаккур ва зеҳнияти онон маҷбур карданд. Айнӣ дар ҳамон мақола навиштааст: “Дар ин роҳ мазмуни навиштаҳо роли калон бозӣ мекунад: мазлумон ва меҳнаткашони Шарқ аз риёкорӣ, аз муболиғаҳои бемаънӣ, аз хаёлоти хушк, аз мавҳумотфурӯшии мулло ва эшонон ба ҷон омадаанд. Акнун ба онҳо ба куҷо будани манфиати моддӣ ва роҳи халосии онҳоро нишон додан даркор аст, ин муболиға ва хаёлоти шарқӣ дар гузашта ҳар чизеро монанди будаш намоён кардан зарур аст. Ин вазифаро танҳо матбуоти шӯроӣ, адабиёти сиёсии коммунистӣ ва тасвири муборизаҳои синфӣ адо карда метавонад. Агар матбуоти тоҷикӣ ҳақиқатан матбуоти фирқа ва шӯро шуда тавонад, худи ҳамин сифаташ ба кашидани рағбати меҳнаткашони беруна ба тарафи худаш кафил мешавад”.
Ин маонӣ, албатта, аз нуқтаи назари коммунистӣ ифшо гаштаанд, бузургони гузаштаи мо ҳама мулло буданд, зеро ҳама аз донишҳои амиқ ё кофии динӣ бархурдор буданд, аммо дар осори эшон риёкорӣ, хушкхаёлӣ, муболиғоти бемаънӣ ва ё мавҳумотфурӯшӣ ҳеҷ пайдо нест ва ҳама эҷодиёти дурӯғпояи хаёлбофтаи коммунистӣ ба мисрае аз он наарзад. Барои амалӣ кардани ин нақшаҳои фармоишӣ аҳли адаби тоҷик, ки тарбиятёфтагони макотиби пешин буданд, бо русумулхати наву гӯиши нави адабӣ офаридани адабиёти нави мутобиқи замон ба услубу равиши русӣ баробар кардани он заҳмату машаққотро паси сар намуданд. Масалан, аз ҳамон мақола: “Нашриёти тоҷикӣ аз ҷиҳати забон вазифаи худро адо кард ё не? Ба ин пурсиш «не»! гуфта ҷавоб додан рост меояд. Ман бо ин ҷавоби худ айбдор кардани коркунони нашриётро намехоҳам, балки мақсади ман он аст, ки ба нашриёти тоҷикӣ дар адо кардани вазифа шароит ёрӣ ва ғунҷоиш надод. Қисми калони чизҳое, ки нашриёт дар дусола айёми зиндагонии худ чоп кард, китобҳои фаннӣ ва сиёсӣ аст. Ин ҳам маълум аст, ки ҳамаи ин гуна китобҳо аз забони русӣ тарҷима мешаванд. Ин ҳам пӯшида нест, ки аз нависандагоии маҳаллӣ касоне, ки китобҳои фаннӣ ва сиёсиро хуб тарҷима карда тавонанд, каманд, ночор бештарини китобҳо аз тарафи рафиқони эронӣ тарҷима шуданд. Ин ҳам ҷои инкор нест, ки қуввати тарҷумонии ҳамаи рафиқони эронӣ низ баробар ва аз ҳар ҷиҳат мукаммал нест. Вақте ки як китоб аз тарафи як рафиқ тарҷима шуда ба идораи нашриёт меояд, масъалаи сода кардани забон ба як сӯ монда, вазифаи ба русӣ мувофиқ кардани он ба пешатон меистад. Агар ба болои ин душвориҳои истилоҳҳои фаннӣ ва истилоҳҳои сиёсӣ, ки ба онҳо авоми тоҷик шиносо нест, зам шавад, мебинед, ки душворӣ ба чӣ дараҷа мерасад. Азбаски забони тоҷик ҳанӯз дуруст тафтиш нашудааст, мо маҷбурем, ки бештарини истилоҳҳоро аз арабӣ ё аз русӣ гирем. (Дар бораи истилоҳҳо фикри худро як вақти дигар менависем). Дар ин ҳол як авоми нимсаводи тоҷик ё як муаллими камқуввати тоҷик ин гуна китобҳоро чӣ гуна фаҳмида метавонад? (Аз мақолаи “Забони тоҷикӣ”, дар “Раҳбари дониш” дар №11-12, саҳ 43-47, соли 1928 ва дар “Маҷмӯаи забони адабии тоҷик”, Душанбе, с1930, саҳ 96-108 чоп шудааст).
Дар авохири солҳои 80 асри XX пас аз заъфи пояҳои низоми коммунистӣ дар Тоҷикистон гароишҳои эҳёи забон ва фарҳанги миллӣ падид омаданд. Натиҷаи талошу тазоҳурот алайҳи коммунистон забони давлатӣ эълон шудани забони тоҷикӣ (форсӣ) дар соли 1989 буд. Равобити фарҳангӣ бо кишварҳои ҳамзабон аз нав барқарор гаштанд, мардум бо осори адабии шоиру нависандагони муосири ҳамзамон ошно гашта, шиносоӣ бо эҷодиёти адибони шаҳир ва боризи форсизабон ба аҳли эҷоди Тоҷикистон илҳоми тоза бахшида, таконе барои вуруд ба марҳилаи нави адабӣ буд.
Он замони эҳёи забон буд ва барои мушобеҳу ҳамоҳангсозии он бо забони умумифорсӣ кӯшиш ба харҷ дода мешуд. Истилоҳот аз форсии Ирону Афғонистон ахз шуда, мавриди истифода қарор мегирифтанд. Забони матбуот тағйир кард. Дар он забону фарҳанги миллӣ ба шавқи том ташвиқ мешуд. Баргардондани кутуби гузаштагон ба алифбои кирилик ва табъу нашри осори ниёгон авҷ гирифт. Бархе бозгашт ба алифбои ниёгонро илқо мекарданд. Дар матбуот дарсҳои омӯзиши алифбои ниёгон дарҷ мегардид. Банда низ дар он замон, ки дар синфи панҷи мактабӣ мехондам, барои омӯзиши хати ниёгон расидани ҳар шумораи рӯзномаи “Адабиёт ва санъат”-ро муштоқона интизорӣ мекашидам.
Он даврони бедорӣ, худшиносии миллӣ ва эҳёи ҳувияти гумкардаи миллӣ буд. Забони форсӣ дар Тоҷикистон нуфузу манзалаи гумкардаи хешро соҳиб шуд. Кумитаи забон барои ҳифозату риояту назорати он таъсис ёфт. Он айём барои забон беҳтарин даврон дар кишвари Тоҷикистон буданд. 2017.