Вазъи забон

  Забони форсӣ шомили гурӯҳи забонҳои ҳиндуаврупоӣ ва шохаи забонҳои ғарбииронӣ аст. Дар кишварҳои Ирону Тоҷикистон ва Афғонистон (дар баробари пушту) забонӣ расмӣ буда, ба он дар Узбакистон, Покистон, Ироқ, Ҳиндустон, Баҳрайн ва соири кишварҳо форсизабонони маскуни он ҷоҳо сухан мегӯянд. Асли номи он “порсӣ” буда, ба далели адами ҳарфи “пе” дар забони арабӣ “форсӣ” муарраби он аст. Дар кишварҳои Афғонистон “дарӣ” ва Тоҷикистон “тоҷикӣ” номида мешавад. Дар кишвари Баҳрайн забони форсӣ “аҷамӣ” ном дорад.
  Дар соли 1872 милодӣ дар ҷаласаи адибону забоншиносони аврупоӣ дар Берлин забонҳои юнонӣ, лотинӣ, форсӣ ва санскрит забонҳои клоссики ҷаҳон интихоб гардиданд. Шурут барои касбияти ин унвон қудумият, ғановати адабиёт ва тағйири андак дар ҳазорсолаи охир буданд. Форсӣ аз назари танаввӯъи зарбулмасалҳо дар миёни се забони аввали ҷаҳон буда, аз ҷиҳати теъдоди вожаҳо яке аз ғанитарин забонҳои дунёст. Шумори форсизабонони дунёро беш аз сад миллион шумурдаанд ва забони форсӣ дувоздаҳумин забони корбурд дар шабакаи интернет (болотар аз арабӣ) мебошад.
  Форсӣ забони расмии Ирон буда, бузургтарин ҷамоати порсигӯёни олам дар ин кишвар сукунат дорад. Лаҳҷаи теҳронӣ дар Ирон лаҳҷаи меъёр шумурда шуда, дар расонаҳои гуфторӣ ва ҳамчунин дар омӯзиши форсӣ дар кишварҳои ғайрифорсизабон аз он истифода мешавад. Ин лаҳҷа аз замони ҳукумати қоҷор, ки Теҳронро пойтахт қарор доданд, маъмул гашт. Забони ақвоми туркзабони Ирон, хусусан озариҳо таъсири хешро ба форсии иронӣ гузоштааст. Вомвожаҳо аз он ба лаҳҷаи теҳронӣ зиёд ворид ва мустаъмал гаштаанд. Вомвожаҳо аз забони фаронсавӣ низ ба форсии Ирон ворид гашта, дар мавриди истеъмол қарор гирифтаанд. Дар Ирон Фарҳангистони илму адаби форсӣ таъсис шудааст, ки вазоифи он аз барномарезӣ ва мудирияти вожагузинӣ, баробарёбӣ ба вожагони воридшудаи бегона, дарқолабгирии мафҳум ва истилоҳоти илмию фаннӣ дар доираи забони форсӣ иборат мебошад.
  Забони форсӣ дар Афғонистон расман бо унвонӣ “дарӣ”, вале дар гуфтори мардум форсӣ номида мешавад. Форсӣ дар баробари пушту забони расмӣ буда, вожаҳои зиёде аз забонҳои пушту, инглисӣ, русӣ ва ғ. ба он дохил шудаанд. Дар масъалаи вожаҳои бегона ва истифодаи онҳо баъзан ҷанҷолҳо бармехезад. Муҳаққиқон ҷангу нобасомониҳои иҷтимоию сиёсӣ, заъфи саводу дониши оммавӣ, бархурд бо ҷомеаҳои ҷаҳонӣ, камтаваҷҷӯҳии ҳокимияти пуштузабон нисбат ба забони форсӣ, ки гоҳ ба сурати хусумат бо ин забон низ буруз мекунад, қатъи иртибот бо ҳамзабонони ҳамсоя ва дур мондан аз таҳаввулоти забони форсиро асбоби таҳдид ва осебпазирии забони форсӣ дар ин кишвар меҳисобанд. Вуруди беназми вожаҳои бегона, тадриҷан ҷойгузин шудани забони инглисӣ дар низоми идории ин кишвар ва таъсири он ба форсӣ, заиф шудани забон дар сатҳи дастурӣ аҳли илму адаби форсизабонро нигарон намуда, бо талоши эшон давлат қонунҳое барои полоиш ва тозасозии форсӣ гузоштааст.
  Забони форсӣ дар Тоҷикистон забони “тоҷикӣ” номида мешавад. Онро форсии Фарорӯд низ унвон мекунанд. Тафовути дарӣ, тоҷикӣ ва форсии иронӣ дар ҳадде нестанд, ки онҳоро забонҳои ҷудогона шумурд, балки гӯишҳои як забон бо тафовути овоӣ ва муштараки навишторӣ мебошанд. То замони ҳукумати шӯравӣ форсӣ забони расмӣ ва миёнҷӣ дар байни ақвоми Фарорӯд буд. Пас аз барқарор шудани низоми коммунистӣ русу понтуркистон нуфузу эътибори онро аз байн бурда, то дараҷаи забони адабу матбуот дар ҳудуди кишвари кӯчаки Тоҷикистон фишурда сохтанд. Дар даврони оғози фурӯпошии низом дар Тоҷикистон ҷунбиши эҳёи забон ва фарҳанги миллӣ хуруҷ намуда, забон мақоми расмият гирифта, эътибори гумкардаашро дар ин кишвар соҳиб шуд.
  Сару садо, болобардориҳо ва ҳама ҳавасҳои забондорию иштиёқҳои забонгароӣ то даргириҳои дохилӣ дар кишвар буд. Пас аз он воқеот сарнавишти мардуми кишвар дигар гашт ва ба забону фарҳанги миллӣ халал дар пай гузошт. Он асбоби сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ дошт. Яке аз сабабҳои таваққуфи ҷунбиши эҳёи забон ва фарҳанги миллӣ мудохилаи қудратҳо буд. Агар он бо суръати гирифта идомаи бештаре медошт, ҳаммиллатонро дар ҳамсоякишварҳо такон ва ба эътибори забону фарҳанги мустаъмирон зиён медод. Лиҳозо, барои ҷилавгирӣ аз мушкилот дар оянда, мардумро саргарми набард ба ҳам ва ба ин васила рафъи воқеа қабл аз вуқӯъ карданд.
  Фақру харобии кишвар мӯҷиби муҳоҷирати оммавӣ мардум ба хориҷ гардид. Муҳоҷирати оммавӣ сабаби наҷоти мардум аз ҷиҳати моддӣ буд, аммо зарбаи муҳлике ба эътибори фарҳанги ӯ зад. Ҳиҷрати авом ба кишвари Русистон, ки барои мардуми ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ панаҳгаҳи иқтисодӣ ва ҳамчун оина таҷаллигари сатҳи маданияту фаросату маърифати миллал гардид, эътибори мардум ва фарҳангу тамаддуни моро ба ҷойгоҳи пойин бурд. Ба ҳадде, ки он дар мавриди ҳазлу истеҳзои дигар халқу ақвом қарор гирифт. Ин таъсири хешро ба мардуми мо низ гузошт. Мардум забону фарҳанги худиро ҳақир дида, барои касби пешрафту комёбиҳои ҳаётӣ забону фарҳанги мӯътабарро тарҷеҳ доданд.
  Имрӯз дар пойтахт, намои фарҳангии кишвар ба ҳар самте назар кунем, бо забони русӣ бармехӯрем. Намолавҳаҳо бо эълоноти бозаргонӣ ба забони русӣ кӯчаву хиёбонҳоро зеб медиҳанд. Эълоноти хусусиро дар истгоҳу эълонтахтаҳо ба русӣ менависанд. Мошиндорон огаҳӣ аз фурӯши худравонашонро дар пастирезаи он ба русӣ дарҷ мекунанд. Дар телевизону родиёҳои миллӣ барномаҳои русӣ пахш мешавад. Бештари эълоноти бозаргонии расонаҳои тоҷикӣ ба русӣ садо медиҳад. Аммо дар воқеъ ақаллияти русзабони кишвар эътиное ба расонаҳои миллӣ надорад. Падару модарон мекӯшанд фарзандони хешро бо харҷи мазид ба кӯдакистону макотиби русӣ диҳанд. Ба қавли худашон инро барои ояндаи равшани фарзандон анҷом медиҳанд.
  Агарчанде имрӯз тарғиб аз волоияти забону фарҳанги миллӣ аз расонаҳо бештар садо ва алвоҳи шиор аз васфи он дар хиёбонҳо ҷило диҳад, эътибори забон дар ҷомеа камасартар ба назар мерасад. Дар муассисот маърӯзаҳоро ба забони давлатӣ мехонанд, вале ҳуҷҷатгузории баъзе аз соҳот ҳанӯз ба забони русӣ сурат мегирад. Асноде бо мӯҳтавои тоҷикӣ ва истилоҳоту ибороти русӣ ба имлои русиро низ дучор омадам.
  Муассисаҳои таълимӣ, хусусан олӣ солҳост бо мушкилот дучоранд. Китобҳои илмию фаннӣ аслан ба забони русианд, аммо муаллимон бояд ба тоҷикӣ дарс гӯянд. Истилоҳоти фаннӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума надоранд. Аз ин рӯ, ҳар устоде маҷбур аст, ба табъу тавони хеш тарҷума намуда, ба шогирдон таълим диҳад. Лозим ба зикр аст, ки тибқи мушоҳидаи навишта ва савияи дониши донишҷӯён устодон аксар камсаводанд, хусусан мутахассисони форуғутаҳсили пас аз замони шӯравӣ. Вале тарҷумаи маводи дарсӣ, истилоҳоти илмию фаннӣ аслан вазифа ва бар ӯҳдаи устодон набояд бошад. Зеро барои адои ин умур ниҳоди махсус аст. Бархе аз китобҳои илмию фаннӣ, матну эълонот аз забони русӣ таҳтуллафзӣ тарҷумаи шуда, маъонии мавҳум доранд.
  Пас аз шикаста шудани ҳудуди фарҳангии сохтаи низоми коммунистӣ дар миёни форсизабонон гӯиши умумифорсӣ дар Тоҷикистон нуфуз кард. Насли нави аҳли адабу фарҳанг аз он истиқбол намуд. Матбуот, билхусус матбуоти хусусӣ ба корбурди он ҳусни оғоз бахшид. Аммо дар айни ҳол ин раванд аксуламали мухолифонро ба вуҷуд овард. Мухолифони он аслан насли замони шӯравӣ буда, гӯиши тозавуруди гуфторӣ ва навишториро мураккаб, арабигашта ва барои фаҳми ҷомеа муғлақ хонда, хилофи шикастани қолаби гӯиши сохтаи замони шӯравиянд. Ҳоло матбуот, шабакаҳои телевизонӣ ва родиёшунавонии давлатӣ низ шеваи гуфторӣ ва навиштории хешро ба самти гӯиши умумифорсӣ тағйир додаанд.
  Корбурди зиёди вожаҳои арабӣ дар забони умумифорсӣ боиси душворфаҳмӣ ва эътирози бархе гардидааст. Дар оғози рӯёрӯии форсӣ ва арабӣ дар ибтидо дар миёни форсизабонон ду гароиш вуҷуд дошт. Форсигароён Ибни Сино, Ҷузҷонӣ, Носири Хусрав, Афзалиддини Кошонӣ ва ғ. ҷонибдори ба ҷои вожаҳои арабию юнонӣ дар соҳаи илм ва фалсафа истифодаи муодилҳои форсӣ буданд. Дар муқобил арабгароён қарор ба вомгирӣ аз забони арабӣ доштанд. Вожаҳои арабӣ дар осори шуарои аввалия кам, вале тадриҷан, бо нумӯи адабиёт ба сӣ, панҷоҳ ва аз он беш дарсад расид. Корбурди вожаҳои арабӣ дар форсии имрӯзаи гуфторӣ ва навишторӣ назаррас аст. Фарҳангистони забони Ирон баробарҳои зиёди форсиро ҷойгузини вомвожаҳо намуда, хидмати бузургеро дар роҳи тозасозии форсӣ анҷом дод. Бар зами вожаҳои арабӣ теъдоди вожаҳои аз забонҳои ғарбӣ вомгирифта дар форсӣ мустаъмаланд. Душворфаҳмии забон як сабаби дурии оммаи Тоҷикистон аз матбуоти даврӣ гаштааст. Доираи хонандагони матбуот дар кишвар ниҳоят кам буда, матбуоти русӣ дар миёни аҳли зиё маъруфтар аст.
  Ба ҳар сурат тасфияи забони имрӯза аз вожагони арабӣ имконопазир аст. Зеро онҳо аз ибтидо дар мағзи устухони забон ҷой гирифтаанд. Шевае, ки имрӯз забони форсӣ номида мешавад, аз Хуросон ба хати арабӣ аз ҷониби аъроб барои интишори ислом дар миёни мардуми маҳалӣ ба Фарорӯд оварда шуда, ҷойгузини забонҳои суғдӣ, хоразмӣ, бохтарӣ гардид. Аз ин рӯ, вожаҳои арабӣ дар тӯли садсолаҳо дар таркиби ин забон мунҳал гаштаанд ва берун кардани онҳо беболу пар кардани забон аст. Вале талоши ҳамешагӣ мебояд барои тозагии забон дошт.
  Забон низ мутобиқ ба пешрафти замон рушд ва ба тақозои он ҷузъан тағйир мекунад. Забон бояд ҳамгоми замон бошад. Агар дар ин замони пешрафти фановариҳои сареъ забон қадаме пастар аз замон монад, зуд ҷояшро забони дигар гирад. Зеро ин иқтизои давр ва истифода аз забони ғайр сабаби таҳти таъсири фарҳанги соҳибони он мондан аст. Ҳоло дар мо илоҷ на пас бурдани забон ба фаҳми омма аст, балки сатҳи дониши оммаро мебояд ба ҳадди фаҳми забон боло бурд. Аммо иддае, ки ҷонибдори нигаҳдошти забон дар қолаби сохтаи замони шӯравӣ ҳастанд, ба корбурди забони умумифорсӣ мухолифат намуда, ҳатто ин гӯиши забони форсиро бо унвони “забони тоҷикӣ” мутафовит аз форсӣ меҳисобанд. “Тоҷикӣ” ҳамчун истилоҳи шартӣ барои ифодаи гӯиши забони форсии мардуми Осиёи Миёна дар солҳои бистуми садаи бист пазируфта шуда, шеваи гуфтории забони форсӣ мебошад (ба мақолаи “Назаре ба таърихчаи забон” дар ин бора руҷӯъ шавад). Истифодаи алифбои бегона барои ин гӯиш онро забони дигар кардан наметавонад. Ин идда аслан аз мардуми аҳди шӯравӣ ва шогирдонашон буда, барои ҳимоят аз манофеи хеш талош мекунанд. Зеро дарҳамшикании он қолаб осору таълифоти эшонро аз назари эътибор дур месозад.
  Дар мо василае барои табодули назару мубоҳисоти илмӣ мавҷуд нест ва мунозироти илмию фарҳангӣ дар фазои маҷозӣ сурат мегиранд. Дар мавриди забон афкор аз дидгоҳҳои мухталиф ироа мегардад. Иддае дигар, ки бо гурӯҳи фавқуззикр ихтилофи назар доранд, гӯиши теҳронии форсиро барои забони умумифорсӣ меъёр меҳисобанд. Ин гӯиш ҳамчун шеваи гуфторӣ дар кишвари Ирон тавсеа ёфтааст. Аммо бузургони гузаштаи мо бо таълифлоти оламшумули хеш барои забони форсӣ қолабрезӣ кардаанд ва забони адабии форсӣ меъёри он буда, ҳама гуна сохтусозиҳои забонӣ бояд дар қолаби он ба амал оварда шавад. Иддаи дигари ҳувиятбохта бархостаанд, ки фарҳанги бегонаро тарҷеҳ дода, забону фарҳанги миллиро ба тамасхур гирифтаанд. Ин шояд падидаи нодире дар миёни ақвоми олам бошад.
  Эҳёи забон ва фарҳанги миллӣ бидуни барқарор намудани алифбои худӣ амри мушкилу заҳмату ҳазинаталаб буда, форсӣ дар Тоҷикистон аз ҳолати замони шӯравӣ, ҳамчун забони адабиёту матбуоти миллӣ болотар нарафтааст. Забони илму фан ҳамоно русӣ боқӣ мондааст. Дар замони корбурд ва ниёзмандиҳои рӯзмарра ба ихтирооти фаннию дастовардҳои илмӣ мардум бештар ба русӣ, забони ин ҳама зарурати руҷӯъ доранд. Вале аксар русиро намедонанд ва ба адабиёту матбуот таваҷҷӯҳ надоранд. Имрӯз забони форсиро ба фановариҳои муосир мутобиқ намудаанд, аммо мардуми Тоҷикистон ба сабаби надонистан русумулхати аслияш аз истифодаи он маҳруманд. Ин ҳама асбоби он аст, ки забони русӣ ва тавассути он фарҳангаш дар ин кишвар бештар нуфуз карда, мардуми онро бастаи хеш гардонида, истихлос аз онро мушкилтар созад. 2017.

Ибрози назар кардан 0

Емайли Шумо мунташир нахоҳад шуд. * Ин аломати қайди зарурист