Ирони таърихӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ

  Ирони Бузург, Иронзамин, Ироншаҳр ё Фалоти Ирон номи як минтақаи густурдаи ҷуғрофӣ бо шумули қаламрави Ирони кунунӣ, Байнаннаҳрайн, бахши бузурге аз Қафқоз, Афғонистон, Осиёи Миёна буд. Фарангиён онро Персия меномиданд. Маънои “ирон” сарзамини ориёиҳо буда ва ба ин навъ дар забони авастоӣ омадааст. Вуруди ориёнро ба сарзамини Ирон дар охири ҳазорсолаи дуввуми пеш аз милод (дар ин маврид ихтилофи назар аст) тахмин намудаанд. Ин қабоил хешро “ориён” мехонданд, ки маънии шариф ва наҷибро дорад. Ориён бо ҳиндувон қаробат дошта, бо ҳам мезистаанд ва ба назари муҳаққиқон дастае аз онҳо ба сарзамини Ҳинд ҳиҷрат кардаанд.
  Ориёиҳо ва соири қавму қабоиле, ки дар Ироншаҳр сукунат ихтиёр намуданд, дар ҳамзистӣ тамаддуни ирониро эҷод, ташаккул ва тавсеа доданд. Дар аҳди қадим дар ин минтақа давлатҳо ба вуҷуд омаданд. Давлатҳои қадимии давраи аз соли 2700-и пеш аз милод то 550-и пеш аз милодро подшоҳиҳои кӯҳан меноманд.
  Ин подшоҳиҳо, ки дар сарзаминҳои иронӣ ташаккул ёфта, ҳукмфармоӣ намудаанд аз инҳо иборат мебошанд: хонадони Арта (ҳудуди 2700 пеш аз милод), нахустин давраи шоҳони Илом (2700-2600 пеш аз милод), хонадони якуми Авон (2600-2550 пеш аз милод), хонадони дуввуми Авон (2550-2270 пеш аз милод), хонадони Кутиён (2256-2120 пеш аз милод), хонадони саввуми Авон (ҳудуди 2100 пеш аз милод), хонадони Симошакӣ (2080-1975 пеш аз милод), хонадони Апартӣ (1975-1500 пеш аз милод), хонадони Кайдину (1500-1370 пеш аз милод), хонадони Ига Ҳалкӣ (1400-1200 пеш аз милод), хонадони Шутрукӣ (1200-970 пеш аз милод), хонадони Ҳумбон Таҳра ё Навиломиён (830-640 пеш аз милод), хонадони якуми Мод (674-652 пеш аз милод), хонадони Искит (652-625 пеш аз милод), хонадони дуввуми Мод (625-550 пеш аз милод).
  Пас аз подшоҳиҳои қадим сулола, дудмон ва қавму қабоили зерин дар сарзамини Ирон ҳукумат кардаанд: хонадони Ҳахоманишӣ (550-330 пеш аз милод, шаҳаншоҳии бузурги бостонии иронӣ, нахустин давлате, ки тамоми ҷаҳони мутамаддинро дарбар мегирифт), Селевкҳо (324-249 пеш аз милод, сулолаи Селевк – яке аз сардорони Искандари Мақдунӣ, ки баъди марги ӯ ҳукумати хешро барпо намуд), Ашкониён ё шоҳаншоҳии Портҳо (250 пеш ва 224 пас аз милод, қудрати сиёсӣ ва фарҳангии иронӣ, ки бар қисмати аъзами ғарби Осиё дар тӯли 471 сол ҳукумат намуд), Сосониён (224-651 охирин шоҳаншоҳии бузурги иронӣ, абарқудрати замон дар дунёи бостон), Хулафои Рошиддин (632-661, нахустин ҳукумати исломӣ таҳти унвони хилофат пас аз даргузашти Муҳаммад (с) ташкил шуд), Умавиён (662-750 силсилаи хулафо аз тоифаи Банни Умия, ки пас аз хулафои рошиддин дар сарзаминҳои исломӣ ҳукумат ронданд), Говборагон (642-760, дудмоне аз шоҳзодагони сосонӣ буд, ки пас аз суқути шоҳаншоҳии бузург дар муддати 119 сол дар Табаристону Гелон фармонравоӣ дошт), Бовандиён (655-1349, хонадоне аз амирони Табаристон, ки дар тӯли 700 сол дар манотиқе аз кӯҳистони он ноҳия ҳукм ронданд), Аббосиён (750-1258, хилофати авлоди Аббос ибни Абдулмуталиб, амуи Паёмбар (с) бо фарогирии сарзаминҳои исломӣ, марказаш Бағдод, тавассути муғулҳо мунқариз шуд), Тоҳириён (821-873, нахустин ҳукумати иронӣ баъд аз арабҳо дар Хуросону қисмате аз Мовароуннаҳр), Саффориён (867-1002, дуввумин ҳукумати иронӣ баъд аз арабҳо буда, бо халифаи Бағдод даргир шуд), Алавиёни Табаристон (846-927, Ҳасан бини Зайд аз бузургони авлоди Алӣ ибни Абитолиб ҳукумати имоматии хешро дар Табаристон таъсис дод), Сомониён (875-999, охирин салтанати қудратманди ирониён баъд аз Сосониён), Ғазнавиён (963-1187, дар Афғонистон, Хуросон, шимоли Ҳиндустон ҳукумат карданд), Буиён (933-1062, аз қавми дайламиёни ноҳияи Гелон буда, дар навоҳии ғарбу ҷануби Ирон ҳукумат рондаанд), Зиёриён (931-1090, аз қавми дайлам буда, дар ғарб ва маркази Ирон ҳукумат карданд), Салчуқиён (1037-1194, аз қабилаи ғузҳо буда, дар қуруни XI-XII дар Ирону Осиёи Ғарбӣ ҳукм ронданд), Хоразмшоҳиён (1088-1231, аз қабилаи ғузҳои туркман буда, ба сабаби ҳокими Хоразм таин гардидан номи Хоразмшоҳро касб карданд), Илхониён (1256-1335, силсилаи шоҳони муғул аз авлоди Чингизхон пас аз забти Ирон аз ҷониби Ҳалокухон буданд), Чӯпониён (1335-1357, дудмоне аз тоифаи муғул пас аз Илхониён дар муддате дар қисмате аз Ирон (Озарбойҷон) ҳукумат карданд, Ҷалоириён (1340-1432, дар Байнаннаҳрайн, Озарбайҷон ва Шервон ҳукм ронда, решаи муғулӣ доштанд, забони туркиро дар ин манотиқ ривоҷ доданд), Музаффариён (аз соли 1335 то 1393 милодӣ гоҳ дар ҷануб ва гоҳе дар тамоми Ирон ба ҷуз Хуросон ҳукумат карданд), Оли Инҷӯ(1335-1356, хонаводае, ки дар даврони муғулҳо дар форс ҳукумат кардааст, вожаи “инҷу” дар забони муғулӣ ба маънои амлоки хосса мебошад), Каёиён (1389-1592, хонаводаи шиъии задӣ, дар Беҳпеш ва бахши шарқии Гелон ҳукумат доштанд), Сарбадорон (1337-1381, номи ҷунбиши шииёни иронӣ алайҳи тааддии муғулон ва ташкили ҳукумати миллии шиимазҳаби иронӣ), Темуриён (1370-1504, салтанати Амир Темур ва авлоди ӯ), Қароқуёнлу (1378-1469 ҳукмфармоёни туркман дар муддате дар музофоти ғарбӣ ва шимолии Ирон ҳукумат намуданд, маънои ном: соҳибони гӯсфандони сиёҳ), Оққуюнлу (1378-1501 тоифаи туркман, дар қисматҳое аз Қафқоз, шарқи Туркия, шимоли Ирон фармонравоӣ карданд, маънои ном: соҳибони гӯсфандони сафед), Сафавиён (1502-1722, хонадони туркони озарӣ, ки дар сарзаминҳои иронӣ ҳукумат карданд), Ҳутакиён (1709-1738, дудмоне аз қабилаи ғилзойи Қандаҳор буданд ва Иронро пас аз Сафавиён соҳиб шуданд), Афшориён (1735-1796, аз туркҳои озарӣ буда, дар Ирон ҳукмравоӣ карданд), Зандиён (1750-1794 қабилае аз лурҳо, ки дар даврони баъд аз афшорӣ то қоҷориҳо дар Ирон ҳукумат ронданд), Қоҷориён (1794-1925, қоҷорҳо тоифае аз қабилаи оғузҳои туркӣ, ки аз Осиёи Миёна ба Ирон кӯч карданд ва ба муддати саду сӣ сол дар ин сарзамин ҳукумат ронданд), подшоҳии машрута (1906-1925), Паҳлавиён (1925-1979, пас аз қоҷориҳо низоми шаҳаншоҳии Ирон ба эшон расид, ки дар тӯли 53 сол ҳукмронӣ намуданд), Ҷумҳурии исломӣ (1979, баъди инқилоби исломӣ дар натиҷаи сарнагунсозии низоми шоҳӣ дар Ирон таъсис дода шуд).
  Ҳар яке аз ин подшоҳиҳо нақше дар таърихи мардуми иронӣ доштааст. Яке тамаддун офарид, дигаре онро аз байн бурд, яке осоре аз худ боқӣ гузошт, дигаре ин сарзаминҳоро ба фоҷиа кашид, яке нури маърифат пошид, дигаре тухми ҷаҳолат корид. Дар таърихи Ирон бузургтарин саҳм дар тавлиду ташаккули фарҳанг ва тамаддуни иронӣ хонадонҳои худӣ Ҳахоманишӣ, Сосонӣ ва Сомонӣ доштаанд.
  Давлати Ҳахоманиширо метавон нахустин шаҳаншоҳӣ дар таърихи башарӣ номид. Ин давлат тамоми ҷаҳони мутамаддини даврро фаро гирифта буд. Шоҳони он кишваркушоӣ ва тасхири сарзаминҳоро ҳадаф қарор дода буданд. Вале дар зимни ин аз куштори мардуму тахриби мамлакатҳо эҳтироз мекарданд ва баръакс осоре аз ободӣ боқӣ мегузоштанд. Мардуму ақвомро аз зери зулму бардигию гирифториҳо аз чанги ҳуккоми зуру мустабъид мераҳониданд ва ба онҳо ҳуқуқу озодиҳои эътиқодӣ медоданд. Ба сари касе иҷборан эътиқодоти хешро бор наменамуданд. Аз ин ҷиҳот бисёре аз қавму мардум асосгузори ин давлат Куруши Кабирро ноҷии хеш ҳисобида, ӯро дар қатори худоёнашон худо қарор доданд.
  Хонадони Сосонӣ давлати абарқудрате таъсис дода, дар тасхири кишварҳо бо дигар қудрати замон дар тӯли давомияташ рақобат намуд. Ин сулола дар заминаи фарҳанг ва оини иронӣ низоми қавии кишвардории қавӣ ва давлати миллӣ сохта, нуфузи онро дар сарзаминҳои таҳти идории хеш тавсеа дод. Тамаддуни исломӣ дар сарзаминҳои иронӣ боло гирифт ва дигаре аз хонадонҳои худӣ Сомониён дар ташаккул, такомул ва тасеаи фарҳанги иронӣ нақши бориз бозид. Марокизи салтанатии шоҳони ин хонадон конунҳои фарҳангии иронӣ ва амокини ташаккули фарҳанги нави исломии иронӣ гаштанд.
  Лузум ба зикр аст, ки ин иқдомро нахустин хонадонҳои қудратёфтаи иронӣ Тоҳириён ва Саффориён оғоз намуда буданд. Вале умри кӯтоҳи салтанати ин хонадонҳо имкони бештаре барои пешрафташон дар ин ҷода надод. Яке аз ин ашхоси наҷиб Яъқуб Лайси Саффорӣ забони форсиро расмӣ эълом намуда, дастур дод, ки дар кохи ӯ танҳо ба форсии дарӣ сухан гуфта шавад ва такаллум ба забони арабӣ, ба истиснои қироати Қуръон дорои муҷозот буд. Ӯ шоиронро ҳимоят ва икром мекард.
  Баъд аз суқути давлати Сомониён сарзаминҳои иронӣ ба майдони тохтутозу набарду қувваозмоиҳои низомии бегонагон, хусусан қавму қабоили турку муғултабор табдил ёфтанд. Ин тавоиф ба иқболи ин мардум баид аз фарҳангу тамаддун аз қаъри бодияҳо омада буданд, агар эшон соҳибтамаддун мебуданд, имрӯз зикре аз фарҳанги иронӣ танҳо дар кутуби таърих буд. Бархе аз ин силсилаҳо хадамоти шоистае барои нумӯи фарҳанги иронӣ анҷом доданд.
  Султон Маҳмуди Ғазнавӣ забони форсиро ба расмият пазируфта, онро то ба Ҳиндустон вусъат дода, шароите барои рушду шукуфти адабиёти форсӣ мусоид намуд. Амир Темури Курагонӣ худ ин сарзаминҳоро тахриб ва дар нисбати мардумашон ваҳшоният зоҳир намуд. Вале аъқоби ӯ саҳми беназире дар вусъату нуфузи забон ва фарҳанги форсӣ гузоштанд. Дар тӯли ин даврон хонадонҳои иронитаборе низ ба қудрат расиданд, аммо муддати кӯтоҳи ҳукумат ва адами салобат ба эшон имкони хидмат надод.
  Тохтутози Чингизхон ба Шарқ дар сафаҳоти сиёҳи таърих дарҷ гардидаанд. Ӯ қавму қабоили мутааддиди ваҳшисиришти дашту бодияҳоро ҷамъ оварда, ба сарзаминҳои мутамаддин тохта, ба ваҷҳи дадон мардумро дарида, шаҳру мамоликро валангор намуданд. Дар оне иқтисоди Иронзаминро аз байн бурданд ва ҳаёту пешрафтро дар муддате мутаваққиф карданд.
  Аз он баъд кашмакашиҳои тахтталабонаи авлоди Темур рӯзгори мардумро ба танг оварданд. Пас аз аҳди эшон соири қавму қабоили турку муғултабор сарзаминҳои Ирони бузургро қисмат намуда, ҳукумат ронданд. Қисматҳои ғарбиро ғузу қизилбош ва Фарорӯдро ақвоми узбак соҳиб шуданд. Чуноне ки таърих собит намуд, табдили макон ва гузашти замон асари кам ба фитрати эшон гузошт ва сарзаминҳои ирониро ба фатрат то ба садаи бист оварданд.
  Баъзе аз шоҳони иронитабор бо вуҷуди заъфи қудрат ва кӯтоҳии ҳукумат саъй ба ҳифозати сарзаминҳои иронӣ намуданд. Сафавиён барои нигаҳдошти салтанат заминҳои ғарбии ирониро ба давлати Усмонӣ ва шимолиро ба императории Рус бахшиданд. Шоҳ Таҳмоспи Сафавӣ заминҳои дигари ғарбиро ба усмониҳо дод ва онҳо ба истифода аз фурсат Ҳамадону Табрезро забт намуданд. Шоҳ Султон Ҳусайни Сафавӣ заминҳои қафқозиро ба русҳо дода буд ва писари ӯ Шоҳ Таҳмосп бар зами онҳо сарзаминҳои ирониро то Мозандарону Гелону Астаробод барои абад ба русҳо бахшид.
  Аммо ҷавонмарди баору номус Шоҳ Ашрафи Ҳутакӣ иддаои пас додани заминҳои иронӣ намуд, вале турку русҳо ба сари ӯ лашкар кашиданд. Шоҳ Ашраф лашкари панҷоҳазораи пурқуввати императории Усмониро шикаст дода, дар ҷанг бо лашкари нерӯманди императории Рус пирӯз гашт ва Табрезу Ҳамадону Ирвону Рашту Гелону Мозандарону Астарободро аз турку русҳо пас гирифт.
  Дигаре аз абармардони иронитабор Каримхони зандӣ буд, ки ӯро дар бархурд бо мардумон накӯтарин фармонраво пас аз ҳамлаи араб ба Ирон донистаанд. Ӯ худро вакили раоё номида, аз лақаби шоҳ парҳез кард. Зандиён тавонистанд бар кулли Ирон мусаллат шаванд, Басраро аз усмониҳо пас гирифта, нуфузи хешро дар Арвандрӯд, Баҳрайн, Халиҷи Форс мусаллам карданд. Онҳо аз тоифаи занди қабилаи лакҳо мансуб ба лурҳо буданд. Каримхон ба инглисҳо рӯи хуш нишон надода, ҳамвора мегуфт, ки онҳо мехоҳанд Иронро мисли Ҳиндустон кунанд.
  Ин хонадонҳо яке пас аз туркони озарии сафавӣ ба қудрат расиданд, ки сабабе барои наҷоти сарзаминҳои Ирон шуданд ва дигаре қабл аз туркони қизилбоши қоҷорӣ буданд, ки ба дасти онҳо ба тарзи ғайриинсонӣ нобуд карда шуданд. Сафавиён дар Ирон сиёсати мазҳабии мутаасибонаро ба роҳ андохта, сарзамини тамаддуни бостониро ба сӯи ҷаҳолат бурданд, ки нақше аз он то ба имрӯз барҷост. Қоҷориён низ, ки аҳли ҷаҳле аз бодия буданд, Иронро то солҳои бисти қарни бист чун намунае аз асрҳои миёна нигоҳ доштанд.
  Сарзаминҳои шомили Ирони Бузрг, ки дар тӯли садсолаҳо бахшҳое аз онро ташкил медоданд, имрӯз дар қаламрави кишварҳои мухталиф ҷой гирифтаанд. Ироқ бахше аз шоҳаншоҳиҳои иронӣ буда, Тайсафун пойтахти Сосониён дар Ироқ вуҷуд дошт. Бархе аз шаҳру вилоёти он то ҳол номҳои форсӣ доранд (Бағдод, Анбор, Суристон, Кӯфа, Шаҳрбон, Миқдодия, Ошӯб, Амодия). Ироқ дар замони Сафавиён мутобиқ ба аҳдномаи Қасри Ширин дар соли 1639 ба салтанати Усмонӣ вогузор шуд.
  Аз даврони Ҳахоманишиҳо Арманистон ҷузъе аз шоҳаншоҳиҳои иронӣ маҳсуб мешуд ва барои ҳифзи он бо румиёну русҳо бархурд доштанд. Фарҳанги иронӣ ба ин сарзамин нуфуз дошт. Аз Ирон ба шоҳаншоҳии Рус гузашт. Озарбайҷон қисмате аз Ирони Бузург буд ва пас аз муоҳадаи Гулистон (дар байни русу қоҷор), ки он ба ҳайси хоноти Боку, Шервон, Қарабоғ, Ганҷа, Шакӣ, Толиш мутеияти Иронро дошт, ба шоҳаншоҳии Рус вогузор шуданд.
  Пас аз аҳдномаи Туркманчой (дар пайи шикасти қоҷор аз русҳо) хоноти Нахҷевон ва Муғонро, ки имрӯз дар ҳайати Арманистону Озарбойҷон қарор доранд, ба русҳо гузоштанд. Дарбанди доғистонӣ низ ба ҳамин минвол ба дасти русҳо гузашт.
  Дар аҳди сосонӣ ва то авохири асри XVIII қисмати шарқии Гурҷистон (манотиқи Корталӣ, Кохтӣ) мансуб ба Ирон буд ва баъд аз он ба Русия гузаштанд. Бахше аз манотиқи Қафқози шимолӣ, ки имрӯз дар ҳайати ҷамоҳири Доғистон, Чеченистон, Осетияи шимолӣ-Аланиё, Қабардину Болқориё дохиланд, муддатҳои дароз шомили шоҳаншоҳиҳои иронӣ буда, дар қуруни XVII (замони сафавӣ) XIX (замони қоҷор) Русия соҳиби онҳо гашт.
  Хоразм сарзамини ирониёни кӯҳан аст. Ба назари бархе аз пажӯҳишгарон Хоразм ҳамон “Арийанам Ваеҷаҳ”-и (Иронвиҷ) дар Авасто зикргардида аст. Муҳаққиқин Хоразмро “маҳди қавми ориё” муаррифӣ кардаанд. Фарорӯду Хоразм бахше аз Хуросон маҳсуб мешуданд. Бахшҳои ин сарзамини бузурги иронӣ имрӯз шомили кишваҳои Ирон, Афғонистон, Туркманистон мебошанд. Мардуми иронӣ дар вилояти Тошқурғони Чин – тоҷикони Чин фарҳанги ирониро то ба имрӯз пойдор дошта, он дар тӯли таърих ба дигар манотиқ Қошғар, Ёрканд, Хутан, Турфон муассир буд.
  Мудохилаи ғарби истеъморӣ мӯҷиби миллату қавмиятгароиҳо дар Шарқ шуд. Ин падида аз асри XIX ибтидо мегирад. Пас аз раҳоӣ аз зери истеъмор қавму миллатҳо дар Шарқ ё давлати миллии мустақил ва ё вилояту ҷумҳурии хешро дар ҳудуди давлати дигаре таъсис доданд. Бахшҳои сарзаминҳои Ирони Бузург низ қаламрави чандин кишварҳоро ташкил додаанд. Ироқу Баҳрайн давлатҳои мустақиланд, Озарбайҷон, Арманистон, Гурҷистон аз ҳайати императории Рус озод гашта, мустақил шуданд ва сарзаминҳои Қафқози шимолӣ шомили давлати Русия мебошанд. Дигар бахшҳои Ирони Бузург дар давлатҳои Афғонистону Покистон ва Фарорӯд дар кишварҳои Туркманистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон бахш шудааст.
  Соири ақсоми Ирони Бузург имрӯз дар қаламрави кишваре ба номи Ирон маҳдуд гаштаанд. Ин Ирон, ки имрӯз Ҷумҳурии Исломӣ номида мешавад, бо сохту низомаш Ирони сиёсӣ мебошад. Туркони қоҷорӣ як тавлидгоҳи тамаддуни башариро ба тариқи идораи ниёӣ дар ҳолати асримиёнагӣ то ба асри бист оварданд ва дар соли 1925 зимоми идораи Иронро ба Ризошоҳи Паҳлавӣ доданд.
  Ризошоҳ бо ҷаҳди том талош ба эҳё ва рушди иқтисоду фарҳанги кишвар намуда, Иронро аз бунбаст берун оварда, ба кишвари рӯ ба рушд табдил дод. Истеъморгарони ғарбӣ ба фармонбардории ҳуккоми пешини Ирон одат намуда буданд ва нофармонию сарпечиҳои Ризошоҳ аз амру хостаҳои эшон мӯҷиби ҳамлаи онҳо ба кишвару бетахту табъид кардани ӯ гардид. Ин марди бананг ғурбату зиллатро бар сарфурорию ватанфурӯшӣ тарҷеҳ дода, дар табъид даргузашт.
  Ҳукумати Паҳлавиён инқилобро дар пай дошт ва пас аз он зимоми идораи кишвар ба дасти рӯҳониён расид. Низоми ҷадид сиёсати аҳди сафавиро таҷдид намуд ва кишварро ба бунбасти иқтисодию иҷтимоию фарҳангӣ кашид. Бар асари сиёсати пешгирифтаи низом кишвар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мунзавӣ шуда, номи овозадори ин кӯҳандиёрро дар чашми оламиён мудҳиш ҷилва доданд.
  Ирони Бузург чандпора шуд, вале асаре аз хеш боқӣ гузошт. Ин асар Ирони фарҳангӣ номида мешавад ва мардуму кишварҳое шомили он мебошанд, ки дар онҳо забонҳои иронӣ корбурд ва фарҳанги иронӣ муассир боқӣ мондааст. Ирони Бузург аз як ҷуғрофиёи сиёсӣ ба як абаркишвари фарҳангӣ табдил ёфт. Ҳудуди Ирони фарҳангӣ имрӯз аз соҳилҳои Халиҷи Форс, аз Баҳрайну Ироқ то сарзамини Ҳинд, аз Тошқурғони Чин то Қафқоз тӯл дорад. Агарчанде нуфузи фарҳанги ирониро дар ин сарзаминҳо костанд, асари гузоштаи он дар тӯли қарнҳо то ба имрӯз ба ҳадде боқист. Ирониён дар интишори дини ислом саҳми бузург доранд ва мардуми бештари сарзаминҳои мусулмонӣ исломро ҳамроҳ ба аҷзои фарҳанги иронӣ аз эшон парзируфтанд. Аз ин рӯ дини ислом низ дар интишори забону фарҳанги иронӣ саҳим аст.
  Фарорӯд ё ба истилоҳи арабӣ Мовароуннаҳр минтақае аз Ирони фарҳангӣ бо вусъату ривоҷи забону фарҳанги иронӣ аст. Ҳомилони аслии он мардуми иронитабори ин ҷо тоҷиконанд ва қавму миллали соири ин ҷо низ дар синҷи фарҳанги иронӣ бо обуранги худӣ фарҳанг сохтаанд. Бархе ноогоҳона ҳама чизи марбут ба ирониро ба Ирони сиёсӣ, яъне давлати имрӯзаи Ирон мансуб мекунанд. Ҳатто бархе аз тоҷикон низ асл ва фарҳанги хешро аз ирониён мутафовит медонанд. Дар асл тоҷикон тоифае аз мардуми иронӣ буда, онҳо шартан “тоҷик” унвонгузорӣ шудаанд. Тоҷикон аслан тоифае аз мардуми иронӣ, соҳибони забону фарҳанги иронӣ ва ҷузъи муҳиме қаламрави Ирони фарҳангӣ мебошанд. Мутаассифона, аҳдофи сиёсатҳои кишварҳои иронӣ ва ағрози бунёдии онҳо шаққе дар миёни мардуми иронӣ эҷод намуда, иртиботи иҷтимоию фарҳангии эшонро гусаста намудааст… 2017.

Ибрози назар кардан 0

Емайли Шумо мунташир нахоҳад шуд. * Ин аломати қайди зарурист