Маҳҷур

  Ҳама шахсу ашёи атроф ба назари Маҳҷур манфур менамуд. Олам барояш тангу тира гашта буд. Дар утоқи корӣ дар пеши роёна нишаста, бояд кори фармударо адо мекард, вале ихтилоли зеҳн халале барои анҷоми он буд ва ин ӯро асабонӣ менамуд. Ин кор ҳам барояш хуш набуд ва аз рӯи маҷбурият онро пазируфта буд. Баъзан, ба соат менигарист ва аз рафтани рӯз дилаш танг мегардид. Зеро соатҳои дар он ҷо буданаш замони роҳату оромиши пеш аз хархашаи хонаводагияш буд, ки муддатҳо боз идома дошт.
  Маҳҷур марди зандӯст буд ва ҳамеша майл ба сӯҳбату нишаст бо занон дошт. Бонувони ҳамкор занони сару сурат ороставу рангзада буда, либосҳои тангу рангбаранги андомзоҳиркунанда мепӯшиданд. Ӯ аз тамошои эшон лаззати чашм мебурд ва ба сӯҳбаташон қаробат меҷуст. Вале ҳоло дар курсӣ нишаста, хотир тира, ғарқи андеша ба бонувони муроҷиаткунандаи ҳамкор бидуни назар посух дода, ба дидани сурату бадану ҳатто шеваи гуфтору роҳ рафтанашон нафрат дошт.
  Ӯ марди донову зирак буд. Пас аз хатми донишгоҳ дар муассисае ба кор даромад. Ба кӯмаки ақрабо бо хешованддухтари мақбулаш издивоҷ кард. Дар ибтидо бо маошу даромади кам бо хонавода қаноат доштанд. Ӯву ҳамсар ба ҳам муҳаббату зиндагии осудаву хуррамона доштанд ва ба гузашти айём чаҳор фарзанд ба дунё оварданд.
  Ба ҷиҳати маҳорату кордонӣ ба ҳайати садорати муассиса шомил ва зуд пулдору соҳиби сарват шуд. Худраву ронанда ба хидматаш доданд. Ба дарёфти сатҳи зиндагии беҳтар ҳамсаронро салиқаву тақозову хӯ дигар гашт. Бонуи хонаи талаби тармими қимати ҳозирзамони хона бо ашёи муосир карда, бо пӯшиши либосҳои арзишманди бозор зоҳир шуда, муштарии доимии дӯконҳои зарфурӯшӣ гардид. Хешу ақрабо он духтари хубу ҳалимаи дирӯзаро акнун хасису мутаккабир мехонданд. Дар миёни ӯву эшон фосилае пайдо шуд ва бо занони мисли худ сарватманд дӯсту ҳамнишин гардид.
  Маҳҷурро низ завқу тақозо, сарфу харҷ тағйир хӯрд ва аз ақрабо фосила гирифту ба тоифаи ҳамто пайваст. Барои садрнишину мансабдор зиёфат меорост ва танҳо ба базму маросими онон мерафт. Аз адои аъмоле пеш ҳазар дошт, алъон ҳеҷ монеае барои иҷро надошт ва баъзе корҳоеро, ки ҳамеша анҷом медод, канор гузошт.
  Занони зебо ӯро мутаваҷҷеҳи хеш месохтанд. Аммо ба қадре пойбанди эътиқод буд ва аз алоқа бо эшон эҳтироз карда, ба ҳаловати назар иктифо мекард. Акнун аз хонумҳои мақбул ком мегирифт ва тахайюлоти шаҳвонии худро амалӣ менамуд. Ҷавонзани тоза ба кор омада дилашро бурда буд. Тафовути синнии онҳо беш аз даҳ сол буд ва ҷавонзан дар нисбати гирдгардиҳои ӯ бетаваҷҷӯҳӣ зоҳир мекард ва ниҳоятан, тавассути пулу тӯҳфаҳои қиматбаҳо ӯро дилгарму моил ба робитаи маҳрамона кард. Ба ҷавонзан хонаи ҷудогона харида, ба ҳам ақди никоҳи махфиёна бастанд.
  Бақои давлату сарвати Маҳҷур рӯзе фано ва айёми бади ҳаёташ ибтидо ёфт. Муассисаро гурӯҳе дигар соҳиб шуданд ва мудирияти собиқро аз дарвоза берун карданд. Хонаву худраву мағозаву соири амволи андӯхта зуд аз даст рафтанд. Афсурдарӯҳу асабонӣ гардида буд. Занони ба масрафи калон хӯ гирифтааш ба ӯ даъвову тақозо пеш мегузоштанд.
  Маҳҷурро ёру ошно тарк карданд. Ба ҷашну ҳатто маросимҳо даъваташ наменамуданд. Ҳангоми вохӯриҳо худро аз вай канор мегирифтанд. Хешро афтодаву партофта эҳсос мекард. Фикр мекард, ки ҳама мардуми атроф ба ҳолаш механданду доиман муҳокимаи аҳволаш доранд. Аз ҳамсояҳо шармида, гурезон гашта буд. Аз муносибате, ки ҳангоми давлатмандӣ бо хешу ақрабо карда буд, хиҷолат мекашид ва аз дидорашон дурӣ меҷуст.
  Ҳамсарашро низ дӯсту дугонаҳо тарк карданд ва ӯ ҳам мисли шавҳар дар назди ҳамсояву ақрабо хешро хиҷилу шарманда эҳсос карда, асабонию тундхӯ гашта буд. Ба хиёнату чаправии шавҳар пеш пай бурда, вале дар такопӯи ҳаёти сарватмандӣ банд буду ҷиддан ба таҳаффусу муохизааш напардохта буд. Шавҳар ба баҳонаи сафарҳои хидматӣ ба шаҳру навоҳӣ рӯзу ҳафтаҳо гум шуда, бо зани ҷавон айшу хонадорӣ менамуд.
  Ҳамсар ба машварату чораандешиҳои хоҳаронаш таҷассус намуда, зани дуввуми шавҳарро, ки аллакай барои ӯ ду фарзанд зоида буд, пайдову ошкор кард. Бонувон Маҳҷурро ба қисмати пурталотуми зиндагияш кашиданд. Занон ба ҳам чандин бархӯрди лафзиву ҷисмӣ намуданд. Рафти моҷароро занони қариби ҳар ду бону суръату ранг мебахшиданд. Маҳҷурро мисли бузи дар васати майдони мусобиқа партофта ба ду ҷониб мекашиданд.
  Харҷу масорифи ду хона ба дӯшаш афтода буд. Дар муддате коре бо даромади муносиб пайдо накард ва ночор ба коре рафт, ки маошаш сарӯ нӯг ба махориҷи хурду хӯроки хонадони вусъатдодааш мерасид. Занон талабу даъво, камбуду норасоиҳои худу фарзанду хонаҳоро пеш гузошта, таъну маломаташ мекарданд. Бо расидан ҳар ду зан ба сараш шӯрида, яке даъвои гузоштану талоқ додани дигареро мекард.
  Зани аввалӣ афтодарӯҳу ҷунунавзоъ гашта, ҳамеша дар ҳолати асобоният қарор дошт. Хешро ноқису ношуду партофта ва дар назди хешовандон шарманда эҳсос мекард. Дар тӯли рӯз азияти рӯҳӣ кашида, бо расидани шавҳар ба ӯ дар меафтод. Хархашаи онҳо то дерии шаб ва ағлабан, бо радду бадали лафзӣ давом меёфт. Дидор бо зани дуввум низ бо ҷанҷолу даъво, таҳқиру бадгӯиҳо оғоз шудаву анҷом мепазируфт.
  Моҷарои хонаводагӣ фарзандонро аз ӯ мутанаффир карда буд. Занону ақрабояшон дар нисбати падарашон бадгӯиҳо карда, кӯдаконро ба бадбинии ӯ илқо мекарданд. Онҳо ба падар бо нафрат менигаристанд, худро аз вай канор мегирифтанд. Маҳҷурро аз рафтори фарзандон хотир сахт озурда мешуд. Хешро одами пасафкандаву дилмондаи нолозим ҳис карда, ба хаёлаш ҳама мардуму ҳатто ашёи атроф аз ӯ мутанаффир буданд ва дар нисбати оламу одам бадбин гашта буд.
  Дар замони бадавлатӣ дар маҷолиси садрнишинон ба хотири посдории расму эҳтироми ҳамнишинон май ба андоза мехӯрд ва берун аз он майли зиёд бар машруби сархушкунанда надошт. Аз баҳсу ҷидоли тӯлониву идомадор ба сутӯҳ омада, пас аз кор нахуст вориди майхона шуда, баъдан, ба хона рафта, доду дашномро камтар ва мушту лагадро бештар истифода мебурд. Дар нисбати зани аввал бераҳмтар буд, вале аз зарбу кӯби тунду тези зани ҷавон ибо мекард… 2019.

Ибрози назар кардан 0

Емайли Шумо мунташир нахоҳад шуд. * Ин аломати қайди зарурист