Чанд номарди сафил

  Кор дар сохтмони биноҳои яклухтсохти баландошёни осмонхарош аз вазнинтарину хатарноктарин корҳои сохтмонӣ мебошад ва бештари садамот бо рабудани ҳаёти инсонӣ маҳз дар ҳамин намуд биноҳо ба вуқӯъ мепайванданд. Тобу тоқати ин навъи корро на ҳама доранд ва иддае сердошту шикебое аз он ба заҳмат фоидае ба даст меоранд. Хусусан, дар шаҳри Маскав, дар зимистони қаҳратун, дар ҳарорати гарму мартуби тобистон, дар зери боронҳои сарди баҳору боду боришоти фасли хазон тобу бардошти махсус мебояд.
  Дӯсти мо аз зумраи чунин ҷавонмардони қавию сабур аст, дар зимистони сард, бо ҳамли ҳарорати ҳавои хунуки аз бист дараҷа болотари рӯзона ва то сӣ дараҷа хунукӣ шабона дар сохмони бинои баландошёна меҳнат мекард. Соати шаши субҳ баромада, баъзан то соати даҳи шаб аз меъёр бар зиёд кор мекард.
  Бегоҳе баъди гирифтани маош ба бузургмағозае барои хариди лавозимот ворид мегардад ва боркаши ҳаммеҳани мағоза аз пул доштанаш пайхас шуда, ба дӯсту ҳамкоронаш аз ҷумлаи рӯбандаю боркашу зуболакаши ҳамватан хабар дода, баъди хориҷ шуданаш аз мағоза ӯро поида, дар пасдеворе дар пушти сараш зада, пулашро аз ҷайбаш кашида, фирор мекунанд. Самараи ранҷу заҳамоти якмоҳаи ин ҷавонмардро чанд номарди сафил рабуда, мушкилотеро чун духтуру дору, муолиҷаю сӯзандору бар машаққоташ афзуданд… 2014.

Ибрози назар кардан 0

Емайли Шумо мунташир нахоҳад шуд. * Ин аломати қайди зарурист