Хонаводаеро падар даргузашт
Хонаводаеро падар баъди маразу бистарӣ дар беморхона даргузашт. Падар даҳ сол зиёда аз ним қарн умр ва дахле дошт, ки бори зистро бар ду писари соҳибаёлаш тахфиф менамуд. Баякбор аз по фитод ва пас аз ҳамли машаққати беморӣ барои абад чашм аз ин олам пӯшид. Бемории ӯ бар писарон, ки шуғлу даромади доимӣ надоранд, мушкилоти молӣ ва заҳамоти ҷисмонӣ дар пай овард.
Баъди ба хок супурдани мурда хоне густурданд ва ҳар чӣ аз ан ои хӯрданӣ доштанд, гузоштанд. Зану мардони таъзиятгар фавҷ-фавҷ ба омаду рафтан шурӯъ карданд. Ин тоифаро расму боварӣ он буда, ки таъзиятгар ояту дуое хонда, барои гузашта талаби мағфират намуда, дар мурдахона бояд чизе тановул намояд ва аз ин касби савобе кунад. Тасаллигӯён худ табақ ё дегчаи таоме меоварданд, боқии масориф аз қабили нону анвои ширинӣ аз ҳисоби хонадон буд ва аҳли хона фурсате барои ғаму азо наёфта, арӯсони хона даву този меҳмондорӣ ва писарон ба ҷониби мағоза рафтуо мекарданд.
Баъди намозҳо мардони тоифа аз масҷид мустақиман ба ин хона омада, пас аз дуо барои касби савоб чизе ба шикамҳо меандохтанд. Шавқи хӯрдану иштиҳои эшон лоиқ ба ситоиш буд. Баъзан оид ба эшон хаёле ба зеҳн меомад, ки чӣ мардуми мушфиқе будаанд, ки мусибатзадагонро барои ғам хӯрдану азо доштан фурсат надода, машғул медоранд.
Аз ин ҷониб шикояти занони хона аз азияти бехобии шабҳову хастагӣ аз даву хону косадориҳову шикваи мардон аз заҳамоту қарзу мушкилоти молӣ хеле риққатбору муассиркунанда буд. Аммо бояд риояти расм намуд, яке дар пайи роҳат камтар дар фикри меҳнати дигаре хоҳад буд… 2017.