Тоҷикони Чин

  Дар ҷавори мо кишвари бузурге бо ҷамъияти азим бо номи Чин воқеъ гаштааст, ки аз ҷиҳати нажоду дину фарҳанг куллан бо мо мутафовит аст. Ин кишвар имрӯз дар ҳоли рушди сареъ буда, иқтидори низомияш низ афзуда ва дар ҳоли фузун аст. Чин алъон дар минтақа таҷаллии қудрат менамояд ва бо ин рушде, ки дорад, дар оянда яке аз қудратҳои ҷаҳонӣ мегардад.
  Абарқудрате чун Чин дар ҷавори мо барои мову чун мо кишварҳои кӯчаки заиф хатари бузурге дорад. Дар ин кишвар режими коммунистӣ то ба ҳол мустақар аст. Фошизм ва коммунизм дар таърих анвои режимҳои зиддибашарӣ унвон карда шудаанд ва чиниҳо дар низоми коммунстии хеш тағйирот ворид карда буданд, ки сабаби рушду тараққии мамлакаташон гаштаст. Вале сарони коммунисти ин кишвар имрӯз талоши барқарории қавоиди аслии ин низомро доранд, ки дар оянда хатаре натанҳо ба минтақа, балки ба олам хоҳад дошт.
  Ин аждаҳои зард дар камин ба сӯи кишвари мо чашми дӯхта дорад ва ба дарёфти фурсат ба он дармеафтад. Тавре ки шоҳидем, порае аз онро дар пеши назарамон балъид. Аждаҳои зард аз хирси сафед, ки қаламрави моро “марзҳои ҷанубӣ”-и хеш меҳисобад, бим дорад, вагарна афту дарафти густохонаву бебоконаи аз ин бештар дошт.
  Дар воқеъ, Чин имрӯз Туркистони Шарқиро дар тасарруф дорад. Қаламрави Туркситони Шарқӣ ҳоло иёлати Сингёнги (ё Шинҷёнг) Чин мебошад, ки 1/6 масоҳати онро ташкил медиҳад. Қошғар, Хутан, Оқсу, Ёрканд, Турфон, Кучо, Урумчӣ шаҳрҳои таърихии онанд. Бештари аҳолии минтақа ҳоло уйғурҳо мебошанд. Тошқурғон ноҳияе аз Қошғари Сингёнг аст, ки Тошқурғони Тоҷик номида мешавад. Дар ин ҷо ҳудуди 30 ҳазор нафар тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Аксар ба забонҳои сариқӯлӣ ва камтар ба забони вахӣ (вахонӣ) гап мезананд, ки ин забонҳо дар қатори забонҳои помирӣ аз ҷумлаи забонҳои шарқи иронӣ буда, онҳо пайрави мазҳаби исмоилия мебошанд.
  Дар навиштаҳои қадимии чинӣ дар Қошғар сакоиҳо мезистаанд. Сакоиҳо қабилаҳои кӯчии иронӣ буда, аз сарзамини имрӯзаи Ирон то Туркистони Чину соҳилҳои рӯдҳои Дону Дунай парешон гашта буданд. Сакоиҳоро ба қабоили мутааддид тақсим намудаанд ва ба назари муаррихин дар ин минтақа суғдиёну масагетҳо сукунат доштаанд. Қошғар дар аҳди сулолаи Ҳан ба Чин пайваст карда шуд. Дар аҳди сулолаҳои иронии сосонию кӯшонӣ ва ҳайтолӣ дар муддатҳое таҳти ҳукумати онҳо қарор доштааст. Дар тарсими навиштаҳои шоҳ Шопури Сосонӣ Қошғар қаламрави мулки ӯ сабт шудаст. Баъдан, дар ин сарзаминҳо хоқонони турк, муғулон ҳукумат кардаанд.
  Шаҳрҳои Хутан ва Қошғар дар гузашта шаҳрои иронӣ буданд. Дар адабиёти гузаштаи мо васф шудаанд. Тимсолҳое чун “мушки Хутан”, “оҳуи Хутан” ба кор бурда шудааст, ки далели қаробату иртиботи мардуми мо бо ин амокин аст. Дар охирҳои асри XIX теъдоди зиёд аз катибаҳои монавӣ ба хату забони уйғурӣ дар ғоре дар наздикии шаҳри Турфон ёфт шуд. Уламои бостоншиносӣ русу олмониву фаронсавӣ онҳоро таҳқиқ намуданд. Ба назари бархе аз ин муқаққиқон оини давлатии уйғурҳо дар гузашта монавия будааст. Ҳукуматҳои гуногун ба минтақа адёни гуногунро оварданд ва дар ҳар замон дине ривоҷ дошт. Дар гузашта ин минтақа қавми махсус надошта, мардуми Қошғар худро қошғарӣ, Хутан хутанӣ ва дигар шаҳрҳо ба ҳамин тариқ меномидаанд. Мисли халқҳои осиёимиёнагӣ бе мушаххасии ҳувияти миллӣ ҳама худро миллати мусалмон меномидаанд. Ҳамчун Осиёи Миёна ба ин сарзаминҳо қабилаҳои зиёди турктабор ҳамлавар шуда, дар ин ҷо ҳукумат намуда, сукунати доимӣ ихтиёр карданд ва бо мардуми иронитабори маҳаллӣ омезиш ёфтанд. Қавми уйғурро метавон махлутаи турку иронӣ номид. Ба назари баъзе аз пажӯҳишгарон уйғурҳо табори суғдӣ доранд.
  Фазлуллоҳи Ҳамадонӣ дар “Ҷомеъ-ут-таворих” навиштааст, ки вожаи “уйғур” дар забони туркии қадим маънои “ба ҳам пайвастан ва мадад кардан”-ро дорад, хони турк Уғузхон нӯҳ писар доштааст, ки ҷамъи онҳоро уйғур мегуфтанд, уйғурҳо яке аз маъруфтарин миллали турк ҳастанд, ки фарҳангу забони онҳо пояи соири забонҳои туркӣ маҳсуб мешавад ва аз аввалин миллали туркзабон будаанд, ки ба дини ислом гаравидаанд.
  Туркистони Шарқӣ пас аз ҳукумати хоқонони турк таҳти тасарруфу ҳукумати чингизиён, темуриён ва асосан сулолаҳои осиёимиёнагӣ қарор дошт, ки барои он бо чиниёну муғулистониҳо набарду рақобат доштанд. Дар асри XIX таҳти ҳукумати хонигарии Хӯқанд қарор дошт. Хони Хӯқанд дар Туркистони Шарқӣ бо ғосибони чиниву манҷурӣ меҷангид ва дар соли 1864 ба имдоди гумоштаи хеш дар Қошғар Муҳаммад Яъқуббеки Бадавлатро фиристод.
  Аҷдоди ӯ аз Қаротегин ба Самарқанд рафта буданд. Падараш Пирмуҳаммад дар Самарқанд таваллуд ёфта, дар Хуҷанд таълим гирифта, қозии Пискент таъин мешавад. Яъқуббек дар Пискент ба дунё омада, беки Тошканд ва баъдан беки Оқмачит (Қизилордаи имрӯзаи Қазоқистон) таъин шуда, пас аз сӯиқасди номуваффақ ба хони Хӯқанд Худоёрхон ба Бухоро фирор карда, пас аз фавти ӯ боз гашта, ба кӯмаки гумоштаи хони Қӯқанд дар Туркистони Шарқӣ фиристода мешавад. Муҳаммад Яъқуб дар Қошғар ҳукуматро тасхир намуда, шаҳрҳои дигари Туркистони Шарқӣ, Сариқӯл, Урумчиро забт карда, давлати хеш “Йетишаҳр”(Ҳафтшаҳр)-ро таъсис дод. Ӯро дар соли 1877 дарбориёнаш куштанд ва чиниён бо истифода аз харҷумарҷи бавуқӯъомада дар соли 1887 давлаташро забт карданд. Муҳаққиқони ғарбӣ, аз ҷумла Боулҷер (пажӯҳишгари инглис) Яъқубро тоҷик ва Мирзо Аҳмад яке аз зердастони Яъқуб сарварашро сарт (тоифаи иронии ба “узбек” махлут шуда) гуфтаанд.
  Туркистони Шарқӣ қисмате аз Туркистон – сарзамини асили мардуми иронитабор, ки баъдан қабоили сершумори турку муғул ба он кӯчу таҳоҷум оварда, ба сабаби нуфузу шӯҳрати туркон аз ҷониби аврупоиён “Туркистон” ном гирифт, буда, дар соли 1847 дар замони императории Манчу аз ҷониби Чин тасхир шуда, онро “Син гиянг” номгузорӣ карданд, ки маънои “марзи нав”-ро дорад. Чин бо ин “марз ё қаламрави наваш” иртиботи таърихию фарҳанги камтар дошта, он ҳамчун як сарзамини ишғолӣ дар ҳудуди ин кишвар аст. Эътирози ҳамешагии мардуми минтақа, фишору тазйиқу зуровариҳои ҳукумати Чин дар нисбати онҳо, сокин кардани чиниён барои таносуби иҷтимоӣ дар минтақа, костан ва маҳдудсозиҳои ҳуқуқи шаҳрвандию фарҳангию инсонии саканаи он далоиле аз ғаробати ин сарзамину мардуми он барои Чин мебошанд.
  Бо вуҷуди ҳама ин чиниҳо густохона тамаъу талаби дигар қисматҳои Туркистонро доранд. Порае аз сарзамини камзамини моро канданд ва дар оянда даст аз талаб барнадоранд. Афсӯс, ки абармардони далеру шуҷои миллат чун Муҳаммад Яъқуб дар зери хоканд, ки бо ҷавонмардони ғаюр рафтанду Қошғарро гирифтанду ҳукумат сохтанд. Вале имрӯз бархе бахше аз сарзамини кӯчакеро, ки қаҳрамонони миллат ба баҳои ҷон ба каф оварданд, аз тарси “то ба Хоруғ наомадан” ба чиниҳо доданд. Дар ҳоле, ки мо ҳаққи талаб то Қошғару Хутан дорем. Ҳадди ақал мо ҳаққи иддаои Тошғурғонро, ки қисмате аз Помири Шарқӣ аст, дорем… 2016.

Ибрози назар кардан 0

Емайли Шумо мунташир нахоҳад шуд. * Ин аломати қайди зарурист