Босмачии сурх ва босмачии сафед
Масъалаи истиллои шӯравӣ дар ҳама ҷамоҳири собиқи он дар мавриди баҳс қарор дорад. Нахуст ҷамоҳири наздибалтикӣ ин масъаларо пеш гузоштанд ва пас аз фурӯпошии он ҳама истиқлолияти хешро эълом намуданд, ки ин далели таҳти мутеият қарор доштани онҳо мебошад. Қариб, ки ҳама ҷамоҳир пасошӯравӣ забт ва истеъмори империёи русро эътироф дошта, аксар ба он то алъон даъво доранд. Ҳатто ҳамқавмони эшон оҳоро ғосиб номида, ба онҳо хусумати ошкор доранд.
Имрӯз дар мо аксар аз забту истиллои рус тавсиф мекунанд ва онро мӯҷиби наҷоту раҳоии миллат медонанд. Мӯҷиби ин, истиллои ҳазорсолаи ақвоми турктабор аст, ки бар мо ҳукумат мекарданд ва русҳо ҷойгузини онҳо гашта, дар гӯшае аз кӯҳсори сарзамини паҳноварӣ ниёӣ бароямон давлати кӯчаке сохтанд.
Русҳоро дар сарзамини мо на дар замони ҳамлаи ҳукумати шоҳӣ ва на ҳангоми таҳоҷуми ҳукумати коммунистӣ бо бачазанҳои атласпӯши оростаи нону намакдон бадастдошта пешвоз нагирифтаанд. Дар замони Аморати Бухоро тафовути ирқию миллӣ набуд. Ҳама хешро мусалмону табааи аморат мешумурданд. Дар ғазавоти зидди истеъморгарони рус бештар мардуми тоҷик, ки аз соир мӯътақидтар буданд, кушта шуданд. Мебояд тазаккур дод, ки истилои Фарорӯд аз ҷониби Русияи шоҳӣ дар нисбати Русияи коммунистӣ хеле «одамворона» буд. Онҳо муқобилатро мешикастанд, вале қатли ом ба роҳ наандохтанд, ҳукуматҳоро сарнагун накарданд, ба фарҳангу оини мардум ошкор кор нагирифтанд.
Вале тасарруфи коммунистон ваҳшиёна буд. Шаҳрҳоро, ки аксари саканаашон тоҷикон буданд, тиру бомборон мекарданд. Масалан, Бухорои Шарифро бо ёздаҳ ҳавопаймо бомборон ва миқдори зиёди тӯпҳои дурзану қатораи зиреҳпӯш тирборон карда, ба хоку хун оғӯшта карданд. Қатлу куштори ҳазорон мухолифу намояндагони аҳли зиё, ки аксаран тоҷикон буданд, намунаи қатли оми эшон буд. Парчами сурхи эшон аз хуни инсон ранг гирифта буд. Масоҷидро тахрибу ба анбори коҳу ғалла табдил дода, аҳли динро нобуд месохтанд.
Маводи таърихию адабии дар бобати ҳаводиси он замон аз ҷониби касоне навишта шудаанд, ки коммунист ва ходимони низоми коммунистӣ буданд. Онҳо ҷониби хешро ҳақ нишон дода, мухолифонро бадкору ҷинояткор тавсиф кардаанд. Дар ин замина, пажӯҳишу таҳқиқоти мунсифона анҷом дода нашудааст, то нақшу ҷурми тарафайн воқеона ошкор гардад. Мухолифонро «босмачӣ», ки маънои роҳзану ғоратгарро дорад, номидаанд. «Босмачиҳо» бумиёне буданд, ки яке барои мансаб, дигаре барои ҳифзи молу мулку сарвати хеш, саввумӣ барои ҳифзи дину оин, чаҳорумӣ барои нангу номус алайҳи таҳоҷуми аҷонибе таҳти сарварии Фрунзе ва Куйбишев, ки мехостанд ин ҳамаро аз эшон рабоянд, бархоста буданд.
Агар аз рӯи ақлу мантиқ аввалӣ «босмачӣ» унвон шавад, тибқи аъмоли адокарда дуввумӣ аз ӯ ба маротиб босмачитар аст. Пас мунсифона, он аст, ки якеро «босмачии сафед» ё ранги дигар, дуввумиро «босмачии сурх» номид.
Босмачиёни сафедро коммунистон дар навиштаҳо ба қатлу ғорати мардум муттаҳам мекунанд, аммо босмачиёни сурх харҷу масорифашонро аз куҷо ба даст меоварданд? Ё хоҷагонашон бо хеш аз Русистон оварда буданд, ё дар ин сарзамин ҳаво мехӯрданд?. Дар воқеъ, молу сарвати мардумро ғорат карда, соҳибонашонро ҳамчун «кулак» қатлу бадарға карданд. Мулку заминашонро давлатӣ карда, фақиронро бо ашёи доштаашнон шомили хоҷагиҳои умумӣ карда, молики сарвату самараи заҳматашон гаштанд.
Тамаддун дар Фарорӯд офаридаи мардуми иронӣ буд ва саканаи амокини он – шаҳрҳо аксаран тоҷикон буданд. Босмачиёни сурх шаҳрҳоро ғорат карданд, молу сарват, теъдоди зиёди сандуқҳои зару ҷавоҳирро тавассути қатораҳо ба Русистон фиристоданд. Ашёи зиёди гаронбаҳо аз осори фарҳангии моро ба осорхонаҳои хеш бурданд. Муҳимтар аз ҳама марокизи фарҳангии моро ба дигаре доданд, ки имрӯз ман таҳаммули дидани намоиши тарғибии Самарқанду Бухороро барои сайёҳон дар шабакаҳои телевизионии мӯътабари ҷаҳонӣ бо навиштаю эъломияи «Узбекистон – ҷавҳари тамаддун» надорам. Магар ин ғорату сирқат нест?
Бархе наҳзати мухолифони инқилоби сурхро ҳаракати созмондодаи турку инглис ва сарони муборизони онҳоро муздуру гумоштагони эшон хондаанд. Лозим ба зикр аст, ки ғояпардозон ва таъсисдиҳандагони ҳаракати коммунистӣ дар Русистон (аз ҷумла, Ленин) муздур ва гумоштагони давлатҳои ғарбӣ буданд. Маҳз бо кӯмаки молӣ ва имдоди онҳо тавонистанд, ки императори муқтадири қаламрави бузургро сарнагун созанд. Намояндагони ҳаракати ҷавонбухориён, ки тавассути ҷавонони дар Туркия таълимгирифта созмон ёфта, ҳадафи эшон таъсиси Туркистони Бузург дар Фарорӯд буд, ба сафи коммунистон пайвастанд ва ҳатто соҳиби вазоиф дар мақомоти давлатӣ гаштанд. Пеш онҳо душманони амир буда, аз ҷониби ӯ таъқиб мешуданд. Дар он замон Аморати Бухоро ҳукумати қонунии давр ва коммунистон ҳамчун ғосибони аҷнабӣ аз Русистон ба давлати бегона ҳамлавар гашта буданд. Муқовимати мусаллаҳонаи он замонро дар Русистон метавон ҷанги шаҳрвандӣ номид, ки онро чунин ҳам меноманд. Вале ҷанге дар Фарорӯд ба вуқӯъ пайваст, ҷуз ғасбу истилло набуд ва коммунистони маҳаллӣ ёвару навкарони хоҷагони руси худ буданд.
Дар он замон, низ мисли алъон, дар маконе даргирӣ мешуд, манфиатҷӯе дар камин буд. Инглистон, ки дар минтақа бо Русистон рақобат дошт, ба амири фирорӣ дастӣ мадад дароз намуд ва бо вазъу ҳоли дошта амир мӯҳтоҷ ба ҳама гуна ёрию имдод буд. Туркҳо бо истифода аз вазъ дар ин маърака ширкат намуданд, мехостанд аҳдофашонро амалӣ созанд, вале на турку на инглис барои худ ва амир кори муфидеро анҷом дода натавонистанд. Коммунистон бо ваъдаи «зиндагии биҳиштӣ» эътимоди аввомро ба даст оварда буданд ва мухолифони хешро бо дасти мардуми худ нобуд мекарданд. Ин ваҷҳи асоситарини пирӯзии онҳо буд.
То омадани русҳо дар Осиёи Миёна масъалаи миллият матраҳ набуд. Ҳама табааи аморату хониҳо маҳсуб шуда, дар умум ҳамчун миллати мусалмон унвон мешуданд. Ҳокимон турктаборон буданд, вале забони расмӣ форсӣ ва фарҳанги мо фарогир буд. Босмачиёни сурх тибқи нақшае, ки доштанд, халқу ақвомро аз ҳам ҷудо карда, дар миёнашон тухми адоват кошта, ҳар якеро соҳибмулку соҳибзабон карда, шаҳомати забони форсиро шикастанд, оинамонро мамнӯъ карданд, ба лағви дабираи аслӣ пайванди моро бо гузашта гусастанд ва амдан аз сарзаминҳои ниёӣ ва марокизи фарҳангӣ маҳрум сохтанд.
Баъзе аз коммунистон изҳори сипосу қаноатмандӣ мекунанд, ки моро аз бандагии ҳазорсолаи турктаборон берун оварданд. Андешаи аҷиб. Монанди сурури ғуломест, ки аз дасти хоҷаи золим ба ҳалим мерасад. Ҳол он ки хоҷа дар нисбати барда ҳаргиз ҳалим нест ва ҳилму зулми хоҷа дар нисбати ӯ бастаи хӯву хидмати ӯст. Мутеъи хоҷагони пешин будем, вале онҳо фарҳангу дину забонамонро маҳву маҳдуд накарданд, тобеи ҳукмашон будем, вале онҳо таҳти истеъмори фарҳангии мо қарор доштанд. Дуруст аст, ки моро дар қафомондагӣ нигоҳ доштанд. Аммо хоҷагони баъдин низ барои мо чизе нагузоштанд, ки поянда бошад. Чизе, ки боқӣ гузоштаанд, ниёз ба азнавсозӣ дорад.
Фарзан, агар инқилоби сурх ба вуқӯъ намеомад, мардуми мо дар ҳайати аморату хонигариҳои турктабори Фарорӯд боқӣ мемонданд ва амвоҷи ҳаракатҳои миллию озодихоҳӣ, ки дар асри XX манотиқи таҳтиистеъмории оламро фаро гирифтанд, ба тоҷикон асар мекард? Тибқи нишондодҳои муҳаққиқин дар замони тақсимоти Осиёи Миёна тоҷикон бештари ҳайати аҳолиро ташкил медоданд ва аксарияти сокинони шаҳрҳои бузург мисли Самарқанд, Бухоро, Фарғона, Термиз ва ғайра тоҷикон буданд. Пантуркистон ҳатман саъйи эҳдоси Туркистони Бузургро мекарданд. Оё тоҷикон бо ин теъдод ба муқобилат бармехостанду давлати миллии хешро таъсис медоданд, ё ба мутеияту бардагии ҳазорсоларо идома дода, рӯ ба раҳми Худо дар интизори ноҷие рӯз мебурданд?
Ваҳшати коммунистон дар саҳафоти таърихи нав бо унвони “террори сурх” сабт гаштааст, ки дар таърихи башарият камназир аст ва мавҷи он то ба гӯшаҳои ниҳоии сарзамини мо низ расидааст. Аҷдоди мо сар аз итоати туркон тофтанд ва аз чангашон раҳо ёфта, ба кӯҳсори дурдаст панаҳ бурданд, вале аз панҷаи дасти дарози коммунистон нараҳиданд. Дар водие, ки бобоёни мо мезистанд, коммунистон бо рехтани хуни мардум ҳукумат сохтанд.
Алайҳи таҳоҷуми аҷнабиёни ғайриддин, тавре ки муаррифӣ мешуданд, «мехоҳанд замину моли моро аз даст кашида гиранд, дину қавонини шариатамонро аз байн баранд, занонамонро беҳиҷоб гардонанд, фарҳанги бегонаро ба сарамон бор кунанд», ғазо эълон гардид. Аз сар то охири водӣ теъдоди зиёди ҷавонмардону шикорчиёни камондор аз деҳаҳо ҷамъ омада, бо пилтакамону шикорчӯбу табарзину чоршохаҳо мусаллаҳ шуда, алайҳи русҳо ба мубориза хестанд. Аммо дар муқобилат бо аскарони сурхи бо пулемёту камонҳои панҷтира мусаллаҳшуда зуд шикаст хӯрданд. Пас аз он сурхҳо иштирокдорони ҷангро таъқибу ҷустуҷӯ намуда, қатлу бадарға мекунанд.
Сурхҳо бо зуҳури бераҳмиҳо дар манотиқи ишғолияшон даҳшату ваҳшат меандохтанд. Масалан, баъд аз ин воқеа ба ҷустуҷӯи душманонашон ба деҳаи Бунай меоянд. Мардуми деҳа қабл аз расидани онҳо дар дараю даруни ҷӯйборҳои болои деҳа пинҳон шуда, марди ҷасуреро бо номи Бачона барои посухгӯияшон дар деҳа мегузоранд. Аскарон ӯро зери зарби лату кӯби пою қундоқи камонҳо кашида, иҷбор ба номбар кардани иштирокдорони ғазавоташ мекунанд. Аммо таҳаммули азоб карда, номи касеро намебарад ва ӯро дар болои дарзаҳои хор партофта, пойкӯб мекунанд. Баъдан, вайро бадарға карда, ба асари азияту маризиҳо дар роҳи бозгашт ба сӯи зодгоҳ мефавтад.
Тавсифи ғосибону тазлили амволу амлокдорон аз ҷониби нависандаю таърихнигорони коммунист аҷиб аст. Барои мисол ин навишта: “…Қалъаи Ванҷ озод карда шуд. Кузнетсов Диловаршоҳро то Даштак дунболагирӣ намуда, ба ӯ хеле наздик расида буд. Акнун бояд намегузошт, ки ӯ ба соҳили Афғонистон гурезад. Вале ҳамин, ки аспи тездави Кузнетсов ба масофаи тири туфанги (маузер) худ наздик шуда, барои тир кушодан нишон гирифт, кадоме аз босмачиёни дар паси санге камин гирифта, ба сӯяш тир кушод, ӯро аз зин афтонд. Ҳамин тариқ, ба Диловаршоҳ муяссар гардид, ки бо дастаи хурду харобшудаи худ ба Афғонистон гурезад. Кузнетсови ярадор баъди чанде ба худ омад. Отряди аскарони сурх ба Хоруғ баргашт” (Дёмочкин А. “Кавалер ордена №15501” – аз хотираҳои А. Наврӯзбеков).
Дар қаламрави Дарвоз Эшони Султон (Тавилдара ва Чилдара), бародарон Диловаршоҳу Ғайратшоҳ, Шоҳназрӣ додхоҳ бо писаронаш Абдуллобек ва Қосимбек ба муқобили ғосибон меҷангиданд. Инҳо мулку сарватдорони маҳаллӣ буданд, ки барои ҳифзи моликияташон ба по хеста буданд. Агар ба мубориза ҳам барнамехостанд, ҳамчун “кулак” тороҷу кушта мешуданд. Вале мухолифони онҳо Кузнетсов, Ионов, Шведсов, Барановский, Домеровский, Шегер, Бахтадзе, Ворогушин, Романов, Хомякин, Акчурин, Дёмочкин, Мелкумов, Панкеев, Красилников, Булгаков, Кривко, ки ҳазорҳо километр аз хона фосила гузошта, аз ҷиҳати ирқу эътиқоду фарҳанг комилан мутафовит буданд, мардуми маҳаллиро ба пазируфтани ғояи бегона иҷбор намуда, молу сарваташонро тала карда, мӯътаризонро қатлу аз ватан бадарға мекарданд, ҷуз ғосибу истилогар касе дигар набуданд.
Аз бадкорию бераҳмиҳои босмачиён ниҳоят зиёд гуфтаю навиштаанд. Зеро ин ҳама адабиётро нависандагони коммунист иншо намудаанд. Вале аз қатлу бераҳмиҳои мухолифони онҳо забон накушодаанд. Ҳақиқати он гузаштаро мардум ҳанӯз аз ёд набурданд. Аз қатлу нобудсозии бисёре аз ҷавонмарду ашхоси барӯманду аҳли зиёи диёр аз ҷониби сурхҳо то имрӯз нақл мекунанд. Вале аз адои чунин аъмол аз ҷониби босмачиён дар водӣ дар нисбати ғайр ба ҷуз коммунистони бегонаву ҳамдастони эшон нақле нашунидаам. Бобои Давлат марди боҳушу фарҳанг буданд, баъзан ба қавлаш аз “ду муҷоҳиди раи ҳақ” ёдоварӣ мекарданд.
Нақл мекарданд, ки дар мавзеи канории деҳ машғули чӯпонӣ буданд. Аз дур ду савораро диданд, ки чанг бардошта, ба сӯи деҳа мешитофтанд. Ба назди ӯ расида, аз аспҳо фаромада, ҳолу аҳвол ва аз ҳузур доштан ё надоштани аскарони сурх дар деҳа пурсиданд. Пас аз итминони амн арз мекунанд, ки хеле бемадору гурусна ҳастанд. Бобои Давлат онҳоро пинҳонӣ ба хона мебарад. Онҳоро бо аспонашон сер намуда, шаб нигоҳ медорад, то роҳат намуда, хастагияшон рафъ шавад.
Саҳар хеста, изҳори миннатдорӣ карда, ҳар кадом аз ҷайбашон миқдоре танга, ба гуфти мӯйсафед “пули посчоӣ” бароварда, ба вай дароз мекунанд. Ӯ пулашонро намегирад ва онҳо исрор мекунанд, вале боз рад мекунад, онҳо пулҳоро дар санҷи хона гузошта, хеле изҳори сипосу миннатдорӣ карда, ба роҳ мебароянд. Бояд тавассути дараи деҳаи ҳамсоя ба водии Вахё мегузаштанд. Бобои Давлат бо таассуф нақл мекард, ки онҳо рафтанд, вале баъди ду рӯз аспонашон бо зину афзор ба водӣ баргаштанд. Ғаму афсӯси он ҷавонмардҳо мехӯрд, ки нобуд шуданд. Тавсиф менамуд, ки хеле ҷавонмардони боимони хушахлоқу босаводу “муллобачча“ буданд. Ба гуфташ онҳо аз дастаи Фузайл Махсум буданд, ки пас аз торумор шудан баъзе кушта, чанде ба Афғонистон ва бархе ба ҷониби водӣ фирорӣ гашта буданд.
Ҳодисаи фавқ (ҳазимату фирори Диловаршоҳ – “ғосиб дар ватани хеш” ва Кузнетсов – “наҷотдиҳандаи мардуми ватани ӯ”) дар Ванҷ дар авоили солҳои бисти асри бист (соли 1923) рух дода буд. Дар авохири он солҳо (соли 1929) дастаҳои Диловаршоҳ, Фузайл Махсум ва Кӯри Шермат аз соҳили муқобили Панҷ гузашта, бо аскарони сурх даргир шуданд. Аскарони сурхро шикаст дода, Ванҷро муваққатан ишғол карданд. Дар ин пирӯзӣ ба онҳо бисёре аз мардуми маҳаллӣ ёриву ҳамкорӣ намуданд. Бобои мо (падари бибиям), ки муллову мударрис буд, савори асп, қад-қади водӣ аз барқароршавии ҳукумати шаръӣ мужда дода буд. Сурхҳо пас аз пирӯзӣ боз поксозии “унсурҳои зиддиинқилобӣ”-ро анҷом доданд. Ӯро даст баста ба куштан бурданд, вале шабонгаҳ аз чангашон халос хӯрда, ба кишвари ҳамсоя фирор намуд. Бобои дигар (падари бобоям) ҳамчунин муллову мударрис буд, ба муқобили сурхҳо силоҳ накашид ва бо мухолифонашон низ ҳамкорӣ нанамуд, вале ӯ ҳам дар солҳои сӣ қурбонии террори сурхи ғосибон гардид. Агар аввалӣ чунин амале анҷом намедод, ҳатман қурбонии солҳои сӣ мешуд. Бобобузурги модарии писаронам низ, ки ҷавонмарди қавибозу ва ба гуфти мардуми маҳаллӣ “шикоракӣ”, иштирокдори ғазо будааст, тир хӯрда маҷрӯҳ мешавад. Ҷавонмарди маҷрӯҳу афтодаро бурда, нобуд месозанд. 2019.