Таърихи қавми яҳуд
Яҳудиён аз ақвоми маъруфи оламанд, ки дар ҳама ақсоми гетӣ дар гузаштаву имрӯз таъсироту таассурот гузоштаанд ва ин ба ваҷҳи парешониву оворагиҳои ин қавм дар ҷаҳон дар тӯли беш аз ҳазор сол ба он муяссар гардидааст. Ин қавми сарсахт дар тӯли садсолаҳо ба ҳамли сахттарин азобу уқубат дар ҳар шароит тинату ҳувият ҳифз намуд ва бо талошу тадбир муваффақ ба касби сарзамин шуда, давлат таъсис дода, аз қавми парешону мазлуми овора ба миллату давлати қудратманди замон мубаддал гашта, бо зуҳури зӯриву нерӯмандӣ миллати заифу мазлумеро таҳти зулму тазйиқ қарор дода, ҷабру қатл мекунад.
Яҳудиён қавми қадимӣ буда, дар таърихи инсоният аз аҳди қадим то ба имрӯз нақши назаррас доштаанд. Ба сабаби ин дар бораи ин қавм дар маохизи таърихию илмии давру мардуми гуногун маълумоти зиёд дода шудааст. Дар кутуби муқаддаси илоҳӣ низ зикри он рафтааст. Таврот тавассути Мусо, Инҷил ба воситаи Исо, ки ҳар ду аз ин қавм буданд, фурӯ фиристода шуданд, вале якеро пазируфта, дигареро қабул накарданд ва аҳдшиканию саркашӣ дар нисбати Худованд сабаби хорию залилю мусибатҳои сахтӣ тӯлонии онон гардид. Дар Қуръон низ зикри ин қавм ба тафсил рафтааст.
Яҳудиён аз қабилаҳои сомӣ буда, аз насли Иброҳими паямбар (а) ва писарони ӯ Исҳоқу Яъқуб (а) мебошанд. Яъқуби паямбар, ки ба Исроил мавсум буд, дувоздаҳ писар дошт. Авлоди ин дувоздаҳ фарзанди Бани Исроил (писарони Яъқуб) минбаъд ин қавмро ташкил доданд ва бар асари куштору табъидҳо танҳо насли Яҳудо – писари чаҳоруми Яъқуб (а) боқӣ монд ва соири қабоили пароканда ба он он мулҳақ шуда, яҳудӣ (яъне мансуб ба қавм ва қабилаи Яҳудо) номида шуданд. Онҳо дар китоби муқаддас ибрӣ (ё ибронӣ) ва Бани Исроил ёд шудаанд. “Ибрӣ” ба қавле маънои “аз он ҷониб омада”-ро дорад ва он дар китоби муқаддас ба Иброҳим-ибрӣ, яъне аз ҷониби Ур ба Канъон омада ишора шудааст. Забони расмии яҳудиён ва давлати эшон ибрӣ аст.
Яҳудиён пас аз табъид дар ақсоми гуногуни олам дар ҷамоаҳо – диаспораҳо ҷамъ омаданд. Ҷамоаҳои бузурги онҳо, ки дар Олмон сокин шуданд, – ашкеназҳо, ҷамоаи испонӣ – сефардҳо ном гирифтанд. Ҷамооти дигари онон дар Лаҳистон, Русистон, Осиёи Миёна (яҳудони бухорӣ), яҳудони кӯҳистонӣ дар Озарбойҷон, Доғистон, Қабардину Балқор, Чеченистону Ингушистон, калимиён дар Ирон, яҳудиёни гурҷистонӣ, яҳудиёни қримӣ дар ҷазираи Қрим, ҷамоаи лахлухҳо дар Гурҷистону Қазоқистон ва дигар кишвару манотиқи олам маскан гирифтанд. Гурӯҳе аз яҳудиёни иҷборан ба ислом гаравидаро дар Бухоро “чала” меномиданд. Пас аз таъсиси давлати Исроил аксари яҳудиёни олам ба он кӯчиданд.
Дини яҳудиён яҳудият мебошад. Яҳудият оини яктопарастӣ буда, аҳкому муқаррароти он тавассути Мусо (а) расонида шудааст. Китоби ин дин Таврот аст, ки ба Мусо (а) нозил шудааст. Яҳудият оин, фалсафа ва тарзи зиндагии яҳудиён аст. Яҳудиёт Худовандро мавҷуди мутлақу ягона ва мӯҷиби парстиш медонад ва мӯътақид ба он аст, ки Таврот ба Мусо дода шуда, пас аз он каломи илоҳӣ ба касе дода намешавад ва онҳо адёни пасомадаро напазируфта, яҳудият дар шакли як оини қавмӣ боқӣ мондааст.
Зикри қавми яҳуд дар Қуръон
Дар Қуръони карим дар бораи паёмаброни илоҳӣ ва хусусан Иброҳиму авлодаш тафсилоте баён шудааст ва ба чанд нуктаи муҳим дар ин ҷо ишора хоҳем кард. Иброҳим (а) аз паямбарони мӯътабари илоҳист, ки Худованди мутаъол неъмати бузург: илму ҳикмат ва пешвоию раҳнамоии соири мардумро ба ӯву авлодаш дода, бо эшон аҳди садоқат баст. Худованд дар ояи 47 сураи Бақара фармудааст: “Эй бани Исроил ба ёд оваред неъметеро, ки арзонӣ доштам бар шумо ва ин ки ман бартарӣ додам шуморо бар ҷаҳониён (ҳамасрон)”. Бартарии онҳо дар он замон он буд, ки ба эшон илму ҳикмат дода, онҳоро барои адои рисолати муҳим муваззаф намуд. Аҷдоди ин қавм Иброҳим, Исҳоқу Яъқуб (а) дар адои ин амр содиқ буда, авлоди хешро ба садоқат дар ин роҳ васият кардаанд: “Ва суфориш кард ба он (фармонбардорӣ) писарони худро ва Яъқуб (ҳам) гуфт, ки: Эй писарони ман ҳамоно Аллоҳ баргузид барои шумо ин динро, пас зинҳор намиред дар ҳоле, ки шумо фармонбарон(и Ӯ) бошед”. (Сураи Бақара, ояи 132).
Бани Исроил – фарзандони Яъқуб (а) бар падар ваъдаи вафо бар аҳд ва садоқат бар дину итоату ибодати Худованди яккаву ягонаро доданд ва дар Қуръон ба онҳо аз ин ёдоврӣ мешавад: “Ё ин ки шумо будед гувоҳоне ҳангоме ки Яъқубро фаро расид марг, он гоҳ, ки гуфт ба писаронаш: чӣ мепарастед пас аз ман? Гуфтан: мепарастем илоҳи туро ва падаронат Иброҳиму Исмоилу Исҳоқро, ки илоҳи ягона аст ва мо барои Ӯ фармонбаронем” (Сураи Бақара, ояи 133). Аммо Худованд ҳушдор медиҳад, ин ҳама неъмат ба хотири садоқату фармонбардорӣ пойдор хоҳад буд ва шикастани аҳду нофармонӣ мӯҷиби хашму нописандии Худованд мегардад, агарчанде саркаш аз авлоди набӣ бошад. Тавре ки ба Бани Исроил тазаккур дода мешавад: “Ва (ёд кунед) он гоҳ, ки озмуд Иброҳимро парвардигораш бо калимоте (озмоишҳое), пас ӯ ба анҷом расонид онҳоро (Аллоҳ) фармуд: ҳамоно ман туро қарордиҳандаам барои мардум пешвое, (Иброҳим) гуфт: ва аз фарзандони ман низ? Фармуд: намерасад паймони (пешвоии) ман ба ситамкорон” (Сураи Бақара, ояи 124).
Бани Исроил замоне аҳди итоату ибодату фармонбарӣ аз Худованди ягона шикаста, рӯ ба бутпарастӣ оварда, каломи асили илоҳиро таҳриф намуда, расулу нибиёни худовандиро қатлу озору шиканҷа карданд. Аллоҳи таъоло дар Қуръони карим онҳоро аз неъматҳои атокардаву кирдору рӯзгори гузаштаашон ёдоварӣ карда, ба панд гирифтанашон амр медиҳад. Дар сураи Бақара омада: “Ва (ёд кунед) замоне ки наҷот додем шуморо аз (чанги) фиръавниён, ки таҳмил мекарданд бар шумо бадтарин шиканҷаҳоро, сар мебуриданд писарони шуморо ва зинда нигаҳ медоштанд занони (духтарони) шуморо ва дар ин (кор) озмоише буд аз Парвардигоратон (озмоиши) бузург (49). Ва (ёд кунед) он гоҳ, ки барои шумо шикофтем дарёро ва наҷот додем шуморо ва ғарқ кардем фиръавниёнро дар ҳоле, ки шумо нигоҳ мекардед (50). Ва (ёд кунед) он гоҳ, ки ваъда гузоштем барои Мусо чиҳил шабро, сипас гирифтед шумо он гӯсоларо (ба парастиш) пас аз (рафтани) ӯ, дар ҳоле, ки шумо ситамкор будед” (51).
Рӯй овардан ба ширку бутпарастӣ, ранҷу озор додану куштани паямбарони илоҳӣ, таҳрифи каломи худовандӣ ба манфиати хеш, ривоҷи фисқу фуҷуру баромадан аз роҳи рост мӯҷиби рӯ гардонидани Худованд аз ин қавм гардид. Дар оёти зер мисоле аз ин каҷравиҳои онҳо зикр шудааст: “Оё пас умед доред (шумо мусулмонон), ки бовар кунанд (яҳудиён) ба шумо? Ҳол он ки гурӯҳе аз онон мешуниданд каломи Аллоҳро, сипас таҳриф мекарданд онро пас аз ин ки дарёфта буданд онро, дар ҳоле, ки медонистанд (ки корашон дуруст нест) (Бақара, 75). “Ва (ёд кунед) он гоҳ, ки гирифтем паймони Бани Исроилро, ки мапарастед ҷуз Аллоҳро ва ба падару модар некӣ кунед ва (низ) ба хешовандон ва ятимон ва бенавоён ва бигӯед ба мардум сухани некро ва барпо доред намозро ва бидиҳед закотро, сипас пушт кардед ҷуз андаке аз шумо ва шумо рӯйгардон (будед)” (83). “Ва (ёд кунед) он гоҳ, ки гирифтем паймонатонро, ки нарезед хунҳоятонро ва берун накунед худатонро (ҳамкешонатонро) аз диёратон, сипас (бадин паймон) иқрор кардед дар ҳоле, ки худ (бар он) гувоҳед” (84). “Сипас шумо ононе (будед), ки мекуштед худатонро (ҳамкешонатонро) ва берун мерондед гурӯҳе аз худатонро аз диёрашон, дар ҳоле пуштибонӣ мекардед якдигарро бар зиди онон ба гуноҳ ва таҷовуз ва агар биёянд ба назди шумо (ба сурати) асироне фидя медиҳед барои (озодии) онон, ҳол он, ки ҳаром шудааст бар шумо берун ронданашон, оё пас имон меоваред ба бахше аз китоб (Таврот) ва куфр меварзед ба (бахше) дигар? Пас нест сазои касе, ки кунад чунин аз шумо ҷуз хорӣ дар зиндагии дунё ва рӯзи растохез, бозгардонида мешаванд ба сӯи сахттарин азоб ва нест Аллоҳ ғофил аз он чи мекунед” (85). “Ва ба дурустӣ, ки додем ба Мусо китобро (Тавротро) ва дар пай овардем пас аз ӯ паёмбаронро ва додем ба Исо писари Марям нишонаҳои рӯшанро ва нерӯманд гардонидем ӯро бо Рӯҳулқудус (Ҷабраил), пас чаро ҳар гоҳ оварад бароятон паёмбаре чизеро, ки дӯст надорад ҷонҳоятон (дилхоҳатон набуд) бузургбинӣ варзидед, пас гурӯҳеро дурӯғгӯ шумурдед ва гурӯҳеро мекуштед?” (87). “Ва гуфтанд дилҳои мо пӯшишдор аст! (На) балки лаънат кардааст ононро Аллоҳ ба сабаби куфрашон, пас андаке (аз онон) имон меоваранд” (88). “Ба дурустӣ, ки оварад барои шумо Мусо нишонаҳои рӯшанро, он гоҳ гирифтед гӯсоларо (ба парастиш) аз паси (рафтани) ӯ (ба кӯҳи Тур) дар ҳоле, ки шумо ситамкор будед” (92).
“Ба дурустӣ гирифтем паймони устувор аз Бани Исрол ва фиристодем ба сӯяшон паямбаронеро, ҳар гоҳе оварад паёмбаре барояшон чизеро, ки намехост дилҳояшон, гурӯҳеро дурӯғгӯ мешумурданд ва гурӯҳеро (ҳам) мекуштанд” (Моида, 70). “Ҳамоно гирифт Аллоҳ паймон аз Бани Исроил ва барангехтем аз онон дувоздаҳ сардорро ва гуфт Аллоҳ, ҳамоно бо шумо ҳастам, агар барпо доштед намозро ва додед закотро ва имон овардед ба паямбаронам ва ёрӣ кардед онҳоро ва вом додед ба Аллоҳ воми некӯ, ҳар оина мезудоем аз шумо бадиҳоятонро ва ҳар оина дармеоварам шуморо ба биҳиштҳое, ки равон аст аз зери он (дарахтон) ҷӯйборҳо, пас касе, ки куфр варзад пас аз он аз шумо, ба ростӣ гум кардааст миёнароҳро” (Моида 12). “Пас ба сазои шикастани онон паймонашонро лаънат кардем онҳоро ва сахт гардонидем дилҳояшонро…” (Моида 13). Ин ҳама асбобе буд, ки Худованд бар ин қавм хашм гирифт ва онро ба муддати тӯлонӣ дар дунё ба мусибату бадбахтӣ гирифтор намуд.
Таърихи мухтасари қавми яҳуд
Ақвоми сомӣ Иброҳимро (а) ҷадди хеш меҳисобанд. Тибқи ривоёт ин ақвом аз насли Сом, яке аз се писари Нӯҳи набӣ (а) мебошанд. Қабилаҳои яҳудӣ аз пушти Исҳоқ (а) ва аъробӣ аз насли Исмоил (а) писарони Иброҳими паямбаранд. Иброҳим дар шаҳри Ур (Ироқи имрӯза) таваллуд шуда, баъдан ба Канъон (Исроили имрӯза) муҳоҷират кардааст. Яъқуб (а) набераи Иброҳим (а) ва авлодаш ба даъвати писараш Юсуф (а), ки дар Миср вазир буд, ба он ҷо муҳоҷират карданд. Баъдан, дар замони салтанати фиръавниён дар Миср ба асорат гирифта шуда, онҳоро Мусо паямбар (а) (асри XIII пеш аз мелод) аз асорат наҷот дод.
Баъд аз раҳоӣ қавми яҳуд муддати ҳаёти кӯчиро паси сар намуда, Канъонро тасхир карда, онро дар миёни дувоздаҳ қабилаи хеш тақсим карданд. Пас аз ҳаёти муқимӣ подшоҳиҳои қадимии яҳудиён арзи вуҷуд карданд. Шаул аз қабилаи Бинёминро шоҳ интихоб карданд ва дар замони ӯ яҳудиён муттаҳид шуда, ҳатто ба душманони ҳамсоя зарба заданд. Бо истифода аз қудрату мансаб Шаул истибдод пеша кард ва пас аз ӯ Довуд (а) аз насли Яҳудоро шоҳ интихоб карданд. Подшоҳии Довуд (а) ва писараш Сулаймон (а) беҳтарин замони ҳаёти яҳудиён ва пурқувваттарин подшоҳии онон дар таърих буд. Довуд (а) назму низомро ҷорӣ намуда, фисқу фасоди қавмро барҳам дода, риояти қавонини Мусоро (а) ба роҳ андохт.
Яҳудиён дар замони оворагиҳо барои ибодати Худованд дар макони қароргирифта чодаре мегустурданд ва пас аз кӯч онро ҷамъ намуда, бо худ ба ҷои нав мебурданд. Ҳазрати Довуд (а) дар замони подшоҳии хеш тасмим ба бунёди маъбад гирифт ва барои сохтани он ҷой харида, ба сохтанаш оғоз намуд, вале бинои маъбадро писари ӯ Сулаймон (а) дар замони подшоҳии худ ба анҷом расонид. (тахминан дар асри X қабл аз мелод). Макони бунёди маъбад Ерусалим (ё Ур(у)шалим) пойтахти подшоҳии Довуд (а) гардида, қабоили яҳудӣ дар атрофи маъбад ҷамъ шуданд ва Ерусалим ба шаҳр табдил ёфт.
Сулаймон (а) пас аз падар шоҳ шуд ва сарзамини аз сарҳади Миср то Фуротро таҳти ҳукумат дошт. Сулаймон (а) шоҳи одилу оқил буда, аз ӯ дар таърих “хирадмандтарин шоҳ” ёд мешавад. Замони салтанати ӯ авҷи тараққӣ ва рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии қавми яҳуд буд. Бар Сулаймону Довуд (а) ҳамчунин рисолати паямбарӣ расида буд, бар зами подшоҳии дунявӣ онҳо раҳбариву роҳнамоии динии қавми яҳудро бар ӯҳда доштанд. Ба Довуд (а) аз сӯи Худованд барои раҳнамудии мардум китоби “Забур” дода шуда буд, ки ӯ мутобиқ ба он ҳукумату ҳидоят мекард.
Пас аз Сулаймон (а) подшоҳии ӯ ду қисмат шуда, қавм боз ба ширку фасоду беназмӣ рӯй овард. Ду подшоҳӣ – яҳудӣ ва исроилӣ ба ҳам хасму даргир шуданд, то замоне давлати абарқудрати замон Ошур соли 722 қабл аз мелод подшоҳии исроилиро шикаст дода, пойтахти он Самарияро ғасб карда, яҳудиёнро ба Ошуру Мидиё ба асорат бурд. Подшоҳии яҳудӣ то замони давлати Бобул идома дошт ва дар соли 586 қабл аз мелод шоҳи он Бахтуннаср подшоҳии яҳудиро барҳам дода, маъбади Ерушалимро хароб карда, яҳудиёнро ба асорат бурд. Шоҳи иронӣ Куруши Кабир қудрати Бобулро шикаст ва пас ҳафтод соли ин воқеа ба яҳудиён иҷозаи бозгашт ба Ерушалиму эҳёи маъбад дод. Қисмате аз яҳудиён ба Ерушалим баргашта, маъбадро эҳё намуданд ва он ба як маркази иттиҳоди динию қавмии тамоми яҳудиён табдил ёфт. Шоҳони форс ба яҳудиён ҳуқуқи зистан бо қавонини қавмию мазҳабӣ доданд ва ин шароит сабаби ташкил ва таҳкими ҷамоаҳои яҳудиён дар Ерушалиму дигар манотиқи парешонгашта гардид.
Пас аз шикасти шоҳони форс аз ҷониби юнониҳо яҳудиён дар тобеияти мисриён ва пас селевкиён қарор гирифтанд. Фарҳангӣ юнонӣ ба яҳудӣ сахт таъсир гузошт ва баъзе аҳкому қавоиду урфу одоти юнонӣ ба яҳудӣ махлут шуда, таҳти таъсири фалсафаи юнонӣ дар яҳудият ҷараёнҳои динӣ падид омаданд. Ҷамоаҳои зиёду бузурги яҳудиён дар Мисру Байнаннаҳрайн, Мидиёву Қафқозу Рум шакл гирифтанд. Таъқиби динии яҳудиён ва иҷбор ба қабули оини юнонӣ аз ҷониби ҳуккоми сурӣ сабаби исёни яҳудиён дар асри II қабл аз мелод ва таъсиси подшоҳии мустақили Ҳосмониён дар Ерушалим гардид. Асосгузори ин сулола Шаъмун буд ва наберагони ӯ пас аз кашмакашиҳо барои тахталабӣ бо имдодҷӯӣ онро тобеи румиён, баъдан портҳо карда, дар авохири асри I пеш аз мелод шоҳ Ирод бо кӯмаки румиян ба тахт нишаста, ин подшоҳии яҳудиён мутеи румиён гардид.
Ҷабру истисмори румиён сабаби ҳаракати озодихоҳии яҳудиён гардид ва дар соли 66 пас аз мелод онҳо бар зидди румиён исён карданд. Пас аз пахши он дар соли 70 мелодӣ лашкари Рум, ки дар раъсаш Титус меистод, шаҳрро ба оташ кашида, маъбадро хароб карда, қисмати зиёди яҳудиёнро ба асорат бурд. Ба навиштаи Иосиф Флавия румиён беш аз миллион нафарро кушта, бештар аз сад ҳазорро ба асорат бурданд. Истибдоди румиён ва ғайри қобилиқабулии пазириши ҳукумати “илоҳӣ”-и император барои яҳудиён ва соири иҷбориҳо сабаби сар задани ошӯбҳо мегардид. Дар соли 132 Шаъмун Боркохбо ошӯб ва дар муддати ду сол подшоҳии мухтори яҳудиро ташкил кард. Дар соли 135 артиши румӣ бар эшон ғолиб омад ва дар натиҷа ним миллион яҳудӣ ба ҳалокат расида, шаҳрҳояшон сӯхта шуда, боқиро табъиду ба асорат бурда, ҳузур ва ҳатто вуруди яҳудиёнро ба Ерушалиму минтақа манъ намуданд. Аз он замон давлату сарзамине дар ин минтақа бо номи Исроил аз миён рафта, он сарзамини Фаластин ном гирифт. Дар нимаи асри VII хоқонии Xазар дар Қафқоз таъсис ёфт ва хоқонони турктабори он яҳудиятро пазируфта, онро оини давлатӣ гарониданд. Он дар охирҳои асри X барҳам хӯрда, ҷамоаи яҳудиёни дар атрофи он ҷамъомада парешон гашт.
Қисмати зиёди яҳудиён дар Байнаннаҳрайн сокин шуда, фавҷҳои бисёри онҳо ба Миср ва дигар манотиқи Африқо, ҷазираҳои Пиреню Балкан кӯчида, бар асари табъидҳо дар тӯли солҳо дар тамоми олам парешон гаштанд. Онҳо дигар давлату қудрате надоштанд ва дар зери тобеияти давлату адёни ҳоким барои ҳифозати дину фарҳанги худӣ заҷр кашиданд. Сабаби асосии азобу азияташон дину эътиқодашон буд ва ба ваҷҳи он аз қадим оворагию паноҳандагӣ мекарданд. Нахустин нишонаи таърихӣ аз паноҳандагони яҳудӣ раҳоии онҳо аз чанги фиръавни Миср буд. Баъд аз беватанӣ дар мавриди зулму озору шиканҷаи дигар халқу ақвом қарор гирифтанд ва нахустин саркӯбии яҳудиён дар асри 1 мелодӣ (дар соли 38) дар Искандария ба вуқӯъ омад, ки сабаби он монеияти мардум аз додани ҳуқуқи шаҳрвандӣ ба яҳудиён буд. Ин гуна саркӯбиҳо дар нисбати ин мардум дар ҷаҳон амри маъмулӣ шуданд, ки дар зер намунае аз онҳо дарҷ аст.
Аҳволи яҳудиён дар аврупои масеҳӣ
То замони масеҳиятро пазируфтани Рум яҳудиён ҳаёти осоиштатар доштанд. Онҳо дар миёни дигар мардум бо ҳуқуқи баробар мезистанд. Пас аз қабули масеҳият аз ҷониби ҳуккоми аврупоӣ таассуби динӣ авҷ гирифт ва онҳо дар нисбати дигар эътиқоду бовариҳо танаффур дошта, бо онон ба ваҷҳи ваҳшиёна рафтор мекарданд. Яҳудиён, ки оини ғайрро ба миёни онҳо бурда, дар ҳифзи он устувору пойдор буданд, сахттарин ранҷро дар сарзаминҳои масеҳӣ кашиданд. Дар ин давра табъиди яҳудиён дар асри V аз Искандария ва дар асри VII аз Антиохия сурат гирифт. Масеҳиён лашкаркашиҳои салибиро аз Аврупо аз қатлу ғорати бераҳмонаи яҳудиён оғоз карда, дар тамоми сарзаминҳои ишғолӣ дар нисбати эшон ин гуна аъмолро раво диданд.
Дар кишварҳои аврупоӣ яҳудиён “ғуломони шоҳ” ё ”ғуломони хазинаи шоҳӣ” маҳсуб меёфтанд. Онҳо дар нисбат ба дигар ақшори иҷтимоӣ дучанд андоз месупурданд ва дар ҳолати ниёз шоҳон бар эшон андозҳои изофӣ бор мекарданд ва ё амволашонро мусодира мекарданд. Онҳоро аз шаҳру кишварҳо бо қалту хушунат берун меронданд ва дар ҳолоти пастравиҳои иқтисодӣ бозпас мехонданд.
Дар Фаронса маҳаллоти яҳудинишинро панҷара кашида, шабонгаҳ қулф мезаданд. Дар аҳди Людовики Порсо ҳангоми идҳои масеҳӣ яҳудиеро дар маҳзари ом силӣ мезаданд, то яҳудиён “аз ранҷи кашидаи Исо” фаромӯш накунанд. Дар асри XII шоҳ Филип Август яҳудиёнро аз кишвараш ронда, амволашонро мусодира ва канисаҳояшонро ба калисо табдил дод. Дар шаҳри Брей сад яҳудии радди пазириши масеҳият намударо дар оташ сӯхт. Аммо замоне ниёзманд ба молиёт шуд ва иҷозаи пас омадани яҳудиёнро ба кишвар дод.
Шоҳ Людовики Муқаддас онҳоро маҷбур сохт, ки дар пушту синаашон порчаи гирдшакли матои сурхи намадинро насб кунанд, то аз дигар мардум мутафарриқ бошанд. Дар асри XIII легати поп Арнолд дар раъси фавҷи мутаассибон мулҳиду бидъаткорон ва яҳудиёнро қатл менамуд. Шиораш “Ҳамаро бизанед, Худо худиҳоро дар осмон мегирад” буд. Дар Тулузо хохом Исҳоқ Малро (с1277) ба ҷурми дар гӯристони яҳудиён гӯрондани яҳудии масеҳишуда ва дар охири умр ба яҳудият баргаштаро гӯрондан, зинда оташ заданд. Дар шаҳри Труа олими яҳудӣ Исҳоқ Шатален, зани обистан, ду писар, сунҳор ва боз ҳашт тани дигар, аз ҷумла ҷарроҳ Ҳаим бо ҷурми сохтае сӯхта шуданд.
Шоҳ Филипи Зеборух яҳдуиёнро аз кишвар ронда, амволашонро мусодира намуд. Канисаи эшонро ба фойтучии хеш бахшид. Дар асри XIV дар ҷануби Фарангистон фавҷҳои деҳқону чӯпонон ҷамоаҳои яҳудиёнро тахрибу ғорат намуданд. Дар Тулузо панҷсад яҳудӣ дар истеҳкоме муҳосира шуданд, барои раҳоӣ аз таъмиди иҷбори якдигарро куштанд ва фарзандонашонро бурда, таъмид карданд.
Шоҳ Карли VI тасмими аз шаҳр рондани судхуру яҳудиёнро гирифт ва ин баҳонае барои саркӯб кардани яҳудиён гашт. Авом дар тӯли ҷаҳор рӯз яҳудиёнро қатл, ғорат, шиканҷа карда, сӯхтанд ва тифлонашонро аз домони модарон кашида, таъмид карданд. Ниҳоятан (дар с 1394) Карли VI эшонро аз кишвар ронда, амволи мондаашонро мусодира намуд. Дар соли 1247 дар шаҳри Валреоси фарангӣ ҷасади духтарчаеро бо захмҳо дар пешониву дасту по пайдо карданд. Тамоми яҳудиёни шаҳрро ба маҳбас кашида, шиканҷа намуданд. Аъзои ҷинсии мардон ва пистонҳои занонро буриданд ва дар ниҳоят дар оташ сӯхтанд.
Банде аз қавонини Ҳенрихи I шоҳи Инглистон баёнгари вазъи ин қавм дар ин кишвар буд: “Бигузор возеҳ бошад, ки тамоми яҳудиён дар кишвар таҳти ҳимоя ва пуштибонии шоҳ қарор доранд. Ҳеҷ касе аз онҳо бидуни иҷозаи шоҳ наметавонад ба молики дигаре гузарад, зеро яҳудиён бо ҳамаи дороияшон аз они шоҳанд”. Мутобиқ ба ин қонун шоҳ Стефан яҳудиеро, барои саркашӣ аз пардохти пул барои хароҷоти шоҳ бо хонааш сӯхта буд.
Дар рӯзи тоҷгузории Ричарди Шердил саркӯбиҳои яҳудиён бо қатлу ғорат дар шаҳрҳо барпо гаштанд. Дар шаҳри Йорк яҳудиён ба истеҳкоми шоҳӣ панаҳ бурданд ва роҳибон ҳамлагаронро ба муқобилашон барангехтанд ва эшонро ду роҳ дар пеш гузоштан: тамъид ё мурдан аз гуруснагӣ. Онҳо маргро бар тамъид авло дониста, нахуст яҳудии сарватманду мӯътабар Иоссе зану ду фарзандашро кушт ва хохом Йом Тов ӯро, ба ҳамин тариқ ҳама кушта шуданд ва дар охир хохом муртакиб ба худкушӣ шуд.
Юҳанои Безамин барои ниёзаш аз яҳудиён пули зиёде талаб кард ва яке аз эшон Абраҳам аз Бристол ҳаққи хешро дар вақт пардохтан натавонист ва шоҳ амр намуд, ки барои ҳар рӯзи таъхир як дандонашро кананд. Ҳафт рӯз таъхир намуда, аз ҳафт дандонаш маҳрум гардид.
Шоҳ Ҳенрихи III канисаашонро ба калисо табдил дода, барояшон ҳудуди маҳкумӣ муқаррар намуда, барои тафарруқашон аз масеҳиён иҷбор ба дӯхтани матои сафеди пашмӣ дар синаҳояшон кард. Дар он замон дар Инглистон ҳамагӣ 16 ҳазор яҳудӣ мезистанд, вале 13% даромади хазинаи давлатӣ аз ҳисоби онҳо пур мешуд. Ҳатто шоҳ ба муддати як сол тамоми яҳудиёро ба маблағи панҷ ҳазор фунт ба бародараш фурӯхт. Ба қавли таърихнигорони замон худ аз эшон пӯст канда, барои таза кардан ба бародараш дод. Онҳо ба сутӯҳ омада, қасди фирор аз кишвар намуданд, аммо бо амри шоҳ нигаҳбонони баҳрӣ бе рухсати ӯ монеи онҳо мегаштанд.
Дар асри XIII дар замони ҷанги шаҳрванди боз мавриди саркӯбию қатлу ғорат қарор гирифтанд ва шоҳ Едварди I амр намуд, ки тамоми яҳудиён то санаи 1 ноябри соли 1290 аз кишвар ронда шаванд. Ҳар касе баъд аз ин сана дар қаламрави Инглистон боқӣ мемонд ба қатл маҳкум буд. Ҳар чизеро тавонистанд аз амвол бардоштанд ва боқиро ба мусодира доданд, дар роҳҳо ва баҳр аз ҷониби афсарони баҳрӣ ғорат шуда, бисёре дар роҳу баҳр ҳалок гаштанд.
Дар соли 1267 дар шаҳри Пфорсҳейми олмонӣ дар ҳавз ҷасади духтарчаеро ёфта, яҳудиёнро маҳкум намуда, дар зери чарх дасту пову бадан пора карданд.
Дар Аврупо шойеоте парешон гаштанд, ки гӯё яҳудиён бо муғулҳо қаробати хешовандӣ дошта, онҳоро ба Аврупо даъват намудаанд. Ба ин ваҷҳ дар Франкфурт издиҳом ба яҳудиён ҳамлавар гашта, 180 нафарро куштанд, дар Зинсиг 72 яҳудӣ дар каниса сӯхта шуданд, дар Вайсенбург 10 нафарро дар зери чарх куштанд, дар Бахарах 26 нафарро кушта, дар Мюнхен канисаро бо ибодаткунандагон сӯхтанд. Дар соли 1298 ашрофзодаи олмонӣ Риндфлейш гурӯҳе аз авбошон таъсис дода, 120 ҷамоати яҳудиёнро саркӯб, қатл, ғорат ва чандеро нобуд сохтанд. Дар асри XIV гурӯҳҳои деҳқонон 120 ҷамоати яҳудиёнро дар Олмон нобуд сохтанд ва дар Фаронса яҳудиёнро ба заҳролудсозии чоҳҳо мутаҳам карда, саркӯбиҳо таъсис доданд. Дар соли 1321 160 нафарро дар шаҳри Шинон ба чоҳи оташ партофтанд.
Дар миёнаи асри XIV тоун Аврупоро фаро гирифта, сеяки аҳолии муқими қитъа, анқариб ба 25 миллион нафарро нобуд сохт. Яҳудиёнро муқассирони он дониста, шулуғе парешон намуданд, ки гӯё онро яҳудиён барои нобуд сохтани масеҳиён тавассути заҳролудгардонии ҷоҳҳои об падид овардаанд. Мавҷи навбатии саркӯбиҳои яҳудиён оғоз гашта, дар Барселона мардум ба маҳаллоти яҳудиён ҳамла оварда, хонаҳояшонро ғорат ва бист нафарро қатл карданд. Дар Савойе бо амри ҳерсог яҳудиёнро аз шаҳрҳои мухталиф ҳабс намуда, зери шиканҷа гирифтанд ва ҷарроҳ Балавинӣ тоби азоб наоварда, барои халосии хеш изҳор дошт, ки чанд яҳудие дар Фаронса ба нияти тавтиа алайҳи масеҳиён моддаи заҳролуде сохта, ба ҳамқавмонашон фиристода, дар чоҳҳои обхӯри масеҳиён аз он андохтаанд, ки сабаби хуруҷи ин мараз гаштааст. Инчунин, аз “дастурамали” он низ маълумот дод: дили гирифтаи масеҳиро хушконида, бо анкабут, ғӯк ва калтакалоси хушконидашуда омехта, хока тайёр намуда, дар чоҳи об партофтан лозим меояд. Қосидони махсус фавран ба дигар шаҳрҳои Шветсария фиристода шуда, мардумро аз ин огоҳ карданд ва қатлу кушторҳо оғоз гаштанд. Дар Сюрих, Шафҳаузен, Иберлинген яҳудиёнро месӯхтанд, меовехтанд ва ба зери чархҳо мекашиданд. Дар шаҳри Констанс 337 яҳудиро дар биное оташ заданд.
Дар Олмон гурӯҳи мутаассибони ҷунунӣ “флагелантҳо” барои фурӯ нишондани ғазаби худованд маросими ба тани урёни хеш тозиёна заданро таъсис дода буданд. Ба илҳом аз онҳо мардуми ғайр ба маҳаллоти яҳудинишин ҳамла оварда, қатлу ваҳшоният анҷом медоданд. Дар шаҳри олмонии Вюрсбург яҳудиён аз дасти саркӯбгарон мурдан нахоста, дари хонаҳояшонро баста, хешро дар онҳо ба коми оташ доданд. Дар шаҳри Шпейер 2 ҳазор яҳудӣ кушта шуда, ҷасадашон ба дарё партофта шуд. Дар Майнс яҳудиён дар муқобилат дусад саркӯбгарро кушта, 6 ҳазор яҳудӣ хешро дар хонаҳояшон сӯхтанд. Ҷамоати қадимии яҳудиён дар Кёлн нобуд карда шуд. Дар Эрфурт 3 ҳазор кас кушта шуданд, дар Колмар онҳоро дар чоҳ сӯхтанд, дар Бенфелд бархеро сӯхта, бақияро дар ботлоқ ғарқ карданд ва ин дар Кремс, Нюрнберг, Ҳановер, Франкфурт, Брюссел ва ғ. идома ёфт… Дар Страсбург издиҳоми яҳудиёнро ба қабристон ба дохили анбори бузурги чӯбин ронда, 2 ҳазор касро дар он сӯхтанд ва боқиро аз шаҳр ронда, амволашонро ғорат намуданд. Яҳудиёни бадастафтодаро дар соли 1492 дар Испониё ва 1497 дар Португал ба таври ваҳшиёна қатлу шиканҷа намуда, боқӣ аз он ҷоҳо фирор карданд.
Дар соли 1563 Иван Грознӣ шаҳри Полскро ғасб намуда, яҳудиёнро иҷбор ба қабули масеҳият намуд. Яҳудиёни саркашро бо зану фарзандонашон (300 нафарро) дар фасли зимистон ба дарёи Двина партофтанд. Дар дигар ҷойҳо бо амри ӯ яҳудиёнро ё месӯхтанд ва ё ба зери яхи дарё мепартофтанд. Грознӣ бо яҳудиён муносибати бераҳму ваҳшиёна дошт. Вуҷуди онҳоро дар сарзаминаш қатъан мамнӯъ эълон намуд.
Дар асри XVII казакҳои укроинӣ бо сарварии Богдан Хмелнитскӣ бо шиори “озод намудани Укроин аз зулми лаҳу жидҳо” ба исён бархестанд. Казакҳо аз баъзе пӯст канда, гӯшташонро ба сагон медоданд, дигаронро захми марговар зада, барои батадриҷ мурдан мепартофтанд, бархеро зинда ба гӯр мекарданд, тифлони ширхораро аз чанги модарон гирифта, мекуштанд ва бештарро ба сони моҳӣ чок мекарданд, шиками занони ҳомиларо шикофта, тифлонашонро берун оварда, ба сару рӯи модарон мезаданд, бархе аз ҳомиладоронро шикам дарида, тифлонашонро кашида, ба ҷояшон гурбаи зиндаро гузошта, шикамашонро дӯхта, дастонашонро мебуриданд то онро берун наоранд, дигар кӯдаконро ба сари найзаҳо халида, дар оташ мепухтанд ва модаронашонро ба чашидани гӯшти онҳо маҷбур мекарданд, баъзан тӯдаи кӯдакони яҳудиро ба дарёча барои гузаштан аз он мерехтанд, дар дигар ҷойҳо кӯдаконро ба чоҳҳо партофта, аз боляшон хок мерехтанд, кӯдаконро дар назди волидонашон кушта, аъзои дохилии баданашонро берун оварда, русуми динии эшонро ба масхара мегирифтанд, узвҳои кандаро ба “кошер” (ҳалол) ва “треф” (ҳаром) ҷудо карда, ҳалолро ба сӯи волидайн ва ҳаромро ба сӯи сагон мепартофтанд, канисаҳоро сӯхта, китобу катибаҳои динияшонро густурда, дар болояшон шароб мехӯрданд ва яҳудиёнро ба ҳар зайле бо ваҳшоният қатл мекарданд.
Шарикони казакон тоторҳо яҳудиёнро ба асорат гирифта, занонро дар пеши назари шавҳарон таҷовуз карда, зеборухонро каниз мегардониданд. Асиронро ба Истанбул фиристода, онҳоро аз он ҷо мефурӯхтанд. Атаман Кривонос дар шаҳри Баре аз 15 ҳазор яҳудӣ зинда пӯст аз бадан канд. Дар шаҳри Полон беш аз 10 ҳазор яҳудиро куштанд, ки хун аз кӯчаҳои шаҳр ҷорӣ гашта буд. Дар шаҳри Острог 600 яҳудиро куштанд ва фирориён баъди соле боз ба ҷойҳои хеш баргаштанд. Казакҳо боз ба он ҳамла намуда, ҳамаро ваҳшиёна қатл намуданд. Дар шаҳри Заславл 200 яҳудии пиру бемору заифе, ки тавони фирор кардан надоштанд, боқӣ монда буданд ва казакҳо эшонро ҷамъ намуда, бо усулҳои хеш куштанд ва пас сӯхтанд. Дар шаҳри Немиров 6 ҳазор яҳудиро бо бадтарин ваҷҳ қатли ом намуданд, аз хуни куштагон оби дарё сурх гашта буд. Ин исён шаҳрҳои Белорус ва Литваро низ фаро гирифт. Дар шаҳрҳои Чернодуб, Чернигов, Гомел ва ғ. ҷамоатҳои яҳудиён нобуд карда шуданд.
Украина ба Русия пайваст ва ҷанги русу полякҳо оғоз гардид. Русҳо сарзамини Лаҳистонро тасхир карданд ва дар нисбати яҳудиён ваҳшоният зоҳир намуданд. Онҳоро қатл, ғорат ва боз овораю фирорӣ намуданд. Рӯзҳои сиёҳеро барои ин қавм ба сар оварданд. Баъдан ба Лаҳистон шведҳо ҳуҷум оварда, онро забт карданд. Пас аз рондани шведҳо яҳудиёнро ба ҳамдастӣ ба эшон гунаҳкор карда, боз мавриди қатлу ғорат ба тариқи ваҳшонӣ қарор доданд ва бештари ҷамоташонро нобуд сохтанд. Онҳо боз иҷбор ба фирор ба Аврупоӣ Ғарбӣ гаштанд, ки замоне аз чунин ҳол ба ин ҷо паноҳ бурда буданд.
Дар асри XVIII, дар замони ҷанги русу швед шоҳи рус Пётри I бо иттифоқи шоҳи Лаҳистон алайҳи шоҳи швед Карли XII азияти бузурге бар сари қавми яҳуд буд, ки аз ҳар ду ҷониб мекашид. Даҳшатбортарин замон барои онҳо юриши гайдамакҳои укроинӣ буд, ки ваҳшаташон дар шаҳри Уман барои ҳамешагӣ барои яҳудиён ба ёдгор монд. Тибқи навиштаи шоҳидон ҷасадҳои бе дасту пою гӯшу биниву дигар аъзо дар дарёи хун шино мекарданд.
Дар соли 1672 туркҳо Подолияро тасхир карда, Юрий Хмелнитскиро гетман таин карданд. Яҳудии сарватманд Ҳорун писари хешро бе иҷозаи гетман хонадор намуд ва гетман ӯро барои муҷозот ба назди хеш хонд. Яҳудӣ фирор намуд ва ба амри гетман аз тани занаш пӯст канданд. Ҳорун ба пошои турк арз намуд ва баъди иҷоза аз Истамбул ҳар дуро ба додгоҳ кашида, Хмелнитскийро барои ҷурмаш қатл карданд.
Дар асри XVIII мелодӣ дар Аврупо беш аз якуним миллион яҳудӣ дар тангӣ, фақру зиллату бечорагӣ ва беҳуқуқию беадолатӣ мезистанд. Бо вуҷуди асрҳо дар ин сарзаминҳо зистанашон ононро ғарибу мусофир мешумурданд. Масокини зисти онҳоро аз мардуми бумӣ ҷудо намуда, ба шуғл варзидан ба пешаҳои муайян бо шароити муайян муҷоз буданд. Аз назари қонунӣ яҳудиён ҳамчун муҳоҷирони муваққатӣ дар ин сарзаминҳо асрҳо зиста, барои ҳаққи иқомат андози сарикасӣ ва дигар анвои махсуси андозҳо месупурданд. Дар баъзе кишварҳо афзоиши аҳолии яҳудиро маҳдуд намуда, теъдоди ҳадди аксари издивоҷро дар ҳар хонадон таъйин карда буданд. Масалан, дар Моравиё тибқи “қонуни оила” танҳо писари калонии хонаводаи яҳудӣ ҳуқуқи издивоҷ дошт ва ҳадафи он пешгирӣ аз афзоиши қавми яҳуд буда, ин қонун то миёнаи асри XIX вуҷуд дошт.
Кишварҳои гермонӣ марзҳои хешро садбандӣ карда буданд ва ҳар яҳудие, ки аз давлат ба давлат ё аз шаҳр ба шаҳре убур мекард, маҷбур ба пардохти боҷи махсуси таҳқиромез буд, барои ҳар яҳудие ба миқдори боҷи як ҳайвони воридотӣ хироҷ меситонданд. Дар баъзе аз ин кишварҳо зистани яҳудӣ мамнӯъ буд. Дар бархе танҳо яҳудиро бо як писараш иҷозаи иқомат дода, дигар писаронаш иҷбор ба тарки кишвар буданд. Барои онҳо шуғли кишоварзӣ мамнӯъ буда, ҳаққи моликияти амволи ғайриманқул надоштанд. Коргоҳҳои косибӣ доштани коргари хатнашударо нанг медонистанд.
Дар Франкфурт ҷамоаи бузурги яҳудиён сукунат доштанд. Маҳаллаи эшон аз кӯчаи дарозе бо биноҳои панҷу шашошёна ва аз пас ба биноҳои дигар мутаввасил иборат буда, тамоми хонаву кулбаҳои ин биноҳо аз ҳазорон нафар одам пур буданд. Яҳудиёнро аз маҳаллаашон дар соатҳои муайян барои зарурат раҳо карда, онҳоро бо пайраҳа рафтан, дар кӯчабоғҳо гаштан ва ба бинои шаҳрдорӣ наздик шудан манъ буд. Дар шомгоҳ дарвозаҳои маҳалларо қулф зада, то субҳ касеро аз он ҷо берун рафтан намегузоштанд. Дар рӯзи якшанбе аз маҳалла баромадан, то синни биступанҷсолагӣ издивоҷ кардан, дар рӯзҳои ид то соати шаш ба кӯча баромадан, ба баъзе кӯчаҳо ворид шудан, дар айёми тоҷгузориҳо аз маҳалла баромадан барояшон мамнӯъ буд.
Дар Элзас ва Лотарингиё яҳудиён иҷбор ба хариди ҳуқуқи сафар, ҳуқуқи кор, ҳуқуқи истиқомат буданд. Пойтахти Элзас Страсбург барои яҳудиён баста буд. Онҳоро ба зарурате таҳти назорати полис барои чанд рӯз иҷозаи вуруд медоданд. Дар Порис танҳо гурӯҳе аз яҳудиён иҷозаи зист доштанд. Ҳар яҳудии дигари ба ин шаҳр вурудгашта таҳти назорати вижаи “нозирот оид ба оворагарду яҳудиён” қарор мегирифт. Полисҳо дар ҳамалоти шабонгаҳӣ касонеро, ки барои иқомат санад надоштанд, ба маҳбасҳо мекашиданд.
Дар Прусиё мақомот ба таври ногаҳонӣ тасмим ба ихроҷи яҳудиёни фақир аз кишвар гирифтанд ва бисёре аз онон дар марзҳои Лаҳистон саргардон шуданд, зеро ҳукумати Лаҳистон низ хоҳиши роҳ додани ононро ба кишвар надошт. Дар қисмати олмонии Шветсария ҳокимияти ҷумҳуриявии он иқомати яҳудиёнро танҳо дар ду шаҳрча иҷоза дода, харидани замин, косибӣ кардан, дар бино бо масеҳӣ зистан ва сернасл шуданро мамнӯъ карда буданд. Дар Шветсия яҳудиёнро ба ҳеҷ шарту ваҷҳе напазируфтанд ва шоҳ яҳудии заргареро иҷозаи зист дар Стокҳолм дод ва ин боиси хашми мардум алайҳи шоҳ барои “беэҳтиромӣ ва таҳқир дар нисбати кишвар” гардид. Дар соли 1753 дар Инглистон қонуни тасвиби тобеияти яҳудиёнро барои чандҳазор нафарро қабул карданд, аммо он мӯҷиби эҷоди амвоҷи тазоҳурот гашт ва парлумон билофосила онро лағв намуд.
Поп Пийуси VI “Қонун барои яҳудиён”-ро содир намуд, ки онро метавон хашинтарин қонуни ҳама давру замон унвон кард. Мутобиқ ба он яҳудиёнро дар Рум берун аз маҳаллоти махсуси зисташон (гетто) сукунат гузидан ва ҳатто дар шаҳр боқӣ мондан барои як шаб қатъият манъ буд. Дар акси ҳол дар мавриди шиканҷа ва адои ҷарима қарор мегирифтанд. Онҳо барои “тафарруқ аз дигарон” маҷбур карда шуданд, ки пораи матои зард бар кулоҳҳои хеш дӯзанд. Яҳудӣ ба масеҳӣ ҳуқуқи фурӯхтани гӯшт, шир, истихдом барои кор ва парасторӣ, даъвати духтури масеҳӣ, бо масеҳӣ хӯрдану нӯшидан ва ҳатто сӯҳбат кардан дар хонаҳо, ошхонаю кӯчаҳо надошт. Ҳар китоби харида ва ё ба тӯҳфа гирифтаи яҳудӣ ба сензури хос дода мешуд, дар сурати нофармонӣ аз ин амр кас ба ҳафт сол зиндон муҷозот мешуд. Яҳудиён дар маросими дафнашон иҷозаи забурхонӣ, равшан кардани шамъҳо ва гузоштани ёдгораҳо дар болои қубурашон надоштанд. Сохтани канисаҳои нав ва таъмири қадимӣ мамнӯъ буда, дар айёми ҷашнҳои масеҳӣ яҳудиён бояд аз маҳаллоти хеш берун нашуда, пушти дарҳои баста кор мекарданд. Ин маншурро дар хиёбону майдонҳои Рум насб карда буданд ва мардум дар атрофи онҳо ғун мегаштанд ва баъд аз ин ҳамалоти доимӣ ба яҳудиён бо қатлу ғораташон дар хиёбонҳои Рум ба амри одӣ табдил гаштанд. Яҳудиён бадтарин ҳолро дар Рум доштанд.
Яҳудиёнро таҳти фишор аз ғарб ба марзҳои Русия паноҳҷӯ мегаштанд ва аҳволе беҳ аз пеш намеёфтанд. Екатеринаи I фармони рондани яҳудиёнро аз қаламрави кишварро содир намуд ва пазирандагони масеҳият аз он истисно буданд. Дар замони Анна Иоанновна ва Елизавета Петровна низ онҳоро меронаданд. Елизавета Петровна дар нисбати онҳо сиёсати сахтгирона дошт ва умуман аз тамоми аҷониб мутанаффир буд ва дар қарордодаш изҳор дошта буд: “Аз душманони Масеҳ ҳеҷ суде намехоҳам”. Екатеринаи II бо судури маншуре маскун гаштани аҷнабиёнро дар қаламрави империё ба истиснои “жидҳо” иҷозат дод. Вале барои корбурди яҳудиён дар рушди иқтисод аз сукунати эшон дар музофоти канорӣ чашм пӯшида, бархе аз ҳунармандони онҳоро бе қайди миллият ва эътиқод шиноснома доданд.
Пас аз тақсими вилоятҳои Лаҳистон ба қаламрави Рус музофот бо аҳолии яҳудӣ ҳамроҳ гаштанд. Аз ин вилоёт рондани яҳудиён, ки иқтисодашон бастаи онон гашта буд, ғайриимкон буд ва ҳокимият барои онҳо шароит ва макони махсуси зист муайян намуда буд. Онҳо дар вилоятҳои муайяни канорӣ ҳуқуқи зист ва фаъолияти меҳнатӣ доштанд, ҷавомеи хеш кагалҳоро таъсис доданд ва аз онҳо андози сарикасӣ ситонда мешуд. Яҳудиёнро ҳуқуқи шуғл варзидан ба корҳои муайянро дошта, ҳуқуқи моликияти замин, корхонаро надоштанд. Замин ва корхонаро аз заминдору аъён иҷора мегирифтанд. Дар замини иҷоравии онҳо кор кардани деҳқони масеҳӣ манъ буд. Шароит ва макони зисти онҳо аз ҷониби ҳукумат тағйир дода мешуд ва онҳо аз макони ободнамудаву моликияти ба даст овардаашон маҳрум гашта, ба ҷойҳои ноободу барои зист нобоб иҷборан интиқол дода мешуданд. Қисмате аз эшон аз гуруснагию сардӣ ва маразҳо ҷон медоданд. Бар замми ин ҳама уқубат бар сари онон пардохти андози дучанд бор буд. Ҳуқуқи таҳсил дар донишгоҳ ва унвони илмӣ гирифтан надоштанд. Ҳатто то аввоили асри XIX насаб надоштанд ва бо алқоб номида мешуданд. Николаи I бо талоши ба масеҳият гаравонидани яҳудиёнро таҳти фишор қарор дода, ҳуқуқашонро маҳдуд намуд ва ононро иҷбор ба хизмати сарбозӣ кард. Аз онҳо барзиёд сарбоз гирифта, дар ҳолати нарасидани шумори зарурияшон кӯдакон ва ҳатто мардони эшонро ба зарби зӯр ба хидмати артиш ба муддати биступанҷ сол мебурданд. Шароит дар артиш барои сарбозони яҳудӣ сахттар буда, зинда баргаштани ӯ аз хидмати аскарӣ амри эҳтимолӣ буд. Барои дӯзандагони либоси яҳудӣ андоз муқаррар намуда ва баъдан пӯшидани онро мамнӯъ карданд.
Дар саркӯбиҳо муташаккил дар солҳои 80-уми асри XIX алайҳи яҳудиён издиҳоми масту ваҳшӣ ба маҳаллоти онон ҳамла оварда, хонаю корхонаву ошхонаҳояшонро ғорат намуда, сӯхта, мардонро қатлу маъюб ва занонро таҷовуз мекарданд. Масалан, дар Киев дар тӯли рӯз ҳазор хонаву мағозаи яҳудиёнро ба ғорату оташ кашида, даҳҳо мардро то мурдан зада, ба оташ партофта, занони мутаъаддидро таҷовуз намуданд. Дар дигар шаҳру музофоти яҳудинишин чунин ва аз ин беш ваҳшониятро дар нисбати ин мардум раво диданд. Полис ва артиши давлатӣ издиҳоми хашинро ҳамроҳӣ намуда, танҳо пас аз адои саркӯбӣ парешонашон мекарданд. Бо вуҷуди ин ҳама, дар мурофиоти додгоҳӣ яҳудиёни ҳомии молу мулку зану авлоди хешро муҷрим дониста, ҷазо медоданд.
Аҳволи яҳудиён дар миёни мусалмонон
Қавму қабоили яҳудӣ дар Байнаннаҳрайн ҷазираи Араб садсолаҳо пеш аз хуруҷи ислом маскан гирифта буданд. Макони ташаккули ислом Ясриб буд ва қабоиле аз яҳудиён дар ону атрофи он мезистанд. Ба иллати ин мусалмонон аз ибтидо бо яҳудиён бархӯрдҳои мухталиф: ақидатӣ, тиҷоратӣ, низомӣ доштаанд. Мусалмонон дар Ясриб бо қабилаҳои яҳудиён паймони сулҳу вафо бастанд.
Яке аз қабоили яҳудие, ки дар Ясриб мезист, Бани Қайнуқоъ буд. Муҳаммад (с) бо онҳо аҳд баста буд, ба мусулмонон хиёнат ва ба душмонони онҳо имдод накунанд. Рӯзе зани мусалмон ба бозори яҳудиёни рафт ва заргари яҳудӣ ба ӯ иҳонат намуда, ҷамъи онон масхарааш карданд. Мусалмоне ба пуштибонии он зан бархоста, заргарро кушт ва ҷамъи яҳудиён ӯро қатл карданд. Мусалмонон ба по хестанд ва яҳудиёни Бани Қайнуқоъ дар қалъаҳои хеш пинҳон шуданд. Муҳосираи онҳо понздаҳ рӯз давом дошт ва яҳудиён таслим шуда, дарҳои қалъаро боз ва силоҳашонро ба замин гузоштанд. Барои хиёнат Бани Қайнуқоъ амволашонро ба мусалмонон гузошта, ба Шом табъид карда шуданд.
Дигар қабилаи яҳудиён Бани Назир дар канори Ясриб мезист. Ҳамчунон бо мусалмонон паймони сулҳ баста буданд, вале нақшаи қатли Муҳаммад (с) кашида, мехостанд ӯро ҳангоми ташриф аз болои девори қалъа бо санг ба сар зананд. Пас аз ошкор шудани хиёнат паямбари ислом ба онон амри дар даҳ рӯз тарки Ясрибро дод. Онҳо саркашӣ карданд ва мусалмонон бо лашкар онҳоро бист рӯз дар муҳосира гирифтанд, таслим шуда, аз он сарзамин рафтанд.
Қабилаи яҳудии Бани Қурайза дар ҷануби Ясриб сокин буд. Куффори Макка ба имдоди яҳудиёни табъидгаштаи Бани Қайнуқоъ ва Бани Назир Ясрибро ба муҳосира гирифтанд. Яҳудиёни Бани Қурайза бар хилофи паймоне, ки бо муслимин баста буданд, ҷониби душманони онҳоро гирифтанд. Мусалмонон ба назди онҳо барои маслиҳат рафтанд, вале музокирот бенатиҷа анҷом ёфтанд. Мусалмонон қалъаи онҳоро муҳосира карданд ва яҳудиён бо тирандозии шадид 25 ё 15 рӯз муқовимат карданд. Сарони муборизон эъдом шуда, боқӣ ба бардагӣ гирифта шуданд. Бархе аз уламо дар сиҳати ривояти қатли яҳудиён тардид доранд. Дар манобеи яҳудӣ низ ин воқеаи қатли яҳудиён сабт нашудааст.
Халифаи дуввуми ислом Умар (р) сохтани канисаҳои навро нараво дониста, аз хароб кардани канисаҳои сохта мамониат мекард. Ӯ ҳатто ба вайронии масҷиде, ки дар мулки яҳудиён ғайриқонунӣ сохта шуда буд, дастур дод. Дар замони хилофатҳои исломӣ раҳбарии сиёсӣ ва иҷтимоии яҳудиёни хилофат бар ӯҳдаи Раъси ҷолут (сардори оворагон) буд, ки аз миёни коунҳо (ё ғоун, коэн) интихоб шуда, аз ҷониби халифа ба расмият шинохта мешуд. Ҷомеаҳои яҳудӣ дар замони хилофатҳои исломӣ рушд карданд. Дар замони хилофати Аббосиён дар ҳаёти иҷтимоӣ нақш дошта, дар дарбори хулафо адои хидмату вазифа мекарданд. Дар замони Ғазнавиёну Салчуқиён яҳудиён ба дарбор роҳ ёфта, ба корҳои девондорӣ шуғл доштанд. Яке аз ҳокимони бераҳми таърих Темур ба қавли Ибни Арабшоҳ “дастур дод мусалмонон ва аҳли зиммаро яксон табоҳ кунанд”.
Дар миёнаҳои асри VII дар Андалус хилофати исломӣ барқарор шуд ва яҳудиёни ба хулафо панаҳ бурданд ва он замонро даврони тиллоӣ яҳудиёни аврупоӣ меноманд. Яҳудиён аз ҳуқуқ бархурдор шуда, доираи мазҳабию илмии онҳо дар он ҷо гирд омада, ҳатто соҳиби вазифаҳои давлатӣ шуданд. Хаздой ибни Шапрут яҳудӣ аз афроди мӯътабари хилофат ва намояндаи давлатӣ буд. Дар авохири асри XIV Фердинанди Арагонӣ ва Изабеллаи Кастилӣ дар иттиҳод хилофати исломиро барҳам дода, ба яҳудиён ду гузина: қабули масеҳият ва тарки кишвар гузоштанд. Бештари яҳудиён тасмими тарк гирифта, молу сарваташон ғорат шуд ва худ фирорӣ шуданд. Дар паи таъқиб 5 000 нафарро дар Севилиё ба қатл расонда ва 20 000 нафарро дар шаҳрҳои дигари испонӣ дар оташ сӯхтанд. Яҳудиён дар ҷазираи Пиреней ҳафт аср таҳти ҳимояти хилофати умавиёни андалусӣ ва мағрибиёни (маврҳо) португалӣ дар осоиш зистанд ва пас аз ин ҳодисот боз ба дигар қисматҳои Аврупо ва шимоли Африқо овора шуданд.
Дар асри XVI ҳукумати мутаассиби Сафавӣ таъсис ёфт ва он даврони ранҷу озор барои мусалмонони суннию яҳуду зардуштиён буд. Касеро, ки мазҳаби шиаро намепазируфт ғорату қатл мекарданд. Яҳудиён аз зулми онҳо ба сарзаминҳои Усмонӣ паноҳ бурданд. Пас аз Сафавиён дар замони Нодиршоҳи Афшору Зандиён барои онҳо осоиши пештара барқарор шуд, вале баъди онҳо дар замони дигар ҳукумати мутаассиби шиа Қоҷориён боз ранҷу озору қатлу таъқиб барқарор шуд.
Яҳудиён аз даврҳои табъиди ошуру бобулиён ба Осиёи Миёна кӯч карда буданд ва ҷамоаҳои онҳо дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Хӯқанд мезистанд ва пас аз ташкили Аморати Бухоро онҳоро яҳудиёни бухорӣ (ё бухороӣ) унвон карданд. Онҳо то замони ғасби Мовароуннаҳр аз ҷониби узбакон дар асри XVI аҳволи осоиштатаре доштанд. Дар аҳди онҳо иҷбор ба пазируфтани ислом шуда, ҳуқуқашон маҳдуд шуд. Ба пӯшидани либоси мутафовит аз мусалмонҳо маҷбур карда шуданд.
Дар аввоили асри XVII дар Бухоро нахустин канисаро сохтанд. То он замон яҳудиён дар масҷиди Атторон ҷои муштарак бо мусалмонон дошта, ибодат мекарданд. Ба қавле яҳудиён бо мусалмонон дар канори ҳам ҳамзамон намоз мехонданд ва қавле дигар яҳудиён пас аз мусалмонон ниёиш мекарданд. Мавҷи кӯчиши яҳудиён аз нимаҳои асри XIX ба Фаластин оғоз шуда, пас аз барқарор гаштани ҳукумати коммунистон бештари онҳо ба Ховари Миёна ва Амрико кӯчиданд. Шумори ками онҳо дар замони шӯравӣ монда буданд, ки мақому ҷойгоҳ касб карда, дар ҳаёти ҷамъиятӣ саҳмдор доштанд ва пас аз пошхӯрии он ба Исроилу Амрико кӯчиданд. Бархе аз онон таҳти фишори ҳукуматҳои пешазшӯравӣ исломро пазируфта буданд ва онҳоро “мусалмони чала” (ниммусалмон) меномиданд, насли онҳо имрӯз ба тоҷику узбек махлут шудааст.
Яҳудиён дар сарзаминҳои мусалмонӣ иҷбор ба пардохти ҷизя буда, қавоиде мисли маҳдудият дар сохтани канисаҳо, пасттар будани каниса дар баробари масоҷид, иҷбор ба пӯшидани либоси хосу манъи ҳамли силоҳ ба сурати пароканда вуҷуд доштанд. Таъқибу ранҷу озору табъиди яҳудиён аз ҷониби мусалмонон аҳёнан сурат гирифтааст ва воқеоте аз ин ҳам буда, ағлабан ба ҷурму аҳдшикании худи онон рух додааст. Ҳама ранҷу озори аз мусалмонон кашидаи яҳудиёнро дар нисбати бераҳмиҳои масеҳиён метавон роҳате барои яҳудиён унвон кард.
Аҳволи яҳудиён дар асри XX
Дар замони ҷанги якуми ҷаҳонӣ қариб ба ним миллион яҳудӣ аз сарҳади ҷанг иҷборан ба музофоти дохилии Русия кӯчонда шуданд. Инро метавон лағви ҳудуди маҳкумӣ номид. Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ҷамоаҳои яҳудӣ хисороти ҷиддӣ дида, бар асари беш аз якуним ҳазор саркӯбиҳои омавӣ дар солҳои 1918-1920 аз 100 то 200 ҳазор кас ҷон доданд.
Дар Олмон қабл аз ба қудрат расидани Адолф Ҳитлер беш аз 500 ҳазор яҳудӣ мезистанд. Мутобиқ ба муқаррароти соли 1871 онҳо бо олмониҳо ҳуқуқи баробар доштанд. Ҳитлер “ҳалли масъалаи яҳудиёнро” пеш гузошта, талоши табъиди онҳоро аз кишвар кард. Бо маҳрумсозӣ аз шаҳрвандӣ, моликият эшонро иҷбор ба тарки кишвар мекарданд. Тамоми яҳудиён аз шашсола боло ба насби ситораи зард ба либос ҳамчун рамзи мутамайиз дастур дода шуданд. Баъдан, ба насби он ба дари хонаҳояшон амр шуданд. Либосҳои зимистонаи хешро бояд ба ҷабҳаҳои ҷанг медоданд, зуҳурашон дар марокизи савдо ва биноҳои маъмурӣ мамнӯъ шуд, фақат як соат вақт барои харид дар рӯз доштан ва баъдан ононро аз хариди маҳсулоте мисли шир, панир, тухм ва ғ. наҳй карданд.
Дар соли 1938 саркӯбиҳои омавии яҳудиён барпо гаштанд. Аз соли 1942 ба ихроҷи дастаҷамъии яҳудиён ба “урдугоҳҳои марг” оғоз карданд. Урдугоҳҳои марг ба манзури маҳв кардани яҳудиён, словянҳо, лӯлиён ва дигар миллал роҳандозӣ шуда, барои амали намудани қасдашон усулу абзори махсуси хешро доштанд. Бисёре аз асирон дар роҳ аз ташнагиву нафасгирӣ мемурданд. Занон, кӯдакон, афроди мусин ва маълулро ҷудо карда, боқияро бо холкӯбӣ рақамгузорӣ карда, ба кори сахт ва гуруснагии доимӣ мекашиданд. Бемор ва аз гуруснагӣ хастагонро ба утоқҳои гозӣ бурда, тавасути гоз мекуштанд. Барои кӯчактарин хато муҷозоте мекарданд, ки пас аз он ҳатман мемурданд. Пас аз куштан гӯшти баданашонро сӯхта, устухонашонро орд намуда, дар корхонаҳои кимиёвии олмонӣ онро барои сохтани суперфосфат ба кор мебурдаанд. Васоили шахсии куштагонро низ нобуд мекарданд.
Фошистон бо ҳамкорони укроинӣ ва балтикии хеш яҳудиёни шуравиро мустақиман дар маҳалҳои иқоматашон нобуд мекарданд. Дар вилояти Одесса онҳоро лашкариёни румонӣ нобуд месохтанд. Дар кишварҳои ҳавзаи Балтик, Белорус ва Украин зану марду кӯдаконро ба ҷариҳои канори шаҳру қарияҳо ронда, куллан мепаронданд. Дар қитъаи Африқо беш аз 5 ҳазор яҳудиро куштанд. Наслкушии яҳудиён дар замони ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ бо унвони Ҳолокост – озору шиканҷа, қатлу нобудсозии яҳудиёни сокини Олмон, қаламрави муттаҳидон ва сарзаминҳои ишғоли фошистони олмонӣ бо ҳамдастонашон маъруф гардид. Шумори яҳудиёни қурбонии Ҳолокостро 6 миллион меҳисобанд.
Баъди инқилоби сурхи соли 1917 дар Русия воқеан ҳокимиятро яҳудиён ба даст гирифтанд. Ленин, Каменев, Зиновйев, Троскӣ ва ғ. яҳудиасл буданд. Қисмати бештари болшевиконро низ яҳудиён ташкил медоданд. Ҳукумати нави “рус” наслкуширо (хусусан наслкушии русҳоро) роҳандозӣ кард. Аммо ҳамаи ҷиноёт ва “террори сурх”-ро ба Сталин мансуб медонанд, вале дар асл ӯро барои амалӣ намудани ин истифода бурданд. Дар воқеъ, Сталин ҳукуматро мутлақан баъди соли 1937 ба даст оварда, ҳамин сиёсатро идома дод, вале дар нисбати яҳудиён, рақибони садрнишини яҳудитабори хешро нобуд намуд. Дар умум онҳо нухбагони дар тӯли асрҳо ташаккулёфтаи русро маҳв сохтанд. Шоҳро бо хонаводааш қатл карданд, аънёро нобуд сохтанд, табақаи миёнаро (кулакҳо) нобуд сохта, аҳли зиёро табъид карданд ва пас аз мустақар гаштани ҳокимияташон дар тамоми қаламрави империёи Рус инро бо дигар халқу миллали шомили он низ анҷом доданд. Ин ба вузӯҳ нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо тахриб ва аз байн бурдани асолати миллӣ ба хотири тобеият ва ҳукумат бар онҳо буд.
Саҳюнизм
Яҳудиён дар охири асри XIX ҷунбиши сиёсӣ-миллигароӣ таъсиси доданд, ки бо номи Саҳюнизм маъруф гардид ва ҳадафи асосии он ташкили давлати мустақили яҳудӣ буд. Ҳадафи онҳо ташкили давлати хеш дар сарзамини Фаластин буд, ки дар қадим дар он ҷо зиста ва аз он ҷо табъид карда шуданд. Саҳюнизм яҳудиёни тамоми оламро ба муҳоҷират ба сарзамини мавъуд мекард ва яҳудиён ба ин ҷунбиш пайвастанд. Ихтилофи ақидатӣ саҳюнизмро ба чанд шоха тақсим кард, вале ҳадафи асосӣ: бозгашт ба Фаластин ва таъсиси давлати Исроил онҳоро муттаҳид мекард.
Саҳюн ё Сиён номи теппае дар Ерусалим аст ва номи ин ҷунбиши миллигароии яҳудӣ бар пояи мазҳаб аз он гирифта шуда, аз замони ташкили давлати Исроил саҳюнизм пуштибонӣ аз Исроил ба унвони кишварие барои миллати яҳуду яҳудиён мебошад. Он ба шохаҳои мазҳабию секулорӣ ҷудо шуда, ин ҳаракатро маҷмааи умумии СММ дар соли 1957 ба тасвиби қатънома ҳамчун шакле аз нажодпарастӣ ва табъизи нажодӣ муаррифӣ кард.
Давлати Исроил
Баъд аз анҷоми Ҷанги аввали ҷаҳонӣ ва суқути хилофати Усмонӣ сарзамини Фаластин таҳти сарпарастии Бритониё қарор гирифт. Ин мутобиқ ба тарҳи кашидаи саҳюнизм буда, тавассути бритониё шароити кӯчиши яҳудиёнро аз Аврупо ба Фаластин фароҳам оварданд. Мавҷи дуввуми муҳоҷирати яҳудиён ба Фаластин дар солҳои 1904-1914, севвум 1919-1923, чаҳорум 1924-1929 сурат гирифтанд. Шӯришҳои аҳолии араби муқими Фаластин алайҳи яҳудиён сар заданд. Баъд аз анҷоми Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ шумори яҳудиён дар Фаластин беш аз 6 милион гардид.
Пас аз анҷоми Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ дар соли 1947 Созмони Миллали Муттаҳид тарҳи тақсими Фаластинро ба ду кишвар Фаластин ва Исроил ва Ерушалимро маҳдудаи таҳтиназорати СММ тасдиқ кард. Фаластиниён ва кишварҳои араб ин тарҳро рад карданд. Зеро яҳудиён хостгори тамоми Фаластин ва аъроб хилофи ҳукумати яҳудӣ дар Фаластин буданд. Баъд аз он даргириҳои хунин дар миёни яҳуду фаластиниён рух доданд ва дар соли 1948 бо ишғоли қисмати бештари Фаластин Исроил истиқлолияти давлатии хешро эълон кард. Як рӯз пас аз эъломи истиқлолият кишварҳои араб дастаҷамъона ба он ҳамла оварданд ва дар ҷанг шикаст хӯрданд. Баъдан дар солҳои 1956, 1967 (ҷанги шашрӯза), 1973 (рӯзи Кайпур) бо ҳам бархурди низомӣ доштанд.
Имрӯз Исроил узви расмии СММ аст, вале 32 кишвари аъзои он Исроилро ба ҳайси давлат ба расмият намешиносанд. Пойтахти он шаҳри Телавив аст, аммо ҳоло Ерушалимро пойтахти давлати хеш эълом кардааст, вале онро СММ ба расмият нашинохтааст. Тарзи ҳукуматдории он ҷумҳурии парлумонӣ буда, раисҷумҳур мақоми ташрифотӣ дорад. Сарвазир раиси давлат ва Кнесет – парлумони он мақоми қонунгузор аст.
Яҳудиёни имрӯз
Дар маҳале, дар ҳудуди маҳдудаи яҳудиён дар Русистон муаллими фақир Рувим ҳаёт ба сар мебурд. Ӯ ҳама рухдод дар гӯшаҳои оламро медонист ва ҳатто ғолиби ҷангҳоро пешгӯӣ мекард. Аҳли маҳал дар шоми шанбе баъди ибодат дар каниса дар гирдаш ҷамъ омада, аз ҳаводиси ҷаҳон аз ӯ огаҳ мешуданд. Яҳудиён ба забонашон рӯзнома надоштанд ва аксар забони рӯзномаҳои маҳаллиро намефаҳмиданд, аз ин рӯ мутаваҷҷеҳи хабарҳои ӯ мешуданд. Боре суолаш карданд, ки замони хуруҷи маҳдии мавъуд қариб аст ё дур. Вай ҷавоб дод: “Замоне мерасад, ки Эйдом бо Исмоел меҷангад (яъне масеҳиён бо мусалмонон), Эйдом пирӯз мегардад ва ба яҳудиён мегӯяд: “Акнун яҳудиён аз ҳама кишварҳо ҷамъ шавед ва мутааллиқи хешро ба зарби зӯр пас гиред! Ҳоло вақти он аст, яҳудиён, Ишмоел заиф гаштааст, шумо замини муқаддаси хешро ба як ҳамла метавонед гирифт”. Ҳозирон ба ӯ нигариста механдиданду масхарааш менамуданд. Дар гузашта муқобилати яҳудиён бо мусалмонон амри хандаовар буд.
Вале имрӯз тасвире мутақобил пеши назар аст, он яҳудии мазлуму музтару овораи дирӯза, ки зикри ҳоли хору зораш дар боло рафт, соҳиби қудрату иқтидор аст. Ҳоли имрӯз дар гузашта тасаввурнопазир буд. Яҳудиён аз ҷабру зулму таъқибу табъидҳо ба ҳукамову сарзаминҳои мусалмонӣ паноҳ мебурданд. Вақте қувваю қудрат ба даст оварданд, ранҷу озору қатлу куштори ваҳшиёна аз дигаронро зуд фаромӯш намуда, ба мусалмонони заифгашта тохтанд.
Яҳудиён бо ҷаҳду талошу истифода аз макру зиракӣ дар тӯли садсолаҳо тавонистанд дар рагу пайи ҳукуматҳои ғарбӣ хешро ҷо ва онҳоро моил ба хосту иродаи саҳюнизм кунанд. Онҳо бо қувва ва сармояи абарқудратҳои ғарбӣ дар муддати кӯтоҳ муваффақ ба сохтани давлати қудратманду мутараққӣ дар Шарқи Наздик шуданд. Сохторҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ ҳатто то имрӯз ҳам таҳти таъсир ва идораи яҳудиён қарор доранд ва бевоситаю бавосита ба давлати Исроил маблазғузорӣ мекунанд. Кумитаи равобити умумии амрикоӣ-исроилӣ ҳар сол ба Исроил дар ҳудуди 3 миллиард доллар кӯмак мекунад ва қарор аст, ки кӯмакҳои молии амрикоӣ бояд афзоиш ёбад. Чунин созмонҳои ошкору махфии мутааддид дар Ғарб зиёданд.
Арабҳо, ки ҳамчун яҳудиён аз қабоили сомиянд, дар сарзамини Фаластин аз қадим мезистанд. Яҳудиён низ дар аҳде ба ин сарзамин омаданду сокин шуданд ва аз он ҷо ронда шуда, дар тӯли беш аз ҳазор сол дар олам кӯчу оворагардӣ карданд. Бритониҳо кӯчиши онҳоро аз саросари олам ба сарзамини Фаластин таъмину тарроҳӣ карда, пас аз ташкил давлати навбунёд бо умри якрӯза тавонист кишварҳои минтақаро дар ҷанг шикаст диҳад. Пас аз он даст ба таҷовуз зада, мусалмонони ин сарзаминро аз шаҳру рустояшон ба зулму иҷбор қатлу куштор ронда, амокини зисташонро ғасб карданд. Яҳудиён мусалмононро дар ду минтақаи танг: Навори Ғаза ва Соҳили ғарбии рӯди Урдун фишурдаанд. Муслимини заиф аз ҳуқуқу сарзамини худ ба дасту сангу асбоби дастисохт дифоъ доранд ва солҳост артиши қудратманди исроилӣ онҳоро қатлу шиканҷа карда, ба маҳбас мекашад. Агар имрӯз ҷони як яҳудие, ки дар гузашта ба қадри як ҳашара арзиш надошт, дар он ҷо гирифта шавад, саду чандсад мусалмон товони онро ба ҷони хеш хоҳанд пардохт.
Фасли дувуми Таврот – Шемот (Хуруҷ) шомили қавонини мансуб ба Мусо (а) аст, ки аз Худованд дар кӯҳи Сино пас аз ихроҷи яҳудиён аз Миср гирифт ва он ҳеҷ ишорае ба нажодпарастӣ надорад. Аммо дар тафсири муосири яҳудият хусусиёти ифротгароиву нажодпарастии он бармалост. Дар он тафриқабандии возеҳи нажодӣ вуҷуд дошта, дигар мардумро “гой” – “бутпараст”, “бедин” ба манзури “ғайрияҳудӣ” меноманд. Эшонро издивоҷ бо ғайрияҳудиён мамнӯъ буда, ғайрияҳудиро аз ҷониби яҳудӣ фирефтан, агар қудрат ба он дошта бошад, ғорат намудан ҷоиз аст. Ғайрияҳудиёнро ҳайвон меҳисобанд. Кашиши яҳудӣ бояд дар ҳазор пушт яҳудии асил бошад. Дар воқеъ, яҳудият дини яҳудиён буда, “гой”-ро вуруд бар он мамнӯъ аст. Ваҷҳи вуҷуди “гой” бардагӣ бар яҳуд ва Худованд ӯро маҳз барои ин офаридааст.
Имрӯз Исроилро яке аз кишварҳои пешрафтаи демократӣ мешуморанд, ки ҳуқуқу озодиҳои иҷтимоӣ риоят шуда, расонаҳо озоданд. Вале ба гузориши Созмони гузоришгарони бидуни марз, созмони байналмилалии дифоъ аз матбуот Исроил дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин монеи фаъолияти озоди рӯзномаҳо ва рӯзноманигорони фаластинӣ аст. Тибқи қатъномаи СММ саҳюнизм ҳамчун созмони хатарноки табъизи нажодӣ эътироф гардида буд, вале дар солҳои навадуми асри XX ин қатъномаро лағв карданд. Дар ҷомеаи яҳудӣ тамоюлоти секулористӣ бар мазҳабгароӣ ғолиб омада, фисқ ва таназзули ахлоқ рӯ ба ривоҷ дорад. Чандҳамсарӣ мамнӯъ буда, ҷомеаи ҳамҷинсгароён дорои озодиҳои васеи иҷтимоӣ мебошад. Ғайрияҳудиён дар ин кишвар, хусусан мусалмонон таҳти фишору тазйиқу маҳдудияти ҳуқуқӣ мезиянд. 2018.
Замима
Яҳудиёни маъруф: Ласкер, Лассал, Маркс, Кремё, Биконсфилд, Бёрне, Гейне, Эйнштейн, Менделсон, Нютон.
Сарони давлатии шӯравӣ: Владимир Улянов (Ленин) – яҳудӣ аз ҷониби модар), Чичерин – Комиссари корҳои хориҷӣ, яҳудӣ аз ҷониби модар), Иосиф Ҷугашвилӣ (Сталин, нимаяҳуди қафқозӣ), Ларин (Лурйе) – раиси Шӯрои олии иқтисодӣ, Шлихтер – Коммисари барқарорсозӣ, Протиан – комиссар тақсимоти замин (арманӣ), Ландер – Комиссари назорати давлатӣ, Троский (Бронштейн) – Комиссари артиш ва флот, Кауфман – Комиисари заминҳои давлатӣ, Шмит – Комиссари корҳои ҷамъиятӣ, Е. Лилина (Книгисен) Комиссари таъминоти ҷамъиятӣ, Луначарский – Комиссари маорифи халқ (аз яҳудиёни масеҳишуда, ҳамсараш яҳудизан Розенел), Шписберг – Комиссари дин, Зиновйев (Апфелбаум) – Комиссари халқӣ, Анвелт – Комиссари беҳдошти ҷамъиятӣ, Гуковский – Комиссари молия, Володарский (Коген) – Комиссари матбуот, Радомислский (Уритский) – Комиисари доир ба умури интихоботӣ, Штейнберг – Комиссари адлия, Фенингштейн – Комиссари тахлия, ёваронаш Равич, Заславский яҳудиён. Ҷамъ: 17 яҳудӣ, 3 рус (дар воқеъ нимаяҳудиёня0, 1 арманӣ, 1 гурҷӣ (Сталин нимаяҳудӣ). Аз китоби А.Дикий “Яҳудиён дар Русия ва ИҶШС”. Нюйорк 1967.