Ташаккули миллати паштун

Паштунҳо

  Паштунҳо (ё пахтунҳо) ақвоме аз мардуми иронитабор буда, ғолибан дар шимоли Покистон ва ҷанубу шарқи Афғонистон мезиянд. Шумори пуштунҳо тахминан беш аз 43 миллион дар Покистон ва беш аз 15 миллион дар Афғонистон буда, ҷамъулҷамъ дар олам 63 миллион шумурда шудаанд, ки қариб нисфи аҳолии Афғонистонро ташкил дода, аз ҷиҳати нуфус дувумин гурӯҳи қавмӣ (аз 15 то 18%) дар Покистон мебошанд.
Паштунҳо аз табори иронӣ буда, дар ташаккули онҳо сакҳо, кӯшониҳо, ҳайтолиҳо, бохтариҳо ва дигар қавму қабоили ҳинду турктабор ва тасхиргарон нақш доранд. Пуштунҳо бештар ба мардуми ҳавзаи Помир қаробати забонӣ ва нажодӣ доранд.
  Номи қавмии “паштунро” муҳаққиқон аксар баромада аз parswāna (ба маънои баҳодур, фарохсина, таҳамтан) – аъзои қавми parsū (дар сонскрит parśu ), қавми ҷангҷӯи қадимииронӣ медонанд. Ба қавли бархе дигар аз пажӯҳишгарон “паштун” аз “пакҳат” – “пактвис” – “пактин” сохта шуда ва “пахтун” шудааст. Ҳеродот (асри IV қабл аз милод) аҳолии минтақаи Пактиё то Қандаҳору бошандагони ду тарафи кӯҳҳои Сулаймонро “пактиҳо” номидааст. Балтимус ҳам онро “пактин” навиштааст…
  Номи маъруфи паштунҳо “афғон” дар маъохизи таърихии ҳиндӣ ва чинӣ нахуст дар асри VI мелодӣ ва дар маъхазҳои мусалмонӣ дар асри X (“Ҳудуд-ул-олам”) зикр шудааст. Ин ном бар қабоили пуштун аз замони ҳукумати дурронӣ маъруф шуда, пас аз истиқлол ёфтан (дар соли 1919) кишварро ба ин ном номиданд.
Забонашон низ гӯише аз забонҳои шарқииронӣ буда, баъд аз форсӣ аз ҷиҳати камият дуввумин забони ин гурӯҳи забонӣ мебошад. Шумори зиёди гӯишҳо дошта, ба таври куллӣ ба гурӯҳҳои шимолӣ, ҷанубӣ ва марказӣ тақсим мешаванд. Забони паштунӣ ба забонҳои помирӣ (мунҷонӣ, ишкошимӣ, санглечӣ) қаробат дорад.
  Паштунҳо бузургтарин гурӯҳи қабилавии ҷаҳонро ташкил медиҳанд. Анқариби чаҳорсад қабила ва гурӯҳи ҳамтабори паштун вуҷуд дорад. Қабоили паштун ҳафт шохаи умда ва бахшҳои мутаъаддид доранд. Баъзе аз қабоил пайванди таборӣ дошта, ба ҳам бародар маҳсуб мешаванд. Бақия ба ҳам пайванди хуниву таборӣ надоранд ва танҳо забон сабаби эҷоди ҳувияти муштаракашон шуда, ки ҳама хешро пашту меноманд. Дар миёни паштунҳо ривоёте мавҷуд аст, ки гӯё онҳо тоифае аз Бани Исроиланд, ки ба ин сарзаминҳо кӯчӣ шудаанд.
  Ватани аслии паштуҳо водиҳои атрофи кӯҳистони Сулаймон (ҳоло қаламрави Покистон, вилояти Вазиристон) буд. Мавқеи ҷуғрофии зистгоҳи онҳо иллати барканор мондани онҳо аз таҳоҷуми ғосибон буд. Ба навиштаи Бартолд (шарқшиноси рус) паштунҳо то асри XIV бо бовариҳои қадимииронӣ зиста, аз он пас ба ислом гаравиданд. Ин қабоил аз таъсири ҳукумати ғазнавиҳо, ки дини исломро дар сарзаминҳои Ҳинд мунташир сохтанд, берун монда буданд.
  Кӯчиши қабилаҳои паштун аз ин сарзаминҳои камзамин ба манотиқи боровар аз асри XI шурӯъ шуда, пас аз тасхири муғулҳо шиддат гирифт. Муғулҳо ҳукумату сарҳадҳоро шикастанд ва роҳро барои кӯчиши паштунҳо боз карданд. Паштуҳо дар водиҳои Кобулу Арғандобу Ҳилманд ба таври густурда парешон шуданд. Аҳолии маҳалии ин сарзаминҳо тадриҷан бо паштунҳо таҷзия шуданд. Ба ҷуз тоҷикон ва дигар ақвоми иронитабор ҳатто қабоили турк ҳам ба онҳо махлут шуданд (масалан, қабилаи турки ҳалаҷ бо ғилзойҳо).
  Ҳоло паштунҳо аксарияти мутлақи аҳолии вилоятҳои Хост, Нангарҳор, Вардак, Кунор, Пактиё, Пактико, Зобул, Қандаҳор, Ҳилманд, Фароҳро ташкил дода, теъдоди назарраси онҳо дар Ғазнӣ ва Кобул мавҷуд аст. Дар шимол ҳам, ки тавассути ҳукумат паштунҳоро ба ин ҷойҳо кӯчи иҷборӣ доданд, шумори онҳо афзудааст (масалан, дар Ҳирот, Қундуз ва ғ.). Дар Покистон паштунҳо аксаран дар минтақаи қабилавӣ (навори қабилаҳо) – Пухтунхва (сарзаминҳои паштун) мезиянд, ки маркази маъмуриву фарҳангияшон шаҳри Пешовар аст.
  Паштунҳо аз қадим ҷузъе аз бошандагони қаламрави Ирони таърихӣ таҳти султа ва мутеъияти сулолаҳо ва ҳукуматҳои гуногун буданд. Дар ибтидои қарни XVIII қаламрави Афғонистони имрӯза шомили давлатҳои сафавӣ ва шайбонӣ буд. Бо тазъифи ин давлатҳо, баъди чандин шӯришҳо афғонҳо муваффақ ба сохтани амирнишиниҳои мустақили худ шуданд. Мирвайсхон аз қабилаи ғилзои Қандаҳор ҳукумати Ҳутакиёнро (1709-1738) таъсис дод. Писари ӯ Мир Маҳмудхони Ҳутакӣ Исфаҳон – пойтахти сафавиҳоро ишғол карда, хешро шоҳи Ирон номид. Вале Нодиршоҳ ҳукумати ин хонадонро аз байн бурд.
  Нодиршоҳ ба намояндаи қабилаи дурронӣ Аҳмадхон унвону симат дод ва ӯ пас аз кушта шудани Нодиршоҳ ба истифода аз халои қудратӣ бо пуштибонии қабилаҳои паштун ҳукумати хешро таъсис дод. Аҳмадхони Абдолӣ ё Аҳмадхони Пупалзай – Аҳадшоҳи Дурронӣ (1722-1773) аз қавми садузай, шохаи пупалзай бунёнгузори давлати афғонҳо шуд, ки ҳудуди подшоҳияш аз соҳили Аму то Синд дар Ҳинд ва Хуросон тӯл дошт.
  Аҳмадҳшоҳи Дурронӣ бузургтарин хидматро барои паштунҳо анҷом додааст, бо сохтани давлати миллии паштунҳо миллияти онҳо шакл гирифт. Қавму қабоили сершумори пароканда, таҳти ҳувияти паштунӣ муттаҳид шуданд. Ҳатто қабоили ғайрро паштунсозӣ карданд. Марокизи маъмурӣ ва фарҳангияшонро ташкил дода, фарҳанг, ҳувият, миллияти хешро ташаккул доданд.
  Дӯст Муҳаммадхон амалдор аз қабилаи боракзай дуррониҳоро аз сари қудрат ронда, дар соли 1834 хешро амир эълон кард. Баъд аз ӯ авлодаш дар Афғонистон ба ҳайси амирон ҳукумат карданд. Дар даврони онҳо кашмакашиҳои тахтталабонаи дохилӣ ва рӯёрӯӣ бо абарқудратҳо сурат гирифт. Бритониё ба ин сарзаминҳо сар дароварда, дар байни афғону инглис се ҷанг рух дод, ки ҷанги аввал (1838–1842) мунҷар ба шикасти инглис шуда, ҷанги дуввум (1878–1880) мунҷар ба пайвасти минтақаи қабоил ба Ҳинд ва эътирофи истеъмор ва ҷанги севвум (1919) мунҷар ба таъйиди хати Дюранд, хуруҷи нерӯҳои инглис аз Афғонистон ва эълони мустақилият шуд.
  Дар 19 августи соли 1919 Амонуллохон истиқлолияти Афғонистонро эълон кард. Нахуст онро Русия ба расмият шинохт. Бритониё пас аз ҷанги севвум бо афғон маҷбур шуд, нахуст ҷузъан ва баъдан истиқлоли комили кишварро пазирад. Дар пайи шӯришҳои мардумӣ Амонуллохон фирор карда, Ҳабибуллоҳи Калаконӣ (Бачаи Саққо, аз мардуми тоҷик буд) амири кишвар (аз 17 январ то 13 октябри 1929) шуд. Афғонистон нахуст аморат, дар соли 1929 шоҳигарӣ эълон шуда, Муҳаммад Нодиршоҳ шоҳи аввалин ва Муҳаммад Зоҳиршоҳ шоҳи дуввум буд, ки тавассути писарамуяш Муҳаммад Довуд дар соли 1973 сарнагун шуд. Афғонистон ҷумҳурӣ эълон шуд.
  Дар соли 1978 ҳангоми табадулоти давлатӣ (инқилоби савр) Муҳаммад Довуд бо аҳли хонадон кушта шуда, низоми коммунистӣ сари кор омад. Афғонистон ҷумҳурии демократӣ эълон шуда, Ҳизби Халқӣ Демократии Афғонистон бо шохаҳои Халқ ва Парчам таъсис дода шуд. Сарвари давлат Нурмуҳаммад Таракӣ аз ҷониби Ҳафизуллоҳ Амин махфиёна ба қатл расид. Баъдан, Ҳафизуллоҳ Амин дар раъси давлат қарор гирифт ва пас аз мудохилаи артиши шӯравӣ Амин кушта ва Бабрак Кормал ба сари қудрат оварда шуд. Дар соли 1979 артиши шӯравӣ бо ҳамла ба Афғонистон ворид шуд.
  Дар соли 1986 Кормал барканор ва Муҳаммад Наҷибуллоҳ сарвари давлат таъйин шуд. Дар соли 1989 шӯравӣ бо шикаст аз Афғонистон хориҷ шуд. Дар соли 1992 Наҷибуллоҳ барканор ва ҳукумати муваққатӣ (таҳти раёсати Муҷаддадӣ) таъсис дода шуд. Баъдан, Раббонӣ раисҷумҳур интихоб шуд. Дар соли 1996 Толибон Афғонистонро тасхир карда, ҳукумат таъсис доданд. ИМА соли 2001 онҳоро аз қудрат ронда, ҳукуматҳои хешро таъйин намуд, дар моҳи августи соли 2021 Толибон боз Афғонистонро ишғол карданд.
  Дигаре аз афроди мӯътабари паштун, ки дар таърихи ин миллат нақши муҳим дорад, Хон Абдулғаффорхон (1890-1977) аз роҳбарони афғони мусалмон дар Ҳинд мебошад. Ӯ аз ҳамроҳони Маҳатма Гандӣ дар ҷунбиши истиқлоли Ҳинд буд, ки аз фаъолиятҳои ғайрихушунатомез дар баробари истеъмори инглис ҷонибдорӣ мекард. Дар миёни афғонҳо бо алқоби “Фахри афғон”, “Бочо хон”, “Подшоҳ сарон” шӯҳрат дошт.
  Дар соли 1921 “Анҷумани ислоҳи афғон”, дар соли 1927 “Паштунҷирга”-ро (маҷмаъаи паштун) таъсис дода, дар соли 1928 моҳномаи сиёсии Пакистунро ба пашту мунташир кард. Соли 1929 ҷунбиши “Хидматгари Худо”-ро барпо намуд, ки тавассути бритониёиҳо саркӯб шуд. Абдулғаффорхон бовар дошт, ки фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва ислоҳот барои пуштунҳо бештар муфид хоҳад буд. Мухолифи ҷудосозии Ҳинд буд ва пас аз ҷудосозӣ хостгори як воҳиди идории мустақили паштун дар Покистон шуд.
  Абдулғаффорхон дар замони истеъмори инглис ва ҳам баъд аз ҷудошавии Ҳинд бо тарафдорон хеле ранҷ бурд. Бештари солҳои даҳаи 60 то 70-ро дар ҳабсу табъид гузаронд. Дар соли 1977 дар ҳабси хонагӣ вафот кард ва тибқи васият ҷасадаш ба Ҷалолобод оварда шуд. Даҳҳо ҳазор нафар дар ташйеъи ҷанозаи ӯ аз Пешовар ба Ҷалолобод роҳ паймуданд, ки ин роҳпаймоӣ бо ду инфиҷор ҳамроҳ буда, понздаҳ нафар дар он ҷон бохтанд. Ба хотири баргузории маросим ҷангиёни шӯравӣ ва муҷоҳидин оташбас карданд.
  Абдулғаффорхон қаҳрамони миллии пуштун ва яке чеҳраҳои калидии миллигароии пашту буд. Барои боло бурдани сатҳи огаҳии мардуми пуштун, хидматҳои бузург анҷом дод. Дар ин роҳ заҳмат ва сарвати хешро масраф намуд. Ранҷу озору ҳабсҳоро таҳаммул карда, дороии шахсияшро барои таъсиси мактабу омӯзишу огаҳии ҳамтаборон сарф намуд.
  Инқилобҳои ибтидои қарни бист дар ҷаҳон (инқилоби иронии 1905-1911, инқилоби русии солҳои 1905-1907, инқилоби туркии 1907-1908, солҳои 1905-1909 дар Ҳинд, инқилоби Синҳай дар Чин) бар Афғонистон асаргузор шуданд ва дар Афғонистон ҷунбиши миллии ватанпарастон дар доираи мақомдору афсару заминдору бозаргонони тараққихоҳ эҷод шуд, ки хостори ислоҳи ҷомеаи ақибмондаи феодалӣ буданд. Яке аз ғояпардозони ин ҷунбиш ношири яке аз нахустин рӯзномаҳои афғонӣ “Сироҷ-ул-ахбор” Маҳмуди Тарзӣ буд. Писари Амир Ҳабибуллохон Амонуллохон ба ҷавонафғонон ҳусни таваҷҷӯҳ дошт. Ҳадафи ҷавонафғонон истиқлоли комили кишвар, роҳандозии ислоҳот барои пешрафт буд. Ҷавонафғонҳо созмони сиёсии худро надоштанд ва дар як гурӯҳи сиёсии маҳдуд, иборат аз афроди ҳамандеш боқӣ мондад. Онҳо дар ташаккули миллияти афғон ба андозае саҳм доранд.
  Дуррониҳо ва ғилзойиҳо ду қабила мӯтабари паштунҳо мебошанд, ки намояндагони онҳо дар тӯли дувуним асри ахир (ғалзоиҳо ҳукумати ҳутакиён; ду шохаи дурониҳо садузай – хонадони Аҳмадшоҳи Дурронӣ ва боракзайҳо – хонадони Дӯст Муҳаммадхон) ҳукумат карданд. Қабилаҳои дигари шомили паштун: аҳмадзай, аракзай, акбарзай, устонакзай, амирзай, урёхайл, авон, бадичӣ, бунгаш, баҳодурзай, пудай, паҳлавонхайл, тарконӣ, таракӣ, ҷаҳонгирӣ, задрон, ҳакимзай, ҳутак, харутӣ, довудзай, давлатзай, зозӣ, мангал, андар, кокар, сарбанӣ, муҳаммадзай, юсуфзай, савотӣ, солорзай, саҳок, шинвор, сопӣ, шеронӣ, шерзай, шинворӣ, коказай, муманд, носирӣ, нурзай, вардак ва ғайра аз ашира ва илҳои (тира, тоифа, қабила) маъруфи пуштун маҳсуб мешаванд. Бузургтарин тираи пуштун дурронӣ ва ақвоми ачакзай, пупалзай, нурзай, садузай, боракзай, ализай ва алкузай шомили онанд. Дар сарзамини Афғонияи Покистон тоифаҳои вазир ва маҳсуд аз бузургтарин тавоифанд.

Паштунгарӣ

  Паштунҳо маъмӯъаи қавонини қадимии қабилавии хеш – “Паштунволӣ” ё “Паштунволай” (Пахтунволӣ, Пахтунвалай) – паштунгариро то имрӯзҳо маҳфуз доштаанд, ки низом ва суннати рафтори қабилавии онҳоро дар бар мегирад. Паштунгарӣ оини кӯҳани бумӣ, маҷмӯи усулу қоидаҳо бар мабнои русуму суннатҳо ва одоти паштунҳо аст, ки тарзи зиндагӣ, шеваҳои муоширати онҳоро дар дарозои таърих муайян кардааст. Қонунҳои паштунгарӣ аз русуми бостонии қабилавии пешазисломии паштунҳо маншаъ мегиранд.
  Афроди хос “ҷиргаморҳо” – донадагони паштунгарӣ дар сурати лузум барои ҳали моҷаро ва мушкилоти дохили қабила ё байниқабилавӣ ҷамъ меоянд. Қавонини паштунгарӣ бо шариъатӣ дар бисёре аз масоил мухталифанд. Паштунвалай ҳувияти суннатии бостонӣ, манавӣ ва иҷтимоии паштунҳоро дар бар гирифта, маҷмӯае аз қавонини ахлоқӣ ва қавоиди рафторӣ мебошад, ки аз аҳди аҷдоди эшон шакл гирифта, эҳтиром ба хеш, истиқлолият, адолат, меҳмонавозӣ, муҳаббат, бахшиш, интиқом, таҳаммул нисбат ба ҳама ва ғайраро тарвиҷ мекунад. Паштунгарӣ хисоле чун ғайрат, ифтихор, имондорӣ, росгӯӣ, вафодорӣ ба ҳақиқат сарфи назар аз оқибатҳои он, бебокӣ ва шуҷоатро тарҷеҳ медиҳад. Ин маҷмӯъа ҳар паштунро дар кирдори шахсӣ ва ба амал дар чаҳорчӯби он масъул месозад.

Қавоиди асосии пуштунгарӣ

Ваҳдат. Ба Худои воҳид имон доштан, тавҳид.
Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек. Мафоҳими маъруфи аз замони зардуштия пазируфта.
Рафтор. Паштунҳо бояд ба ҳама махлуқоти Худо, ба инсон, ҳайвон, табиат боэҳтиромона рафтор кунанд.
Иттиҳод. Забонӣ, хунӣ (махлут нашудан бо дигар миллал), кӯмак ба якдигар (аз ҷумла молӣ), ҳифзи паштун ҳамчун як миллати воҳид дар саросари олам, мушкили яке мушкили ҳама аст, кӯмаки якдигар, бетафовут набудан дар нисбати ҳамдигар ҳангоми мушкилот.
Баробарӣ. Ҳар фард дар робита бо дигаре баробар аст, ҳар кас ҳуқуқи ибози назар дорад, ҳама бо якдигар бо адабу эҳтиром рафтор кунанд, ҳеҷ касе наметавонад иродаи худро ба дигаре таҳмил кунад.
Озодӣ ва истиқлол. Ҳеҷ касе ҳақ надорад, ки назару андешаи хешро ба дигаре илқо кунад, ҳатто волидайн ба фарзанд, паштун бояд ба озодиҳои ҷисмӣ, равонӣ, маънавӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ арҷ гузорад.
Меҳмоннавозӣ ва паноҳдиҳӣ. Паштун бояд меҳмон ва касонеро, ки ба хонааш дохил мешаванд, икром кунад, меҳмоннавозӣ барои тамоми башар, ҳатто барои душман (дар сурати дархост), паноҳ додан ба паноҳҷӯ ва кӯмаку ҳифозату хӯрок додан ба ӯ.
Адолат ва бахшиш. Агар касе амдан ба касе зиён оварад, қурбонӣ ҳақ дорад ва ҳатто муваззаф аст, муодил ба зиёни расида интиқом гирад, агар натавонад, ба тасмими ҷирга ғароматаш пас дода мешавад.
Бародарӣ ва эътимод. Ҳар як паштун бояд ба бародар ва хоҳари паштунаш то ҳадди имкон имдод ва эътимод кунад.
Ифтихор. Паштун бояд ифтихор ва шарафи инсонии худро ҳифз кунад, шарафу ифтихор дар ҷомеаи паштун аз ҷойгоҳи болотарин бархурдор аст.
Иззати нафс. Паштун бояд ба худ ва дигарон эҳтиром гузорад, эҳтиром аз хона, аҳли хонавода ва хешон шурӯъ мешавад.
Шафқат ва ҳамкорӣ. Паштун бояд афроди фақиру заъифу нотавонро мададу ҳимоят кунад.
Оила. Паштун дорои масъулият ва вазифаҳои хос дар нисбати аҳли хонавода ҳамсар, волидайн, фарзандону калонсолон мебошад.
Мо як хонаводаем. Паштун бояд ҳар як ҳамқабилаи хешро мадад кунад, ҳама қабоили паштун як сарнавишт доранд ва бояд дар як иттиҳод бошанд.
Илм. Паштун бояд аз ин неъмати илоҳӣ баҳраманд бошад.
Таърих. Паштун бояд аз таърихи пешин, аз ҳама мусибату пирӯзиҳои қавмаш дар гузашта муталеъ бошад.
Мубориза бо бадӣ. Вазифаи паштун аст, ки бояд бо бадӣ дар ҳама шаклҳояш тазоду мубориза кунад.
Садоқат ва савганд (ваъда). Паштун ба аҳду паймону ваъда дар ҳар шароит бояд содиқ бошад.
Мафҳумҳои асосии пуштунгарӣ
Мелмастиё – меҳмоннавозии ҳар меҳмон сарфи назар аз табақа, нажод, миллат, мазҳаб бидуни интизории подош аз ӯ, ҳатто паноҳ додану икром кардани душмани хеш.
Бадал – қасосу интиқом ва гирифтани ҳақ аз муҷрим барои риояти адолат, агар муҷрим ҳозир набошад, интиқом аз ақрабои мардинаи ӯ гирифта мешавад, ҳатто тамасхур тавҳин маҳсуб шуда, боиси рехтани хунҳо мешавад.
Нанаватех – паноҳгоҳ додан ба касе аз хавфи душман, ба ҳар қимат ҳифозат кардан, ҳатто аъзои шикастхӯрда метвонад бар хонаи ғолибомада паноҳ ҷуста, аз қатл раҳоӣ ёбад.
Змека – сарзамин, ҳар паштун дар ҳар ҷое мезияд, бояд аз замину моли худ бо таҳоҷумот мубориза кунад.
Нанг – ҳамтаборон бояд ҳамдигарро дар хонавода ва ҷомеа эҳтиром кунанд, иззати хонадон ва истиқлоли фардии хешро муҳофизат кунанд.
Номус – паштун ба ҳар қимате аз занон ва номуси занон бояд ҳифозат кунад.
Ҳевад – миллат, муҳаббату эҳтиром ба миллати хеш, паштун дар нисбати миллати худ бояд эҳсоси вазифа дошта бошад, иқдоме барои беҳбуди он анҷом диҳад, аз Пуштунхва – ватани паштунҳо, аз фарҳангу арзишҳо, суннату номуси миллаташ ҳифозат кунад.
Додпасбанӣ – ҳимоят аз фарҳанги паштун дар баробари фасоди ахлоқӣ ва заволи он, нигаҳдошти забони пашту – рукни асосии фарҳанги паштун.
Тухм пасбанӣ – ҳифзи покии хун, паштун бояд бо ҳамтабори хеш издивоҷ кунад, “нимпаштуни” аз издивоҷ ба намояндаи қавми ғайр ба дунё омада забону фарҳанги паштуниро ҳифз намекунад.
Де Паштунвалай парувано – пойбандӣ ба қавонини пуштунгарӣ, ба хотири ҷилавгирӣ аз табдили паштун ба “даравнд” (ғайрипаштун) паштун бояд пойбани қавонини паштунгарӣ бошад. Касоне аз ин роҳ берун мераванд, аз ҷомеаи паштун ронда мешаванд.

Баъзе аз мафоҳими дигар

Лашкар – ҷангандагон ё артиши қабила, мутеи ҷирга.
Ҷирга ё Лоя ҷирга – шӯрои бузург, ҷаласаи бузургони қабила ва қабоил аст аст, ки масоили муҳимро ҳаллу баррасӣ мекунанд, марка – нишасти хурд барои машварат, машрону ҷирга – шӯрои ришсафедон, вулусӣ ҷирга – қувваи қазоия, золвихтӣ – қувваи иҷроя.
Салвештӣ – чиҳилгонӣ, нерӯҳои қабилавӣ, ки ҳар узви чиҳилуми қабила шомили он шуда, тасмимоти ҷиргаро амалӣ мекунад.
Бадрақа – гурӯҳи ҳифозатӣ аз аъзои қабила ташкил шуда, ки масири мусофирон аз қаламрави онон мегузарад, нақзи қаоид аз ҷониби бадрақа мӯҷиби муноқишоту хунрезиҳои қабоил мешавад.
Ҳамсоя – гурӯҳи мардуми ғайрипаштуне, ки бар қабилаи паштун паноҳҷӯ мешаванд, ҳамла бар ҳамсоя ҳамла бар мудофеъони онон маҳсуб мешавад.
Малотар – дастае, ки аз номи роҳбарони худ меҷанганд.
Нага – хироҷе, ки қабилаи ноқизи қонун мепардозад ва андозаи онро шӯрои бузургон муқаррар мекунад.
Рога – ҳалли мубоҳисоту муноқишоти гурӯҳҳои мутахосим дар атрофи мавзӯъ ё маконе.
Ҳуҷра – манзиле, ки мардони русто нишасту хоб мекунанд, меҳмону мардони муҷарради русторо дар он хобидан муҷоз аст.
Лохай варкавал – паноҳдиҳӣ, қабила ҳар корро анҷом медиҳад, то паноҳҷӯро аз душманаш эмин дорад.
Тура – мардонагӣ дар набард, аз мардони ҷавон даъват мешавад, ки ҳамеша даст ба аслиҳа бошанд, бо хурдтарин тавҳине дар нисбаташон омодаи ҷангу ситез бошанд, ҳар марди паштун мардонагӣ ва диловарии хешро бояд собит кунад.
Яке аз мафҳумҳои асосӣ ва муҳим дар паштунгарӣ нанг аст. Фарди бонанг дар қабила сутуданӣ ва бенангӣ бадтарин тавҳин барои паштун ҳисоб мешавад. Номус ҷузъе аз мафҳуми нанг ва ҳар марди паштун вазифадор аст, занони ҷавони издивоҷнакардаи хонаводаро таҳти назорати сахт гирад, то аз иртиботашон бо бегона пешгирӣ шавад, барои ҳарос аз “гапи мардум” ва бадномӣ занонро хонанишин мекунанд, ки паштунҳо инро “парда” меноманд… 2021.

Ибрози назар кардан 0

Емайли Шумо мунташир нахоҳад шуд. * Ин аломати қайди зарурист