Ислом ва терроризм

  Имрӯзҳо аз инфиҷору интиҳору дигар амалиёти террорӣ дар ин ё он кишвари мусулмонӣ аз васоити ахборӣ қариб ҳар рӯз хабар медиҳанд ва масъулияти адои онро ин ё он созмони исломӣ ё ба дӯши худ мегирад ё ба гардани яке аз чунин гурӯҳҳо бор менамоянд. Ин амр дар мамолики ғайримусулмонӣ низ баъзан рух медиҳад ва қабл аз фурӯ нишастани чангу ғубори таркиш маъмулан терроризми исломӣ дар сархати рӯзномаву сарахбори васоити симоиву сармавзӯи муҳокимаву сӯҳбати мардуми ин кишварҳо қарор мегирад. Ин зуҳурот исломро ҳамчун дини бераҳмию ҷангҷӯиву зуровариву алайҳи башардӯстӣ муаррифӣ намуда, ҳатто бештари мардуми ғайримусулмон аз шунидани номи он меҳаросанд. Дар кишвари мо низ аксари мардум бо вуҷуди мусулмонӣ аз асли дин бехабаранду дониши зурурии динӣ надошта, ба андозае ба ин ақида моиланд ва мо ин ҷо ин масъаларо ба андозаи доираи назар мавриди баррасӣ қарор додаем.
  “Terror” вожаи лотинӣ буда, маънои ваҳму даҳшатро дошта, ваҳшат андохтан ё истифода аз зуроварии гурӯҳе дар нисбати рақиби хеш аз таҳдид то маҳвсозӣ мебошад. Намудҳои мухталифи ону гурӯҳу созмонҳои зиёди террористӣ дар олам арзи вуҷуд намудаанд, ки ин мавзӯи баҳси дигар аст.
  Имрузҳо агар аз ҷонибе вожаи «террор» садо диҳад, ҳатман калимаи ислом ба он насб аст. Масъалае бо унвони «терроризми исломӣ» мушкили умумиҷаҳониву барои инсоният хатарнок дониста шуда, алайҳи худ кишварҳои оламро муттаҳид гардонидааст. Аммо ин падида дар олам дар нимаи дуввуми асри бисти мелодӣ зуҳур намудааст ва онро кӣ, ба чӣ нияте таъсису тарҳандозӣ намудааст?
  Қуръони шариф ва суннати пайғамбари ислом(с) дастури асосии мусулмонон буда, фаъолияти бурун аз инҳо мусулмонро ба гумроҳӣ мебарад. Дар ибтидои густариши ислом пайғамбар(с) ва нахустмусулмонон ҳама гуна ранҷу машаққоту таҳдиду таҳқиру азоби рӯҳиву ҷисмониро ҳамл намуда, дар шароити ниҳоят душворе ташвиқи дин менамуданд ва ҳаргиз аз усули ваҳмандозиву қатлу куштори махфиву дигар аъмоли хос ба истилоҳи имрӯза террорӣ истифода наменамуданд. Хусусан, агар ба ҳаёти шахсии ҳазрати Муҳаммад(с), ки намунаи ибрат барои мост, назаре андозем, таҷаллии хулқи нукӯи олии инсониро дар хоҳем ёфт. Замоне ки ӯ(с) ба таблиғи ислом бархост, мардуми Макка дар нисбати ҳазрат ҳама гуна зулму таҳқирро раво медиданд. Озораш медоданд, таҳқираш менамуданд, масхарааш мекарданд, ҳатто сӯиқасди ҷонаш намуданд. Он мардумеро, ки мусулмон гашта буданд, низ ба зери зулм кашиданд ва таҳдид ба марг намуданд. Онҳо маҷбур гаштанд, ки манзилу молу сарвату ватани хешро гузошта, роҳи ҳиҷратро пеш гиранд, фақру ғурбатро ихтиёр намоянд ва баъди оне, ки дар Мадина ҳам қарор гирифтанд, таҳдиду таҷовузро нисбати мусулмонҳо қатъ нанамуда, ба онҳо ҳуҷум меоварданд. Агарчӣ лашкари муслимин дар нисбати урдуи куффор андаке буду силоҳу дигар афзори зарурии размиро надошт, бо онҳо мардонавор муқоввимат намуда, аз амалиёти чирикиву соири усулҳои муборизаи террорӣ истифода намекард. Вақте ки Маккаро фатҳ намуданд, бо вуҷуди ранҷу машаққатҳои мазиди аз ҷониби куффори маккӣ кашидаву чандин муслумони куштаву хонаву молу сарвати ғасбгаштаашон бо фармони сарвари бузургашон(с) мусулмонон ҳамаро авф намуданд ва танҳо моликияти хусусии хешро пас гирифтанд. Чуноне ки таърих гувоҳ аст, дигарон густохона кишварҳоро тасхир карда, ғорату хароб месохтанд, вале агар барои ин сабаб ё баҳонае медоштанд, бар замми забту ғорат шаҳру қарияҳоро ба хок яксону мардумашонро қатли ом менамуданд. Ё вақте ки он ҳазрат(с) барои тарғиби дин ба Тоиф ба назди қабилаи бани Сақиф рафт, онон ӯро душман гирифта, хору залул намуда, бо бадани хуншор аз он ҷо ронданд ва баъди нусрати ислом онҳо интиқоми шадидро аз ҷониби расули Худо(с) интизор буданд, аммо ғайри чашмдошташон мавриди авфу бахшиши ӯ қарор гирифтанд. Дар Ясриб баъди соҳибқудрат гаштан муслимин таҳти роҳбарии Муҳаммад(с) бо бутпарастону яҳудиёни муқими шаҳру атрофи он паймони сулҳ баста, мусулмонон дар аҳди хеш устувор мебуданд. Қабоили яҳуд мисли Қайнуқоъ ва бани Назир аҳди хешро шикаста, бо мусулмонон ба ҷанг хестанд ва бо вуҷуди кушта гаштани мусулмонон яҳудонро бо бурдани амвол танҳо аз шаҳр берун карданд, ки дар он замонҳо ҳодисаи нодир аст, зеро агар дигаре ба ҷо мусулмонон мебуд, ҳамаи онҳоро (зану марду тифл) аз дами шамшер гузаронида, амволашонро куллан ба тороҷ мебурд. Хусусан худи яҳудон ё насоро. Чунин воқеоту ҳаводис аз авфу адолату олиҳимматии расули акраму(с) мусулмонони он замон барои навиштани ҷилд-ҷилд китобҳо кифоят мекунад.
  Ислом дар он рӯзу имрӯзу мисли ҳамеша таҷовузу ҳуҷумро манъ мекард. Мусулмонон ба касе ба хотири ғасби замину сарват ҳамла намеоварданд. Ҷанг бо онҳое мекарданд, ки ба онҳо ҳуҷум намуда, таҳдид ба ҷону молу мулкашон менамуданд. Иҷборан ба сӯи касоне, ки таҳдид ба таҳоҷум мекарданд, барои рафъи таҳдидашон ҳамла мекарданд. Барои мусулмон на ҷангу кушокушӣ, балки зулму таадиву зуоварӣ раво нест. «Ва қотилу фи сабилиллоҳил лазина юқотилунакум ва ло таътаду, инналлоҳа ло юҳиббул муътадина». (Ҷанг кунед бо онҳое, ки бо шумо ҷанг мекунанд, тааддӣ макунед, зеро худованд таадикоронро дӯст намедорад. (Сураи Бақара, ояти 190). Агар касе муқобилати ақидавиро алайҳи ислом барои нақзу заифсозии ақидаи исломӣ пеш гирад, ба ӯ бо ҳамин васила ба дифоъ бояд бархост. Агар касе бо зӯри силоҳ ба таҳдиду ҳамлаорӣ бархезад, барои ҳимояту ҳифозати дин ба ӯ бо неруи силоҳ ҷавоб бояд дод.
  Дар замони пайғамбар(с) дар асри ҳафт озодии фикру ақида вуҷуд дошт, модоме ки дар қуруни вусто барои ихтилофи назар сарро аз даст медоданд ва дар замони ҳозир дар бештари кишварҳо барои он низ ҳабсу маҳв месозанд. Пайғамбари гиромии ислом(с) медонистанд, ки адами озодии ақида мӯҷиби пойдории ваҳму зулмат дар ҷамъият мегардад. Аз ин рӯ мусулмону яҳудиву насрониву бутпараст дар Ясриб дар озодии ақидаву даъват баробар буданд. Зеро дар шароити озоди ақидавӣ ҳақиқат фурӯзон мешавад ва пайғамбари ислом(с) маҳз дар баҳсҳо бо яҳуду насорову бутпарастон бартарии ақидаи исломиро нисбати ақоиди эшон собит сохта, тадриҷан бештари ин мардумро ба ақидаи хеш кашид, на бо зарби мушту шамшер. Агар дар ҷои ӯ худи ҳамин мардумон чирадаст мебуданд, масъаларо на баҳсу мунозира, балки теғи шамшер ҳал мекард.
  Пас аз пайғамбар(с) ва дар қуруни вусто намояндагони динҳои дигар дар байни мусулмонҳо дар амну салоҳ зиста, баҳсу мунозироти ақидавӣ дар ҳама замон дар байнашон вуҷуд дошт ва он мӯҷиби ҷангу ҷидол дар миёнашон нагашта буд ва мусулмонон онҳоро таҳқиру тазйиқ накардаву зери фишор намегирифтанд. Ҳатто аз хавфи дигарон дар канори мусумонон паноҳ меҷустанд. Масалан, баъди исёни яҳудиён алайҳи ҷабру истибдоди румиён Ерусалам аз ҷониби румиён ба харобазор табдил ёфта, маъбадашон куллан сӯзонида, мардумаш ба ҳар тараф пароканда карда шуда, бозгашти яҳудонро ба ин шаҳр қатъан манъ намуданд. Яҳудиён аз маъбаду меҳан маҳрум гашта, ҷамооташон дар ақсоми мухталифи қаламрави империёи азим парешон гаштанд. Дар ҳама ҷо мавриди таҳқиру таъқиб қарор гирифта, то замони дар кишвари Испониё (арабҳо онро Андалус номиданд) мустақар гаштани хилофати исломӣ дар кӯчу фирор ба сар мебурданд. Таҳти ҳимояти ҳукумати исломӣ ин ҷамоати бузургтарини яҳудон (ҷамоаи сефардҳо) ба ҳайси маркази асосии диниву фарҳангии онҳо дар ҳашт садсола хидмат намуд, то замоне ки аз нав масеҳият дар ин кишвар барқарор карда шуд ва ин мардум боз мавриди таҳқиру азобу қатлу бадарғаи католикони бераҳм қарор гирифта, ба ҳар ҷониб боз парешон гаштанд. Масеҳиён бо ҳуҷуми ваҳшиёнаи хеш ҳамаи мардуми ин сарзаминро ба азобу шиканҷа гирифта, гурӯҳе аз мусулмонон ба шимоли Африқо ҷон ба саломат бурда, гурӯҳе қатл гашту гурӯҳе аз ваҳшату бим дини масеҳиро гардангузор шуданд. Аммо дар замони хилофати мусулмонӣ муслиму масеҳиву яҳудӣ дар амну осоиштагиву рифоҳ мезистанд. Ҳатто дар дарбори хулафо ходимони масеҳиву яҳудӣ вазифа доштанд.
  Оштинопазирии динӣ ва ҳатто милливу нажодӣ дар гузашта барои мусулмонон ошно набуд, аз ин рӯ чунин тамоюлот аз ҷониби эшон қобили қабул намегашт. Масалан, ҳаракати террории «ҳашишиюн» таҳти роҳбарии Ҳасани Сабоҳ аз ҷониби мардум пазируфта нагашта, баръакс ин ҳаракатро ҳукм ба рафз намуданд.
  Баъди ҷанги нахустини ҷаҳонӣ, ба хусус бо илҳомгирӣ аз инқилоби сурх дар Русия ва кӯмакҳои молии Коминтерн дар мамолики истеъмории Шарқ ҳаракоти миллӣ – озодихоҳӣ сар заданд, ки ин барои истеъморгарон дарди сареро эҷод намуд, хусусан барои Бритониё – бузургтарин кишвари мустамликадор дар қарни бист. Баъди анҷоми ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ва тақсим гаштани мамолики олам ба ду иттиҳоди мухолиф, созмони «NATO” ва созмони муоҳидаи Варшава марҳили нав, «ҷанги сард» – рақобати ғоявӣ ва бархурди ғайримустақими низомии ин ду созмон барои соҳибияти сарвату ғановати кишварҳои ба истилоҳ «ҷаҳони саввум» оғоз гардид. Кишварҳои истеъморӣ дар ин давра мустақилияти сиёсиро соҳиб гашта буданд ва ниёзмандиҳи иқтисодӣ ба робита намудан бо ин созмонҳо маҷбурашон месохт. Кишварҳои ғарбӣ ба ҳар восита мекӯшиданд, ки нуфузи сиёсиву иқтисодии худро дар мамолики озодгаштаи Шарқ нигоҳ доранд. Аз ин рӯ онҳо барои расидан ба аҳдофи ғализи хеш усули ихтилофандозиро дар байни ақалиятҳои милливу дину мазоҳиби роиҷи ин кишварҳо ба кор бурданд ва ин албатта замонати ҳузури эшонро ҳамчун воситу оштисоз дар миёни гурӯҳу ҷунбишҳои ҷудоихоҳ таъмин менамуд.
  Баъди барпо гаштани Кунгураи Миллии Ҳиндустон Инглистон эҳсос намуд, ки ин сарзамини истеъмории ӯ рӯзе аз дасташ хоҳад рафт ва барои пешгирӣ аз ин ихтилофандозиро дар байни ҳиндувону мусулмонон, ки ҳама шомили ин кунгура буданду мақсади озод гаштанро доштанд, андохта, тибқи «нақшаи Маунтбэттен» Ҳиндустонро ба ду давлат: Покистон ва Ҳиндустон тақсим намуд. Покистон минбаъд ҳамчун давлати сохтаи онҳо дар хизмати «соҳибони сафед»-и хеш қарор гирифта, тавассути он хабисон исломи покро ҳамчун афзор барои касби нуфузу сарват дар бозиҳои сиёсияшон истифода намуданд. Ба хотири низоъ ва бесуботии доимӣ дар минтақа, ки зоминияти ҳузурашонро таъмин мекард ва машғул доштани қабоили пуштуни Покистон, ки ҳамеша барои инглисҳо дарди саре буданд ва таъсир доштан ба Ҳиндустон онҳо ду вилояти мусулмоннишин Ҷамму Кашмирро дар ҳайъати Ҳиндустон гузоштанд.
  Дар авохири солҳои 70 ва аввали 80-и асри бист арабшинос ва афсари хадамоти ҷосусии инглис Бернард Люис ва мушовири президенти Амрико Картер оид ба умури амнияти миллӣ Збигнев Бзежинский бунёдгаройии исломиро ҳамчун «қартаи кузурӣ» дар бозиҳои сиёсии худ алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ истифода намуданд. Хадамоти махсуси Амрикову Инглистон бо маблағҳои калони худ ва асосан бо имдоди Арабистони Саудӣ, ки ҳамеша дар хидмати онҳо буду ҳаст, дар Покистон кишвари пойгоҳии сохтаашон қароргоҳҳои низомиву тамринӣ ихтисос дода, афсарони амрикоиву инглис ба аскарони кирояву зархарид усулҳои ҷангӣ меомӯхтанд. Ин ҷанобон ҷиҳоди мусулмонониро «такмил» ва «таҷдид» намуда, ба мусулмонон усулҳои нави он, созмон додани таркиш дар кӯчаву бозорҳо ва дигар макони анбӯҳи мардум, тарконидани манзилу биноҳои ошёнадор, тарконидани масоҷиду дар бадан бастани модаи таркандаву худро кафондан ва ғайраро омӯхтанд. Ба ин васила онҳо ният доштанд, ки баъди Афғонистон ҷиҳодро ба Осиёи Миёна интиқол бидиҳанд. Тибқи ибораи маъмулӣ «Инглистон дӯстони доимӣ надорад, аммо манофеи доимӣ дорад» ва хадамоти ҷосусии он, ки боз дусад сол дар Шарқ барои манофеи ғализаш макру фитна меандешиданд, ҷиҳоди исломиро алайҳи «тамоми душманони Бритониё» равона сохтанд. Аммо бародарони амрикоиву инглис машғули нафси бади хеш гашта, каме ҳам аз оқибати кори худ наандешиданд. Афсари олирутбаи СSI (ЦРУ) Чарлз Г. Коган, ки дар солҳои 1979-1984 масъули амалиёти CSI дар Шарқи Наздику Осиёи Ҷанубӣ буд (ин амалиётро Арабистони Саудӣ тавасути шоҳзода Бандар маблағгузорӣ мекард), дар мусоҳиба бо хабарнигори рӯзномаи маъруфи «New York Times” Тим Вейнер баён намуда буд: «Ин дар асл даҳшат аст. Эҳтимоле, ки муҷоҳидон ба Амрико биёянду амалиёти террорӣ анҷом бидиҳанд, дар он замон дар хаёламон ҷой ҳам надошт. Мо куллан саргарми ҷанг бар зидди Шӯравӣ будем. Ин тағйири ғайричашмдошти ҳаводис буд». Дигаре аз олирутбагони мақоми мазкур (исмашро ниҳон доштааст), ки дар ин амалиёт нақшӣ асосӣ доштааст, дар мусоҳиба бо ҳамин хабарнигор гуфтааст: «Касе аз кормандони хадамоти ҷосусии амрикоӣ тасаввур ҳам намекард, ки ин барнома ба фоҷиаи хунин табдил меёбад». Иштирокдори бевоситаи амалиёти махфии хадамоти амрикоиву инглис дар Афғонистон дар солҳои ҳаштодум, афсари хадамоти махсуси инглис Томас Керю дар ёддоштҳои худ, ки онҳоро дар Лондон нашр ҳам намудаанд, хулоса намудааст: «Вусъати имрӯзаи бунёдгаройии исломӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои мухталифи тундрави исломӣ куллан кори дасти хадамоти махсуси Инглистону Амрикост. Ба зархариду аскарони кирояи мусулмон аз ҳама гӯшаи олам омодагии ҳарбиву ғоявӣ дода шуда, ин гурӯҳҳои оштинопазир донишу таҷрибаи аз омӯзонандагон андӯхтаро имрӯз алайҳи онҳо истифода мебаранд».
  Гурӯҳи тундрави «Алқоида», ки ба қавли намояндагонаш барои тозагиву озодии ислому муслимин мубориза мебарад, муассиси он Усома бинни Лодан тавасути ширкати хеш супоришоти махсуси хадамоти ҷосусии Амрикоро дар Афғонистону Шарқи Наздик ва Африқо амалӣ мегардонид ва ҳақиқати душманиву муборизааш алайҳи Амрико аз ҷониби мардум, хусусан муҳаққиқони амрикоиву урупоӣ зери суол монд. Соири гурӯҳҳои тундрави исломӣ низ аз ҷиҳате алоқамандие ба Ғарб доранд, ки муборизи асили роҳи дин будани эшонро дар зери шубҳа мегузорад.
  Аҷиб он аст, ки мусулмонон дар қарнҳои ҳафту ҳашту нуҳу минбаъд таҷассумгари хулқу одобу донишу тафаккури олии инсонӣ буда, намунае барои башар гашта буданд. Таассуби диниву нафрати ғайр барояшон бегона буда, намояндагони дигар дину ойин аз хатар дар канори эшон паноҳ бурда, дар миёни мусулмонҳо эмин мегаштанд. Бо ҳам бародар буданду ба дигаре зиёне намеоварданд. Аммо дар замони нав бо ҳузури «шаётини зард» одоби мусулмон коста, таҳаммулпазирияш ба нафрат бадал гашта, таассуби диниву мазҳабияш ба авҷи аъло расид. Мусулмонон натанҳо нисбати намояндагони дигар адён манфур шуданд, балки бо ҳам душман гаштанд. На фақат душман, хуни ҳамро рехтанд. Масалан, қатлу ваҳшониятҳои ваҳобиён дар олами ислом зуҳуроти ҷадид буд. Дар Ирон аз қадим зардуштиву яҳуду насорову ғайра дар байни мусулмонон дар амну рифоҳ мезистанд, аммо баъди инқилоби исломӣ ин мардумро мавриди фишору куштор гирифтанд.
  Алқисса, дар замони нав бештари мусулмонон таҳти идораи шайтон мондаву бандаи нафси хештан гаштаанд. Душманони дин тавассути ин бешарафон, ки пулу сарватро аз ҳама гуна нангу номус авло медонанд, мехоҳанд онро, ки нуфузаш дар олам вусъат намудааст, маҳв созанд. Ин бадбахтон барои ба даст овардани фоидае бо иҷрои супориш мусулмонони ҳақиру фақирро дар бозору кӯчаву биноҳои шаҳрҳо метарконанд, ки дар он тифлу зану марду пиру ҷавон ҳалок мегардад, дар масоҷид таркишҳо созмон медиҳанд ва албатта ин умур собит месозанд, ки ин нафарон заррае имон ба Худо надоранд. Магар мусулмон, оне, ки имон ба Худованд дошта бошад, метавонад чунин корро анҷом бидиҳад?. 2012.

Ибрози назар кардан 0

Емайли Шумо мунташир нахоҳад шуд. * Ин аломати қайди зарурист