Ҳаққи ҳамсоя

  Дар баробари хешу ақрабо барои мусалмон риояти ҳаққи ҳамсоягон дар ислом воҷиб гардидааст. Бошандагоне, ки дар маҳалле сукунат доранд, ҳамсоя шумурда мешаванд ва мурооти ҳуқуқи эшон бар мусалмон амр шудааст. “Худоро парастед ва ҳеҷ чизеро шарики Ӯ қарор надиҳед, бар падару модар, хешованду ятимон, гадоён, ҳамсояи хешованд, ҳамсояи бегона, бар ёри ҳамнишин, бар мусофири дар роҳ монда ва ба он ки дасти шумо моликаш шудааст, некӯкорӣ кунед” (Нисо36).
  Худованд ба ин амр дар қатори соири умури муҳим дастур дода ва ба ҳадде аҳамият дошта, ки расонандаи ҳукми илоҳӣ Ҷабраил алайҳисалом) Паямбарро (салаллоҳу алайҳи вассалам) бар он зиёд тавсия кардааст. Русулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) мегӯянд: “Маро Ҷабраил (алайҳассалом) дар бораи ҳамсоя чунон тавсия намуд, ки гумон кардам, шояд ҳамсоя аз ҳамсоя мерос бибарад” (Бухорӣ, 6014; Муслим, 2624, ба ривояти Ибни Умар ва Оиша (разияллоҳу анҳумо).
  Худованди мутаъол таъкид ба некӯкорӣ ва муносибату муоширати шоистаи инсонӣ намудан ба ҳамсояи хешу бегона карда, кандани робита ва ранҷу озор доданашро бар мусалмон мамнӯъ кардааст. Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармуд: “Ба Худо савганд, ки имон надорад, ба Худо савганд, ки имон надорад, ба Худо савганд, ки имон надорад!”. Пурсида шуд, ки чи касе ё Расулуллоҳ? Фармуд: “Касе, ки ҳамсояааш аз шарри ӯ дар амон намебошад” (Бухорӣ, 6016, Муслим, 46).
  Риояти ҳаққи ҳамсоя ҷузъе аз имони мусалмон буда, барои аз халал ҳифз намудани боварияш мусалмонро воҷиб шуда, ки даст аз азияту озори ҳамсоя кӯтаҳ дорад. Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят карда, ки Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармуд: “Оне, ки имон ба Худо ва рӯзи охират дорад, бояд ҳамсояашро азият накунад ва он ки имон ба Худо ва рӯзи охират дорад, бояд меҳмонашро эҳтиром кунад ва касе, ки имон ба Худо ва рӯзи охират дорад, ё сухани хайр гӯяд ё сокит бошад” (Бухорӣ, 6018; Муслим, 47).
  Мурооти ҳуқуқи ҳамсоягон ва некӣ кардан ба онон дар ҳади имкон воҷиб ва азияту озор ба онон ба ҳар шакле бошад, ҳаром аст. Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (с) фармуд: “Касе, ки ҳамсояааш аз шарри ӯ дар амон набошад, вориди биҳишт намешавад” (Равоҳи Муслим).
  Мусалмон дар нисбати ҳамсоя набояд бахилу бадбин бошад, ҳасад набарад, тамаъи молаш накунад, аз таҳқираш забон нигаҳ дорад ва ҳақиру хораш нашморад. Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) мефармояд: “Эй занони мусалмон, ҳаргиз зани ҳамсоя зани ҳамсояи худро хор нашморад, агар чӣ суми гӯсфанде ҳам бошад” (Бухорӣ, 2566, 6017; Муслим, 1030, ба ривояти Аубуҳурайра).
  Агар мардум фармудаҳои илоҳӣ ва тавсияҳои набавиро дар мавриди ҳамсоядорӣ муроот (риоя) кунанд, нафъи бузурге бар ҷомеа хоҳад буд. Ба сабаби ин рафторҳои писандида эътимод ба ҳамдигар дар миёни аҳли ҷомеа падид ояд ва ба рушди фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ асари мусбӣ расонад. Мувофиқ ба манобеи ривоӣ ҳадди ҳамсоягӣ чиҳил хона аз паҳлӯ, рӯ ба рӯ, пушти сар ва самти росту чап ҳисобида мешавад.
  Мусалмон бояд иртиботи хешро бо ҳамсоя дар асоси муҳаббату самимият бунёд ниҳад, аз ҳолаш хабардор бошад, дар шодиву мусибаташ шарику ғамгусор бошад, ҳангоми мушкилот кӯмакаш кунад. Чун аз ҳавоиҷи рӯзгор бениёз гардад, бояд ёде аз ҳамсоя кунад. Аз Абузар (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармуд: “Эй Абузар, чун шӯрбо пухтӣ, оби онро бисёр намо ва ҳамсояатро ёд кун” (Муслим, 2625).
  Ба хотири таҳкими дӯстию боварӣ ҳамсоя ҳаққи икрому эҳсон дорад. Ҳамсояи наздик бар дуртар дорои ҳаққи бештар мебошад. Аз Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят шуда: Гуфтам: “Ё Расулуллоҳ! Ду ҳамсоя дорам, ба кадом як тӯҳфа фиристам?. Фармуд: “Ҳар кадом, ки дарвозаи хонааш бар ту наздиктар аст”. (Бухорӣ, 6020). Чун таом ва чизи дигаре аз лавозимот зиёд аз ниёз бошад, ҳамсоя бояд фаромӯш нашавад, зеро ҳақ дорад.
  Шарти дигари одоби ҳамсоядорӣ ин аст, мусалмон бояд барои ҳамсоя дар кӯчаву роҳраву дари хона мамониату музоҳимат эҷод накунад, то рафтуомадашро дучори мушкил ва ба осоишаш халал нарасонад. Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармуд: “Ҳеҷ ҳамсояе ҳамсояаашро аз кӯбидани мех бар девори муштаракашон манъ накунад”. Сипас Абуҳурайра гуфт: Чаро шуморо мебинам, ки ба ин ҳадис амал намекунед? Ба Худо савганд, ки ман ин мехро ба шонаҳоятон мекӯбам (киноя аз амал ба ин ҳадис аст. (Бухорӣ, 2463; Муслим 1609). Дар корҳои таъмирӣ ҳамсоягон бояд бо маслиҳату мувофиқа амал кунанд, музоҳими ҳамдигар нашаванд ва ҷанҷолу муноқиша накунанд. Ҳамсоягон дар ободии маҳал бояд ҳама саҳим бошанд.
  Мусалмон бояд ба ҳамсоя некӣ кунад, гиромияш дорад, агар аҳли гуноҳу маъсият ҳам бошад, бо ӯ чунин рафтор кардаву насиҳаташ кунад. Ҳамсояи хешу бегона ва ҳамсояи ғайримусулмон бар мусалмон ҳақ дошта, вазифаи мусулмон мурооти ҳаққи ӯст. Агар ғайримусалмон дар ҷавори мусалмон сукунат дошта бошад, мусалмон вазифаи ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва рафториро дар нисбаташ бояд анҷом диҳад. Зеро ин шарти имондорӣ маҳсуб мешавад. Тавре Паямбари гиромӣ (салаллоҳу алайҳи вассалам) мефармояд: “Ҳар касе ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат боварӣ дорад, ҳамсояашро гиромӣ дорад”.
  Мутобиқ ба шурути шаръӣ чун мусалмонро ҳамсоя бемор шавад, бояд аёдаташ намояд, агар маргаш фаро расад, бояд дар ҷанозааш ширкат кунад, агар қарз хоҳад, агар имкон дошта бошад, бояд қарзаш диҳад, агар дар зиндагияш шодмонӣ рух диҳад, бояд табрикаш гӯяд, дар мусибаташ шарик бошад, агар мушкилу сахтие пешаш ояд, бояд имдодаш кунад…
  Бино намудани иртиботи самимиву отифӣ бар асоси дастуроти қуръониву набавӣ зомини таҳким ва устувории равобити ҳасанаи воҳидҳои иҷтимоӣ (хонаводаҳо) шуда, боиси тақвияти ҳусни итминону осоишу рафтуомади ҳамсоягон ва афзоиши баракат, фузунии неъмат, оромиши ҷамъият мегардад. Аз миёни мусалмонон касе шартҳои ҳамсоядориро ба ваҷҳи аҳсан риоят кунад, мартабаи хешро дар назди Худованд ва бандагон боло мебарад. Тавре ки Абдуллоҳ бини Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят мекунад: Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармуд: “Аз миёни дӯстон касе дар назди Худованд беҳтар аст, ки барои дӯсташ беҳтар бошад ва беҳтарини ҳамсоягон дар назди Худованд он аст, ки барои ҳамсояаш беҳтар бошад” (Равоҳи Тирмизӣ ва ӯ ҳадисро ҳасан гуфтааст). 2021.

Ибрози назар кардан 0

Емайли Шумо мунташир нахоҳад шуд. * Ин аломати қайди зарурист