Дурӯӣ

  Аъмоли баду кареҳ дар миёни мардум ба ашколи гуногун зуҳур мекунанд ва афроди муғриз баҳри ҳадаф ин анвои кирдорро ба кор мебаранд. Тоифае дар ҷое рафторе доранд, ки дар маконе дигар кирдори хилофи онро кунанд, дар миёни мардуме чизе ва дар байни ҷамъи дигаре акси онро гӯянд.
  Худованди мутаъол як вижагии ин тоифаро, ки ду рӯ доштаву нифоқ меварзанд, баён кардааст: “Ҳангоме ки бо мӯъминон рӯ ба рӯ мешаванд, мегӯянд: (мо низ ҳамонанди шумо) имон овардаем, чун бо шаётину дӯстони гумроҳашон танҳо мешаванд, мегӯянд: мо бо шумо астем ва танҳо (мӯъминонро) ба истеҳзо ва ришханд мегирем” (Бақара 14).
  Ин мардум дурӯягон мебошанд, ки дар назди гурӯҳе як амал ва чеҳрае зоҳир мекунанд, вале дар назди гурӯҳи дигар кору қиёфаи дигаре намоиш медиҳанд. Бар гуноҳ гуноҳ афзуда, дурӯғу ғайбату бӯҳтону тӯҳмат карда, макр андешидаву тамаллуқ зада, бар хеш чеҳраи ҷаълӣ месозанд, то ба ҳадаф расанд. Расули Худо (салаллоҳу алайҳи вассалам) ин тоифаро бадтарин аз мардумон номидааст. Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармуд: “Мардумро ҳамчун маъданҳо (аз тиллову нуқра) меёбед, ононе дар ҷоҳилият беҳтатарин буданд, дар ислом низ беҳтаринанд, чун донишманду огоҳ шаванд. Беҳтарини мардум дар ин масъала (аморат ва хилофат) касест, ки аз ҳама бештар аз он бад мебарад ва бадтарини мардум дурӯйро мебинед, ки ба ин гурӯҳ ба чеҳрае меояд ва ба он гурӯҳ ба чеҳраи дигар” (Бухорӣ 3493, 7179; Муслим 2526).
  Зулваҷҳайн – соҳиби ду рӯ, дурӯя, риёкор, ғаммоз, мунофиқ шахси дурӯғгӯ, фиребкору маккору хатарнок аст. Зоҳираш бо ботинаш мухолифат дорад. Кас бояд аз дурӯ дурӣ гузинад, зеро рафтораш бо аъмолаш дар тазод аст. Чун бо касе қаробат гузинад, ба яқин ғаразе дар дил дорад. Эътимоди касро ба даст оварда, аз ӯ истифода мекунад.
  Дурӯӣ дар кирдору гуфтор нифоқ аст, ки он анвоъ ва вижагиҳо дорад. Муҳаммад бини Зайд ривоят мекунад, ки иддае аз мардум ба падарбузургаш Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) гуфтанд: Мо ҳангоме ки дар назди ҳокимони хеш қарор дорем, суханоне мегӯем, ки бар хилофи суханоне аст, ки дар ғайби онҳо мегӯем. Гуфт: “Мо дар замони Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) ин чизро нифоқ мешумурдем” (Бухорӣ 7178).
  Дурӯягонро рафторашон ба гуфторашон ҳамоҳанг нест, дар дил нияти дигар, дар миёни мардум чизи ғайр мегӯянд. Рафторҳои риёкорона доранд, дурӯғгӯянд, ҳилагаранд, дар пеш чоплусӣ ва дар пушти сар накӯҳиш мекунанд. Гуфта дигар, аммо дар амал хилофи он рафтор мекунанд. Аз мардум хиҷолат мекашанд, вале шарме аз Худо надоранд. Ҳатто дар ибодати Парвардигор риё меварзанд. Амалро барои чашми банда анҷом медиҳанд, пинҳонӣ муртакиби гуноҳу маъсият мешаванд. Худованд ин тоифаро барои ин аъмолашон ихтор медиҳад: “Онон корҳои зишташонро аз мардумон пинҳон мекунанд ва наметавонанд аз Худо пинҳон кунанд ва Ӯ бо эшон аст, он гоҳ, ки дар шаб машварат кунанд, дар мавриди он чи Худо намеписандад аз тадбир ва Худо бо он чи мекунанд, муҳиту дарбаргиранда аст” (Нисо 108).
  Худованд дурӯягонро накӯҳиш карда, Паёмовари Худованд (салаллоҳу алайҳи вассалам) аз онҳо бадтарин мардум ёд кардааст. Пас мӯъмин бояд аз ин хисол орӣ бошад, зоҳиру ботинашро ҳамсон созад, аъмоли диниву дунявиро холисона анҷом диҳад, то мақбули Худову маҳбуби инсонҳо гардад… 2021.

Ибрози назар кардан 0

Емайли Шумо мунташир нахоҳад шуд. * Ин аломати қайди зарурист