Дурӯғгӯӣ

  Дурӯғ сухани нодуруст, хилофи ҳақиқат аст, ки шахсе ҳангоми бозгӯ кардани сухани дигаре гӯяд, ё худ хабару ҳарферо, ки воқеъият надошта бошад, баён созад ва ҳамчун амали баду нораво дар шариъати исломӣ гуноҳ ҳисобида мешавад. Дурӯғ амалест, дар заминаи чанд кори нораво падид омада, бар шунаванда ва ҳатто бар гӯяндаи хеш зиён оварда, шомили гуноҳони бузургу аъмоли мамнӯъ аст.
  Худованди мутаъол дурӯғро дар мавриди мазаммат қарор дода, дурӯғгӯёнро накӯҳиш кардааст. Худованд таъкид менамояд, ки “Ҳаққо, ки Аллоҳ аз ростгӯён аст” (сураи Нур, охири ояи 6), ростонро дӯст медорад, амали акси инро намеписандад ва мефармояд: “Лаънати Аллоҳ бар вай, агар бошад аз дурӯғгӯён” (сураи Нур, ояи 7).
  Бузургтарин дурӯғ онест, ки бар Худованд баста мешавад. “Ҳеҷ касе ситамгортар аз оне нест, ки бар Аллоҳ дурӯғ мебандад, то мардумро бедалелу ноогоҳона гумроҳ кунад, ҳамоно Аллоҳ ситамкоронро ҳидоят намекунад” (Анъом 144). Ин амал иллати гумроҳ сохтани мардум, ба зиллату гумроҳиҳо бурдану эҷоду равнақ ёфтани гуноҳу фасод мешавад.
  Худованд дӯрӯғро аз бадтарин амалҳо муаррифӣ карда, муртакиби онро мункири фармудаҳои хеш мешуморад. “Танҳо ононе дурӯғбофӣ мекунанд, ки ба оятҳои Худо боварӣ надоранд ва онҳо худ дурӯғгӯёнанд” (Наҳл 105). Дурӯғ инсонро ба фисқ мекашад ва пайомадҳои баде дар ҷомеа эҷод мекунад. Пас Худованд барои ислоҳи ҷомеа ва наҷоти бандагон аз оқибати бад мӯъминонро – касоне, ки воқеан ва сидқан ба Аллоҳ имон доранд, амр мекунад: “Аз сухани дурӯғ парҳезед” (Ҳаҷ 30). Мӯъмин маъмур аст, мутеи ин амр бошад.
  Дурӯғгӯӣ тавассути забон амри саҳлу осон, вале дар вазн гарону дар қатори бузургтарин гуноҳон аст. Аз Абубакара (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармуд: “Оё шуморо аз бузургтарин гуноҳони кабира хабар надиҳам?. Гуфтам: Оре, ё Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам). Фармуд: “Шарик овардан ба Худои мутаъол, нофармонии падару модар, дар ҳоле, ки такя карда буд ва нишасту фармуд: огоҳ бошед: сухани дурӯғу шаҳодати дурӯғ ва онро пай дар пай мегуфт, то ки гуфтам: кош сукут мефармуд” (Бухорӣ 2654; Муслим 87). Бори ин гуноҳ чунон гарон буда, ки пай дар пай онро чандин бор такрор намудааст.
  Дурӯғ яке аз хислатҳои нифоқ ва нишонаҳои мунофиқ аст. Абдуллоҳ бини Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармуд: “Чаҳор чиз дар касе мавҷуд бошад, ӯ мунофиқи холис аст ва ҳар касеро аз инҳо дар ӯ дида шавад, хислате аз нифоқро дорад, то тарки он накунад: ҳар гоҳ амонате ба ӯ супоранд, дар он хиёнат кунад; ҳангоми сухан гуфтан дурӯғ гӯяд; ҳангоми даъво дашном диҳад” (Бухорӣ 34; Муслим 58).
  Инсон бояд хабару суханеро ба забон биёрад, ки аз он огаҳӣ дошта, дар сиҳаташ мутмаъин бошад. Аз он чизе, ки ба он огаҳӣ надорад, аз бозгӯии он худдорӣ кунад. Бидуни диққату баррасӣ ҳар хабару сухани шунидаро бояд нагӯяд. Паямбари ислом (салаллоҳу алайҳи вассалам) мефармояд: “Барои дурӯғгӯ будани шахс ҳамин кофист, ки ҳар чи мешунавад, бозгӯ кунад” (Муслим 5; Абудовуд 4992). Аз ин рӯ, қабл аз ҳосили итминон аз дурустӣ хабар нарасонанд, зеро ахбор зуд парешон шаванд ва дар сурати дурӯғ будани он хабаррасонро дурӯғгӯй хонанд.
  Дурӯғён хабаре, ё сухани касеро ба ҳадафе тағйир дода, бозгӯӣ мекунанд, ё хабареро, ки воқеият надорад, мерасонанд. Бархе аз афрод нодида ва мавҷуднабударо тавсиф мекунанд. Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармуд: “Дурӯғтарини дурӯғҳо ин аст, ки шахсе ба чашмонаш дидани чизеро нисбат диҳад, ки онро надидааст” (Бухорӣ).
  Аз қавли Паямбари ислом (салаллоҳу алайҳи вассалам) нақл кардани сухани дурӯғ ба манфиати хеш аз гуноҳони бузург ба шумор меравад, ин амал шунавандагони онро аз роҳи рост берун мебарад. Ҳар гуна дурӯғу ифтиро дар дин хатари бузург дорад. Аз Самура (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармуд: “Он кӣ суханеро аз ман нақл кунад ва медонад, ки дурӯғ аст, пас яке аз дурӯғгён ба шумор меравад” (Муслим 9, 2662). Ҳамчунин, Бухорӣ, Муслим ва аъимаи дигари ҳадис аз ровиёни зиёд нақл кардаанд, ки Расули Худо (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармудааст: “Ҳар кӣ ба амд (дидаву дониста) бар ман дурӯғ бандад, нишемангоҳашро дар дӯзах омода кунад”.
  Дурӯғ гуноҳест, ки иллати зуҳураш гуноҳ ва натиҷааш баду зиёновар аст. Дурӯғ аз рӯи ҳасад, кинаву адоват, расидан ба манфиат ва ё дигар ғарази манфӣ бофтаву гуфта мешавад. Вале манфиате аз роҳи дурӯғ ба даст меояд, баҳрааш бар мӯъмин ҳаром аст. Дар сарвату самари бо дурӯғ касбкарда баракат намебошад. Кору муомилаи мӯъмин бояд бидуни дурӯғ ба амал оварда шавад. Дурӯғ гуфтан дар доду ситад баракати муомиларо аз миён мебарад ва касби ҳосил аз роҳи дурӯғгӯӣ дар доду ситад ҳаром аст. “Фурӯшанда ва харидор то замоне аз ҳам ҷудо нашудаанд, ихтиёри фасхи (бекор кардани) муомиларо доранд, агар рост гӯянд ва айби колоро баён кунанд, дар муомилаи онҳо хайру баракат хоҳад буд ва агар айби колоро пинҳон кунанд ва дурӯғ гӯянд, муомилаи онҳо бебаракат хоҳад шуд” (Бухорӣ 2079; Муслим 1532). Мӯъмин дар ҳама соҳа аз кору рӯзгораш бояд аз дурӯғ фосила гирад, вагарна он баракатро аз тамоми умур ва зиндагияш мезудояд.
  Аллоҳи мутаъол дурӯғ гуфтанро манъ карда, ба зиёни он дар каломаш зиёд ишораҳо карда, дурӯғгӯёнро лаънат кардааст ва лаънатшуда аз раҳмати илоҳӣ бенасиб аст, ки ин бузургтарин мусибату бадбахтӣ барои мӯъмин аст. Дурӯғ ҳаром ва ҳар чи мубтанӣ бар дурӯғ бошад, ботилу ҳаром аст. Паямбари Худо (салаллоҳу алайҳи вассалам) дар аҳодиси мутаъаддид дӯрӯғ гуфтанро манъ карда, таъкид менамояд, ки аз дурӯғ гуфтан парҳез ва дурӣ кунед, кизбу дурӯғ инсонро ба фисқу фуҷур мекашонад ва асари баде дар ҷомеа мегузорад.
Мӯмин бояд аз амдан гуфтани дурӯғ парҳезад ва дар саҳван ба забон овардани он бодиққат бошад. Пеш аз ҳусули итминон хабареро бозгӯ накунад, то ба сабаби дурӯғ гуфтан муртакиби гуноҳ нашавад. Дурӯғ гуфтан мӯҷиби обрӯ ва эътибор гум кардани шахс дар ҷомеа мешавад. Атрофиён эътимодро аз ӯ мекананд. Дар мавриди сӯизанн ва бадбинии мардум қарор мегирад. Тавассути он дӯст ё бегонаеро ба худ мутанаффиру бадбин мекунад.
  Барои ҳифзи обрӯ ва эътибор дар ҷомеа мусалмонро мебояд аз фармуда ва тавсияҳои илоҳӣ ва набавӣ кор гирад. Ростиро пеша кунад, то дар дунёву охират аз эътибор бархурдор бошад, дар сурати ғайр дар дунё бадном ва дар охират хор аст. Аз Ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармуд: “Ростӣ ба сӯи некӣ роҳнамоӣ мекунад ва некӣ ба сӯи биҳишт. Ба дурустӣ шахс рост мегӯяд, то ин ки дар назди Худованд сидиқ (ростгӯ) навишта мешавад. Ҳамоно дурӯғ ба сӯи фисқу гуноҳ раҳнамудӣ мекунад ва фисқу гуноҳ ба сӯи дӯзах, ба дурустӣ шахс ҳамвора дурӯғ мегӯяд то он ки дар назди Худо каззоб (дурӯғгӯ) навишта мешавад” (Бухорӣ 6094;Муслим 2607). 2021.

Ибрози назар кардан 0

Емайли Шумо мунташир нахоҳад шуд. * Ин аломати қайди зарурист