Собчакҳо ва тоҷикон

  Тавре ки мушоҳида мешавад, имрӯз барои ҳимоят аз шаъну эътибори миллат танҳо коре, ки метавон кард, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷониби иҳонаткунанда санге партоб ва аз ин эҳсоси сабукию адои қарзи миллӣ кард. Ксения Собчак – муҷрӣ, ҳунарпеша, бозигари театру синамо, ходими ҷамъиятӣ, сиёсатмадор (хуллас, хешро дар ҳама соҳа озмудааст) дар намоиши телевизонӣ дигареро ба “бехонумон аз Тоҷикистон” ташбеҳ намуд ва аз ин тоҷикон дар шабакаҳои иҷтимоӣ садои хашму эътироз баланд карданд. Ҳар яке ба ваҷҳи хеш, яке ба дашном, яке ба таҳдиду таҳқир, дигаре муаддабона, бо шеър ҷавобаш додаанд.
  Собчак танҳо инро такрор намудааст, шояд ба мардуми тоҷик ғарази баде ҳам надошта бошад, эҳтимолан, дар бораи миллати тоҷик маълумоте низ надошта бошад. Истифодаи вожаи “тоҷик” дар ин кишвар барои ифодаи ин сифоту хусусиёт дар зеҳни мардум нақш бастааст. Вақте маълумот меҷустам, нахустин мақолаи кушудаам бо ин ҷумла: “Эҳтимолан, кишвари мудҳиши мустақили Тоҷикистонро ҳама медонанд, яқинан баъди шунидани номи он билофосила Ҷамшуду Равшан ва ҳероину нашъа ба ёдашон мерасад…” оғоз мешуд.
  Ксения Собчак дар Руситон бо шигифтовариҳои ҳамешагияш маъруф аст. Гоҳе ивази маъшуқ мекунад, гоҳе андомашро дар мазҳари ом мегузорад, гоҳе дар маҳофили ғариб зоҳир мешавад, гоҳе дигар табдили пеша мекунад, ишқварзиҳои худро ба мардум намоиш медиҳад… Аммо ин ҳама дар зеҳнияти мардуми рус аъмоли маъмулӣ маҳсуб шуда, аз ӯ ҳамчун бонуи “комёбу муваффақ” ном мебаранд. Вале дар зеҳнияти мардуми мо ин аъмол ғайри қобили қабул буда, адокунандаи он аз ҷониби ҷомеа шадидан маҳкум ва мардуд мегардад. Пас имрӯз эътибори ин миллат ба ҳадде каму коста гаштааст, ки чунин тоифаи мардум онро лафзе барои ифодаи мазоҳу тамасхур истифода мекунанд. Вале падари ӯ дар мавриди тоҷикон (ақаллан, дар зоҳир) чунин намеандешид. Дар ин ҷо аз он шахс лузум ба ёдоварӣ аст, зеро ӯ нақше (агар кӯчак ҳам бошад) дар таърихи кишварамон дорад.
  Сиёсатмадори маъруф ва барӯманд, шаҳрдори шаҳри Санкт-Петербург Анатолий Собчак нақши муҳиме дар ҳаёт ва таърихи кишвари Русистон доштааст. Ӯ мактаби сиёсии хешро таъсис дода, шогирдонаш тавонистанд қудрат ва зимоми идораи давлатро ба даст гиранд. Ӯ шогирдону ҳамсафу дӯстонашро дар даври хеш ҷамъ оварда, вориди саҳнаи сиёсат намуд, ки имрӯз онҳо арбобони барҷастаи давлатӣ ва ашхоси бонуфуз мебошанд. Аз шогирду атрофиёни ӯ метавон Владимир Путин, Дмитрий Медведев, Дмитрий Козак, Анатолий Чубайс, Герман Греф, Владимир Чуров, Алексей Миллер, Владимир Мутко, Алексей Кудрин, Виктор Зубков, Сергей Наришкинро ном бурд.
  Дар соли 1991 ҳангоми муташанниҷ гаштани вазъи сиёсии кишвари мо Горбачёв Анатолий Собчак ва Евгений Велиховро барои оромсозии вазъият ба Душанбе фиристод. Собчак қавл дод, то пирӯзии осоиштаи демокрасиро таъмин нанамояд, бар нахоҳад гашт ва пас аз музокироти серӯза коммунисту демократҳо тавассути миёнравии онҳо созиш караданд. Ин созиш дер напоид, вале Собчак аз он касби обрӯ кард. Собчак шомили гурӯҳ ва аз пешсафони равшанфикрони демократ буд. Дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ бисёре тарафдори ғоявии ӯ буданд ва пас аз ташрифаш ба кишвари мо демократҳо мухлисаш шуда, аз тарғибу ташвиқаш барои эҳдоси ҷамоаи демократӣ илҳом мегирифтанд. Ӯ низ мардуми тоҷикро барои бедорию пешрафтагии зеҳнӣ месутуд.
  Ксения Собчак духтари хурдии Анатолий Собчак дар замони фаъолияти сиёсии падараш таҳти назорат ва ҳимояти муҳофизон дар муҳити тангу маҳдуд ба воя расида, баъдан аз чанд донишгоҳ мадраку унвон гирифтааст. Вале бо вуҷуди ин ӯ соҳиби дониши казоӣ, маърифату фарҳанг нест. Бештар ба айшу намоиши ҳашамату лаззатгирӣ аз ҳаёт рағбат дорад. Ӯ ба ҳастӣ сатҳӣ менигарад. Ӯ аз гузашта ва офаридаи тоҷикон хабаре надорад ва вуқуф аз ин ҳам барояш аҳамияте надорад. Чизеро ба чашм мебинад, ба забон меорад. Ӯ солҳо бо шабакаи ТНТ ҳамкорӣ дорад ва дар чанд барномаи “Наша Раша” низ ширкат намуда буд. Аз ин рӯ, дар зеҳни ӯ тоҷик ба соне, ки тасвираш намудаанд, нақш бастааст. Боре дигар низ дар барномаи “Девчата” вожаи “тоҷикро” ба ин ғараз истифода намуда буд.
  Агар имрӯз бераҳае, фардо майзадае, пасфардо дудниҳоду нохудогоҳе иҳонат кунад, вокуниши мо ҳамчунин ба сатҳи ӯ поин омадану ӯро бо фаҳшу дашном ҷавоб гуфтан хоҳад буд?. Солҳост ранҷи таҳаммули иҳонат мекашем. Он ба дарде табдил гаштаву мо аҳли миллат ранҷи беморӣ мебарем. Возеҳ аст, ки аз ин баъд низ аз ин азият мекашем, магар ҷуз ин гузинае дорем?… 2017.

Ибрози назар кардан 0

Емайли Шумо мунташир нахоҳад шуд. * Ин аломати қайди зарурист