Боз дар чанголи уқоби дусар
Даргирии пурсарусадои минтақаи Қафқоз чархиши ғайримунтазира гирифт ва дар лаҳзае ба нуқтаи фарҷом расид. Агарчанде ин нуқтаи поёнии даргирӣ нест. Вале анҷоми бархурди ин дафъа шояд барои муддате тӯлонитар бошад. Зеро ду ҷониби даргирӣ аз ин пас иҷозаи амал дар ихтиёр надоранд.
Дар корзори пешин вазъу шароит мутафовит буд. Озарбойҷон аз лиҳози аслиҳаву нерӯ аз Арманистон бартар буд, вале Арманистон такя бар Русистон намуда буд ва бо имдоди вай бар зами Қарабоғ чанд ноҳияи озариро ғасб карда буд. Урусҳо ба хотири ҳамдинию қаробати фарҳангӣ арманҳоро худиву имдодашонро зарурӣ мешумурданд.
Озариҳо аслиҳаи пешрафтаи замонавӣ ғун карданд, эътимод ва пуштибонии Туркияро ба даст оварданд. Арманҳо ин бор такя бар қудратҳои ғарбӣ карданд, зеро каме аз урусҳо дилсард буданд, чунки ин тоифа пас аз дарёфти хоста то охир содиқ намемонанд ва “дасти сахову бахшиш” ниҳоят кӯтаҳ доранд.
Низоъ дар гирифт, ҷавониб бо тӯпу тонку аскару тайёра ва ҳомиёнашон бо ҳангомаву баёнияву ифтиро вориди ҷангу масоф шуданд. Ба назар мехӯрд, ки Русистон аз қазия бар канор монда, дар сарзаминҳои таҳтитаъсирияш Туркияву Фаронса бархӯрдаву бар моҷаро асар доранд.
Ин албатта, моҳиртарин бозигари саҳни сиёсии ҷаҳон Путинро ором нагузошт ва ба ҳилаву тадбир торҳои ҷунбонандаи арӯсакҳои нақшбозро ба дасти хеш гирифт. Озариҳо дар ин ҷанг муваффақ шуданд, агар ба ин суръат пеш мерафтанд, минтақаро куллан тасхир мекарданд ва шояд ба ин моҷаро хотима мегузоштанд.
Арманҳо, ки Путинро ба инобат нагирифта буданд, ба шикасти сахт мувоҷеҳ шуданд. Дар авқоти охир ҳукумат ва ҷомеаи арман тасвассути созмону гурӯҳҳои армании хориҷӣ ба Ғарб таваҷҷӯҳ доранд ва Путин барои аз каф рафтани ин кишвар мисли Гурҷистон нигарон аст. Агар Озарбойҷон пирӯзии комилро ба даст меовард ва Арманистон комилан мебохт, Русистон аз дахлу нуфуз дар минтақа канор мемонд.
Кишвари Русистон якпорчагӣ ва тамомияти хешро ба ҳар қимате ҳифозат мекунад. Онро ҳазорҳо фарсах аз хатҳои марзии аслии худ дур, аз соҳили Ому то паси кӯҳҳои Қафқоз ҳимоят мекунад. Расидани рақибу адувон ба марзаш хатари суқуту фурӯпошияшро пеш меорад. Аз ин рӯ, ба ҳар қимату васила манотиқи таҳти ҳайтаи нуфузашро раҳо намекунад.
Ба назар мерасад, ки урусҳо чархболашонро бар ҳадаф ба хати ҷанг фиристоданд, хуб медонистанд, ки ба ҷархболи низомӣ дар он вазъу ҳол ҳатман ҳамла меоранд. Задани чархбол сабаби муттаҳам шудани ҷониби озарӣ ва шикаст аз арманӣ гардид, ки ҷилави ҳар дуро кашид ва иҷбор ба имзои созишу анҷоми шурути худ намуд. Озариҳоро ба таҳдиди муҷозот водор ба иктифо аз навоҳии пасгирифта карда, арманҳоро ба ихтор аз ҷилавгирӣ ва таҳдиди артиши озарӣ иҷбор ба қабули шароит кард. Артишро дар минтақаи даргирӣ ҷойгир ва хешро дар миёни ҷонибҳои даргир нозир кард, ҳамин тариқ минтақа таҳти салтаи ӯ, озару арман бастаи ӯ гардиданд… 2020.